ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 21 Ноябр 2018 09:08


Узви Ихвон-ал-СССР, Ҳанифа Акобирова, корманди идораи давлатӣ аз ноҳияи Варзоб ба СССР занг задаву гуфт, ки ман фикр мекунам, муассиса ном гирифтани мактабҳо ба манфиат нест. Дар китоби 2-ҷилдаи «Фарҳанги забони тоҷикӣ», дар ҷилди 1-ум мактаб ҷои омӯзиш, дабистон маънидод ва дар ашъори гузаштагони мо низ ин калимаҳо васеъ истифода шудааст. Ҳанӯз дар асри 13 Низомӣ гуфта буд:
Шуд чашми падар ба рӯи ӯ шод,
Аз хона ба мактабаш фиристод;
Ва ё:
Сӯи душман омад чунон тозарӯй,
Ки тифл аз дабистон даромад ба кӯй.

Чоршанбе, 21 Ноябр 2018 09:00


Табиби собиқадор, хонандаи доимии газетаи мардумии СССР, Абдулҳаким Мирзосаидов-сокини ноҳияи Сарбанди вилояти Хатлон бо СССР дар суҳбати телефонӣ гуфт, беш аз 3 сол шуд, ки муаллифон дар бораи ба Тоҷикӣ хондани намоз дар СССР баҳси гарму ҷиддӣ доранд. Ман ҳамчун намозхон гуфтаниям, ки хондани намоз ба Тоҷикӣ дуруст нест. Зеро худи Худованд дар китобҳояш фармудааст, ки «Инно анзалноҳу Қуръонан арабиян лааллакум таъқилун» (Мо ин китобро ба забони арабӣ фиристодем шояд, ки шумо ақл бикунед). Ҳазрати Имоми аъзам (р) низ дар ҷое таъкид намудаанд, ки «Алал қироату биҳо!» (Дуруст нест қироат кардан дар намоз ба Тоҷикӣ). Мо аз замони Паёмбар намозро ба забони арабӣ то имрӯз мехонем, чи хел аз гуфтаи пайғамбар (с) ва Ҳазрати Имоми Аъзам (р) берун равем?

Чоршанбе, 21 Ноябр 2018 08:57


Субҳи имрӯз ба шӯъбаи «Амонатбонк»-и маҳалламон барои гирифтани нафақа рафтам. Он ҷо гуфтанд, ки «то нусхаи шиносномаатонро наоред, нафақа дода намешавад». Ва афзуданд, ки «тартиботи нав «аз боло» аст!». Ин «болояш» куҷо бошад? Вақте мо шиноснома дорем, корти миллӣ барои гирифтани нафақа дорем, бар замми ин боз нусхаи шиноснома барои чӣ лозим? Нафаҳмидам, ки нафаҳмидам…

Абдулло Ҳалимов,
ҷамоати Меҳробод, н.Файзобод, тел: 905 05 75 55

Чоршанбе, 21 Ноябр 2018 08:55


Обрӯ ва нуфузи сохтаи касе дер намепояд. Солиёни Шӯравӣ ба хотири обрӯю эътибор ва худситоӣ бархе ҳамдеҳагони ман, зодагони Некнот улоғтӯй мекарданд. Улоғу он тӯйҳо бо соҳибонашон фаромӯш шуданд, лек номи Эшназару Саидмурод бо боғҳои бунёдкардаашон дар таърихи деҳа сабт шуд. Гузарҳои боғи Эшназару Саидмурод пойдоранд. Имрӯз зӯран кӯчаву хиёбонҳоро ба номи ину он ашхос мемонанд, лек мардум ин кӯчаҳоро бо номи пешинаашон зикр мекунанд. Чунончӣ мӯсафедон Душанберо-Исталинобод, Хуҷандро Лелинобод мегӯянд. Мавзеи Шӯрчаи ш.Панҷакентро замони Шӯравӣ Советобод ва баъди истиқлолият Рукнобод номиданд, лек то ҳол онро Шӯрча меноманд. Деҳаи Ғарибакро Озодагон номиданд, аммо мардум ҳамоно Ғарибакаш меноманд. Халқ ва ҷомеа обурӯи харидаро хуш надорад. Ҳар касе назаркардаи ҷомеа бошад-ҷомеа варо мепарварад. Пас, ба хотири обрӯ ва эътибори сохта номҳои таърихиро иваз накунем. Ҷомеа гуҳаршинос аст ва ҳар навгониро намепазирад. Дар ВАО бархе журналистони хомнавис мехоҳанд худро дар сафи Отахон Латифӣ, Ғоиб Қаландаров, Бӯринисо Бердиева… гузоранд, аммо бе фоида! Одамизода обрӯю эътиборро зарра-зарра ҷамъ мекунад. Дар Панҷакент ягон кӯчаро ба номи Низом Оқсақолу Қосим Бобохон нагузоштаанд, аммо некии онҳо дар солҳои «Ҷанги Гирмон»-ро ба мардум насл ба насл нақл мекунанд. Яке солиёни мудҳиш ғарибонро мегӯронду дигаре мехӯронд.

Холмурод Сафарзода,
узви ИЖТ, ш.Панҷакент

Чоршанбе, 21 Ноябр 2018 08:51

Психологияи миллӣ-4

Душанбе, 19 Ноябр 2018 16:27

 

Ман тасмим гирифтам ин ҷавони беодобу бадзабонро 15 шабонарӯз «шинонам». Ба дигарон дарси ибрат мешавад. Мо метавонем!!!

Душанбе, 19 Ноябр 2018 16:26

   Мақомоти қудратии ҶТ ҳафтаи гузашта шумораи ҷангҷӯёни Тоҷикро, ки узви гурӯҳҳои ҷиноӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ шудаанду ҳоло дар кишварҳои Сурияву Ироқ ва Афғонистон қарор доранд, эълон намуд. Тибқи маълумоти КДАМ 1899 шаҳрванди ҶТ ба ҳайси ҷангҷӯ дар ДИИШ муаррифӣ гаштаанд.
   Бино ба иттилои Мансур Умаров, муовини аввали раиси КДАМ, ки дар назди намояндагони МНММ дода шуд, ҳоло аз ҷониби мақомоти қудратии кишвар 1700 нафар ҷустуҷӯ мегарданд, ки шумораи зиёди ин нафарон бо оилаҳои хеш дар Сурияву Ироқ ва Афғонистон қарор доранд. Пас аз марги саробононашон, занҳои Тоҷик даст ба даст гашта, фарзандонашон дар зери таъсири ташкилотҳои ифротӣ меафтанд.

Душанбе, 19 Ноябр 2018 16:24

Табибони силшинос мегӯянд, ки аксарияти мардум  бемориҳои фарзандонашонро худсарона дар шароити хона бо истифодаи гӯшти саг, равғаниҳои хирсу ҷайра табобати мардумӣ мекунанд. Сӯҳроб Камолов, муовини сардухтури беморхонаи сил дар в.Хатлон, дар сӯҳбати СССР афзуд, ки табобат дар шароити хона ва пинҳон доштани бемории сил аз атрофиён ба хотири ангуштнамо нашудани беморон, бахусус духтарон, мавриди нигаронии табибон дар солҳои охир шудааст.
 Дар бархе ҳолатҳо, баъди муолиҷаи номуваффақ беморон билохира ба бемористон интиқол меёбанд ва дар бархе ҳолатҳо табибон мегӯянд, "кор аз кор гузаштааст." Тибқи маълумоти дарёфтаи СССР, 1 ҷавондухтари 20 сола аз минтақаи Бохтар, собиқ Қӯрғонтеппа, ки мо ному насабашро ошкор намекунем, 5 моҳ дар хона бо гӯшти сагу равғани хирс бар зидди бемории сил мубориза бурдааст. Ӯву модараш ин бемориро ба хотири ояндаи духтар, пинҳон доштанд. Вале муолиҷа мардумӣ дар шароити хона ҳолашро сангинтар кард ва модар маҷбур шуд, ки ӯро дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол диҳад. Ин духтар танҳо ҷавоне нест, ки бемории силро пинҳон доштааст. Сӯҳроб Камолов мегӯянд, чунин рафтори волидон хеле бад ва хатарнок аст, чунки шахси мариз на танҳо ҷони худро дар хатар мегузорад, балки хатари сироят кардани атрофиёнро ҳам зиёд мекунад.
   - Ҳолати пинҳонкории духтарон ҳаст, ба хотири оиладор шудан ин корро мекунанд. Гӯшти саг ё равғани хирс мехӯранд, ки онҳоро аз лиҳози равонӣ ба андеша мебарад. Фикр мекунанд, ки гӯё табобат мешаванд, вале чӯбчамикроби силро дору табобат мекунад. Гӯшти саг 1 хӯроки иловагӣ аст, табобат намекунад. Духтарҳои 18 ё 19-сола бо нишонаҳои сил меоянд, ки намехоҳанд бистарӣ шаванд, ба онҳо мефаҳмонем, ки ин бемории сироятӣ аст, бояд бистарӣ шаванд, - иброз дошт Сӯҳроб Камолов.
    Бояд қайдл намуд, ки дар в.Хатлон аз сафи муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли 2016, 304 нафар, дар соли 2017, 266 нафар, дар 9 моҳи соли 2018, 209 нафар гирифтори ин беморӣ шудаанд.

Баҳодур Уроқов, СССР вилояти Хатлон

саҳ 7 аз 16

Китобҳо

Flag Counter