ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 20 Декабр 2018 08:53


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба номи профессори тибб Юсуф Исҳоқӣ, аэропорти шаҳри Бохтар (Қурғонтеппа) ба номи Қадриддин Аслонов, Фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб ба номи Одина Ҳошим ва Фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ба номи Давлат Худоназаров гузошта шавад. Ин таклифу орзуи неки 1 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бо эҳтиром, Сиёвуши Далер,
барномасози компютер, ш.Хуҷанд

Панҷшанбе, 20 Декабр 2018 08:50


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Имрӯз ҷавонони бекорро дар сари роҳ дида, дигар намедонӣ, ки чӣ гӯему ба кӣ муроҷиат кунем. 1 ҷавон дар тӯли 4-5 соли дар донишгоҳ хондан чи қадар маблағ сарф мекунад. Агар шартномавӣ бошад боз душвортар аст, чунки 1 хоҷагӣ 5 сол танҳо барои ӯ кор мекунад, то донишгоҳро тамом карда, соҳиби коре шавад. Дар замони шӯравӣ донишҷӯ ҳоло хатми таҳсил накарда, аллакай ҷои кораш тайёр буд. Ҳозир бошад дигар бо баҳонаи «озмун» ҳеҷ кас намепурсад, ки чӣ ҳол дорӣ? Хондан дигар асту кор кардан дигар. Дар рафти кор ҳамаро ёд мегирӣ! Барои ҳамин аз Ҳукумати ҷумҳурӣ дархост мекунам, ки хароҷоти донишҷӯро ба назар гирифта баъди хатм онҳоро ба кор таъмин кунанд! Одамони одамдор (тағодор) имрӯз мактабро тамом накарда, ҷои кораш маълум аст. Аммо фарзанди деҳқон дар кӯча чӣ кор кунад?

Камолзода Саид,
н.Восеъ

Панҷшанбе, 20 Декабр 2018 08:45

Психологияи миллӣ-8

Чоршанбе, 19 Декабр 2018 15:48


    Аксари тоҷирони н.Ҷайҳуни в.Хатлон аз баста шудани бозори марказии ноҳия  изҳори нигаронӣ карда, мегӯянд, ки дар ин сурат маҳсулоти ниёзи аввалия, хосса шириву гӯштӣ вайрон хоҳад шуд. Соҳибкорон талош доранд, ки бо вуҷуди баста шудани бозор ва манъи фаъолият молу маҳсулоти худро дар арафаи соли нави мелодӣ аз анборҳо ба фурӯш бароранд.
   Ниёзмаҳмад Наргис Хоҳаршо, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи мазкур дар сӯҳбат бо мухбири СССР хабари баста шудани бозори марказиро тасдиқ карда гуфт, ки рӯзи 15 декабр бо сабаби ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ набудани бозори марказӣ аз ҷониби прокуратураи ноҳия ин бозорро бастанд. Инчунин, бо ин сабаб фаъолияти 3 бозори дигари ноҳия низ қатъ карда шуд. Гуфта мешавад, ки чанд дукону нуқтаи фурӯши бозорҳои «Сиёвуш», «Рустам» ва бозори «Тоҷикматлубот» низ баста шудааст. Дар баробари ин, аз ҷониби прокуратура ошхонаҳое, ки дар дохил ва ҳудуди ин бозорҳо фаъолият мекарданд, низ мавриди санҷиш қарор дода шуда, бо сабаби надоштани имконот ва шароити замонавии санитарию эпидемиологӣ дари онҳо низ баста шуд.


   Файзулло Бобоҷонов, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии в.Хатлон дар сӯҳбат бо мухбири СССР афзуд, ки баста шудани бозорҳои ноҳия аз ҷониби прокуратура, идораи экологӣ ва санитарию эпидемиологӣ бинобар ба тоза набудани гирду атрофи бозорҳо, ошхонаю дӯконҳои фурӯш анҷом дода шуда, фаъолияти онҳоро аз рӯзи 15-уми декабр қатъ гардид.
   

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

Чоршанбе, 19 Декабр 2018 11:16

Душанбе, 17 Декабр 2018 10:41


   Шоми 15.12.2018 Исо Абдурашидов, Хунарпешаи шинохтаи Тоҷик бар асари беморӣ дар синни 71-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Ӯро ба хотири иҷрои нақши Сталин ва шабоҳат доштани чеҳрааш ба қаҳрамонаш «Сталин» ном мегирифтанду эшон бо ин тахаллус машҳур шуда буд.
   Исо Абдурашидов зодаи н.Мир Саид Алии Ҳамадонӣ буда, соли 1947 таваллуд шудааст. Пас аз хатми донишгоҳ Исо Абдурашидов дар даҳҳо намоишномаҳои театрӣ ва филмҳои Тоҷикӣ нақш бастааст. То соли 2008 дар вазифаи директори театри академӣ-драммавии ба номи А.Лоҳутӣ низ кор кардааст.
  

Душанбе, 17 Декабр 2018 10:26


 14.12.2018 ҳаҷвнигори маъруфи ӯзбек, Ҳунарпешаи шоистаи Ӯзбекистон Обид Асомов дар синни 56-солагӣ дар яке аз бемористони ш.Тошканд аз олам даргузашт. Ӯ 11 декабр бо бемории сактаи қалб бистарӣ шуда буд.
   Чуноне ки хабаргузориҳои ӯзбекӣ менависанд, Обид Асомов соли 1963 дар Тошканд ба дунё омада, соли 1982 Омӯзишгоҳи рассомии ба номи Бенковро хатм карда, соли 1983 ба Донишкадаи театрии ш.Тошканд дохил шудааст, вале ин мактабро то поён набурдааст.
   Обид Асомов  ба тамошобинони рус ва тамоми кишварҳои ИДМ дар охири соли 2000 пас аз нақш бозидан дар барномаи «Кривое зеркало»-и Евгений Петросян дар шабакаи «Россия-1» муаррифӣ шуд. Моҳи майи соли 2018 Обид Асомовро ба Тошканд даъват намуда, ӯро директори Студияи филмҳои мултипликатсионии назди киностудияи «Ӯзбекфилм» таъйин карда буданд.

Ҷумъа, 14 Декабр 2018 10:54


 Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии ҶТ зимни сафари кории хеш ба ВМБК субҳи рӯзи 13.12.2018 аз бозори марказии ш.Хоруғ дидан намуда, бо вазъи фаъолияти бозор ва фурӯшандагони он аз наздик ошно гашт.


  

саҳ 5 аз 11

Китобҳо

Flag Counter