ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 12 Декабр 2018 13:04


Сарзамини бунбаст
Роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ ба хотири вежагиҳои замини кӯҳистонӣ, яке аз мушкилтарин роҳҳои автомобилӣ дар дунёст. Он, ки бо Роҳи Калони Помири Ғарбӣ маъруф аст, Бадахшонро бо пойтахти кишвар-ш.Душанбе бипайваст. Ин роҳ то ҳадде мушкил ва хавфнок аст, ки дар солҳои аввали истифодаи он ҳар ронандае дар ин масир 3 бор рафтуо мекард, ордендор мешуд, лек бар замми мушкилот, сохтмони он низ беназир буд. Тоҷикон кореро анҷом доданд, ки дар таърихи ҷаҳонии роҳсозӣ то ин дам ва ҳатто баъд низ як навъ рекорд маҳсуб меёфт. Ин роҳи мушкил дар зарфи 104 ё тибқи баъзе маълумотҳо дар 106 рӯз сохта шуд. То авохири асри 19 Бадахшон сарзамини бунбасте буд ва мардумаш бо соири манотиқ роҳи доимӣ надоштанд. Аз ин манотиқи кӯҳистонӣ ба ҳамвориҳо, танҳо роҳи оврингӣ вуҷуд дошт, ки он ҳам танҳо дар фасли тобистон фаъол буду 1 моҳ тӯл мекашид. Дар зимистон ин роҳ хавфи зиёд дошт ва касе ҷуръат намекард дар сармо роҳии марказ шавад. Вазъ танҳо бо омадани русҳо ба ин минтақа тағйир кард. Бори нахуст марти с.1891 дар нишасти махфии Ситоди генералии артиши рус дар Санкт-Петербург, подполковник Бранислав Громбчевский бо маърӯзаи "Манофеи мо дар Помир.

Чоршанбе, 12 Декабр 2018 12:59


2.12. 1917. Финляндия соҳибистиқлолии худро аз императории Русия эълон намуд.
6.12.1925. Дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ-СССР нерӯгоҳи барқии Шатурск ба истифода дода шуд. Ин нерӯгоҳи барқӣ номи Ленинро гирифта, он шабу рӯз бузургтарин нерӯгоҳи торфӣ дар ҷаҳон маҳсуб меёфт.
6.12.1936. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Сарқонуни нав қабул карда шуд. Ин 2-умин Сарқонун дар СССР буд ва Сарқонуни Сталинӣ унвон гирифт. Тибқи ин Сарқонун дар Иттиҳоди Шӯравӣ Шӯрои Олӣ ниҳоди олии ҳукуматӣ эълон карда шуд.
7.12.1919. Дар Русияи Шӯравӣ ба 6 театри қадимтарини рус (Театри Калон, театри Хурд, Театри Тасвирӣ дар Маскав, Театри ба номи Александров, театри Мариинский ва Михайловский дар Петроград) унвони театри Академӣ дода шуд.
7.12.1941. Ҳуҷуми артиши японӣ ба базаи ҳарбии амрикоиҳо дар Пёрл-Харбор. Бо ин ҳуҷум японҳо вориди Ҷанги ҷаҳонии дуввум гардиданд ва СССР низ аз хатари ҳуҷуми самурайҳо ба манотиқи шарқии худ эмин шуд.
7.12.1988. Заминларзаи сахт дар Арманистон. Ин заминларза, ки бо шиддати 6,9 балл бо ҷадвали Рихтер ба вуқӯъ пайваст, шаҳрҳои Спитак ва Ленкорани Арманистонро ба харобазор табдил дод. Спитак комилан нобуд ва Ленкоран бошад 80% вайрон шуд.

Чоршанбе, 12 Декабр 2018 12:54


Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ «Доруҳо нархи ягона доранд?» (СССР, 18.10.2018, №42(527) ном мақоларо мавриди баррасӣ қарор дод. Нархи маводи доруворӣ дар бозори фармасевтии мамлакат ягона набуда, нархро бозор муайян ва танзим мекунад. Ҳар як субъектҳои хоҷагидор вобаста ба хароҷоти истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ молу маҳсулотро ба фурӯш гузошта, дар асоси талаботи моддаи 6 ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ аз 10.05.2002, №46 «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлати соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нархи молу маҳсулоташро муқаррар менамояд. Маводи доруворие, ки ба Тоҷикистон ворид мегарданд, аз ташхиси озмоишӣ гузаронида, баъди гирифтани сертификати мутобиқат барои фурӯши онҳо иҷозат дода мешавад. Дорувориҳои қайднамудаи муаллиф («Пардифен», «Болнол», «Синепар-актив»…) барои таскини дард тавсия шуда, дар муддати муайян танҳо дардро бартараф мекунанд. Барои пурра табобат гирифтан шаҳрвандро лозим аст, ки аз ташхиси пурра гузашта, тибқи тавсияи табибон дорувориҳои заруриро истеъмол намояд.

Муовини вазир А. Одиназода

Чоршанбе, 12 Декабр 2018 12:33


Узви Ихвон-ал-СССР, Абдукарим Назруллоев-муаллими собиқадор аз деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ бо СССР телефонӣ дар тамос шудаву гуфт, ки дар ҷамъияти мо бархе аз додани ушру закот худдорӣ мекунанд. Аз 100 тонна картошка 10 тоннаашро бояд ба камбизоатон хайр кунем, то хонамон серризқ шавад. Сабаби бебаракатии молу мулки мо, надодани ушр аст. Агар ушру закот ба камбизоатон дода мешуд, талбандагӣ аз дари масҷиду донишгоҳҳо ба таври автоматӣ қатъ мегардид. Кор ба ҷое расидааст, ки ушру закотро надода, аксарият барои зиёрати хонаи Худо мераванд. Домуллои муътабари мо, Ҳоҷӣ Мирзо дар боби ушру закот чӣ назар доранд?

Чоршанбе, 12 Декабр 2018 11:45


Дӯст ва хонандаи доимии СССР Абдуҷаббор Раҳмонов аз ноҳияи Турсунзода занг задаву гуфт, пулу роҳҳои равшанполои Душанберо, ки корхонаи Роҳи Оҳан сохтааст, дида кайф мекунем. Аммо раҳбарияти Роҳи Оҳан магар боре вориди қатор ё худ поездҳояшон мешаванд? Фарзи мисол, поезде, ки ба самти Турсунзода ва баракс меравад, тамоман тартиб надорад. Ин поезд мисли Тангем дар ҳар куҷое хост, меистад, ҳаракаташ аз рӯи реҷа ва соати муайян несту метавонад дар истгоҳе имрӯз 5 дақиқа истаду рӯзи 12 дақиқа ва ғ.ва ҳ. Мардуме, ки ба Душанбе, ба Аҷинабозор маҳсулоти кишоварзӣ меоранд, аслан тартибу низомро намедонанд. Доду вой, дашному ҳақорат, на об асту на чой, на ягон шароит. Худо накарда, ягон сайёҳи хориҷӣ савор шавад, худро на дар асри 21, ки асрҳои миёна ва он ҳам дар Ҳиндустон тасаввур мекунад. Ман ҳоло дар бораи хизматрасонии қатори Душанбе-Маскав, Душанбе-Хуҷанд, Кӯлоб-Маскав низ маълумот дорам, ки баъдан хоҳам навишт! Мо Метавонем!

Чоршанбе, 12 Декабр 2018 11:42


Ба Tcell чӣ шуда? Масхарабозии ин ширкат то кай давом мекарда бошад? Чунин хизматрасонии паст ва суръати ниҳоят сусти интернет дар асри 21 айб нест магар? Ё ширкати дигарро интихоб кунем? Кадомаш аз Тселл беҳтар аст? Чӣ тавсия медиҳед, дӯстон?

Муродуллоҳ Поччозода, журналист, н.Мастчоҳ


Аз СССР: Маслаҳати мо-Кал додари Кӯр…Мо Метавонем!

Чоршанбе, 12 Декабр 2018 11:38


Боиси таассуф аст, ки тайи 4-5 соли охир Кӯли ҷавонони ш.Кӯлоб харобаеро мемонад. Кӯл бо ташаббуси баъзе неочиновникҳо аз 3 тараф барои сохтани хонаҳои истиқоматӣ фурӯхта шуда, дар қисми шимолӣ, тахмин дар майдони 20 сотих замин боғ бунёд карда шудааст. Яъне Кӯлро ба муҳосира гирифтаанд. Миш-мишҳое ҳаст, ки ин боғ ҳам ба хона табдил меёбад. Пешвои миллат с.2017-ро «Соли ҷавонон” эълон намуда буд ва ҷавонон бовар доштанд, ки Кӯлро ба истифода медиҳанд. Солҳои 1981, ки аҳолии ш.Кӯлоб 50.000 буд, роҳбарон барои ҷавонон чунин ғамхориҳо намуданд. Ҳоло аҳолии шаҳру ноҳияи Кӯлоб то ба 150.000 расидаву ба иншоотҳои варзишӣ неороҳбарон муносибати ғайриинсониро раво мебинанд. 70%-и аҳолии кишварро ҷавонону наврасон ташкил медиҳанд. Ин ҷавонон бояд дар куҷо оббозиву истироҳат кунанд?

Ҷаббор Раҷабов,
мухбири мардумии СССР, н.Кӯлоб

Чоршанбе, 12 Декабр 2018 11:24

   
   Қарор аст шоми 17.12.2018 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ барномаи консертӣ бо номи «Базми Зебо» бахшида ба 55-солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии СССР ва Ҳунарпешаи халқии ҶТ Зебо Аминзода баргузор гардад.
    Гуфта мешавад, ки дар ин барномаи консертии ҷашнӣ ҳунарпешаҳои гурӯҳҳои рақсӣ аз тамоми гӯшаву канори кишвар ширкат ва ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Ансамбли овозадори рақсии «Зебо» соли 1979 дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ таъсис ёфта, гурӯҳи нахустини он аз 25 духтарон иборат буд.



саҳ 7 аз 11

Китобҳо

Flag Counter