ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 05 Декабр 2018 10:54


29.11.1920. Дар Русияи шӯравӣ тамоми корхонаҳое, ки теъдоди когаронашон аз 10 нафар зиёд буд, миллӣ кунонида шуданд.
29.11.1941. Немисҳо дар деҳаи Петришевои назди Маскав яке аз тахрибкорони шӯравӣ Зоя Анатолевна Космодемянская ба дор овехтанд. Ӯ аъзои гурӯҳи тахрибкории фронти Ғарбӣ ба шумор мерафт. Ин гурӯҳ мебоист тибқи фармони №0428-и Иосиф Сталин "Оид ба сӯзонидани ҳамаи нуқтаҳои аҳолинишин дар ақибгоҳи душман" 10 деҳаро дар назди Маскав ба оташ мекашид. Зоя ҳангоми оташ задани чанд хона дар деҳаи Петришево ба дасти немисҳо афтида, бераҳмона ба қатл расонида шуд. Ӯ аввалин зане гардид, ки дар рафти ҶБВ ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор гардонида шуд.
30.11.1939. Оғози ҷанги Шӯравӣ бо фин. Нерӯҳои фронти Ленинград дар гарданаи Карел ба ҳуҷум мегузаранд ва Лигаи миллатҳо бошад СССРро таҷовузгар хонда, аз ҳайати худ хориҷ мегардонад.
30.11.1979. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ кумитаҳои назорати халқӣ ҷорӣ гардонида шуданд.
2.12.1918. Дар Русияи шӯравӣ бо қарори ШКХ фаъолияти тамоми бонкҳои хориҷӣ дар қаламрави РСФСР мамнуъ эълон карда шуд.
2.12.1956. Фидел Кастро бо гурӯҳи ҳаммаслаконаш дар музофоти Ориентаи Куба ба хушкӣ фуруд омад ва муборизаи мусаллаҳонаро алайҳи ҳукумати Батиста оғоз намуд. Ин рӯз дар Куба чун Рӯзи нерӯҳои мусаллаҳи инқилобӣ васеъ ҷашн гирифта мешавад.

Чоршанбе, 05 Декабр 2018 10:46


Узви Ихвон-ал-СССР, таърихшинос Тӯра Ниёзов аз шаҳри Панҷакент дар суҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ҳамаи мо медонем, ки санаи 8.12.1991 СССР-ро бо ёрии бевоситаи хадамоти ҷосусии Амрикову Исроил ва бо дастони президенти РСС Белорусия Станислав Шушкевич, Президенти Украина Леонид Кравчук, Президенти Русия Борис Елтсин барҳам доданд. Илоҳо, Худоё Худовандо, гумшавии нусхаи қарори аз миён бардоштани давлати СССР (нусхаи асл) бо забони белорусӣ рост бошаду то абад ёфт нашавад! Аз Худованди карим илтиҷо мекунам, ки 2 қарори дигар бо забонҳои украинӣ ва русӣ низ гум шуда бошаду абадан ёфт нашавад.

Чоршанбе, 05 Декабр 2018 09:19


Узви Ихвон-ал-СССР, адиб, паҳнкунандаи нашрияҳои даврӣ Маҳмуд Муҳаммадиев аз ноҳияи Шаҳритус бо телефони 93 600 64 00 ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, айни замон аз шаҳри Хуҷанд, аз ноҳияи Панҷакент ва ҳатто аз шаҳри Душанбе-пойтахти Тоҷикистон автобуси хатсайри Тошканд-Самарқанд-Термиз-Деҳнав-Шаҳрисабз-Бухоро-Душанберо кушодаанд. Лекин чаро чунин автобуси туристӣ-сайёҳиро аз вилояти Хатлон, шаҳри Қурғонтеппа ё ноҳияи Шаҳритус ба шаҳрҳои Ӯзбекистонро дар ҳаракат намегузоранд? Ба масъулини Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ таклиф дорам, ки аз Шаҳритус, ё Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) барои сафар ба Ӯзбекистон автобус ташкил кунанд.

Чоршанбе, 05 Декабр 2018 09:17


Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР ва аъзои Ихвон-ал-СССР! Соли 1992, тавре дар ёдамон ҳаст, Раҳмон Набиев-президенти онвақтаи Тоҷикистони соҳибистиқлол 2 маротиба дар ҳудуди дивизияи 201-уми Федератсияи Русия дар Душанбе паноҳ бурд. Ин амали президентро бемасъулиятию тарсуӣ, тарки Ватан, яъне гурехтан аз Тоҷикистон маънидод кунем, ё чизи дигар???

Сиёвуши Далер,
барномасози компютер, ш.Хуҷанд


Аз редаксия: Президенте, ки 3 қадам мегурезад, тарсуст. Набиев ба Дивизияи 201 ва сипас ба хонааш фирор карда, сари роҳ ҳатто истеъфо дод-аз тарси 3 бузриш. Мо метавонем!

Чоршанбе, 05 Декабр 2018 09:13


Солҳои охир аз ҷаҳонишавӣ метарсему дар нишасту ҷаласаҳо аз ин ҳарф мезанем, ки моро ва миллати моро фурӯ кашиданаш мумкин. Бисёр кишварҳои африқоӣ дар қарни 20 аз боисе ба чанд ҳисса тақсим шуда, мактабҳои ҳар манотиқаш ба ҳар гуна забони абарқудратон рӯ оварданд, яъне инглисӣ, испонӣ, арабӣ, голландӣ... Ин якдигарфаҳмӣ ва ваҳдату ягонагии он кишварҳоро, дар ниҳоят пора кард, кишвари онҳо ба чанд давлати алоҳида тақсим, фаҳмиш ва афкор ҳархела шуда, то ҳадде расид, ки дигар дар ягонагӣ зистанашон душвор шуд ва ба ихтилофҳои шадид расонида, боиси аз 1 давлат чанд давлат ба миён омадан анҷом ёфт. «Оё дар Тоҷикистон ҳам ба чунин натиҷа намерасем?» - мепурсанд мутахассисон ва ҷомеашиносон бо хавотирие. Агар дар солҳои 1920 инкоргари забону миллати мо дар Бухорою Самарқанду водии Фарғона пантуркистон шуда бошанд, кунун инкоркунандаи забону миллат худи моем.

Шераки Ориёнфар
адиб

Чоршанбе, 05 Декабр 2018 09:11

 

Психологияи миллӣ-6

Чоршанбе, 05 Декабр 2018 08:54


 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони  пойтахт мерасонад, ки бо мақсади кам кардани ҳолатҳои тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар хиёбону кӯчаҳои ш.Душанбе ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ, шурӯъ аз 3.12.2018 дар хатсайри микроавтобусии №11 (мактаби №61 - Бозори «Балх») шумораи воситаҳои нақлиёти тамғаи «Мерседес-Бенс» маҳдуд карда шуда, хизматрасонии хатсайри автобусии №11 ба роҳ монда шуд.
 Дар хатсайри микроавтобусии №10 (Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ - маҳаллаи "Пахтакор") шумораи микроавтобусҳо кам карда шуда, фаъолияти автобусҳои хатсайри №10  (Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ - маҳаллаи "Пахтакор") ба роҳ монда шуд.
  Дар хатсайри автобусии №2 (Терминали мусофирбарии шарқ-Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ) шумораи автобусҳо аз 20 адад ба 26 адад зиёд карда  шуда, шумораи микроавтобусии №33 (маҳаллаи Фучик - Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ) тавассути кӯчаи Н.Қарабоев маҳдуд карда шуд.
  Аз мусофирон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасониҳои автобусҳои нави замонавӣ истифодабурда, автобусҳоро дар истгоҳҳо мунтазир шаванд.


Чоршанбе, 05 Декабр 2018 08:50


  Имрӯз, 13:25-дақиқа, дар назди мағозаи қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳои навъи “Хенкук”, воқеъ дар маҳаллаи 61-уми н.Фирдавсии ш.Душанбе, ки ба шаҳрванд Фозилов Дониёр Аҳмадхоҷаевич, соли таваллудаш 1979, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, маҳаллаи Яккачинор, хонаи 159 тааллуқ дорад, бар асари ихроҷ аз балони газ таркиши кӯтоҳ ба амал омад.
   Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, дар натиҷа, шаҳрвандон: Бедилов Хуҷа, соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Бухоро, бинои 29, хонаи 4, Шарипов Аҳлиддин, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯчаи Заҳматобод, хонаи 367,
Шоев Сабзалӣ, соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯчаи Сурхоб, хонаи 372, Ёраков Парвиз, соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ, ҷамоати Чимтеппа, деҳаи Пахтакор осеби сабуки ҷисмонӣ бардоштаанд. Ҳолати саломатии номбурдагон муътадил буда, зери назорати табибон қарор доранд.


саҳ 10 аз 11

Китобҳо

Flag Counter