ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 05 Декабр 2018 08:47


Роҳбарияти клуби футболи “Истиқлол” номзадии Ҳаким Фузайловро ба вазифаи сармурабии даста тасдиқ намуд. Ҳаким Фузайловро дар ин вазифа ёваронаш Алишер Тӯхтаев ва Александ Кит кӯмак мекунанд.
Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, шартнома бо сармураббии нав рӯзи 3 декабр, дар идораи клуби футболи “Истиқлол” ба имзо расид.
Ҳаким Қаюмович Фузайлов 12 августи соли 1964 ба дунё омадаст. Вай аз соли 1986 то соли 1991 дар тими “Помир” Душанбе бозӣ мекард. Соли 1992 ба дастаи “Локомотив”-и Маскав гузашт. Бо дастаи “Локомотив” дар соли 1994 соҳиби медалҳои биринҷии чемпионати Русия гаштааст. Ҳаким Фузайлов, аз соли 2016 то моҳи марти соли 2018 мураббии дастаи миллии футболи Тоҷикистон буд.

Сешанбе, 04 Декабр 2018 10:10


Рӯзи 3.12.2018 Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо 1 қатор кадрҳое, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохтору воҳидҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд, сӯҳбат намуданд. Ҳамин тавр сардорони шуъбаҳои ВКД  дар 23 шаҳру ноҳияҳои мамлакат иваз карда шуданд.
Аз ҷумла, сардорони шуъбаҳои ВКД дар ш.Норак, ноҳияҳои Кушониён, Дӯстӣ, Шамсиддини Шоҳин, Данғара, Панҷ, Восеъ ва Муминободи вилояти Хатлон аз ҳисоби кадрҳои ҷавону ботаҷриба ва дорои дараҷаи тахассуси баланд таъин гардиданд. Сардорони шуъбаи ВКД дар ш.Хуҷанд, шуъбаҳои №1 ва 2-и ВКД дар ш.Исфара, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Конибодом ва Истаравшан, ноҳияҳои Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Деваштичи вилояти Суғд низ иваз карда шуданд.
Ҳамчунин сардорони шуъбаҳои ВКД дар шаҳрҳои Турсунзода ва Ваҳдат, шуъбаи №1-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои ш.Душанбе, н.Шаҳринав, сардори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи милитсия”-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ш.Кӯлоб ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар хатти фурудгоҳи ш.Душанбеи раёсати вазорат дар нақлиёт таъин гардиданд.
Чуноне ки ба мухбири мо дар маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, пас аз таъинот ва мулоқот бо президенти кишвар дар толори ВКД дар назди вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷаласаи селекторӣ баргузор гардида, дар рафти он кадрҳои навтаъиншуда бо ҳайати шахсии мақомот шиносонида шуданд.
Тибқи тағийроти охирин подполковники милитсия Умари Хайём Амиршо - сардори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи милитсия»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб), полковники милитсия Баротзода Тоҳир Барот – сардори Шуъбаи ВКД дар хатти фурудгоҳи ш.Душанбеи Раёсати Вазорат дар нақлиёт, полковники милитсия Ҳамдамзода Валихон Ҳамдам - сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Синои ш.Душанбе, подполковники милитсия Сафарзода Фахриддин Холмумин - сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав;
- полковники милитсия Маҳмадзода Алимардон Маҳмад – сардори ШВКД дар ш.Ваҳдат, подполковники милитсия Алихон Рустам - сардори ШВКД дар ш.Турсунзода, полковники милитсия Одиназода Фирӯз Саттор – сардори ШВКД дар ш.Истаравшан, подполковники милитсия Олимов Исохуҷа Асрорович – сардори ШВКД дар н.Шаҳристон, подполковники милитсия Насимзода Қосим Наимӣ – сардори ШВКД дар н.Кӯҳистони Мастчоҳ, подполковники милитсия Одиназода Сайдаҳтам Сироҷ – сардори ШВКД дар н.Айнӣ, полковники милитсия Эмомзода Раҷабалӣ Эмом – сардори ШВКД дар н.Деваштич, подполковники милитсия Пирзода Сафар Қузратулло – сардори ШВКД дар ш.Конибодом ва полковники милитсия Ҷалилзода Эмин Карим – сардори ШВКД дар н.Мастчоҳ таъин гаштанд.
Инчунин, подполковники милитсия Бурҳониён Олим Полвон – сардори ШВКД дар шаҳри Хуҷанд, генерал-майори милитсия Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршо – сардори ШВКД-1 дар ш.Исфара, подполковники милитсия Сайфуллозода Рустам Сайфулло – сардори ШВКД дар н.Муминобод, полковники милитсия Иброҳимзода Хуршед Икром – сардори ШВКД дар н.Шамсиддин Шоҳин,  полковники милитсия Маҳмудзода Шамсулло Хайрулло – сардори ШВКД дар н.Панҷ, полковники милитсия Воҳидзода Темур Сафар – сардори ШВКД дар н. Восеъ, подполковники милитсия Раҳимзода Ҷамшед Расул – сардори ШВКД дар н.Дӯстӣ, полковники милитсия Мирзозода Абдураҳим Қурбон – сардори ШВКД дар н.Кушониён, полковники милитсия Раҷабзода Рустам Сафаралӣ – сардори ШВКД дар н.Данғара, полковники милитсия Файзуллозода Илҳомҷон Файзулло – сардори ШВКД дар ш.Норак ва полковники милитсия Шомадзода Фирдавс Маҳмад – сардори ШВКД-2 дар шаҳри Исфара таъин гардиданд.


Душанбе, 03 Декабр 2018 09:02


Ҷорҷ Буш, собиқ президенти ИМА шоми 30.11.2018 дар сини 94-солагӣ аз олам даргузашт.
Ҷорҷ Герберт Уокер Буш, президенти 41-уми ИМА солҳои охир аз бемории паркинсон ранҷ мекашид ва маҷбур буд дар курсии маъюбӣ ҳаракат намояд. Ҳамсари эшон Барбара Пирс низ соли ҷорӣ вафот намуда, мавсуф падари президенти 43-уми Амрико-Ҷорҷ Буши хурдӣ мебошад.
Дар робита ба реҳлати Ҷорҷ Буши калонӣ президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1.12.2018 ба президенти ИМА Доналд Трамп барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
 ««Ҷаноби Олӣ, хабари реҳлати собиқ Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷорҷ Герберт Уокер Буш боиси андуҳи мо гардид. Марҳум бо фаъолияти сермаҳсули худ дар маснади олии Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва дигар вазифаҳои давлатии муҳим соҳиби иззату эҳтироми шаҳрвандони кишвар гардида, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун сиёсатмадори шинохта обруву эътибори баланд дошт.
 Дар ин лаҳзаҳои ғамангез ба ҳамаи пайвандону наздикони марҳум ва тамоми мардуми дӯсти Иёлоти Муттаҳидаи Америка таъзияи амиқ ва тасаллияти сидқии худро иброз менамоям».

  •  << 
  •  < 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  11 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 11 аз 11

Китобҳо

Flag Counter