ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 27 Апрел 2018 13:21


   Депутатҳои думаи вилоятии Маскав бо ворид намудани тағийроту иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои мусофирони фурудгоҳҳои вилоят, аз ҷумла «Домодедово», «Шереметево» ва «Жуковский» 1 қатор қоидаҳои навро пешбинӣ намуданд. Минбаъд барои мусофирон хобидан дар болои курсиҳои дохили бинои аэровокзал, нишастан дар рӯи фаршу дастаки курсиҳо манъ аст. Барои вайрон намудани ин талаботи нав ҷарима дар ҳадди 100 рубли русӣ муайан шудааст.
   Бино ба итиллои хабаргузориҳои русӣ, ҳамчунин ҷарима онҳоеро интизор аст, ки сумкаҳои хешро дар рӯи курсиҳои толори интизорӣ ё эскалатор мегузоранд. Давидан дар болои эскалатор, дар дохили бинои аэровокзал гаштугузор бо ролликҳо, велосипед, моносикл ва гироскутер низ манъ карда шудааст. Барои шунидани мусиқӣ ва радио бе гӯшмонакҳои махсус, ворид шудан ба дохили аэровокзал бо либоси бадбӯй ва ифлос низ дигар мумкин нест.
«-Аз фурудгоҳ меҳмонхона сохтан лозим нест ва онро бояд тозаву озода ва бо тартиб нигоҳ дошт!»-чунин гуфтаанд депутатҳои маскавӣ зимни қабули тағийротҳои нав.




Ҷумъа, 27 Апрел 2018 11:08


   Сафари расмии президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 15-16 майи соли ҷорӣ сурат хоҳад гирифт. Дар ин бора ба мухбири СССР дар вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар доданд.
   Дар назар аст Александр Лукашенко зимни сафари худ ба Душанбе бо президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон вохӯрда, дар ҷаласаи байниҳукуматии 2 кишвар дар сатҳи баланд низ ширкат варзад. Инчунин, дар ин рӯзҳо дар Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти ширкатҳои истеҳсолкунандаи Белорус баргузор хоҳад шуд.

СССР

Ҷумъа, 27 Апрел 2018 10:55

Ҷумъа, 27 Апрел 2018 10:51


 Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст аз 1.05.2018 фаъолияти микроавтобусҳои «Старекс»-ро дар пойтахт қатъ науда, ба ҷойи онҳо автобусҳои навро вориди хатсайрҳо намояд.
   То ба имрӯз «Старекс»-ҳое, ки дар хатсайрҳои №№13, 25, 28, 8 ва 2 фаъолият мекарданд, аз хатсайр берун карда шуданд. Ба роҳбарони ширкатҳои нақлиётӣ ва ронандагони «Старекс»-ҳо тавсия шудааст, ки дар хатсайрҳои беруназшаҳрӣ фаъолияти хешро идома бидиҳанд.
   Чуноне ки ба мухбири СССР дар МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» итиллоъ доданд, барои фаъолияти минбаъда дар хатсайрҳои зикршуда ҳукумати ш.Душанбе 100 адад автобусҳои нав харидорӣ намуда, шурӯъ аз 1.05.2018 онҳоро дар хати сайрҳо истифода хоҳад бурд.

Панҷшанбе, 26 Апрел 2018 16:28

Бас аст, ба Худо бас аст! Магар Худо гуфт, ки Опели куҳна хар? Дар ҳар хонаи мо дую 3 мошини кӯҳна ҳаст. Лекин чанди мо дар хонааш 1 дастгоҳи кории хитоӣ дорад?

Панҷшанбе, 26 Апрел 2018 16:21



Тавре сайти интернетии www.kommersant.ru хабар медиҳад, Суди вилояти Свердлови Федератсияи Русия шаҳрванди Тоҷикистон Шарифҷон Одилов-узви дастаи Алии Бедакӣ (Аловиддин Давлатов)-ро ба зудӣ ба Душанбе мефиристад. Одилов, ки апрели с.2017 дар вилояти мазкур дастгир шуд, ба қасди анҷоми чанд теракт дар Душанбе дар с.2010 айбдор мешавад. 1 ҳадафи ин ҳамлаҳо Дивизияи 201-и Русия будааст.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бошад Шарифҷонро ба гардиши ғайриқонунии силоҳу маводи тарканда, узвият дар гуруҳи ҷиноӣ ва қасди анҷоми ҳамлаи террористӣ айбдор мекунанд. Тибқи манобеи хабарӣ, Одилов узви дастае буд, ки таҳти фармони Алии Бедакӣ-фармондеҳи собиқи ИНОТ мебоист с.2010 дар ш.Душанбе чанд теракт анҷом дод, аз ҷумла, 1 фурӯшгоҳ ё бозори серодамро тарконд. Аммо ин дастаи террористӣ рӯзи 22.08.2010 дар пайи боздошти яке аз аъзояш-Ҳалим Исоев, зодаи н.Восеъ (с.тав.1984) ошкор карда шуд ва гурӯҳи боқимонда фирор карданд.

Панҷшанбе, 26 Апрел 2018 16:17


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Тавре маълум, тибқи қарори Бюрои КМ РКП (б) Қарори КИМ РСФСР аз 2.01.1925 вилояти маъмурии Помир дар ҳайати РАСС Тоҷикистон ба ВМКБ табдил дода шуд. Пеш аз ин Комиссияи Тоҷикистон аз 5.10.1924 роҷеъ ба зарурияти ташкил кардани мухторият бо чунин далелҳо асоснок кардааст: Дар марзҳои пештараи тамоми Помир вилояти мухтор ташкил шавад, ки ба ҳайати Тоҷикистон дохил бошад. Тоҷикони Помир аз рӯи хусусиятҳои хоси сохти ҷамъиятӣ, иқтисодӣ ва маишӣ, махсусияти ҷуғрофӣ, бисёрзабонии халқҳои музофотҳои Помир, ки ғайр аз Тоҷикони кӯҳистон ва қирғизҳо дар Помир зиндагӣ мекунанд, манофеи онҳоро ҳатман ба эътибор гирифтан лозим. Баъди истиқлолияти давлатӣ гирифтани Тоҷикистон ва қабули Конститутсияи нав нияти барҳам додани мухторияти Бадахшон дар фикри афроди алоҳида буд, лек комиссияи босалоҳият ва шахсан Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зидди ин пешниҳоди онҳо баромаданд.

Панҷшанбе, 26 Апрел 2018 16:12


Мегӯянд, ки беш аз 90%-и мардуми ҷумҳурӣ мусалмонанд. Вале ба ин бовар надорам. Аз нигоҳи ман фоизи мусалмонҳо дар мамлакати мо баракси ин нишондоди бардурӯғи оморист. Мо аслан мусалмони забонием. Мусалмони ҳақиқӣ ва асил касест, ки тибқи Қуръони Маҷид, ки аз ҷониби Офаридгори замину осмон ба василаи Пайғамбари гиромиамон ҳазрати Муҳаммади Мустафо (дуруд бар ӯ) ба мо омада расидааст, амал ва зиндагӣ менамояд. Ҳаёти начандон тӯлонии умри хешро бо қонунҳои ин китоби муқаддас, ки бо ташаббуси Президенти кишвар ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст, сипарӣ мекунад.

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 13

Китобҳо

Flag Counter