ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 31 Май 2018 17:42



Ҳикмати Рамазон
Аз ҳикматҳои моҳи шарифи Рамазон чанд сухан мегӯям. Дар баъзе аз ривоятҳо омадааст, ки рӯза бигиред, то ки аз нишоти дурӯғини нафси шайтонӣ наҷот ёбед. Вақте ки инсон рӯза гирифту ба рӯза алоқа пайдо кард ва ба он дил баст, он гоҳ кам-кам ба ботини рӯза пай мебарад. Ботини рӯза инсонро ба дидори Ҳақ мекашонад, ки Худои субҳон фармудааст: Ассавмули ва ана аҷзубиҳи. «Рӯза барои ман гирифта мешавад ва савобашро худам медиҳам».

Панҷшанбе, 31 Май 2018 17:30


(идома аз шумораи гузашта)
Эмом-хатибон дар бораи Артиш мавъиза мекунанд?
- Чаро то беш аз 1000 нафарро мутаассибини ислом ба ҷанги Сурия бурда метавонанду муллову эмом-хатибони шаҳру деҳот наметавонанд, таблиғи патриотизм кардаву 30-40 нафарро ба Армияи Тоҷикистон раҳнамун созанд? Умуман, эмом-хатибони мо дар ин хусус мавъиза мекунанд?

Садриддин Имомов, ш.Душанбе

Ҷавоб:-Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ вазифаи инсонӣ, имонӣ ва ҷонии ҳар як ҷавон маҳсуб мешавад. Аз ин хотир набояд интизор бошем, ки ягон нафаре моро даъват кунад ва сипас ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар шомил шавем.

(Посух дод: Ҳусейн Шокиров, сардори раёсати иттиҳодияҳои динии Кумита)

Панҷшанбе, 31 Май 2018 17:20


Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни сафараш ба вил.Андиҷон мансабдорони фасодкорро танқид карда гуфт, онҳо барои худ чунон зиндагии хусравоние дуруст карда буданд, ки ҳатто Амир Темур чунин кайфу сафо надошт: "Онҳо барои худ дар соҳили баҳри Балтика хона сохта буданд. Агар ба аксҳои қасрҳо бингаред, мефаҳмед, ки ҳатто Амир Темур, бо онки ҳокими ин қадар сарзамину халқҳо буд, дар чунин шароити пуршукӯҳ зиндагӣ намекард. Рашид Қодиров кист? Дузд аст! Маҳз барои ҳамин 70%-и кормандони прокуратураро иваз кардам. Касе ба ман хиёнат кунад, аз қафои онҳо хоҳад рафт. Ҳама чиро мебахшам, ба ҷуз аз хиёнат ва дуздӣ. Қодиров ҳоло ҳамроҳи аъзои командааш дар зиндон аст. Ҳоло миллион доллари дуздидаашонро ба давлат баргардонда истодаанд. Мо дар 2 моҳи наздик ӯро аз ТВ намоиш медиҳем, бигзор худаш дар бораи аъмоли ғайриқонуниаш сӯҳбат кунад. Ӯ аз ҳар прокурори ноҳия 30-40 ҳазор доллар мегирифт. Писари бевиҷдони ӯ миллиардер шуда буд. Ин ба мансабдорони дигар ҳам дахл дорад. Ин боигариҳо аз кадом ҳисоб буд? Албатта, аз ҳисоби халқ.” Рашид Қодиров, ки аз с.2000 то 2015 додситони кулли Ӯзбекистон буд ва 22.02.2018 дастгир шуд. Ба дунболи ӯ, 6 март Ойбек Зайниддинов-домоди ӯ, ки сардори Сарраёсати назорати гумрукӣ дар Кумитаи давлатии гумрук буд, низ дастгир шуд.

Панҷшанбе, 31 Май 2018 17:15


Хоменко Юлия Анатолиевнаи 23-сола (с.тав.21.10.1995), сокини ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаи Миралӣ Маҳмадалиев-3, хонаи №14 (тел: 901 09 11 07) дар меҳмонии газетаи мардумии СССР гуфт, ки “Ман аз соли 2007 дар Тоҷикистон ҳастам. Аз Ҷумҳурии Украина, аз ноҳияи Старосинявськийи вилояти Хмельницька, омада будам. Аз синфи 6 то синфи 11 дар мактаби миёнаи №36-и ноҳияи Рӯдакӣ хонда, номаи камол-аттестат гирифтам. Аммо то ҳол паспорт-шиносномаи шаҳрвандӣ надорам... Шавҳари ман-Рустам Тоҷиддинович Элов тоҷик асту зиндагии якҷоя дорем ва ҳоло соҳиби 1 фарзандем. Хуллас, барои шиносномаи шаҳрвандӣ гирифтан ба мақомоти дахлдори кишвар муроҷиат кардам, онҳо гуфтанд, ки “ту аввал аз Украина ҳуҷҷати тасдиқкунанда биёр, то бидонем, ки ту шаҳрванди куҷоӣ?” Аз Сафорати Украина дар Тоҷикистон низ чанд рӯз пеш маълумотнома гирифтам, аммо боз ҳам паспорт доданӣ нестанд. Барои гирифтани паспорт ба суди ш.Душанбе ва ОВИРи н.Шоҳмансур арз кардам, аммо ягон натиҷа нест. Охир, ман соҳиби 1 фарзандам, пас чаро шаҳрванди Тоҷикистон набошам? Аз Дастгоҳи президенти ҶТ эҳтиромона хоҳиш дорам, ки ба ин мушкили ман кӯмак намоянд, зеро мехоҳам шаҳрванди Тоҷикистони биҳиштосо бошам...”.

Панҷшанбе, 31 Май 2018 17:09


Сарбозони ҷангалӣ
Баъди ишғоли манотиқи зиёди СССР немисҳо ба муқовимати сахт дар ақибгоҳи худ рӯ ба рӯ шуданд. Ин муқовимат, ки бештар аз ҷониби Маскав роҳандозӣ шуда буд, дар таърихнигорӣ бо ҳаракати партизанӣ маъруф аст. Партизанҳо, ки худро сарбозони ҷангалӣ меномиданд, ногаҳон ба душман зарба зада, боз зуд дар ҷангал махфӣ мешуданд. Яке аз манотиқи доғи ҳаракати партизанӣ вил.Брянски РСФСР шуд. Немисҳо ин манотиқро с.1941 фатҳ карда, дар ҳол ба муқовимати партизанҳо рӯ ба рӯ шуданд, ки с.1942 шиддати бештар гирифт. Баҳори с.1942 раванди муттаҳидшавии дастаҳои партизанӣ оғоз шуд. Апрели с.1942 дар Брянск аллакай 3 гурӯҳи бузурги партизанӣ-ҷанубӣ, ғарбӣ ва шимолӣ таъсис ёфтанд. 23.04.1942 бо қарори кумитаи ҳизбии вил.Орёл ва шӯрои ҳарбии фронти Брянск Ситоди дастаҳои муттаҳидаи партизанӣ таъсис дода шуд. Ба ин ситод лейтенанти кумитаи бехатарӣ Д.Емлютин сарварӣ мекард. Баҳор ва тобистони с.1942 сарбозони ҷангалӣ дар Брянск садҳо амалиёти харобкорӣ анҷом дода, ба немисҳо зарари ҷиддии ҳарбӣ расониданд. Хосса, роҳи оҳани немисҳо аз амалиёти партизанҳо зарар медид.

Панҷшанбе, 31 Май 2018 17:02


23.05.1924. Дар Маскав Анҷумани XIII-и РКП (б) ба кори худ сар кард, ки аввалин Анҷумани ҳизби болшевикӣ баъди марги Ленин буд. Дар он 748 вакил бо овози ҳалкунанда ва 416 вакил бо овози машваратӣ ширкат варзиданд. Пеш аз оғози Анҷуман миёни аъзои собиқадори ҳизбӣ Васиятномаи Ленин қироат карда шуд. Дар васиятнома доҳии болшевикон Тротскийро аз ҳама фарди болаёқат дар КМ арзёбӣ ва аз аъзои КМ талаб мекард Сталинро барои дағаливу густохиаш аз вазифаи котиби генералии ҳизб барканор кунанд. Мегӯянд, Сталин баъди қироати Васиятнома хоҳиши ба истеъфо рафтан кард ва фармуд: “Ман дар ҳақиқат дағалам. Илич ба шумо пешниҳод мекунад каси дигарро ёбед!” Аммо яке аз дӯстони Сталин аз толор садо зад: “Моро бо дағалӣ наметарсонӣ. Тамоми ҳизби мо дағал аст, ҳизби пролетарист!”

Панҷшанбе, 31 Май 2018 16:57


Узви Ихвон-ал-СССР, донишҷӯ Ганҷина Мирзоева аз ноҳияи Рӯдакӣ дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ки нахуст, кулли ҳамватанони азизамро бо фарорсии моҳи шарифи Рамазон таҳният мегӯям. Баъдан, вақте бегоҳии рӯзи 16.05.2018 вориди бозори сабзавотфурӯшии ноҳия шуда, хостам барои ифтор «зелен»-кабудӣ (гашниҷу пиёзу райҳон) бигирам. 4 баста кабудиро гирифта, аз фурӯшанда пурсидам, ки чанд сомонӣ мешавад? Гуфт: «1 бандчааш 1 сомонӣ, яъне 4 сомонӣ!» Бо ҳайрат чизе нагуфта зеленҳои гирифтаамро дар ҷояш гузошта рафтам. Чун дуртар мерафтам, садои 3-4 нафар занонро шунидам, ки онҳо низ аз чунин нархи зелен ҳайрон буданд. Ман дар ҳайратам, ки наход савдогарони мо дар ин моҳи мубораку шариф ба ҷои поин бурдани нарху наво, баракс даст ба гаронфурӯшӣ мезананд. Ҳол он ки 7-8 бандчаи зелен дар деҳот 1 сомонист!

Панҷшанбе, 31 Май 2018 16:48


Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, Комилҷон Мӯминов аз ноҳияи Мастчоҳ бо телефони 92 833 05 39 ба СССР занг задаву гуфт, ки мо 1 ҳафта боз барқ надорему 3 моҳ боз бе оби нӯшокием. Инак, бори сеюм аст, ки трансформатор мекафад. Оби нӯшокии мо бошад тариқи насосҳои обкашист, ки он ҳам сӯхтаву аз кор мондааст. Раиси ноҳия-Ғайрат Азиззода бошад дар бебахтии мо дар рухсатии меҳнатист. То муовинҳои раиси ноҳия аз мушкили мо огоҳанд ва борҳо арзамонро расонидем, аммо ягон натиҷа нест.

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 15

Китобҳо

Flag Counter