ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 30 Июл 2018 16:30

Дар пасманзари фоҷеаи Данғара, ки бар асари он 4 кушта боқӣ мондааст, сару садоҳоро дар мавриди «ҳамлаи тарҳрезишуда» ва амалиёти дастаҷамъона будани ин ҳодисаро зиёд кардааст. Мақомот то ҳанӯз 100% чӣ амал будани ин садамаи пурқурбониро таъйиду такзиб накардаанд. Аммо сафирони хориҷӣ аз он изҳори ташвиш кардаанд.

Ҳидоят Бишчевич, раҳбари Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 30 июл гуфт, ки ҳодисаи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғара “метавонад бештар аз як садамаи автомобилӣ” бошад ва ба “ҳамлаи аз пеш омодашуда мемонад”:

“Мо мунтазари ҷаласаи изтирории сафирони аврупоӣ ҳастем, ки ҳар ҷониб бояд иттилоъ ва назарҳои худро баён кунанд. Вале аз назари шахсии ман, агар иттилоъ дар бораи он ки ҳамлагарон баъди бо мошин зер кардани велосипедронҳо боз ба онҳо бо корд ҳамла кардаанд, дуруст бошад, пас ин як садамаи автомобилӣ неву, монанд ба ҳамлаи аз пеш омодашуда мебошад. Агар тафтишот ҳам инро тасдиқ кард, пас ин ҳодиса мояи ташвиши бештар мешавад”.

Хотиррас мешавем, ки Вазири Корҳои Дохилӣ ба хабаргузориҳо гуфта буд, ки баъди бархӯрд, аз мошин нафар ё нафароне фаромада, бо корд ба туристон ҳамла ҳам кардаву чандеро захмӣ сохтаанд.

Ҳоло, ки ному насаби велотуристон мушаххасан ёдовар нашудааст, ҳувияти миллияшон муайян гардидааст. 

Велосипедронҳои хориҷӣ 7 нафар будаанд; 2 амрикоӣ, 2 ҳолландӣ, 2 тан аз Швейтсария ва 1 фаронсавӣ. Гуфта мешавад, маҳз велосипедрони фаронсавӣ, ки аз гурӯҳ андаке қафо монда буд, осебе надидааст.

Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

 

Душанбе, 30 Июл 2018 16:01

 

Хавфнок ва мусаллаҳ!!!

Дар бастагӣ ба фоҷеаи Данғара, ки дар он 7 турист мавриди ҳуҷум қарор гирифтаву  4 тани онҳо бо бераҳмии том кушта шудаанд, ВКД акси 3 нафарро пахш кард, ки дар ин ҳуҷуми тарҳрезишуда гумонбаранд.

Инҳо: Зафарҷон Сафаров, сокини 18-солаи ноҳияи Панҷ, Асомуддин Маҷидови 19-солаи сокини ноҳияи Панҷ ва Ҷаъфариддин Юсуфови 21-сола аз ноҳияи Норак, соҳиби мошини "Дэу Леганза” мебошанд Хотиррас мешавем, ки рӯзи 29 июл ин автомобил сайёҳони велосипедсаворро пахш ва фирор карда буд. ВКД қаблан хабар дод, ки дар робита ба ин ҳодиса 4 нафар – як сокини Душанбе, як сокини ноҳияи Ҷайҳун ва ду сокини шаҳри Кӯлоб дастгир шуда, ду нафари дигар дар деҳаи Торбулоқи ноҳияи Данғара ҳангоми муқовимат нишон додан кушта шудаанд. Қаблан гуфта мешуд, ки соҳиби мошинро низ қапидаанд. Аммо имрӯз ӯ мавриди кофтукоб қарор гирифт.

Барои ёфтани ин 3 гумонбар ВКД мукофоти калон ваъда додааст.

Аз рӯи иттилоъия ва баёнияҳои расмӣ дар ин ҳамла бар туристон ҳадди ақалл 9 нафар гумонбаранд. Арқоми мазбур далели версияи мост, ки шояд ин ҳамлаи террористӣ ба туристон буд...

 

Душанбе, 30 Июл 2018 16:01

29.07.2018. Соат ба вақти Душанбе 15:30 дақиқа. Шоҳроҳи наздик бар Яхсӯ ва Маликоваи Данғара…

Автомашинаи тамғаи Леганза 7 сайёҳи велосипедрони хориҷиро пахш кард. Бар асари садама 3 сайёҳи ҷаҳонгард дар ҷои ҳодиса ва 1 тани дигар дар беморхона фавтид. Ронанда аз ҷои ҳодиса ғайб зад…

Бо амри тасодуф хабарнигори газетаи мардумии СССР дар ҷои ҳодиса буд ва сару садои барзиёдеро мушоҳида намуд. Минҷумла нафаре мегуфт, ки Леганза амдан сайёҳонро зер кардааст. Тибқи шаҳодати ин нафар, ки ному насабашро напурсидем, Леганза аз ҷониби Норак меомаду сайёҳон аз самти Данғара. Ронандаи мошин барқасдона чамбарро сӯи онҳо тоб дода, чанд танашро зер карда, сӯи Маликова меравад. Сайёҳон дар ҳолати шок қарор доштанд. Дар ин маврид ронандаи Леганза мошинро бозпас тоб дода, бо суръати баланд омада, боз туристонро зер мекунад.

Агар ин версия ҳақиқат бошад, пас ин амал терроризм аст. 1 сарчашма, ки нахост номаш фош шавад, гуфт, ин версия коркард мегардад ва гуфта мешавад, ки мусофире чарх зада омада дубора пахш кардани туристонро гӯиё наворгирӣ ҳам кардааст…

Версияи дигаре низ ҳаст, ки аз мошин баъди дуввумбора зер кардани туристон чанд нафар баромада, ба сайёҳон бо корд дарафтодаанд…

 

Маҳв шуданд!

Автомашинаи Леганза далели шайъӣ аз худ боқӣ гузошта фирор карда буд. Мо дар дасти нафаре рақами давлатии ин мошинро дидем, ки ҳини бархӯрд дар ҷои ҳодиса афтодааст.

7498ВН03. Пулис маълум кард, ки мошини мазкур ба сокини 21-солаи ш. Норак тааллуқ дорад.

ВКД навишт, "ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар деҳаи Торбулоқи ҷамоати Лоҳури ноҳияи Данғара нақлиёти ба ҷинояткор тааллуқдошта, тамғаи Леганза рақами давлатияш 74-98 ВН 03, ки ба шаҳрванд Юсупов Ҷаъфариддин Садриддинович, соли таваллудаш 11.01.1997, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Норак кӯчаи Борбад 44, тааллуқ дорад, дарёфт гардид, осебҳои мошин аз он шаҳодат медиҳанд, ки автомашинаи мазкур ба ин ҷинояти содиршуда мансуб мебошад. Дар мавзеи деҳаи Торбулоқ шахсони ҷиноят содирнамуда муайян гардида, 1- нафар дастгир ва 2 нафар ҳангоми муқобилият намудан нобуд карда шуданд.

Барои дастгир намудани дигар шарикони ҷинояткор чораҳо андешида шуда истодааст.”

Сарчашмаи хабарие бе ифшои ном ба СССР гуфт, “ҷинояткорон бо силоҳи сарди сабук, корду теғ, мусаллаҳ буданд ва ба корманди милитсия дарафтоданд. Ва дар ҷои ҳодиса кушта шуданд”.

1 нафари дигар боздошт гардид. Тахмин меравад, ки ин нафар соҳиби мошин ва бо гумони ғолиб ронандаи Леганза Ҷаъфариддин Юсупови 21-сола аз шаҳри Норак аст...

Норак, мутаассуф, замони ахир бо аъмоли бад дар сархатти хабаргузориҳо қарор дорад, ки ҷавонони зиёде аз ин маҳалла ба Давлати ба ном исломӣ пайваст мешаванд. Аз Норак будани ронандае, ки 2 бор сайёҳонро гаштаву баргашта пахш кардааст, далеланд, ки дар ин амал гурӯҳҳи террористӣ даст доранд.

Ҳоло дар кишвар амалиёти “Перехват” давом дорад ва дастандаркорони ин фоҷеаро меҷӯянд. Гуфта мешавад, ин гурӯҳ тани танҳо чунин амалиёти мудҳишро матраҳ карда наметавонист. Онҳо ҳатман “наводчик”-ҳамкорон доштаанд, ки ба инҳо дар бораи аз Бадахшон баргаштани гурӯҳи 7-нафараи сайёҳони дучархасавор маълумот додаанд.

Марги 4 турист

Туристони дучархасавор аз Амрико, Ҳолланд, Шветсария ва Белгия будаанд. Аз ин миён 2 амрикоӣ, 1 ҳолландӣ ва 1 шветсарӣ ҷон бохтаанд.

Дар беморхонаи Данғара тибқи ахбори расида, ҷавонмарди “ришзард”-и сайёҳ гуфтааст, ки чизеро сарфаҳм намеравад ва дар ҳолати шокӣ қарор дорад. Талоши хабарнигори СССР барои сӯҳбат бо сайёҳони ҷонбасаломат бурда дар ҷои ҳодиса низ бе натиҷа монд. Нафаре, ки мо бо ӯ сӯҳбат мекардем, ҳарфе зада наметавонист. Ҳарчанд дида мешуд захме дар бадан надорад, аммо ӯро тарсу шок пахш карда буд.

Тоҷикони асил

Бо ин ҳама, дар ҷои ҳодиса, садҳо Тоҷикони маҳаллӣ, мусофирон, ронандагон, кормандони пулис ба хоку хун оғӯшта гардидаву ҷасади сайёҳонро аз ҷарӣ берун мекашиданд. Як нафаре набуд, ки худро канор гирад. Одамон бо либоси худ рӯи ҷасадҳоро мепушониданду ҷароҳати сайёҳонро мебастанд...

Ин амал аз одаму одамигарии баланди миллати мо хабар медиҳад, ки даҳшатафкании чанд хоину разил ҳич гоҳ ба бадани миллати Тоҷик доғ нахоҳад гузошт. Мо Метавонем!

Таслияти Президент

Дар ҳамин маврид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарони кишварҳое, ки туристони фавтида аз он давлатҳо будаанд, номаи тасаллият равон кард. 

Гуфта мешавад, Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пайванд ба ҳодисаи ҳалокати 4 сайёҳи хориҷӣ дар ҷануби Тоҷикистон, ки миёни онҳо ду гардишгар аз Амрико, як нафарӣ аз Нидерландия ва Швейтсария мебошанд, ба сарони ин кишварҳо номаи тасаллият ирсол кардааст. 

Дар номаҳои ҷудогонаи ба Доналд Трамп-раиси ҷумҳури Амрико, Виллем-Александр-подшоҳи Нидерландия ва Ален Барсе-президенти Конфедератсияи Швейтсария, ки фавтидагон аз он ҷо будаанд, Эмомалӣ Раҳмон аз фоҷеаи ба ҳалокат расидани шаҳрвандони ин кишварҳо бар асари аз ҷониби ронандаи як худрав пахш кардани гурӯҳи сайёҳон, изҳори таассуф кардааст.

Пресс-конфронс

Хотиррас мешавем, гузориши мо версия аст, ки дар ҷои ҳодиса дидему шунидем ва баъдан аз сарчашмаҳои хабарии наздик ба мақомот дарак ёфтем. Асли воқеаро худи Вазири корҳои дохила-Рамазон Раҳимзода соати 11:00 ба вақти Душанбе, зӯҳри имрӯз-30.07.2018 мушаххас хоҳад кард. Мунтазир бошед. Мо хабар медиҳем. Мо Метавонем!

 

Душанбе, 30 Июл 2018 15:38

 

Ҷеф Риденор-афсари хадамоти иттилоотии Сафорати ИМА дар Душанбе гуфт, «Сафоратхонаи ИМА дар бастагӣ ба фоҷеаи дар Данғара рух дода, бо ҳукумати ҶТ ҳамкории зич дорад!».

Сафорати ин кишвар ба бераҳмии ҳуҷумгарон ба велотуристони сайёҳ таъкид карда, афзудааст:

-Мо ба аҳли байти фавтидагон тасаллият мекунем. Ҳарчанд тафтишот идома дорад, аммо фактҳо далели онанд, ки ин ҳуҷум қаблан тарҳрезишуда буд. Мо бераҳмии ҳамлаваронро маҳкум карда, аз ҷониби худ дарк менамоем, ки онҳо ҳич гоҳ муаррифии миллати меҳмоннавози Тоҷик нестанд!

Ҳамзамон сафорати Амрико то кунун ному насаб ва акси кушташудагонро фош накардааст.

Бе шубҳа, баёнияи сафорати ин абарқудрат, ки рӯзи 29.07.2018 ду тан аз  шаҳрвандонаш дар мавзеъи Данғара кушта шудаанд, ҳокӣ аз он аст, ки ҳуҷум ба велотуристон садамаи оддӣ набуда, амали тарҳрезишудаи террористӣ аст.

Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

 

 

Душанбе, 30 Июл 2018 14:33

Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вил.Хатлон дар 6 моҳи соли ҷорӣ ҳангоми тафтишот 21 780 606 сомониро ошкор кард. Зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсат гуфт, ки ҳангоми тафтишу санҷишҳои молиявӣ ба маблағи умумии 21 780 606 сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуд. Аз он 2 909 141 сомонӣ хараҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ, 1 606 057 сомонӣ камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ, 3 002 551 изофанависӣ дар ҳаҷми корҳои таъмиру сохтмонӣ, 275 242 зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ, 6 970 961 талафи воститаҳои пулию молӣ, 7 036 652 маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпушнамудаи андозҳо мебошанд.

 

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

 

Душанбе, 30 Июл 2018 13:39

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар нишасти хабарии имрӯза (30.07.2018) гуфт, ки “дар робита ба ҳалокати 4 сайёҳи хориҷии велосипедсавор дар ноҳияи Данғара тамоми фарзияҳо – садама, куштор, ғоратгарӣ ва ҳамаи фарзияҳои дигар ба пуррагӣ санҷида мешаванд ва тафтишот маълум мекунад, ки ин садама буд ё ҳамлаи террористӣ? Алъон мушаххас кардан намешавад, ки ин чӣ навъи ҷиноят аст...”.

Вазир гуфт, афроди дохили мошин баъд аз зер кардани сайёҳони хориҷӣ, бо корд ба онҳо ҳамла карданд. Ба гуфтаи ӯ, ин гурӯҳи велосипедронҳои хориҷӣ шаҳрвандони Амрико, Нидерландия, Швейсария ва Фаронса мебошанд ва зоҳиран ин ҳамлае буд, ки аз пеш тарҳрезӣ шудааст. Рамазон Раҳимзода гуфт: “Ҷои буду боши онҳо дар роҳ муайян карда шуда, чорабинии дастгиркунӣ амалӣ карда шуд. Яке аз онҳо дастгир карда шуд яке дигар ҳангоми боздошт муқобилияти мусалаҳона нишон дода. Дар ҷои ҳодиса несту нобуд карда шуд. Се нафари дигар дар ҷустуҷу қарор доранд.”

 

Хотиррасон мекунем, ки 29.07.2018, соати 15:30 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар н.Данғара 2 сайёҳ аз Амрико, 1 нафар аз Голланд ва якеи дигар аз Швейтсария кушта шуда, 2 сайёҳи дигар ҷароҳат бардоштанд. Вазир гуфт, ки барои таҳқиқи ин ҳодиса 1 бригадаи фаврии иборат аз намояндагони вазорати дохила, кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералӣ таъсис ёфта, ҷараёни тафтиш таҳти назорати шахсии президент Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

 

Ҷумъа, 27 Июл 2018 16:33


   Тибқи омори вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии ҶТ дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ зиёда аз 45 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар барои муоинаи тиббии пеш аз никоҳӣ ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат кардаанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуоти Саида Умарзода, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии мамлакат хабар дод.
   Бино ба гуфти эшон, ба хотири солимии ҷомеа ҳамзамон Маркази генетикӣ ба кор шурӯъ намуда, хизматрасонии он ба мардум ройгон аст.

Ҷумъа, 27 Июл 2018 16:26


Дар рафти 1 рейди муштараки Сарраёсати назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар якҷоягӣ бо Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон дар бозори 1 рӯзае, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Айнии н.Хуросон фаъолият дорад, қонунвайрокуниҳои зиёд ошкор карда шуд.
 Чуноне аз маркази матбуотии Сарраёсати назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба СССР хабар доданд, дар рафти санҷиш маълум гардид, ки қисме аз соҳибкорон дар ҳолати ғайрисанитарӣ ва бо вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ба фурӯши маҳсулотҳои хӯрока машғул ҳастанд. Мутахассисони Сарраёсат ҳангоми санҷиш 232 кг маҳсулотҳои гӯштӣ ва 90 литр обҳои ташнашикан ва маҳсулоти ширӣ (дуғоб), ки ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ ҷавобгуй нестанд, аз муомилот гирифтанд. 
 Инчунин, барои вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ нисбати 55 нафар соҳибкорон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 3,2 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд. Ғайр аз ин, фаъолияти 9-адад иншоотҳои хӯроки умумӣ, аз ҷумла 2 ошхона, 1 дӯкони самбӯсапазӣ, 4 адад нуқтаҳои тезтаёр, 2-нуқтаи фурӯши маҳсулотҳои гӯштӣ, боздошт карда шуд. Манбаъ илова кард, ки дар оянда низ чунин рейдҳои муштарак ба хотири ҳифзи саломатии аҳолӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумла РВКД дар вилояти Хатлон дар дигар бозорҳои якрӯзае, ки дар қаламрави минтақаи Бохтари вилояти Хатлон фаъолият менамоянд, гузаронида хоҳад шуд.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 15

Китобҳо

Flag Counter