ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 27 Сентябр 2018 10:41


Ҳуқуқшиноси собиқадор Аҳмадҷон Раҳимов-сокини ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар сӯҳбати телефонӣ (тел: 93 525 44 42) ба СССР занг задаву гуфт, ки чанд шикоят ва ҳам пешниҳод оид ба нақлиёти ҷамъиятии пойтахт дорам.
1.Хатсайри «Лучоб-Нагорный», ки дар давраи Шӯравӣ фаъол буд, аз нав бояд барқарор шавад. Зеро ин хатсайр 3 донишгоҳро бо ҳам мепайвандад: ДМТ, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва Донишкадаи аграрӣ.
2.Донишҷӯён аз набуди маҳз ҳамин хатсайри мазкур ва аз бенақлиётӣ фақат аз маршрутка ва «таксиҳои 5-сомона» истифода мебаранд. Дигар чӣ кор кунанд? Дар бораи троллейбус умуман гап намезанам.
3.Дар автобусҳои хатсайри №8 ва №22 бетартибиву беадолатӣ ба дараҷаи олӣ ҳукмрон аст!!! Бовар накунед, 1 бор савор шаведу мушоҳида кунед!

Панҷшанбе, 27 Сентябр 2018 10:38


Салом, СССРи гиромӣ! Падарам Рафиев Рӯзимад рӯзи 16.06.2018 дар синни 89-солагӣ аз дунё гузашт. Ман зани танҳояму камбизоат. 3 фарзанд дорам. Ҳуҷҷатҳои худро барои кӯмакпулӣ гирифтан тайёр кардам. Аммо масъулини ш.Кӯлоб бо ваъдаи «имрӯз ё пагоҳ биё!» маро сарсону саргардон намудаанд. Чӣ қадар маблағи ман сарф шуд! Ва дар охир гуфтанд, ки «мо ба ту 132 сомонӣ медиҳем». Ин дар ҳолест, ки кӯмакпулӣ 1000 сомонист. Дигар намедонам ба куҷо муроҷиат кунам, то ба додам бирасанд.

Ашурмоҳ Рафиеваи 49-сола, ш.Кӯлоб, тел: 98 554 13 60

Панҷшанбе, 27 Сентябр 2018 10:34


Дуруди бузург ба СССРи гиромӣ! Баъди чопи мақола дар шумораи гузашта, дар бораи пулчинии мулло-имом аз намозгузорон дар масҷиди Қизилқалъаи н.Хуросон (дар шоҳроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа) аҳамият додам, пулчинӣ 3 ҳафта манъ шуд, ва ё ба ибораи дигар мулло-имом аз пулчинӣ даст кашид! Шукр мекардам, ки мушкил ҳалли худро ёфт ва мулло хатои худро дарк намуду ислоҳ шуд. Вале пас аз гузашти 3 ҳафта пулталбиро боз аз сар гирифтанд. Ба гуфти намозхонони калонсол, қариб 30 сол мешавад, ки дар ин масҷиди Қизилқалъа пулталбӣ ба анъанае табдил ёфтааст. Вале ҳайронам, ки чаро кормандони Кумита оид ба корҳои танзим ва ҷашну маросими ҷумҳурӣ ва ҳам ноҳияву вилоятӣ ин камбудии ҷамъиятро намебинанд? Агар бинанд, чаро ба ислоҳаш намекӯшанд? Дар охир, ман шахсан аз Саидмукаррам Абдуқодирзода-раиси Шӯрои Уламои ҷумҳурӣ ва муфтии кишвар пурсиданиям, ки тибқи шариат дар масҷид аз мардуми намозхон пул талбидан дуруст аст?

Асадуллои Саъдулло,н.Хуросон

Аз сардабир: 3 моҳ пеш дар Амрико будам ва намози ҷумъаро дар масҷиди Муҳаммад (с.)-и Вашингтон гузоридам. Дар ин кишвар ҳамагӣ 1 тавъамӣ бо худамон дидаму бас: Он ҷо ҳам бо халта даври намозгузорон гашта, дар намози ҷумъа аз мардум пул меғундоштанд...ва маблағи ҳосилшударо дар тахта-доска менавиштанд (ниг. ба акс). Мо Метавонем!

Панҷшанбе, 27 Сентябр 2018 10:32

Марзи миллӣ-9

Ҷумъа, 21 Сентябр 2018 08:08


Пешвои насрониҳои дунё - Варфоломей дар асоси дархост ва пофишориҳои Порошенко - Президенти Украина ният дорад украиниҳоро аз патриархати Россия ҷудо ва ба онҳо истиқлолияти динӣ бидиҳад. То кунун калисоҳову манастирҳо ва роҳбари руҳониёни православи Украина - Филарет зери тобеияти Паириархи Россия Кирил қарор дорад. Патриархи Россия эътирозномае ба Костантинопол - қароргоҳи Варфоломей (Туркия) ирсол намуда таъкид намуд, ки дар сурати истиқлол додани украиниҳо робитаро бо онҳо тамоман қатъ менамояд. Миллионҳо руҳониён - руссзабонҳои украина амдан намехоҳанд, ки Патриархи Украинаро роҳбари руҳонии хеш бихонанд. Вазъият хеле нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор,
журналист

Панҷшанбе, 20 Сентябр 2018 14:36


Бино ба итилои маркази матуботи ВКД ҶТ рӯзи 18.09.2018, соати 16:30-дақиқа, аз назди ҷӯйбори обгузари ҷамоати деҳоти Ифтихори н.А.Ҷомӣ, ҷасади писарбачаи хурдсол дарёфт гардид. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия маълум гардид, ки ҷасади дарёфтгардида писарбачаи 3-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи мазкур мебошад.
Номбурдаро санаи 12.09.2018, тахминан соатҳои 10:00-дақиқа, модаркалонаш, зани 58-сола, тариқи маҷбурӣ зинда, таги хоку лой намудааст, ки дар натиҷа хурдсол ба ҳалокат расидааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Панҷшанбе, 20 Сентябр 2018 10:04

Панҷшанбе, 20 Сентябр 2018 10:04

саҳ 3 аз 11

Китобҳо

Flag Counter