ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 20 Сентябр 2018 08:59


   Зимни гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок дар самти ба роҳ мондани интизомнокии нақлиёт дар ш.Хоруғ 3-адад воситаҳои нақлиёт бо оинаҳои сиёҳкардашудаи ғайриқонунӣ боздошт гардида, нисбати ронандагон протоколҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд. Дар рафти чорабиниҳои мазкур ҳамчунин воситаҳои нақлиёти берақами қайди давлатӣ, бо рақамҳои бегона ва худсоз, рақамҳои қалбакӣ боздошт ва нисбати чунин ронандагон ҷазои маъмурӣ тадбиқ карда шуд.
   Чуноне ки ба мухбири мо дар маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, мувофиқи нақша-чорабинии ВКД ҶТ, аз ҷониби Раёсати БДА ВКД дар ҳамкорӣ бо кормандони ШБДА дар ВМКБ барои беҳтар ба роҳ мондани интизомнокии ҳаракат дар роҳ, дар ш.Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят, рейдҳо дар самти нақлиёт гузаронида шуда истодаанд. Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама, ба тартиби муайян даровардани интизомнокӣ дар самти нақлиёт дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят буда, ҳамзамон корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони ҷавон мебошад.

Панҷшанбе, 20 Сентябр 2018 08:54


14.09.1917. Ҳукумати муваққат Русияро ҷумҳурӣ эълон намуд. Инчунин дар ин рӯз торумори ниҳоди полис, ҳабси аъзои Шӯрои вазирон қонуни гардонида шуда, бадарға бекор ва тамоми маҳбусони сиёнӣ озод карда шуданд. Ҳукумати муваққат инчунин ҷорӣ кардани озодиҳои сиёсӣ ва даъвати Маҷлиси Муассисонро дар кишвар ваъда кард.
14.09.1929. Футболбозони дастаи “Динамо”-и Киев аввалин бозии байналмилалии футболро доир карданд. Футболбозони шӯравӣ бо дастаи яккачини коргарони Австрияи Поёнӣ бозида, бо ҳисоби 4:3 ба фоидаи футболбозони австриягӣ анҷомид.
14.09.1936. Дар машварати махфии НКВД СССР, роҳбарияти ин ниҳод қарор дод, ки кормандони худро ба таври оммавӣ ба Испания, барои ширкат дар ҷанги шаҳрвандӣ фиристад. Тарафи СССР то охир аз ҷумҳурихоҳони испанӣ ҳимоят кард, аммо бо вуҷуди ин ҷумҳурихоҳон дар Испания шикаст хӯрданд.

Панҷшанбе, 20 Сентябр 2018 08:45


14.09.1917 Ҳукумати муваққат Русияро ҷумҳурӣ эълон намуд ва ин кишвар барои ҳамеша аз сохти подшоҳӣ озод шуд. Шикасти ин садди ҳазорсола феврали с.1917 иттифоқ уфтод. Инқилоби Февралӣ аввал дастгоҳи ҷазоиро, ки тавассути он синфҳои ҳукмрон синфи нодорро зер назорат нигаҳ медоштанд, аз миён бардошт. Дуввум он садди равони (психологи)-ро, яъне боварӣ бар устувории тартиботи вуҷуддошта, ки қарнҳо тавассути ин синфҳои ҳоким ба мардум иблоғ мешуд, бартараф кард. Саввум маҳз феврал ҳизби кадетҳо (ҳизби асосии буржуазияи рус)-ро сари қудрат овард ва ин ҳизб душмани асосии сохти подшоҳӣ шуд. Инқилоби Февралӣ чун ҳамоиши осоиштаи зиддиҷангии коргарон оғоз ёфт, аммо нақши калидиро дар он боз деҳқонон бозиданд. Аскарони гарнизони Петербург-деҳқонбачаҳои шинелпӯш аз тир кушодан ба коргарони пойтахт сар боз заданд ва ҳамоиши осоишта ба шӯриш табдил ёфт.

Панҷшанбе, 20 Сентябр 2018 08:36


Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ маводеро, ки дар ҳафтаномаи СССР таҳти унвони «Кӯлоб чанд имтиёз дорад?» нашр шуд, мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дод. Сараввал иттилоъ медиҳем, ки ваҷҳҳои баёншуда дар мақолаи мазкур ба ҳолати воқеии кор мутобиқат накарда, нисбати кормандони масъули вазорат ва сохторҳои он аз ҷониби муаллифи мақола нодуруст ҳарф зада шудааст. Асли матлаб ин аст, ки тибқи тартиби муқарраршуда шумораи шаҳрвандони имтиёздор, аз ҷумла, шумораи маъюбони ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробар карда шуда, маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ва дигар маъюбон тибқи ҷадвал ва бо нишон додани ному насаби онҳо дар миқёси вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамасола аз тарафи бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳо тартиб дода шуда, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ пешниҳод карда мешаванд. Вазорат дар навбати худ ҷадвали мазкурро дар ибтидои соли молиявӣ ба вазоратҳои молия ва нақлиёти ҶТ барои корбарӣ ва пешбинӣ кардани маблағгузорӣ дар самти таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлатии шаҳрвандони имтиёздор ирсол мекунад. Соли ҷорӣ чунин ҷадвал моҳи феврал пешниҳод шудааст, ки тибқи он шумораи шаҳрвандони имтиёздор оид ба истифодабарии ройгони нақлиёти мусофирбарии ҷамъиятӣ дар ш.Кӯлоб 5563 нафар нишон дода шудааст. Аз ҷумла:
- иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ-7 нафар;
- маъюбони башардӯст ва Артиши Шӯравӣ-33 нафар;
-маъюбони бартарафсозии садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил-34 нафар.
Қайд кардан ба маврид аст, ки масъалаҳои ташкил намудани интиқоли имтиёзноки маъюбон, маблағгузории хароҷоти муассисаҳои нақлиётӣ (терминалҳои мусофирбарӣ ва монанди инҳо) ба салоҳияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва сохторҳои он мансуб нест.

Муовини вазир                               
 М.Камолзода


Аз редаксия: Шумо ба суоле посух диҳед, ки чаро ҳамагӣ 8 нафар аз 10 шаҳру ноҳияи собиқ вил.Кӯлоб дар ин рӯйхат ҷо шудаанд, дар ҳоле, ки фарзи мисол аз вилоятҳои дигар 4500 нафар ҷой доранд. Ва табиист, ки имтиёзҳоро танҳо бо Агентии зертобеи шумо номнавис мекунанд. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо метавонем!

Панҷшанбе, 20 Сентябр 2018 08:33


Узви Ихвон-ал-СССР, Манзура Каримова, сокини деҳаи Шайнаки ноҳияи Рӯдакӣ дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, рости гап, аз сурудҳои баъзе сарояндаҳо дилгир шудаам. На матни хуб доранд, на оҳанги гӯшнавоз. Болои ин ҳама боз РЭП баромадааст, ки намедонам чӣ маънӣ дорад ва аз он фарзандони мо чӣ меомӯзанд. Вақти он аст, ки сарояндаҳо шеърҳо пурмазмунро бисароянд. Офарин ба Ҷонибеку Валиҷон, Зиёвиддину Садриддин мегӯям, ки ҷавон ҳам бошанд, Метавонанд ва одоб доранд!!!

Панҷшанбе, 20 Сентябр 2018 08:29


Узви Ихвон-ал-СССР, Абдуғаффур Фаттоев, аз ноҳияи Ғончӣ дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ки дар шумораҳои қаблии СССР матлаберо дар бораи нопокиву фиребгарӣ ва фосиқиву зинокории муллоҳои Тоҷик хонда, хело аламам кард. Ба фикрам бештари муллоҳо бесаводанд ва ҳамаи фолбинҳо фиребгаранд ва аслан Худо надоранд. Эй мардум, наравед пеши ин ашхос, то аз пешравии зиндагӣ қафо намонед. Шоире ин 2 мисраро маҳз барои Худотарсон гуфтааст:
Калтаки Худо садо надорад,
Баъд аз заданаш даво надорад!
Ва ҳамин байтро борҳо газетаи СССР дар паспорти худ барои хонандагонаш гузоштааст. Азбаски, фанатҳои исломӣ газетхон нестанд, ба доми фолбинҳо афтодаанд.

Панҷшанбе, 20 Сентябр 2018 08:27


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Хело хуб аст, ки дар Тоҷикистони азизи мо рӯзи идҳои касбӣ ҷорӣ карда шудааст. Гарчанде бе истироҳат ҳам бошанд, вале на ҳама идҳои касбӣ рӯзи аниқ доранд. Аз ҷумла, рӯзи омӯзгорон. Рӯзи муаллим ҳар сол ҳафтаи якуми моҳи октябр аст. Лек баъзе касбҳо рӯзи аниқ доранд. Чандтоашро ин ҷо мисол меоварем: 22 январ-Рӯзи коркунони гумрук, 6 феврал-Рӯзи милиса, 11 март -Рӯзи матбуот, 7 май-Рӯзи радио, 26 май-Рӯзи адвокатҳо, 25 июн-Рӯзи кормандони нақлиёт, 30 июл-Рӯзи сӯхторнишонӣ, 10 август-Рӯзи варзишгарон, 18 август-Рӯзи кормандони тиб, 3 сентябр-Рӯзи авиатсия, 16 октябр-Рӯзи кино, 7 ноябр-Рӯзи театр, 14 декабр-Рӯзи кормандони прокуратура, 22 декабр-Рӯзи энергетикҳо. Ғайр аз Рӯзи мо-Муаллимон!!!

Самариддин Ҳикматов,
муаллим, н.Айнӣ

Панҷшанбе, 20 Сентябр 2018 08:24


Бо пайдо шудани телефонҳои дастӣ аз 1 тараф корҳо хеле сабуку дастрас ва аз сӯи дигар боиси аз ҳад зиёд вайроншавии оилаҳои ҷавон шудан доранд. Агар пештар байни зану шавҳари ҷавон муноқишае мешуд ё рафту шаҳ ба арӯс торсакие мезад, то ӯ ин хабари шумро ба волидонаш мерасонд, аз байн 4-5 рӯз мегузашту торсакӣ ва аламу ғазабаш паст ё фаромӯш мешуд. Ҳоло бошад ба воситаи телефон дар ҳамон лаҳза хабар ба падару модари арӯс мерасаду ана баъд сар мешавадеееее! Кор ба ҷудоӣ мерасад. Барои ҳамин, фикр мекунам, Бег Зуҳуров-сардори Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ даст ба амали шоиставу дуруст зада, нархи симкортро бардоштааст. Қандашро занад! 100 сипосу аҳсант барояш тариқи СССР мефиристам! Ва пешниҳод дорам: Нархи симкортҳоро 250 сомонӣ неву 1500-2000 сомонӣ намоянд! Муътақидам, ки дигар асло хабари пошхӯрии оилаҳои ҷавонро нахоҳем шунид! Ҳамин террористу экстремист низ кам шуданаш аз эҳтимол дур нест.

Н.Ҳасанзода,
н.Муъминобод

саҳ 5 аз 11

Китобҳо

Flag Counter