ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 13 Сентябр 2018 10:09

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбаччаи 15-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулшани н.Фархор бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
   Бино ба итиллои маркази матбуоти ВКД ҶТ, номбурда, 9.09.2018, тахминан соати 21:30-дақиқа, ҳангоми дар маъракаи тӯёнаи ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи мазкур қарор доштанаш, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо ноболиғ, писарбаччаи 15-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулшани ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол карда, бо дасту пояш якчанд маротиба ба бадани ӯ задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Чоршанбе, 12 Сентябр 2018 17:07


Президенти Русия Владимир Путин дар 1 муроҷиати телевизионӣ ба мардуми кишвараш гуфт, ки “баъди ислоҳоти нафақа занҳо метавонанд дар синни 60, на 63-солагӣ, ки дар пешниҳоди қаблии ҳукумат буд, ба нафақа бароянд”. Ҳоло дар Русия синни бознишастагӣ барои мардҳо 60 ва барои занҳо 55 аст. Путин ҳамчунин пешниҳод кард, ки ислоҳот ҳуқуқи модарони серфарзандро барои нафақаи барвақтӣ дар назар бигирад ва барои аз кор рондани афроди синни нафақа масъулият таъин кунад.

Чоршанбе, 12 Сентябр 2018 17:05


Президенти Украина Петро Порошенко зери тарҳи тағйирот ба Қонуни асосие имзо гузошт, ки ба ҳамоиши Украина бо НАТО ва Иттиҳоди Аврупо бастагӣ дорад. Порошенко ҳамчунин ба парламенти кишвараш пешниҳод кард, аз Қонуни асосӣ бандеро бардоранд, ки ба иҷораи пойгоҳҳои низомии кишвар аз тарафи нерӯҳои хориҷӣ иҷоза намедиҳад. Ҳамкории Петро бо НАТО дар ҳолест, ки Александр Захарченко-раҳбари ҷудоиталабони тарафдори Русия дар Украина дар натиҷаи 1 таркиш, назди қаҳвахонае дар ш.Донетск ҷон дод. Ҳоло Кремли путинӣ мақомоти Украинаро дар ин суиқасд муттаҳам кардаанд.

Чоршанбе, 12 Сентябр 2018 16:49


Маъюби гурӯҳи 1, Нурмуҳаммад Раҷабови 32-сола, аз маҳаллаи “Кирпичный”-и ноҳияи Рӯдакӣ (тел: 907 35 08 36) дар меҳмонии СССР гуфт, ки ман соҳиби 1 фарзанду дар қайди ноҳияи Кӯшониён (собиқ н.Бохтар, деҳаи Пушкин, ҷамоати Заргар) ҳастам, вале дар маҳаллаи 5-ум микрорайон (маҳаллаи Кирпичный)-и н.Рӯдакӣ иҷоранишинам. Борҳо ба раҳбарияти н.Кӯшониён перомуни гирифтани 1 порча замини наздиҳавлигӣ ариза навиштам, аммо дар ҷамоати мо масъуле 10 сомонӣ дар дасти ман дода, ҷавобам дод. Имрӯз мехоҳам, аз қаламрави н.Рӯдакӣ замин бигирам, аммо бо ин иллат, ки дар қайди ин ноҳия нестам, замин гирифта наметавонам. Хело кӯшиш кардам, ки дар ҳудуди ноҳия шиносномаи худро ба қайд гузорам, аммо ҳич кас розӣ намешавад, зеро шиносу хешу табор надорам. Дар маҳаллае, ки ҳоло квартирантам, 1 хонаи 3-ҳуҷрагӣ ёфтам, бо қимати 238.000 сомонӣ, аммо ин қадар маблағ надорам, ки хонаро бигирам. Лиҳозо, ба хулосае расидам, ки тавассути газетаи СССР эълон бидиҳам, то ба ман кӯмаки молӣ намоянду соҳибхона шавам. Зеро СССР нашрияи мардумӣ асту аксарияти мухлисинаш саховатманданд...

Чоршанбе, 12 Сентябр 2018 16:42

Истифодаи 30.000 тонна асфалт дар мавсими имсола далели масъулиятшиносӣ аст
Даҳ сол қабл дар асоси Шартномаи консессионӣ миёни Ҳукумати мамлакат ва Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок ҷорӣ гардида буд. 10 соли сипаришуда барои роҳбарият ва кормандони филиали Ширкати мазкур марҳилаи сабақомӯз, рушду такомул, тавсеаи равобит, ташаккули афкори ҷомеа маҳсуб мешавад. Бегуфтугӯ, нигоҳдории босамари роҳҳои мошингард дар баробари бунёди онҳо ҷанбаи муҳим ба шумор меравад. Ин ҳақиқатро дар аксари давлатҳо аллакай пазируфтаанд. Пажӯҳиши агентии «SANTRAL» собит намуд, ки пас аз 3 соли таъмиру барқарорсозии роҳи автомобилгард барои нигоҳ надоштани он дар сатҳи зарурӣ 5 маротиба маблағи бештар лозим меояд, баъди 5 сол бошад, барои таъмири он 18 маротиба зиёдтар маблағ лозим мешавад.
-Дар сурате ки ҳамасола барои таъмиру барқарорсозии роҳи автомобилгарди кишвар миллионҳо сомонӣ аз буҷети давлат ҷудо мегардад, магар ба беҳдошти вазъ тариқи пулакӣ кардани роҳ зарурат мемонад? - мепурсиданд баъзеҳо.
Дар посухи ин суол мегуфтем ва такрор менамоем, ки айни замон дар мамлакат зиёда аз 32000 км роҳҳои мошингард мавҷуд аст. Аз ин 14000 километраш дар мувозинаи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия қарор дошта, боқимонда, ки пештар дар мувозинаи колхозу совхозҳо ва дигар хоҷагиҳо буд, алҳол соҳиби муайян надорад. Ва барои нигоҳдории 14000 километр роҳ ҳамасола аз буҷети давлат 30-35 миллион сомонӣ ҷудо мегардад. Агар ин маблағро тақсимбандӣ намоем, пас ба ҳар километри роҳ тақрибан 2,5 ҳазор сомонӣ рост меояд. Табиист, ки бо ин миқдор маблағ беҳдошти вазъи роҳҳо аз имкон берун аст. Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки амалӣ гаштани иқдоми мазкур ба коҳиш ёфтани хароҷоти буҷети давлатӣ, тавсияи равобити тиҷоратӣ-иқтисодӣ, таъмину нигоҳдории устувори роҳ ва тамдид намудани муҳлати истифодаи он  боис гардид. Матолиби дар ВАО нашршуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар давоми се соли охир аз ҷониби соҳибназарон, хоса онҳое, ки қаблан аз мавҷудияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод мекарданд, эътироф гардид, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун «IRS» роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ  рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд.  Ҳамрадиф бо ин, пешниҳод шуда буд, ки механизми пулакии истифодаи роҳ дар дигар роҳҳои мамлакат  низ мавриди истифода қарор гирад.
Хуб дар хотир дорем, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок як идда пешгӯӣ карда буданд, ки нархи роҳкиро дар масири мазкур баланд мегардад. Хушбахтона, ин «фолбинӣ»-и онҳо ғалат баромад ва нархи роҳкиро таври қобили мулоҳиза поён рафт. Муҳимтар аз ҳама, ҳудуди 800 нафар дар филиали Ширкат фаъолият доранду маҳз ба шарофати меҳнати пурмаҳсули онҳо роҳи Душанбе-Чанок мунтазам кушода аст. Ашхоси огоҳ медонанд, ки таъмири куллии роҳ  масрафи зиёд дошта, дар ин замина роҳ пурра аз нав эъмор мешавад. Ҳамрадиф бо роҳандозии фаъолият дар сатҳи хуб ва сифати баланд, аз ҷониби филиали Ширкат ба масъалаи ободонӣ, ки дар навбати аввал ба таъмини бехатарии мусофирону ронандагон рабт дорад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда истодааст.
Зикр кардан бамаврид аст, ки фаъолияти асосии Ширкат на дар плазаҳои толлингӣ, балки дар худи роҳи мошингард ба роҳ монда шудааст. Ҳамарӯза садҳо мутахассисони соҳибтаҷриба-устоҳои роҳ бо кумаки техникаи махсусгардонидашудаи Ширкат ба тозакунӣ, таъмир, ҳамворсозӣ машғул буда, ҳар як ваҷаби роҳро ҳифз мекунанд, то сифати он барои солҳои тӯлонӣ нигоҳ дошта шавад. Ҳар се километри роҳ ба як коргар, ки бо либосҳои зимистонаву тобистона, асбобҳои корӣ, воситаҳои мухобиротӣ (алоқа) таъмин карда шудааст, вобаста гардидааст. Коргарон дар навбати худ муваззаф гардидаанд, то қисмати ба онҳо вогузоштаашонро чун гавҳараки чашм нигоҳубин кунанд. Аз далелу арқоми мавҷуда метавон хулоса кард, ки таъмиру таҷдид дар фаъолияти филиали «IRS» ба раванди муттасил табдил ёфта, далели возеҳи масъулиятшиносии роҳбарияти он аст. Онҳое, ки тариқи роҳи мавриди назар сафар кардаанд, шоҳиди ҳорланд, ки дар ин мавсим таъмири асосӣ ва ҷории роҳ муташакклиона идома дорад. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки дар мавсими имсола ин раванд ба марҳилаи сифатан ворид гардида, то имрӯз бо ин мақсад 30.000 тонна асфалт харҷ шудааст. Хулосаи ниҳоӣ ин аст, ки маҳз ба шарофати меҳнати пурмаҳсули кормандони «IRS» ҳаракати бехатару муназзами  воситаҳои нақлиёт тариқи роҳи мазкур таъмин буда, зарур ва ногузир, ки ба фаъолияти он баҳои воқеӣ дода шавад.

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоршанбе, 12 Сентябр 2018 16:37


Муассисаи   давлатии   коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»-и ш.Душанбе ба нашрияи СССР ҷиҳати ҳамкориҳои назаррас ва мутақобилан судманд, баҳри пешрафти соҳаи нақлиёти мусофирбари шаҳр изҳори сипос намуда, дар робита ба мақолаи «Кортҳои нақлиётӣ мушкил доранд!» (СССР, №34(519), 23.08.2018) чунин иттилоъ медиҳад. Тадбиқи лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари афтомобилии истифодаи умум»-и ш.Душанбе нахустин лоиҳаест, ки амалишавии он тибқи созишнома оид ба шарики давлат ва бахши хусусӣ байни ширкати «Авесто-Гуруҳ» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе ба имзо расонида шудааст. Шурӯъ аз 18.08.2018 пардохти роҳкиро дар якчанд хатсайрҳои нақлиёти мусофирбари автомобили истифодаи умум дар ш.Душанбе танҳо ба воситаи кортҳои нақлиётӣ ба роҳ монда шудааст. «Корти нақлиётӣ»-корти пластикӣ 10 сомонӣ арзиш дошта, 4 сомонӣ дар тавозуни корт ҳамчун маблағи масрафнашаванда боқӣ мемонад. Маблағи мазкур танҳо барои дуруст истифода шудани корти нақлиётӣ нигоҳ дошта шуда, ҳини зарурат дорандаи он метавонад ба дафтари Лоиҳа муроҷиат намояд ва корти нақлиётии худро супорида 4 сомонӣ маблағи худро бозпас бигирад. Бо корти нақлиётии муқаррарӣ ҳаққи роҳкирои як ё якчанд нафарро метавон пардохт намуд. Бо дигар кортҳо, аз қабили «Корти имтиёзнок», «Корти эҳтиром», «Корти донишҷӯ», «Корти наврас», «Корти тахфифӣ (тахфифи 15%)» танҳо ҳаққи роҳкирои дорандаи корт пардохт мешавад…

Бо эҳтиром и.в. директор Давлатов Ҷ.Б.

Чоршанбе, 12 Сентябр 2018 16:23


Салом, СССР! 2 гуфтанӣ дорам:
1.Шунидани номи Шаҳритус дар дигар шаҳрҳои дурдасти кишвар тааҷҷуберо ба вуҷуд меорад, ки гӯё ба назари онҳо бисёр шаҳри дилкушову мисли номаш-«Тус» зебост. Аммо Шаҳритус бо вуҷуди таърихи тӯлонӣ доштанаш аз ҷониби баъзе муаррихон хато – Шаҳритуз ном гирифтааст!
2.Руасои ноҳияи мо дар 10-солаҳо дар Шаҳритус ягон ободие накардаанд. Танҳо дар курсӣ нишаста худро обод карданду рафтанд. Ҳоло аз раиси нави ноҳия муҳтарам Рамазон Оймаҳмадзода умеди калон дорем, ки Шаҳритусро мисли номаш зебо мегардонад.

Сурайёи Сайфуддин,
н.Шаҳритус, тел: 93 554 67 22

Чоршанбе, 12 Сентябр 2018 16:15


Август барои мактаббачагон моҳи хеле хурсандист, лек барои волидон вақти сарф кардани сармояи 1-солаи худ! Имсол либос барои мактаб аз ҳарсола низ гаронтар буд. Падару модароне, ки коргари давлатанд, маоши 1-соларо сарфи хариди формаҳои мактабӣ мекунанд! Аз рӯи мушоҳида бояд барои фарзанди синфи 1 1500 сомонӣ харҷ кунанд. Дар фурӯшгоҳи «Садбарг» тоҷирон иллати асосии қиматиро дар тозагии матоъ мебинанд. Масалан, нархи 1 куртаи сафеди духтарона аз 200-250 то 600-800 сомонист (аз ин ҳам нархи боло пайдо мешавад), доман (юбка) низ бо чунин нарх, пояфзол аз 130 сомонӣ боло, лавозимоти дигарро ҳисоб кунем ба 300 сомонӣ мерасад… Агар ба сифат аҳамият надиҳем аз бозори «Корвон» чанд баробар арзонтар ёфтан мумкин. Масалан, 1 куртаи сафед 30 сомонӣ, шиму костюм 120, пояфзол 50-60, дафтару қалам ба 100-150 сомонӣ мерасад. Аммо баъзе оилаҳо 4-5 фарзанди мактабхон доранду маоши якмоҳаи онҳо барои 1 фарзанд кифоя нест…

Руқия Қурбонова,
Коромӯзи СССР

саҳ 7 аз 11

Китобҳо

Flag Counter