ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 07 Сентябр 2018 07:42

 

Ҳисобот-10

Панҷшанбе, 06 Сентябр 2018 17:14


Рамзан Қодиров-президенти Чеченистон дар саҳифаи интернетиаш навиштааст, ки "Ахмат" барои Раҳимов тими бегона нест ва ӯ дар шаҳри  "Грозний", чун дар хонаи худ мебошад. Ӯ махсус зикр кардааст, ки сармураббии машҳуру кордидаи Тоҷикро маҳз бо хоҳиши мухлисон дубора даъват кард. Хотиррасон мекунем, ки Раҳимов солҳои 2013-2017 низ сармураббии ин даста буд.
"Мо бо дӯстӣ аз ҳам ҷудо шуда будем ва имрӯз ба Рашид Мамадқулович боз мегӯем, ки ба хонаи худат хуш омадӣ",-гуфтааст Қодиров дар саҳифаи интернетии худ. Қодиров аз бозгашти Рашид Раҳимов-футболбози маъруфи тоҷик ба мақоми сармураббии тими "Ахмат" (собиқ “Терек”) истиқбол кардааст. Президент гуфтааст, ки 3,5 сол Раҳимов сармураббии тими "Ахмат" буд ва охири с.2017 баъди анҷоми муҳлати шартномааш  тасмими танаффус гирифт. Ба гуфти ӯ, дар аҳди Рашид дастаи "Ахмат" ба беҳтарин нишондод дар таърихаш ноил шуда, дар мавсими солҳои 2016-17 дар зинаи 5-ум қарор дошт. Феълан тими "Ахмат" дар зинаи 10-ум қарор дорад. Ахиран Лигаи олии Русия иттилоъ дод, ки Рашид Раҳимов ба мақоми сармураббии "Ахмат" баргашта, бо бошгоҳ барои ду сол созишнома имзо кард. Ӯ дар ин мақом Игор Ледяховро иваз кард, ки ахиран ба истеъфо рафт.
Раҳимов дар даврони Шӯравӣ дар дастаи овозадори "Помир”-и Душанбе бозӣ мекард ва қаблан сармураббии тимҳои "Локомотив”-и Маскав ва "Амкар”-и Перм” ҳам буд.

Панҷшанбе, 06 Сентябр 2018 15:08


  Шоми  5.09.2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи 82-юми пойтахт дар маросими ифтитоҳи аввалин эстакада дар Тоҷикистон иштирок намуданд. Эстакадаи мазкур дар доираи амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе — Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд гардидааст.
   Бояд қайд намоем, ки чорсӯи нав аз 3 сатҳ иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Дар сатҳи дуввуми чорроҳа роҳи давродаврие бунёд шудааст, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути нишонаҳои махсус роҳнамоӣ карда мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб кӯпрук бо дарозии 125 метр ва паҳноии 24,8 метр мегузарад. Дар лоиҳаи сохтмони эстакада 4 роҳи зеризаминӣ низ бо дарозии умумии 236 метр барои роҳгузарон бунёд шудаанд.
   Лоиҳаи сохтмони эстакада дар ш.Душанбе дар заминаи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ амалӣ шудааст ва дар доираи он нақби барқи баландшиддат бо дарозии 730 метр бунёд гардидааст. Барои рӯшноидиҳӣ 121 сутунпоя насб шудаанд.
   Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи сеқабата бо нишонаҳои роҳ ва хатандозиҳо танзим мегардад. Баробари анҷоми дигар корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи эстакада ҳамчунин такядеворҳои рӯизаминӣ бо дарозии 568 метр ва зеризаминӣ бо дарозии 480 метр бунёд шудааст.

Панҷшанбе, 06 Сентябр 2018 10:03


5.09.2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ Муассисаи давлатии Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо»-ро дар н.Фирдавсии пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи эҳтиром ва пос доштани хотираи неки саромадони адабиёти тоҷик дар пояи муҷассамаи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ гулчанбар гузоштанд. Зимни суҳбат бо сокинони пойтахт президент пешниҳод намуд, ки минбаъд боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо» ба номи А.Фирдавсӣ номгузорӣ карда шавад.


Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” ҳанӯз солҳои 1970 бунёд ёфта, ба талаботи замони муосир тамоман ҷавобгӯ набуд. Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон ин боғ пурра навсозӣ гардида, ба як макони истироҳату фароғат ва дилфиреби пойтахт табдил дода шуд.
Нахуст Пешвои миллат дар ин муассиса бо иншооти варзишии навбунёд шинос шуданд. Дар доираи корҳои навсозӣ дар масоҳати беш аз 2 га майдонча барои бозии футболи хурд бо 220 ҷои нишаст, корти теннис, майдончаи тенниси рӯимизӣ, майдони кушод барои обутоби бадан бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ ва маркази бозиҳои кӯдакона бунёд карда шудааст. Иншооти варзишӣ дар ҳудуди Муассиса татбиқи амалии сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлату ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, имкон медиҳад, ки ҷавонону наврасон дар ин ҷо ҳам истироҳату фароғат намоянд ва ҳам ба варзиш машғул шаванд. Масоҳати умумии Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” 30 гектарро ташкил дода, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони пойтахт шароити арзанда муҳайё карда шудааст. Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ аз 2 даромадгоҳ-даромадгоҳҳои шимолӣ ва ҷанубӣ иборат буда, аз ҷониби меъморон бо санъати баланди миллӣ бунёд карда шудаанд, ки таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ҷалб месозад.
Ҳамчунин Пешвои миллат дар ин Муассиса Маҷмааи фароғатии «Симурғ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Маҷмаа дорои 15 намуд аттраксионҳо буда, аз даромадгоҳ то дохили он ба таври муназзам ва диққатҷалбкунанда дастгоҳу таҷҳизоти муосир насб шудаанд, ки аз ин пас ба макони дилфиреби истироҳати кӯдакону наврасон ва, дар маҷмӯъ, сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе табдил хоҳад ёфт. Намои зоҳирии аттраксион ва таҷҳизоту дастгоҳҳои истироҳатии ин маҷмаа шабонгоҳ хеле ҷолибу назаррабост. Чароғҳои гуногунранг ва даврзананда намои Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ”-ро ниҳоят дилфиребу назаррабо гардондаанд…
Дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи  Абулқосими Фирдавсӣ” сохтмони амфитеатр барои 1500 ҷои нишаст аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ идома дорад, ки дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Пешвои миллат ба масъулини Маҷмааи боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ супориш доданд, ки дар самти нигоҳубин ва ҳамин тавр ободу зебо нигоҳ доштани ин макони истироҳатӣ масъулиятшинос бошанд ва нуқтаҳои хизматрасониро бо назардошти талабот дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ, гулгаштҳо ва ҷойҳои серодам ба таври замонавӣ бунёд созанд.

Панҷшанбе, 06 Сентябр 2018 09:47


Александр Лукашенко-президенти Беларуссия гуфт, ки барои эҷоди сулҳ,  бозсозии Сурия ҳаматарафа кумак хоҳад кард. Ӯ дар 1 барқия гуфтааст, аз муборизаи Сурия алайҳи терроризм ва ҳамчунин, аз президентии Башор Асад пуштибонӣ мекунад. Асад бошад маблағи барқарории Сурияро 400 млрд. доллар ҳисоб кардааст.

Панҷшанбе, 06 Сентябр 2018 09:44


Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков дар саммити Бунёди байналмилалии ҳифзи баҳри Арал (IFSAS) масъалаи маҳдудияти тақсими об дар Осиёи Марказӣ ва ҷадвали саҳмгузории кишварҳои минтақа ба бунёди Аралро пешниҳод кард. Ӯ аз фаъолияти IFSAS танқид карда гуфт, ки бунёд ва сохторҳои он бо назардошти манофеъи кишварҳои болооб навсозӣ шаванд. Ӯ ҳамчунин гуфт, бояд ҷуброни обҳое пардохта шавад, ки дар замони СССР ва баъд аз он барои обёрӣ кардани заминҳои Қазоқистону Узбекистон аз обанбори Қирғизистон истифода шудаанд. Бояд гуфт, ки раҳбарони 5 кишвари Осиёи Марказӣ-Туркманистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон барои ёфтани роҳи ҳифзи Баҳри Арал дар Туркманистон ҷамъ шуданд.

Панҷшанбе, 06 Сентябр 2018 09:41


Мусаллам аст, ки алифбои арабӣ 1 алифбои беимлост. На нуқта дорад, на тире, на вергул, на савол, на хитоб, на сархат, на ҳарфи калон, на хохунак. Бо 1 сухан,  алифбои гунг аст. Ҳол он ки 1 аломат метавонад дар матн нақши мусбат ва манфӣ дошта бошад, маъниро дигар ва хароб созад, ё саҳеҳ намояд. Ба ҳарфи дигар, 1 вергул, 1 нуқта метавонад боиси тағйири маъно ва лафз гардад. Лиҳозо, устод Айнӣ дар поёни мақолаи «Забони тоҷикӣ» дар бораи сарфу наҳв, ба вижа имлои забони тоҷикӣ, чунин изҳори назар менамоянд:
«Пештар, дар замони ҳукмронии алифбои араб, чунон ки нависанда ба кайфи худ менавишт, инчунин хонанда ҳам ба кайфи худ мехонд, тоҷике ки «хувоҷа» навишта «хоҷа» ё «хӯҷа» мехонд, «худам» навишта «хидум» хонданаш аҷиб наменамуд. Акнун, ки мо алифбои нави ба асоси лотиниро қабул кардаем, ин худсариҳоро роҳ нест».
Зимнан бояд гуфт, ки устод Айнӣ дар тамоми осораш алифбои арабиро боре ҳам алифбои ниёкон (арабҳо ҳеҷ гоҳ ниёкони мо набуданд ва нестанд, эшон бо мо ҳамдинанд, на ҳамнажод-Ҷ.С.) нагуфтааст, балки ҳамвора бо номи худаш алифбои арабӣ ёд кардааст. Воқеан, барои исбот кардани он ки устод боре ҳам алифбои арабиро алифбои ниёкон (тоҷикӣ-форсӣ) нагуфтааст, метавон садҳо мисол овард, аммо мо бо овардани 1 мисол дар ин мавқеъ иктифо менамоем. Масалан, ӯ дар тавзеҳоте дар поёни «Қасидаи ҷанг ва зафар», «Овозаи фатҳу зафари пурраи мо бин: Бигрифт ба таърихи ҷаҳон рӯи ҷаҳонро, ки 8.07.1949 дар «Тоҷикистони сурх», бо шарҳи моддаи таърих нашр шудааст, чунин навиштааст: «Овозаи фатҳу зафари пурраи мо, ки дар сурати ба алифбои арабӣ навиштан ба ҳисоби абҷад 1948 мебошад, бо гирифтани рӯи ҷаҳон, ки ҳарфи «ҷ» буд, ба ҳисоби абҷад се мебошад, 1945 мешавад».
Дигар, устод Айнӣ ҳеҷ гоҳ тарафдори алифбои гунг ва беимлои арабӣ набуд. Ӯ ҳеҷ гоҳ зидди қабули алифбҳои нав набаромадааст, овоз баланд накардааст, пофишорӣ нанамудааст, балки аз дер гузаштан ба алифбои нав тоҷиконро, ки ҳамеша, аз ҳама қафо ба ҳаводиси мусбати замон ҳамовозӣ мекарданд, интиқод намудааст. Чунончи, ӯ дар мақолаи «Дунёи нав ва алифбои нав» чунин менависад: «Алифбое, ки то ҳол дар миёни тоҷикон маълум аст, на ин ки барои дунёи нав, ҳатто барои дунёи куҳна ҳам кифоя намекунад. Сабаб ҳамин буд, ки чандин сол боз дар миёни мусулмонон ислоҳи алифбо, ислоҳи усули таълим, масъалаи пурхархашае шуда омад. Чунончи, рафиқ Фитрат дар мақолаи худ ёд оварда гузашт, донишмандони форсизабон илоҷи комилро дар тарк кардани алифбои араб ва қабул кардани алифбои лотинӣ медонистанд».

Эрон ҳам аз ин алифбо раҳиданӣ буд!
Устод Айнӣ ногузир будани гузариш аз алифбои арабӣ ба лотиниро бо қиёс аз мактуби консули Эрон-Мирзо Каримхон ба миён мегузорад ва мегӯяд: «Ба чӣ андоза ногузир будани масъаларо аз ин ҷо бояд донист, ки Эрон, бо вуҷуди дар зери ҳукмронии шоҳ ва нуфузи муҷтаҳидон будан, кӯшиш дорад, ки алифбои навро қабул кунад, ин маънӣ аз мактуби консули Эрон Мирзо Каримхон маълум аст. Лекин агар Эрон ин масъаларо ҳал карда натавонад, айб нест. Зеро ҳоло Эрон дар таҳти нуфузи рӯҳониён аст. Аммо  тоҷиконе, ки аз ҳар ҷиҳат озод буда, дар ҳар гуна кӯшишҳои маданӣ азц ҷумҳуриҳои муттафиқи худ ёрмандӣ мебинанд, дар ин роҳ сустӣ ба кор баранд, дар маҳкамаи таърих гунаҳгор ба шумор мераванд!»
Устод Айнӣ дар охири мақола таъкид менамояд, ки «алифбои нав бояд ба тарзе тартиб ёбад, ки ҳар фарзанди тоҷик дар 1 моҳ харфшинос шуда тавонад ва баъд аз ҳарфшинос шудан ҳар калима ва ҷумлаи тоҷиконро, ки бо он алифбо навишта мешавад, бе хато кардан дар забар ва зер ва бе ғалат кардан дар лаҳҷа ва шева хонда тавонад».

Камол Айнӣ дурӯғ мегӯяд!
Аммо шодравон Камол Айнӣ, баръакси гуфтори падараш, дар мақолаи «Садриддин Айнӣ ва тағйири алифбо», ки рӯзи 19 октябри соли 1992 дар шаҳри Ню-ёрки Амрико суханронӣ намудааст ва матни он баъд аз марги ӯ дар соли 2010 дар фаслномаи «Раҳовард» мунташир шудааст, андешаҳои устод Айниро таҳриф менамояд ва ӯро муқобили хати лотинӣ, яъне алифбои нав, тарафдори хати арабӣ ба қалам медиҳад ва ҷабран қабул шудани онро дар байни тоҷикон таъкид мекунад ва бад-ин тартиб ба падари хеш «хидмати хирсона» менамояд. Ӯ гӯё, ки бо ин роҳ Айниро, ки авом ва бехабарон яке аз касоне медонанд, ки сабаби тағйири алифбо шудааст, «дифоъ» менамояд ва мехоҳад бигӯяд, ки ин кори шӯравиҳо буд, Кремлин буд, Айнӣ алифборо дигар накардааст, ӯ маҷбур буд, ки алифбои навро бипазирад, муқовимат кард, аммо самар надод… Лиҳозо, вай чунон ҳарфҳои парешону зидду нақизи дарҳаму барҳам менависад, ки кас намефаҳмад, ки чӣ гуфтан мехоҳад.
Бадбахтона, шодравон Камол Айнӣ, бо сабабҳои айниву зеҳнӣ, ғайр аз ин мақола дар навиштаҳои дигари хеш низ гуфтори ғалат ва таҳрифомез нисбат ба мавқеи устод Айнӣ дар мавриди алифбои арабӣ дорад, ки менависад:  «Устод Садриддин Айнӣ ҳеҷ гоҳ зидди хати форсӣ-тоҷикӣ (ниёгон) набуд. Табдили хати ниёгон (арабҳо ниёгони мо нестанд, балки бо мо ҳамдинанд-Ҷ.С.) ба хати лотин ва сипас ба хати кириллӣ амре иҷборӣ ва сиёсӣ аз сӯи инқилобиюн буд. Пас аз соли 1926 Туркия, Озарбойҷон, Тотористон, Туркманистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон хати лотиниро пазируфтанд, вале дар натиҷаи муқовимати Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Аҳмадҷон-махдуми Ҳамдӣ, Аббос Алиев ва дигарон Тоҷикистони худмухтор фақат дар соли 1929 хати лотиниро бар асоси фишори сиёсии давлатӣ пазируфт».

Ҷамолиддин Саидзода,
адабиётшинос

Панҷшанбе, 06 Сентябр 2018 09:37


Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, муаллими собиқадор Ғозибеки Авазиён аз деҳаи Эшонҳои ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ (тел: 92 811 85 97) дар меҳмонии СССР гуфт, ки нахуст, салому дуруду паёми кулли ҳаводорони гиромии мардумро ба аҳли қалами редаксия сидқан мерасонам.
Баъдан, дар бораи 1 мушкили мавсимии чорво гуфтаниям. Ҳамин шабу рӯз дар қаламрави ноҳияи мо бемориҳои чорво, аз қабили брутселлез, ясур ва оқсил аз нав хурӯҷ кардан дорад. Болои он ки имсол хушксолӣ омад, аз ин амрози ҳаявон ҳар рӯз қариб дар ҳама деҳоти ноҳия 4-5 гов худ аз худ аз по меафтад ва ҳаром мемирад. Қариб аз 1000 сар гов зиёди мардум ба ин амрози мавсимӣ гирифтор шудаанд. Шуъбаи байтории ноҳия бошад барои пешгирии ин беморӣ ягон парво надорад. Чорводорон бошанд бо фармоиш (заказ) доруҳои зидди ин бемориро аз шаҳри Хуҷанд бо нархи гарон дастрас мекунанд. Ин дарду беморӣ ҳар сол дар ҳамин вақту соат буруз мекунад ва аз ин мушкили аҳолии ноҳия ҳама дарак доранд, аммо бе парвоянд!!!

саҳ 9 аз 11

Китобҳо

Flag Counter