ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 27 Сентябр 2018 11:54


Узви Ихвон-ал-СССР, Аҳтам Одинаев аз ноҳияи Ховалинг дар меҳмонии СССР гуфт, ки ба н.Сангвор (Тавилдара) солҳои тӯлонӣ сафар накарда будам. Маро дӯстам ба хурсандияш даъват кард. Ман ҳам не нагуфта рафтам. Роҳи байни Душанбе-Оби Гарм хело хуб асту байни ш.Роғун ва н.Нуробод хело бад! Аз Нуробод то Сангвор 75 км масофа асту дар 7 соат ба маркази Тавилдара расидам. Тасаввур мекунед, чӣ қадар азоб кашидам. 100 офарин мегӯям, ба мардуми ин ноҳия, ки чӣ тавр ҳар рӯз бо ин роҳи мушкил мераванду меоянд. Ростӣ, ҳайронам, ки касалиеро бо ин роҳи хароб чӣ хел ба Душанбе меоварда бошанд? Зеро бемори вазнин дар ин роҳ аниқ мемирад! Ман намегӯям, ки роҳро мумфарш кунанд ва барои ин маблағи калон ҳам лозим нест. Ҳамту, Ҳукуматҳои ин 2 ноҳия-Нурободу Сангвор бо техника чуқурӣ ва пастиро ҳамвор кунанд, тамом! Ин ҳам 1 роҳи даромад аст. Ҳамчунин сайёҳони хориҷӣ бад будани роҳро ба тамоми ҷаҳон паҳн мекунанд. Барои сайёҳон чӣ қадар бошад шароити дуруст бояд муҳайё кунем. Оё аз ин роҳи хароби Сангвор масъулини Вазорати нақлиёт огоҳанд, ё на? Вакили мардумие, ки сокинони Сангвору Нуробод ба тарафдорияш овоз додаанд, имрӯз аслан нисбати тақдири кӯҳистониҳо бепарвост!!! Раҳм ба мардуми ин ноҳияҳо кунед!

Панҷшанбе, 27 Сентябр 2018 11:50


Баъди он, ки Рамзан Қодиров-президенти Чеченистон гуфт, ки баъд аз анҷоми мурофиаи судии раҳбари созмони "Мемориал" дар Грозний Аюб Титиев Чеченистон барои ҳомиёни ҳуқуқ "минтақаи мамнуъ" хоҳад шуд, Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ бо 1 нома аз президенти Русия Владимир Путин дархост карданд, ки ба суханҳои Қодиров ҷавоб гардонад. Муаллифони нома гуфтаанд, ки мақомоти Чеченистон ба одамрабоӣ, шиканҷа ва ғайриқонунӣ маҳрум кардани шахс аз озодӣ роҳ дода, ҳуқуқи инсонро нақз мекунанд.

Панҷшанбе, 27 Сентябр 2018 11:47


Президенти Украина Петро Порошенко дар Анҷумани стратегияи аврупоӣ дар Ялта бо Русия ва Шӯравӣ комилан хайрбод гуфта, афзуд, ки дар нишасти моҳи июлии НАТО дар Брюссел ӯро борҳо бовар кунониданд, ки Украина имкони узвият дар ин паймони низомиро дорад. "Баъди ин нишаст самтгирии русии рушди Украина хотима ёфт. Худо ҳофиз, хирси меҳрубони мо, акнун ба ҷангали афсонавии худ баргард. Ин ҳамчунин пайғом ба шарикони ғарбии мо-Иттиҳоди Аврупо, НАТО аст: шумо, ки гуфтаед дар боз аст, дигар шубҳае надошта бошед, мо ҳатман аз ин дар ворид мешавем" гуфт ӯ. Ёдрас мешавем, соли гузашта низ Порошенко бо иқтибос аз шеъри Михаил Лермонтов-"Худо ҳофиз, Русияи ношуста" бо Русия худоҳофизӣ карда буд.

Панҷшанбе, 27 Сентябр 2018 11:40


   Ба истиқболи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормандони соҳаи илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва коргарону бинокорон, соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ ва сарбозону афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомиро барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни халқҳо, бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ қадрдонӣ намуданд.
   Сардори Идораи ҳисобдорӣ-сармуҳосиби Бонки миллии Тоҷикистон Фархуддинов Раҷабалӣ барои дастовардҳои баланд ва фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, саҳми арзанда дар рушду инкишофи низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
   Дар ҷаласаи идона, ки 4 сентябри соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид иштирокдорони ҷаласаро бо ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфта, ҷоизаи мазкурро дар вазъияти тантанавӣ ба Фархуддинов Раҷабалӣ аз номи Сарвари давлат тақдим намуд. Номбурда қайд кард, ки нақши Бонки миллии Тоҷикистон дар рушду нумӯи иҷтимоиву иқтисодӣ ва татбиқи сиёсати пулию қарзӣ назаррас буда, аз ҳар кадоми мо тақозо менамояд, барои рушду такомули ин соҳаи ҳаётан муҳим ва дар амал татбиқ намудани орзуву омолҳои неки худ кӯшиш ба харҷ диҳем.
   Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни суханронии худ, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қадрдонии кормандони соҳа арзи сипос намуда, аз ҳар нафар корманд даъват ба амал овард, ки бо меҳнати софдилонаву содиқона дар рушди нумуи Ватани азизамон доимо саҳмгузор бошанд.
   Маврид ба зикр аст, ки дар қатори кормандони соҳоти мухталифи кишвар, сардори шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи Роҳбарияти БМТ, доктори илми филология, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоҳасан Султонов 30 августи соли 2018 аз ҷониби Сарвари давлат бо нишони сарисинагии “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуд.

Ташрифи навбатии Ҳайати ХБА ба БМТ


   11 сентябри соли 2018 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҳайати намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) таҳти сарварии роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал, ки бо мақсади баргузории музокирот оид ба роҳандозии Барномаи нави ХБА (Механизми васеи қарздиҳӣ (ECF)) бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 11 то 26 сентябри соли 2018 бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, мулоқот анҷом дод. Дар оғози мулоқоти корӣ Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев оид ба рушд ва дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди бахшҳои воқеӣ, монетарӣ ва молиявӣ дар солҳои 2017-2018, аз ҷумла сатҳи таваррум, унсурҳои пулӣ, нишондиҳандаҳои устувории молиявӣ маълумоти мушаххасро манзури ҳозирин гардонид.
   Зимни суханронӣ Ҷамолиддин Нуралиев таваҷҷуҳи Ҳайати ХБА-ро инчунин ба вазъи кунунии бозори беруна ва дохилии асъор, омилҳои асосии ба он таъсиркунанда, тағйироти қурбӣ дар ду соли охир, рушд ва дурнамои интиқоли маблағҳои пулӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои сифатан нави молиявӣ ва тиҷоратӣ бо ҷумҳуриҳои Туркия ва Ӯзбекистон, татбиқи лоиҳаи НБО “Роғун” ва созишномаҳои бо он алоқаманд, талабот оид ба маблағгузории беруна дар солҳои минбаъда (2019-2021) ва нақши барориши евробондҳо, татбиқи минбаъдаи реҷаи ҳадафгирии таваррум ва дурнамои рушди бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ дар Тоҷикистон ҷалб намуд.
   Роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал дар навбати худ афзуд, ки Ҳайати намояндагии ХБА дар доираи сафари кории худ ҷиҳати омӯзиши барномаи ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бо роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдор мулоқоти корӣ анҷом дода, баҳри тавсеа ёфтани ҳамкориҳо ва амалӣ намудани Барномаи Механизми васеи қарздиҳии ХБА (ECF) ба Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.
   Дар ҷараёни вохӯрии судманд ҷонибҳо ҳамчунин, оид ба ислоҳоти cоҳаи бонкӣ дар самтҳои афзалиятноки сиёсати пулию қарзӣ бо гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррум, ҳалли мушкилоти бонкҳои низомсоз ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, дар доираи барномаи дастгирии ХБА табодули назар карданд.
   Дар интиҳои мулоқоти корӣ, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ба Ҳайати намояндагии ХБА барои дастгирии доимии Тоҷикистон аз ҷониби ин ташкилоти молиявии байналмилалӣ изҳори сипос намуда, дар сафари навбатӣ фаъолияти пурсамар ва бобарору комёбӣ таманно намуд.
   Мавриди зикр аст, ки дар вохӯрии мазкур инчунин, Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ, роҳбарони сохторҳои калидии БМТ ва коршиносони ХБА Санан Мирзаев, Йохан Молин, Далмасио Бенисио, Олумуйива Адедеджи, Мурад Омоев, Александр Шеин ва Владислав Костюченко иштирок намуданд.

Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрии “рӯ ба рӯ”


   Аз моҳи сентябри соли 2017 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни марҳилаи дуюми баҳодиҳии тарафайни низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) аз ҷониби коршиносони Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм қарор дорад.
Хотиррасон менамоем, ки рӯзҳои 5-15 марти соли равон ташрифи ҳайати коршиносон-баҳогузорон ба ш.Душанбе баргузор гашт. Дар рафти ташриф вохӯриҳо бо мақомоти салоҳиятдори низоми МҚД/МТ/МПСҚО, инчунин, бо намояндагони бахши хусусӣ доир гардиданд.
Баъдан, тибқи тартиби муайяншуда ҷараёни омодагӣ ва баррасии лоиҳаҳои ҳисобот вобаста ба натиҷаҳои ташриф ва ҳуҷҷатҳои тавассути тартиби дистансионӣ баррасигардида сурат гирифт.
   Дар робита ба масъалаи мазкур бояд қайд кард, ки ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои баҳсталаб дар доираи лоиҳаи ҳисоботи баҳодиҳии тарафайн ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ватанзода М.М. - Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати иштирок дар вохӯрии “рӯ ба рӯ” бо баҳогузорони Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (Гурӯҳи Авруосиё), рӯзҳои 5-7 сентябри соли 2018 ба ш. Москва (Федератсияи Русия) сафар намуд.
   Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳайати байниидоравӣ аз намояндагони роҳбарият ва шахсони масъули вазорату идораҳои дахлдори низоми МҚД/МТ/МПСҚО, аз ҷумла: Вазорати адлия, Вазорати молия, Прокуратураи генералӣ, Суди олӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Хадамоти гумрук, Кумитаи андоз, Бонки миллии Тоҷикистон, Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иборат буд.
   Тибқи барнома дар вохӯрии нахустин бо намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби баргузории вохӯрии “рӯ ба рӯ”, масъалаҳои муҳими баррасишаванда ва марҳилаҳои минбаъдаи баҳодиҳии тарафайн муҳокима гардиданд.
Ҳамзамон, мутобиқи барнома масъалаҳо дар доираи хавфи ҚД/МТ, ҳамкории байналмилалӣ, низоми ҳуқуқӣ ва масъалаҳои фаъолияти оперативӣ, чораҳои огоҳкунанда ва назорат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин, муҳокимаи хулосаҳои коршиносон-баҳогузорони Гурӯҳи Авруосиё дар бахшҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва молиявӣ таҳти баррасӣ қарор гирифтанд.
Санаи 7-уми сентябр муҳокимаи масъалаҳои иловагӣ вобаста ба натиҷаҳои бевосита, инчунин хулосаҳои мутобиқати техникӣ миёни ҳайати кишвар ва коршиносони Гурӯҳи Авруосиё баргузор гардид.
   Лозим ба ёдоварист, ки дар рафти 29-умин ҷаласаи Пленарии Гурӯҳи Авруосиё, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар ш. Минск (Ҷумҳурии Белорус) баргузор мегардад, натиҷаи баҳодиҳии тарафайни низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО-и Ҷумҳурии То ҷикистон мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт.

Шуъбаи матбуоти БМТ

Панҷшанбе, 27 Сентябр 2018 10:58


19.09.1941. Дар рафти ҶБВ гурӯҳи 2-и тонкии немисҳо, дар наздикии мавзеи Лохвитсӣ бо гурӯҳи 1-и тонкӣ пайваст ва дар натиҷа нерӯҳи фронти ҷанубу-ғарбии Артиши Сурх ба муҳосира афтида, немисҳо пойтахти Украина-шаҳри Киевро тасарруф карданд.
19.09.1985. Заминҷунбии сахт дар пойтахти Мексика-шаҳри Мехико. Заминларза бо қувваи 8,1 балл ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа зиёда аз 9000 одам ҳалок ва 30.000 маҷрӯҳ шуданд.
20.09.1918.Нерӯҳои мусаввитии Озарбойҷон бо кумаки англисҳо ҳокимияти Шӯроҳоро дар Боку сарнагун карда, роҳбарияти ин ҳукуматро, ки аз 26 комиссар иборат буданд, ба қатл расониданд.
21.09.1973.Дар СССР Академияи Вазорати Корҳои Дохила таъсис дода шуд.
21.09.1993.Президенти Русия Борис Елтсин бо қарори махсуси худ, фаъолияти Шӯрои Олии ин кишварро қатъ кард ва ШОро пароканда намуд.
22.09.1989.Дар РСС Қазоқистон забони қазоқӣ, забони давлатии ин ҷумҳурӣ эълон карда шуд.

22.09.1991. Дар РСС Тоҷикистон баъди гирдиҳамоии мардумӣ фаъолияти Ҳизби коммунист мамнӯъ шуд. Ин мамнӯъият танҳо 1 рӯз идома ёфта, 23 сентябр парлумони кишвар раиси ШО Қадриддин Аслоновро аз вазифа сабукдӯш кард ва фаъолияти ҲК аз нав қонунӣ шуд.

Панҷшанбе, 27 Сентябр 2018 10:50


Императории шарр
Дар солҳои “ҷанги сард” нерӯҳои стратегии атомии ИМА ва СССР ҳамеша дар ҳолати омодабоши комили ҷангӣ қарор доштанд. Сентябри с.1983 ҷанги атомӣ миёни ин 2 кишвар қариб ба вуқӯ мепайваст. Дар яке аз ин ҳолатҳо, ки шаби 26.09.1983 сар зад, полковник Станислав Петров-сардори маҳалли фармондеҳии марказии системаи огоҳкунӣ аз ҳуҷуми мушакии шӯравӣ, ки дар шаҳраки ҳарбии “Серпухов-15” воқеъ шуда буд, ҷанги ҷаҳонии атомиро миёни 2 кишвар пешгирӣ кард. Соли 1983 дар таърихи муносибатҳои СССР бо ИМА чун қуллаи “ҷанги сард” маъруф шудааст. Дар ин сол президенти ИМА Роналд Рейган бори аввал СССРро “императории шарр” муаррифӣ кард ва ВАО ғарб ин истилоҳро ба таври васеъ зидди аввалин кишвари Шӯроҳо истифода мебурданд. ИМА бо баҳонаи таҳдиди таҷовуз нерӯҳои стратегии атомии худро пурра навоварӣ ва ба сохтани мушакҳои нави баллистикии байниқитъавӣ сар карданд.Танҳо чанде қабл аз ин ҳодиса 1.09.1983 тайёраи қиркунандаи шӯравии “Су-15” дар осмони Сахалин тайёраи мусофирбари “Боинг-747”-ро, ки ба ширкати ҳавоии “Кориэн Эйрланз”-и Кореяи Ҷанубӣ тааллуқ дошт, зада афтонд.

Панҷшанбе, 27 Сентябр 2018 10:45


Прокуратураи генералии ҶТ мақолаи «Интернети Мегафонро кӣ дуздид?» (СССР, №26(511), 28.06.2018) мавриди баррасӣ қарор дод. Муайян карда шуд, ки шаҳрванд Сангинов М.Т. истиқоматкунандаи вил.Суғд, н.Б.Ғафуров, ҷамоати Ҳ.Усмонов, кӯчаи Пулчуқур-53, санаи 11.06.2018 аз маркази хизматрасонии ҶСП «ТТ мобайл» воқеъ дар вил.Суғд, ш.Хуҷанд, кӯч.Гагарин 147 «б» симкортро бо рақами мобилии 907 22 99 97 бо тарофаи «Биё! Фаъол бош» харидааст. Ширкат бо мизоҷони худ дар тарофаи мазкур 500 дақиқа дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 гигабайт трафики интернетии бемаҳдуд танҳо барои истифодабарӣ дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Odnoklassniki, Vkontakte, Instagram, Twitter ва мессенҷерҳои Viber, WhatsApp, Facebook messenger, IMO пешниҳод мекунад. Санҷиш муайян кард, ки Сангинов воқеан 20.06.2018, соати 00:46 ба маркази тамоси ширкат ба рақамҳои 500 занг зада, бо мутахассиси он ҳамсуҳбат шудааст. Дар охири суҳбат мутахассиси маркази тамос оид ба куҷо масраф шудани мегабайтҳо ба охирин маълумот дода, ҷиҳати гирифтани ҳисоботи пурраи онҳо ба наздиктарин маркази хизматрасонии ширкат дар ш.Хуҷанд муроҷиат кардан  тавсия додааст. 20.06.2018 Сангинов ба маркази хизматрасонии мазкур ҳозир шуда, вобаста ба қазияи бамиёномада бо мутахассиси марказ М.Қ.Пулатова ҳамгап шудааст, ки дар ин хусус охирин муроҷиати шифоҳии ӯро қабул намуда, ҳисоботи трафики интернети истифодакардашударо аз давраи 11 то 21.06.2018 пешкаш намудааст. Тибқи он ӯ 2842 мегабайтро дар дигар шабакаҳои интернетие, ки онҳо дар тарофаи «Биё! Фаъол бош» ҳамчун бе маҳдуд дохил намешаванд, истифода бурда, боқимонда 158 мегабайтро ба яклухт кардани мегабайтҳо ба тарафи зиёдтар ба 100 килобайт ҳисобӣ кардааст. Тибқи шартҳои тарофаи мазкур фосилаи яклухтнамоӣ ба 100 килобайт баробар буда, ҳар 1 иҷлосияи нопурра ба 100 килобайт ҷамъбаст карда мешавад…

Ҳ.Н. Назарзода, муовини якуми Прокурори
генералии ҶТ

Панҷшанбе, 27 Сентябр 2018 10:43


Узви Ихвон-ал-СССР, муаллимаи собиқадор-Маъсума Саидоваи 68-сола, сокини ноҳияи Сино, аз маҳаллаи 112 (тел: 237 72 92) ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, ки оид ба ифлосии кӯчаҳои баъзе аз маҳаллаҳои ноҳия шикоят дорам:
Тавре маълум, 3-4 моҳ пеш лӯлаҳои оби гармро дар ҳама кӯчаҳо аз нав канда гузоштанд, ки офарин мегӯям! Аммо чаро 4 моҳ пеш чуқуриҳои кандаро то ҳол маҳкам накардаанд!!! Ин ҳолатро дар дигар кунҷу канори пойтахт низ дидан мумкин. Гап ин аст, ки кӯдакону наберагони мо ҳар рӯз аз болои ҳамин чангу хоки чуқуриҳо гузашта, мактаб мераванд ва дар бозгашт боз аз болои чангу хок гузашта, бо сару либоси пур аз хок хона меоянд. Охир, то кай либоси кӯдакро ҳар рӯз «стиральный машина» мегузорем? Ва баъзеҳо ҳатто чунин дастгоҳи либосшӯӣ низ надоранд ва тасаввур кунед, ки чӣ ҳолу аҳвол доранд???

саҳ 2 аз 11

Китобҳо

Flag Counter