ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 31 Январ 2019 15:59


Ҳукумати ш.Душанбе тасмим гирифтааст барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти мардуми камбизоат қитъаҳои заминро барои бунёди манзили зист
аз маҳаллаи Ховарон ҷудо намояд. Дар ин бора ба хабарнигорон Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси ш.Душанбе рӯзи 31.01.2019 иттилоъ дод.
   Маҳмадсаид Зувайдзода таъкид намуд, ки шумораи аризадиҳандагон барои таъмин намудан бо манзили зисти ройгон ба унвони Ҳукумати ш.Душанбе аз соли 1985-и асри гузашта ворид шуда, барои ҷудо намудани қитъаи замин беш аз 27 ҳазор нафар ва барои ҷудо намудани манзил аз биноҳои бисёртабақа наздики 24 ҳазор ниёзманд дар навбатанд.
   Ба хотири қонеъ намудани ин эҳтиёҷоти мардум аз ҷониби шаҳрдорӣ аз 3 минтақаи маҳаллаи Ховарони пойтахт, ки бо номи Теппаҳои шарқӣ низ маъмул аст, қитъаҳои замин ҷудо карда мешаванд.

СССР

Панҷшанбе, 31 Январ 2019 15:51


30 январи соли ҷорӣ, дар бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вил.Хатлон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Сардори Раёсат С.Мӯсозода ба хабарнигорон иттилоот дод, ки дар вилоят шумораи умумии нафақагирон ба ҳолати 31.12.2018 239914 ташкил дода, ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 297 сомонӣ баробар аст. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ, ин дар доираи ҷамъоварии маблағҳои андози иҷтимоӣ, маблағгузории саривақтии нафақапулиҳо аст. Дар вилоят 672 ятими кулл ҳаст, ки нисбати с.2017 50 нафар зиёд шудааст… шудааст.
Баҳодур Уроқов СССР, вилояти Хатлон

Панҷшанбе, 31 Январ 2019 15:48


31.01.2019 дар толори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш вил.Хатлон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Абдуллозода Фариза-сардори ин ниҳод ба суолҳои хабарнигорон посухҳои мушаххас дода гуфт, ки шумораи ҷавонон дар вилоят 1.083.008 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбати с.2017 2002 нафар зиёд шудааст. Боиси қайд аст, ки дар с.2018 1305 ҷиноят аз ҷониби ҷавонон содир шуда, 80% даст ба ҷинояти дуздӣ задаанд.

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Панҷшанбе, 31 Январ 2019 14:22


   Дар доираи татбиқи Нақшаи генералии ш.Душанбе аз ҳисоби заминҳои н.Рӯдакӣ дар масоҳати 7 659 га ба ҳудуди пойтахт ворид карда шуда, дар ояндаи наздик теъдоди сокинони ш.Душанбе ба 162 ҳазору 405 нафар афзоиш хоҳад ёфт. Дар ин бораи имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси ш.Душанбе ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.
   Бино ба иттилои Маҳмадсаид Зувайдзода, қарорҳои марбута вобаста ба ин масъала алакай ҳам аз ҷониби Ҳукумати ҶТ ва ҳам раиси ш.Душанбе ба тасвиб расида, ҳудуди пойтахт аз ҳисоби ҷамоатҳои деҳоти Чоряккорон, Сарикиштӣ, Гулистон, Чортеппа, Чимтеппа ва «Россия» васеъ карда мешавад. Пас аз васеъшавӣ ҳудуди пойтахт 20 ҳазору 318 га-ро ташкил хоҳад кард.

СССР

Панҷшанбе, 31 Январ 2019 14:16


Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе ба роҳбарони 98 корхонаи саноатии пойтахт, ки тӯли солҳои гузашта қисман аз фаъолият монда буданд, ҳушдор дода, гуфтааст, ки агар то моҳи майи соли ҷорӣ фаъолияти хешро дубора ба роҳ намонанд, корхонаҳояшон ё ба тавозуни шаҳрдорӣ мегузаранд ва ё соҳибони нав пайдо хоҳанд кард.
   Чуноне ки имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси ш.Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода иброз дошт, дубора эҳё намудани ин корхонаҳо хеле муҳим буда, барои сокинон ҷойҳои нави корӣ фароҳам меоранд.
  

Ситорабону Боқиева, коромӯзи СССР

Панҷшанбе, 31 Январ 2019 14:11


Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар ш.Душанбе бунёди 21 муассисаи таълимӣ бо 18 ҳазору 594 ҷойи нишаст, 74 корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси беш аз 6000 ҷойи нави корӣ, 24 сартарошхона ва кошонаи ҳусн, 133 бинои баландошёна, таъмиру таҷдиди 121 хобгоҳҳо ва рангубори 2 224 биноҳо пешбинӣ гардидааст.
   Бино ба иттилои Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси ш.Душанбе, дар дораи омодагиҳо ба ин ҷашни тақдирсоз ва амалӣ намудани нақша-чорабиниҳо дар пойтахт баргузории 4095 чорабиниҳои гуногуни ҷашнӣ ба назар гирифта шуда, ин чорабиниҳо аз ҷониби шахсони эҳсонкор ва идораву ташкилотҳо гузаронида хоҳанд шуд.

Ситорабону Боқиева, коромӯзи СССР

Панҷшанбе, 31 Январ 2019 09:46


Қадимтарин ҳаводори газетаи СССР, Раҷаб Холмаҳмадови 74-сола, аз деҳаи Туркироҷи шаҳри Панҷакент (тел: 900 62 38 78) дар меҳмонии СССР гуфт, ки бо 2 мушкил назди шумо омадаам: 1.Мехоҳам, бо сафари 2-3 рӯза ба саёҳати Самарқанду Бухоро равам. Барои ин шиносномаи хориҷӣ даркор. Вақте дина нархи шиносномаро шунидам, ҳуш аз сарам парид. 1000 сомонӣ мегӯянд 1 загранпаспортро!!! Охир, барои ҳамагӣ сафари 2-рӯза, ки синну солам ба ҷое расидаасту 300 сомонӣ нафақа мегирам, айб нест чунин нарх? Илова бар ин, дар хонаи мо духтарам-Гавҳаршодбегим маъюби гуруҳи 1 асту 200 сомонӣ пенсия мегирад. Аз идораву масъулини дахлдори Ҳукумати марказӣ хоҳиш дорам, ки қимати шиносномаи хориҷиро барои пиронсолон арзонтар кунанд, ё бар тибқи имтиёз! 2.Дар ҷамоати Амондара 6 русто-Хӯҷағоиб, Муғулони боло, Роҷ, Муғулони поён, Равот ва Туркироҷ аз 1 канал об менӯшиданд. Мо мушкили обӣ доштем, лек бо кӯмаки соҳибкор Зоир Ҳомидов ва Ҳазратқул Зокиров-котиби раиси ҷамоат ҳамин 6 деҳ соҳиби оби нӯшиданӣ шуданд, ки сипоси сокинонро ба онҳо мерасонам! Бигзор умри онҳо мисли оби Зарафшон дароз шавад!!!

Панҷшанбе, 31 Январ 2019 09:25


Ҳукумати Александр Лукашенко-президенти Белорусия ба дархости Прокуратураи генералии Қирғизистон барои фиристодани сарвазири пешини ин кишвар Даниёр Усенов, ки дар ватанаш ба ҳабси абад маҳкум шудааст, посух надод. Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Белорусия аксҳои шахсеро нашр карданд, ки ба Усенов монанд аст. Қаблан Суди Олии Қирғизистон Усеновро бо ҷурми даст доштан дар ҳодисаҳои апрели с.2010 ғоибона абадан суд карда буд.

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 15

Китобҳо

Flag Counter