ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 30 Январ 2019 15:32

 

Ҳушдори СММ перомуни ҳуқуқпоймолшавии 13.000 ҷӯгӣ дар ҶТ бори дигар ба мо исбот кард, ки бояд дар паспорти ин миллат мӯҳри Ҷӯгӣ ё Лӯлӣ гузошта шавад…

Чоршанбе, 30 Январ 2019 15:24

 

Ба таваҷҷӯҳи раиси тозаинтихоби вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода

Чоршанбе, 30 Январ 2019 15:19


Аз ҷониби прокуратураи ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа мақола бо номи «Муаллимро аз синфхона облава карданд» (СССР, 18.05.2018) санҷида шуда, муайян намуд, ки Султонов Ш.А. маълумоти олии омӯзгорӣ надошта, дар муассисаи хусусии таълимии «Коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгорӣ»-и ш.Бохтар дар шуъбаи ғоибона дар бахши якум таҳсил карда, дар мактаби асосии №58-и н.Вахш ба ҳайси омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ дарс медод. Тибқи талаботи қисми 2 банди «д» моддаи 21 Қонуни ҶТ «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» онҳое, ки маълумоти олии омӯзгорӣ доранд ва доимӣ дар вазифаи омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимоти умумӣ кор мекунанд, дар давраи иҷрои кор муҳлати даъваташон ба хизмати ҳарбӣ ба таъхир гузошта мешавад. Аз сабаби он, ки ӯ маълумоти олии омӯзгорӣ надорад, ин имтиёзи пешбиникардаи қонун нисбаташ татбиқ нагашта, ӯ асоснок ба хизмати ҳарбӣ даъват шудааст. Лиҳозо, аз сабаби он, ки кормандони комиссариати ҳарбии н.Вахш тартиби ба комиссияи даъвати ноҳия ҳозир кардани даъватшаванда Султоновро дағалона вайрон кардаанд, нисбаташон делои ҷиноятӣ бо моддаи 391 қисми 1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Юсуфзода А.С.
прокурори ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа, полковники адлия

Чоршанбе, 30 Январ 2019 15:12


23.01.1924. Ҳукумати шӯравӣ қарор оид ба сохтмони мақбара барои Владимир Илич Ленинро ба тасвиб расонд. Ленин мумиёӣ карда шуд ва дар мақбараи махсусе дар Майдони сурхи Маскав ҷой гирифт.
24.01.1918. Шӯрои Комиссарони халқӣ (ШКХ) Декрет оид ба ҷорӣ кардани тақвими аврупоиғарбиро дар Русияи Шӯравӣ пазируфт. Шаҳрвандони аввалин кишвари шӯроҳо 31 декабр ба хоб рафта, 14 феврал бедор шуданд. Ҳамин тариқ, с.1918-ро мешавад кӯтоҳтарин сол дар таърихи Русияи Шӯравӣ унвон кард.
24.01.1922.Дар қаламрави РСФСР бо қарори КИМ кулли шиносномаҳо ва ҳуҷҷатҳои дигари бақайдгирӣ барҳам дода шуданд. Тамоми шаҳрвандон ҳуқуқ пайдо карданд, ки бе мамониат дар қаламрави Русияи шӯравӣ ҳаракат кунанд.
24.12.1924. Ҳукумати шӯроҳо баъди марги Ленин ш.Петроградро ба Ленинград тағйири ном дод.
24.01.1927. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷамъияти кӯмак ба мудофиа, ҳавонавардӣ ва саноати химияи СССР (ОСОАВИАХИМ) таъсис дода шуд. Ин Ҷамъият дар қатори ҷамъияти Тирандозони Ворошиловӣ барои рушди мудофиаи ҳарбии СССР кумаки арзанда намуд.

24.01.1976. Рӯзномаи "Красная Звезда" бори аввал сарвазири Бритониё Маргарет Тэтчерро "бонуи оҳанин" номида, ин ном барои солҳои сол тахаллуси Тэтчер шуд.
25.01.1955. Раёсати Шӯрои Олии СССР бо Қарор "Оид ба бекор кардани ҳолати ҷангӣ миёни СССР ва Олмон”-ро ба тасвиб расонид. То ин замон СССР бо Олмони дигар вуҷуд надошта, дар ҳолати ҷанг қарор дошт.
26.01.1980. Конодо низ дар қатори ИМА Бозиҳои олимпии Маскавро байкот карда, варзишгаронашро ба ин бозиҳо нафиристод.

Чоршанбе, 30 Январ 2019 15:02


Дафни беназир
Дар авохири моҳи октябр ва аввали ноябри с.1923 барои роҳбарияти ҳизби болшевикӣ аён шуд, ки Владимир Ленин-поярези инқилоби Октябрӣ нафасҳои вопасинашро мекашад. Баъди дарёфти ҳақиқат миёни роҳбарияти ҳизб бо ташаббуси Иосиф Сталин дидори махфие сурат гирифт. Дар он Калинин, Бухарин, Тротский, Каменев ва Риков ширкат варзиданд. Ӯ ба ҳозирин гуфт, ки доҳӣ рӯзҳои охири ҳаёташро паси сар мекунад ва эҳтимол ҳар лаҳза бимирад. Калинин низ гуфт, “марги доҳӣ набояд барои ҳизб амри ғофилгирона бошад ва бояд фикри дафни ӯро кард. Маросими дафн бояд тавре амалӣ шавад, ки дунё назирашро надида бошад”. Сталин аз ӯ ҷонибдорӣ карда гуфт, “баъзе рафиқон аз музофот зидди сӯзондани ҷасади доҳиянд ва мегӯянд, илми имрӯз қудрат дорад ба василаи мумиёкунӣ тани мурдаро мӯҳлати зиёд нигаҳ дорад, то шуури меҳнаткашон ба ин фикр, ки Ленин дигар дар миёни мо нест, одат кунад”. Лек Тротский зидди пешниҳод баромада гуфт: "Пештар турбати Сергей Радонежский ва Серафим Саровский вуҷуд доштанд, акнун турбати В.Илич. Бисёр мехостам бо ин рафиқон, ки ба гуфтаи Сталин пешниҳод мекунанд, Ленинро мумиёи кунем, шинос шавам. Ман ба онҳо мегуфтам, ки онҳо бо марксизм ҳеҷ рабте надоранд”. Бухарин низ зидди ин пешниҳод баромада гуфт: “Мӯмиёкунии Ленин таҳқири хотираи ӯст ва ин ақида комилан зидди ҷаҳонбинии доҳист”.

Чоршанбе, 30 Январ 2019 14:58


Узви Ихвон-ал-СССР, Собир Субҳиддинзода-сокини ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар суҳбати телефонӣ бо газетаи мардумии СССР гуфт, ки чанд шумора пеш матлабе дар бораи баъзе мушкилот ва камбудиҳои «подземка»-и бозори Саховати ноҳияи Фирдавсӣ чоп шуд. Ҳоло дар ҳамин бора гуфтаниям, ки бо ташаббуси бевоситаи майори милитсия-Қурбоналӣ Пӯлод Барфӣ-сардори ШКД-1-и н.Фирдавсӣ ва бо талошҳои шабонарӯзии раиси ноҳия-Маҳмадраҳим Юсуфӣ мушкилоти «подземка» ҳалли худро ёфт. Қурбоналӣ Пӯлод аллакай барои пурра нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ ва покизакорӣ тамоми корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳифзи тартиботро дар ин мавзеъ ҷорӣ кардааст!

Чоршанбе, 30 Январ 2019 14:50


Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР Раҷаббек Раҷабов аз деҳаи Эсамбойи ноҳияи Рӯдакӣ ба СССР занг задаву гуфт, ки дар 2 мавзуъ кутоҳ гуфтаниям:
1.Инак, чанд шумора мешавад, дар газетаи СССР баҳс дар бораи ба забони тоҷикӣ хондани намоз идома дорад. Гурӯҳе тарафдор ва гурӯҳи дигар зид ҳастанд. Фикри ман роҷеъ ба ин мавзӯъ ин аст, ки намозро ҳар касе чи тавре мехоҳад хондан гирад, агар маънои хонданашро бидонаду бифаҳмад.
2.Мо бояд минбаъд барои ба зиёрати Хонаи Худо рафтани шаҳрвандон 1 маркази имтиҳонӣ ё санҷишӣ ташкил бикунем. Мақсад ин аст, ки доираи фаҳмиши мазҳабӣ ва динии онҳоро бисанҷем. Бояд онҳо пеш аз Ҳаҷ аз фанҳои таъриху география ва этикаву ҳуқуқ имтиҳони тестӣ супоранд. Ҳамчунин мешавад, ки ҷараёни имтиҳонсупориро аз Кумитаи ТВ ва радио омада ба навор бигиранд ва тариқи ТВ нишон диҳанд, то барои дигарон дарсу масъулият шавад.

Чоршанбе, 30 Январ 2019 14:46


Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР ва кулли аъзои Ихвон-ал-СССР! Ман 1 суоли иҷтимоӣ дорам: Барои чӣ бархе ҳич коре накарда маоши калон мегиранду ҳамин тавр бо нафақаи бузург аз кор гусел мешаванд? Ман вақте кор мекардам, 350 сомонӣ музди кор доштам ва ҳоло 120 сомонӣ пенсия мегирам! Ба ин 120 сомонӣ акнун чӣ бигирам: Орд, равған, шакар, биринҷ, сару либос??? Пас пули обу налоги хона ва таҳсили фарзандонро чӣ хел бипардозам?

Қурбоналӣ,
ш.Кӯлоб, тел: 918 41 50 67

саҳ 3 аз 15

Китобҳо

Flag Counter