ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 30 Январ 2019 13:54


Салом, СССРи гиромӣ! Ман ба сардори РБДА ВКД ҶТ, муҳтарам Акбар Насимзода 1 суол дорам. Бозраси БДА тибқи қонун ҳақ дорад, ки “сигнал серена”-ро бе асос, бе ягон чорабинии фарҳангию сиёсӣ, бе ягон ташрифи меҳмони воломақоми сатҳи ҷумҳуриявию вилоятӣ... истифода барад?... 19.01.2019 бозраси БДА н.Масчоҳ таҳти рақами 02193 мошини хидматиашро дар маркази  ноҳия-ш.Бӯстон чарх занонда, бо пайваст кардани “сигнал серена”-и гӯшхарош асаби солхӯрдагонро хароб кард. Маҷбур ба навбатдори БДА вил.Суғд (бо рақами 24444) занг зада, гӯширо пайваст кардам. Бозраси ноҳия бо навбатдори БДАи Суғд каме суҳбат карду бешармона суоли аҷиб дод: “Чаро ба худам намегӯед? Наход ба началник занг занед?” Ва дар охир бо ғазаб гуфт: “Равед, ба болотар арз кунед!». Аз Насимзода хоҳиши беандоза дорам, нисбати амалкарди ин бозрас, ки боиси нороҳатии мардум шудан дорад, чораҷӯӣ кунад.

Ғайюр Ғафурзода,
н.Мастчоҳ, тел: 92 843 43 44

Чоршанбе, 30 Январ 2019 13:24


Эмомалӣ Раҳмон-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 масъули баландпояро аз толори маҷлиси ҳукумат, ки рӯзи 21.01.2019 баргузор гардид, ронд…Гуфта мешавад, тӯли солҳои ахир, ин барои бори нахуст аст, ки Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кори чиновнике сахт нороҳат шудаву баъди шунидани гузоришаш ӯро пеш карда бошад. Ва ҳарчанд дар ин бора сомонаҳои расмӣ хабаре пахш накардаанд, аммо шоҳидони ҳол мегӯянд, воқеан ҳам Раиси Ширкати «Тоҷик-эйр» ва Раиси «Амонатбонк»-ро президент аз толори маҷлиси ҷамъбастии соли 2018 берун кардааст. Хуб, авомили Тоҷик-эйр маълум аст, ки сар аз 2.01.2019 муфлис шудаву парвозҳояшро низ қатъ карда буд. Аммо сару садо роҷеъ ба сарнавишти Руҳулло Ҳакимзода-раиси Амонатбонк зиёд аст. Бархе ҳам мегӯянд, шояд дар пасманзари дуздии нафақаи солхӯрдагон ин тасмим гирифта шуда бошад. Таври маълум, Салоҳиддин Зоирзода-сардори идораи муҳосиботи Департаменти пардохти нафақа ва кортҳои бонкии ин ниҳод, дар тӯли 3 соли ахир (2015 то 2018) бо роҳи сохтакорӣ 600.000 сомониро тасарруф карда буд. Ин дар ҳолест, ки бе ин ҳам ҳоли нафақагирон бад аст ва мурад нафаре, ки аз сандуқи бознишастагону маъюбон пул мерабояд. Чунин фард на дар ин дунё ва на дар онаш рӯзи беҳро нахоҳад дид!
 Дар ҷамъ бино ба иттилои Агентии мубориза бо коррупсия ва Палатаи ҳисоб ҳудуди 1 млрд ё худ 936 млн сомонӣ пул дар соли гузашта тақаллуб шудааст. Аз ин ҳисоб Агентии коррупсия аз 600 млн сомонии камбуди ошкоркардааш, 490 миллион сомонӣ зиёни молиро ба буҷети давлат ва суратҳисоби корхонаву муассисаҳо барқарор кардааст, ки ҳалолаш бод! Палатаи ҳисоб мегӯяд, дар натиҷаи санҷиши аудитории ин ниҳод 396 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуда, 73%-и он барқарор гардид. Браво, Палатаи ҳисоб! Офарин…
Аммо сухан сари барқароргардонӣ нест. Баҳс ин ҷост, ки то кадом ҳадд бояд беинсоф буд, ки аз буҷҷаи 1 кишвар ҳудуди 1 млрд сомониро тасарруфу тақаллуб кунӣ?! Беҳуда ҳам нест, ки Президент ба Озода Раҳмон-Раиси дастгоҳ супориш дод, ки нисбати мақомдорони “бемасъулият” чораҷӯӣ кунад. Зимнан, мо, ҳамчун интихобкунандаи оддӣ аз интиқоду сахтгирии Президенти ҶТ дар мавриди чиновникҳои бемасъулият 100% пуштибонӣ мекунем. Мо Метавонем!
 Албатта кор бе камбуд намешавад. Ва аммо дар ҷамъ соли 2018 барои миллати Тоҷик ва Давлати Тоҷикон соли пурсамаре буд. Ин сол дар таърих боқӣ хоҳад монд. Зеро бо талоши бевоситаи Сарвари давлат Тоҷикистони азиз дар они воҳид, дар тӯли ҳамагӣ 1 рӯз аз кишвари аграрӣ ба аграрӣ-саноатӣ табдил ёфт. Манзур ифтитоҳи Чархаи аввали НБО Роғун аст. Боварнокарданӣ коре шуд. Ҳамон шом, шахсан ман дар маъракаи ифтитоҳӣ будам ва бо 2 гӯш шунидам, ки намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, «мо бовар надоштем, ки Тоҷикистон Роғунро месозад. Акнун мо омодаем бо шумо ҳамкорӣ кунем ва кредит ҷудо намоем!».
Бидуни бунёди Роғун дар тақрибан дар ҳама соҳот низ пешравиҳо буданд. Тавре дар маҷлис таъкид гардид, бо вуҷуди вазъи мураккаби иқтисодиёти ҷаҳон ва минтақа, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи саривақтии ҳуҷҷатҳои стратегӣ дар соли 2018 рушди иқтисоди кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуд. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 68,8 млрд. сомонӣ баробар гардида, суръати рушд 7,3%-ро ташкил дод. Афзоиши маҳсулоти саноатӣ 11,8%, кишоварзӣ 4%, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 7,8%, ҳаҷми умумии гардиши савдо 15,4% ва хизматрасониҳои пулакӣ 2,1% ба рушди иқтисодӣ мусоидат намуд. Дар давраи ҳисоботӣ таваррум дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шуда, 5,4%-ро ташкил дод. Дар қаламрави кишвар 131 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ таъсис ёфтанд…
Дар ҷаласаи солонаи ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Бонки миллӣ ва Вазорати молия бори дигар дастур дод, ки барои ҳалли мушкили “Тоҷиксодиротбонк” ва "Агроинвестбонк", 2 бонки низомсози кишвар, тадбирҳои қатъӣ андешанд. Хотиррас мешавем, ки Сандуқи Байнулмилалии Пул дастур дода буд, ки ин 2 бонкро Тоҷикистон муфлис эълон кунад. Аммо дар ин сурат мардум пули худро гирифта наметавонист. Талоши ҳукумати марказӣ низ барои ҳамин аст, ки халқи оддӣ пулашро аз ин бонкҳо гирифта тавонад…

Душанбе, 28 Январ 2019 17:48


Шавкат Бобозода, ки то ба имрӯз вазифаи вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ-ро бар ӯҳда дошт, тибқи Қарори Ҳукумати кишвар директори Агентии содироти назди Ҳукумати ҶТ таъин карда шуд.
Инчунин, тибқи қарори Ҳукумати ҶТ Аминзода Пулод, директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои ҶТ ва Оймуҳаммадзода Илҳомҷон Султон, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҶТ таъин гардиданд.

Душанбе, 28 Январ 2019 17:38

 

Имрӯз бо Фармони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон Билоли Иброҳим, раиси ш.Роғун аз мақомаш сабукдӯш гардида, ба ҷои Ҳакимзода Низом Ҳоҷӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси н.Шоҳмансури пойтахт таъин гашт. Гуфта мешавад, Ҳакимзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа барканор гардида, тибқи ин фармон Сулаймонзода Музаффар иҷрокунандаи вазифаи раиси ш.Роғун таъин карда шуд.
Бино ба иттилои расмӣ, инчунин имрӯз бо Фармони Президенти кишвар Шавкат Бобозода аз мақоми вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ барканор гашта, ба ҷои ӯ Файзуллозода Заробиддин Қудрат вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ таъин гардид.
   Дар баробари ин, имрӯз инчунин раисони ноҳияҳои Айниву Деваштичи вилояти Суғд низ иваз карда шуда, бо Фармони Президенти ҶТ Муродзода Муқим Қаюм ба ҷойи Неъматулло Раҳматуллозода иҷрокунандаи вазифаи раиси н.Айнӣ ва Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ба ҷойи Ҷӯразода Рустам Боймурод иҷрокунандаи вазифаи раиси н.Деваштич таъин карда шуданд.

Душанбе, 28 Январ 2019 10:33


Қарор аст Ҷон Марк Поммершайм, сафири тозаинтихоби ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои наздик барои иҷрои вазифаҳояш ба Душанбе биёяд. Сафорати ИМА дар ҶТ хабар дод, ки номзадии Ҷон Марк Поммершайм ба ҳайси сафири Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 7.01.2019 тасдиқ шудааст.
   Гуфта мешавад, ки Марк Поммершайм аз соли 2015 то соли 2018 муовини сафири ИМА дар Ҷумҳурии Қазоқистон буд. Аз ин пештар дар вазорати умури хориҷии Амрико ба ҳайси 1 дипломати баландпоя дар умури Қафқоз ва Авруосиё кор кардааст. Ӯ собиқаи хабарнигорӣ ҳам дорад ва дар дафтари телевизиони Си Эн Эн дар Русия кор кардааст. Соҳиби зан ва 3 фарзанд аст.

Ҷумъа, 25 Январ 2019 10:35


   Рӯзи гузашта, 24.01.2018, тахминан соатҳои 11-и рӯз дар утоқи директори мактаби миёнаи №28-и пойтахт сӯхтор ба амал омад.
   Бино ба иттилои расида, сабаби сӯхтор ин риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми истифодаи таҷҳизоти ноқилдори барқӣ буда, аз ҳад беш гарм шудани симҳо боиси сар задани аввал таркиш ва баъдан сӯхтор шудааст. Гуфта мешавад, ки ҳудуди сӯхтор 8 метри кадратиро ташкил дода, он ба саломатии касе аз омӯзгорон ва толибилмон осеб нарасонидааст.

СССР

Ҷумъа, 25 Январ 2019 10:19


 27.01.2019 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи  Абулқосим Фирдавсии ш.Душанбе ҷашни Сада баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, ки дар тантанаи мазкур намоиши тухмии зироати кишоварзӣ, техникаҳои кишоварзӣ, зотҳои чорво, хӯрокҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир карда мешавад. Ҳамчунин дар ин ҷашн ҳунармандон бо барномаҳои фарҳангии худ хотири иштирокдоронро болида мегардонанд.
 Бояд зикр кард, ки иди Сада давраи аз ҳолати хунукӣ ва карахтӣ баромадани табиату набототу ҳайвоноти оламро ифода менамояд. Ин идро олимон ба ориёнажодон мансуб медиҳанд, зеро аҷдодони мо дар охири фасли сармо дар майдонҳои васеъ ҳезум ҷамъ намуда, оташ меафрӯхтанд. Яъне, онҳо ба ин восита ва пас аз сардиҳои дароз боз рӯ овардан ба гармӣ, рақсу бозӣ ва хурсандиву хушҳолиро талқин менамуданд.
 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ дар ш.Душанбе тамоми сокинон ва меҳмонони пойтахтро ба ҷашни Сада даъват менамояд!


Панҷшанбе, 24 Январ 2019 17:24


Сокинони вилояти Хатлон аз баланд шудани нархи орд нигаронанд. Айни ҳол дар 2 бозори калонтарини маркази вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар нархи орди навъи 1 185-195 сомонӣ шудааст. Абдулло-сокини шаҳри Бохтар, ки зиндагиашро бо мардикорӣ пеш мебарад, аз баланд шудани нархи орд нигаронӣ карда гуфт, «баъди депортатсия шуданам аз Русия зиндагиро бо мардикорӣ пеш мебарам. Дар оила 6 нафарем. Рӯзе мешавад, ки 25-30 сомонӣ кор мекунам, мо 1 халта ордро 20-25 рӯз нон пухта мехӯрем. Чаро тоҷирон аз ҳудуди вил.Хатлон ба бозорҳо орд ворид намекунанд? Баъзе савдогарону тоҷирон барои нафси худ виҷдонашонро мефурӯшанд…».
Дар вилоят зиёда аз 31 корхонаи замонавии ордбарорӣ ҳаст, ки дар соли гузашта 94663,3 тонна орд истеҳсол кардааст. Аз ин шумора 5 корхонаҳои саноатии бузург дар вилоят, ки бояд мардумро бо орд таъмин кунанд, солҳои тӯлонӣ аз кор мондаанд. Инҳо: «Орди Хатлон» дар ш.Бохтар, «Абубакри Дилшод», ш.Левакант, «Ҳафизов»-н.Ҷ Балхӣ, «Агро-фут-голд», н.Ҷ Балхӣ, «Осиё», н.Хуросон. Соҳибкорон сабаби аз кор бозмондани корхонаҳоро дар набуди гандум мебинанд. Тибқи иттилои Сарраёсати кишоварзии вил.Хатлон дар с.2018 зиёда аз 431 000 тонна гандум ҷамъоварӣ шудааст, ки аз ин шумора 39 000 тоннааш тухмӣ захира шудааст. Пас 392 000 тонна гандуми ҷамъоваришуда куҷо шуд? 1 нафар масъули «Зерновая компания» дар шаҳри Бохтар дар сӯҳбат гуфт, ки ин корхонаи мо чанд навъи ордро аз вил.Суғд вориди Хатлон мекунад ва тоҷирону савдогарон 1 халта ордро аз 165 то 175 сомонӣ пешкаши мардум мекунанд. Аммо дар бозорҳои вил.Хатлон бо кадом арзиш мефурӯшанд, мо намедонем. Бигзор Раёсати антимонополӣ нархи маҳсулотро ба танзим дарорад.
Тибқи қарори ҳукумати ҶТ №287 аз 31.05.2018 «Дар бораи номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ», ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешавад, чаро нархҳо бе назорат мондаанд? Тибқи иттилои дарёфтаи СССР, аксарияти соҳибкорон бе асос нархро 5-10% баланд мекунанд! Агар Раёсати зиддиинҳисорӣ нархҳоро танзим накунад, пас фикри мардуми камбизоатро кӣ мекунад?

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

саҳ 4 аз 15

Китобҳо

Flag Counter