ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 23 Январ 2019 11:51


 ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” дар соли 2018 ба 1,340,692 нафар мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба соли гузашта 1,6% ё 20,6 ҳазор нафар мусофир зиёдтар мебошад. Миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда дар соли 2018 – 2523,0 тн.-ро ташкил дод, ки назар ба соли 20172,0%ё 50,0 тн. зиёдтар аст. Миқдори рейсҳои доимӣ, ки ба онҳо хизмат расонида шудааст (мунтазам) – 5777 адад (дар соли 2017 – 5549 адад), яъне назар ба соли 20174,1 % ё 228 рейс зиёдтар.
    Чуноне ки ба мухбири мо дар маркази матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар доданд, дар давраи ҳисоботӣ оид ба наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳо 1337 эрод ворид шудааст, аз онҳо 1300 эрод қонеъ гардонида шуд ва 37 эрод дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад. Қайд кардан лозим аст, ки аз 1337 эроди воридгардида 1282 эрод дар бораи дер омадани бағоҷи мусофирон аз фурудгоҳи парвози ҳавопаймоҳо, 29 эрод дар бораи дуздӣ ва норасоӣ дар бағоҷҳои мусофирон ва 26 эрод дар бораи осебёбии бағоҷи мософирон мебошанд.
    Теъдоди ҳодисаҳои ба таъхир гузошташавии парвозҳо дар соли ҷорӣ 1228 ададро ташкил дод (дар соли 2017 – 1296 адад), яъне назар ба соли 2017 – 5,3% ё 68 парвоз камтар.
    Сабабҳои асосии ба таъхир гузошта шудани парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Душанбе чунинанд:
- дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз – 925 ҳодиса.
- дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ (иваз кардани ҳавопаймо ва экипаж, бақайдгирии иловагӣ ва супориши намоянда, тағйирёбии парвозҳо ва ғайра) – 117 ҳодиса.
- гуногун- 94 ҳодиса.
- номусоидии обу ҳаво – 49 ҳодиса.
- ҷорӣ будани реҷа – 18 ҳодиса.
- дахолати хадамоти гумрук – 13 ҳодиса.
- дахолати хадамоти сарҳад –8 ҳодиса.
- таъминот бо сӯзишворӣ – 4 ҳодиса.
   Парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 13 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла, 4 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур (“Turkish Airlines», “Kam air», “Хатҳои ҷанубии Хитой”, FlyDubai ), 7 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил («Сибир”, “Ют Эйр”, “Урал” - Россия, “Авиатрафик” - Қирғизистон, “Эйр Астана”, СКАТ – Қазоқистон, “Ӯзбекистон ҳаво Йуллари”-Ӯзбекистон) ва 2 ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» ба амал оварда мешаванд.
    Аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймоҳо ба 13 шаҳрҳои Федератсияи Россия, инчунин ба Ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Олмон, Хитой, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Туркия, Ҳиндустон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Исломии Эрон парвоз мекунанд. Миқдори умумии рейсҳои доимии ширкатҳои ҳавопаймоии мазкур дар 1 рӯз 15 ададро ташкил медиҳад.


Чоршанбе, 23 Январ 2019 11:50

  Бино ба иттилои аз маркази матбуоти ВКД ҶТ ба мухбири СССР расида, дирӯз, 22.01.2019 соати 11:40 дақиқа дар корхонаи ҶДММ «Манфиат»,  воқеъ дар ш. Гулистони вилояти Суғд, ки ба коркарди маҳсулоти нафтӣ машғул аст, дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарии маводи зуддаргиранда сӯхтор ба амал омада, таркиш ба вуқӯъ пайваст.
    Дар натиҷаи ин ҳодиса корманди ҳамин корхона Пулодов Фирдавс Шарифович, соли таваллудаш 1992, зода ва истиқоматкунандаи ш.Гулистони вилояти Суғд ҳалок гардид. 2 нафар корманди дигари корхона Олимҷонов Комилҷон Аъзамҷонович, соли таваллудаш 1992, зода ва истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Унҷии н.Б. Ғафуров  ва шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой Жо Су Син ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи ш.Гулистон бистарӣ карда шуданд. Ҳолати саломатии онҳо муътадил аст. Ҳодисаи мазкур аз ҷониби прокуратураи шаҳри Гулистон мавриди таҳқиқ қарор дорад.


Чоршанбе, 23 Январ 2019 11:35


Икромӣ Сироҷиддин Салом-раиси “Амонатбонк”, Исматуллозода Дилшод Абдуғаффор-директори генералии ҶСК “Тоҷик Эйр” таъин шуданд. Инчунин, бо фармони Президенти ҶТ Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ ректори “Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Саидзода Иззатулло-директор ва Маҳмадшозода Фарҳод-муовини Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳалимзода Абдураҳмон Достӣ, Гулмуродзода Карим Гулмурод ба вазифаи муовинони вазири молия, Қурбонзода Исоҷон Ятим-Сардори раёсати рушди инфрасохтор, Абдухолиқзода Лутфия Сардори раёсати илму маърифат, Мирзозода Сунатулло Сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳ, Наимӣ Аъламхон Қодириён Сардори раёсати молия ва Убайдуллоҳ Амирҷон Маҳмадсаид Мушовири калони Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисод таъин шуданд.
 

Чоршанбе, 23 Январ 2019 11:20


(ё нӯшбоде барои худ)

Чоршанбе, 23 Январ 2019 11:14

Чоршанбе, 23 Январ 2019 11:07


(Ё худ Велосипед аз поезди Мирзоалиев 100 бор беҳтар!)

Чоршанбе, 23 Январ 2019 10:54


Терроризми ҷаҳонӣ ва шӯъбаи "Т"
22.01.1969 хизматчии одии Артиши Шӯравӣ Виктор Иванович Илин ба ҷони котиби аввали КМ ҲКИШ Леонид Брежнев суиқасд кард. Он шабу рӯз дар СССР истиқболи тантанавии кайҳоннавардон доир шуд. Он ҳангом кайҳон яке аз соҳаҳои афзалиятноки давлатӣ буд ва аз абарқудратии СССР дарак медод. Ҳайати киштиҳои кайҳонии Союз-4 ва Союз-5 нав аз фазо ба замин фуруд омада, мардуми зиёд дар Маскав ба истиқболи онҳо баромада буд. Он шабу рӯз кайҳоннавардони шӯравӣ боз ғалабаи навбатӣ ба даст оварда, 2 киштӣ дар фазои озод ба ҳам васл гашта буданд. Дар лаҳазоте, ки кайҳоннавардони қаҳрамонро дар майдони ҳавоии ҳукуматии "Внуково-2" пешвоз мегирифтанд, ҷавоне либоси милиса бар тан, бе ҳеҷ мамониат ба Кремл наздик шуда, дар сафи милисаҳои пояндаи роҳ қарор мегирад... Авохири солҳои 1960-ро мешавад мавҷи амалҳои террористӣ дар дунё номид. Дар ҷаҳон ташкилотҳои террористии зиёд мисли ЭТА дар Испониё, "Бригадаҳои сурх" дар Итолиё, "Артиши ҷумҳурихоҳи Ирландия" дар Бритониё, фаластиниҳо дар Ховари Миёна... фаъол буданд.

Чоршанбе, 23 Январ 2019 10:48


17.01.1920. Артиши Сурх дар рафти ҷанги гражданӣ гурӯҳи асосии артиши Деникинро торумор намуд. Шикасти Деникин рафти ҷанги шаҳрвандиро тағйир дод ва аз ин баъд сафедҳо натавонистанд зидди Артиши сурх муқовимат намоянд.
17.01.1960.Тӯфони шадид дар Уқёнуси Ором 3 сарбози шӯравӣ-Зиганшин, Поплавский ва Федотовро ба уқёнуси кушод бурд ва онҳо 49 рӯз бе обу хӯрокворӣ дар уқёнус боқӣ монданд. Ахир, сарбозонро баъди 49 рӯз горди соҳилии ИМА наҷот дод.
17.01.1961. Президенти ИМА Дуайт Эйзенхауэр бори охир аз ТВи кишвараш ба мардуми ИМА муроҷиат кард. Мавзӯи гуфтугӯи ӯ "ҷанги сард" гардид. Президент мардуми Амрикоро аз хатари рушди комплекси ҳарбии кишварашон ҳушдор дод.
17.01.1961. Дар Конго бо фармони генерал Мобуту, аввалин сарвазири Ҷумҳурии Демократики Конго Патрис Лумумба ба ҳабс гирифта шуд ва сипас ба қатл расид. Лумумба яке аз намодҳои озодихоҳӣ дар ҷаҳон шинохта шудааст ва дар СССР ба номи ӯ донишгоҳеро низ гузоштанд.

18.01.1943.Артиши Сурх муҳосираи Ленинградро рахна кард. Ленинград тирамоҳи с.1941 аз ҷониби артиши немисӣ, нерӯҳои финн ва дивизияи кабуди испанӣ муҳосира шуда буд.

саҳ 6 аз 15

Китобҳо

Flag Counter