ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 16 Январ 2019 09:43


   Дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди ш.Душанбе ҳамагӣ 3779 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Аз ҷумла: идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 7 адад, бе рақами қайди давлатӣ – 19 адад, идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ – 3 адад, баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқаррашуда – 65 адад, истифода бурдани телефонҳои мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 92 адад, итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 12 адад, итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оиди манъ кардани воситаи нақлиёт – 14 адад, вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ – 67 адад, худсарона баромадан аз хати сайр – 93 адад, нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ – 89 адад, вазъияти хавфнок – 12 адад, аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон – 216 адад, риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон – 749 адад, ба ҷаримагоҳ дастрас карда шуд – 30 адад ва
дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 2372 адад.
   Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар ш.Душанбе хабар доданд, ҳафтаи сипаришуда низ аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди ш.Душанбе 7 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкору муайян карда шуда, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Чоршанбе, 16 Январ 2019 09:31


Амалиёти “гинеколог”
10.01.1996 дастаи ҷангиёни 256-нафараи чечен бо сарварии Салмон Радуев ба ш.Кизляри Доғистон дарафтоданд. Тибқи иттилои чеченҳо дар Кизляр базаи чархболии нерӯҳои рус қарор дошт ва русҳо ҳамвора аз ин ҷо ҳудуди Ичкерияро бомбаборон мекарданд. Аммо ин маълумотҳо тасдиқ нашуданд ва чеченҳо дар майдони ҳавоии Кизляр танҳо 2 чархболи МИ 8-и вайронаро ёфтанду халос. Чеченҳо чархболҳоро сӯзонда, баъди даргирӣ ақиб нишастанд. Майдончаи ҳавоӣ дар канори Кизляр ҷой гирифта буд. Ҷангиён вориди шаҳр шуда, дар даргириҳои аввалин 35 танро аз даст дода, дар таваллудхонаи Кизляр мустақар шуданд. Чеченҳо аз биноҳои атроф мардумро гаравгон гирифта ба бинои зоишгоҳ интиқол медоданд. Дар натиҷа Радуев тавонист 3700 касро гаравгон гирад. Баъдан иддао кард, нақша надоштанд касеро гаравгон гиранд, лек вазъ чунон пеш рафт, ки ӯ барои наҷоти дастааш чорае ҷуз гаравгонгирӣ надошт. Дар зимн маҳз ба хотири тасарруфи таваллудхона баъдан бо тахаллуси "гинеколог" маъруф шуд. Баъди гирифтани гаравгонон ӯ аз Маскав талаб кард, нерӯҳоро на танҳо аз Чеченистон, балки ба пуррагӣ аз Қафқози Шимолӣ барорад. Табиист, ки Елтсин наметавонист талаби ҷангиёнро иҷро кунад. Русҳо дар Будёновск аллакай 1 бор ба шикасти нангин дучор шуда, ин бор ба ҳар роҳ мебоист дастаи ӯро торумор мекарданд.

Чоршанбе, 16 Январ 2019 09:28


Прокуратураи н.Хуросон шикояти сокини н.Хуросон Б.Ҷабборзодро бо номи «Пистаи Азизовҳоро кӣ дуздид?» (СССР, 21.06.2018) мавриди санҷиш қарор дода, муайян кард, ки шахсони номаълум шаби 30 ва 31.01.2018 вориди манзили истиқоматии шаҳрванд Азизов Умриддин Бӯриевич, сокини деҳаи Ҳалқаҷар гашта, 240 кг пистаро пинҳонӣ тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Оид ба ҳолати мазкур 27.02.2018 аз ҷониби прокуратураи вил.Хатлон бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои «в,г» КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва ҷиҳати таъмини пешбурди тафтиши пешакӣ ба Шуъбаи тафтишотии РВКД дар вил.Хатлон фиристода шудааст. 27.04.2018 тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии мазкур аз ҷониби муфаттиши ШТ РВКД дар вил.Хатлон, лейтенанти милитсия Зокирзода Б.Х. бо дастрасии моддаи 230 қисми 1 сархати 1 КМҶ ҶТ, бинобар муайян нашудани шахсе, ки бояд ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашида шавад, боздошта шудааст…

Сафарзода С.Ш., прокурори ноҳия

Чоршанбе, 16 Январ 2019 09:18


10.01.1920. Дар Женева созмони нави умумиҷаҳонӣ бо номи Лигаи Миллатҳо таъсис дода шуд. Ин созмон шабеҳи СММ имрӯза буд ва мебоист масоили баҳсбарангези миёни кишварҳоро ҳаллу фасл мекард. Роҳбари Шӯравӣ Владимир Илич Ленин дар бораи ин созмон фармуда буд: "Лигаи Миллатҳо танҳо дар коғаз иттиҳод ба шумор меравад, дар асл инҳо гурӯҳи ҳайвоноти дарранда аст". Иттиҳоди Шӯравӣ с.1934 ба Лигаи Миллатҳо шомил ва баъди 5 сол аз ин созмон хориҷ карда шуд.
10.01.1937.Дар СССР роҳбари собиқи Комсомоли шӯравӣ ва яке аз созмондиҳандагони ин ташкилот Лазар Абрамович Шатскин ба қатл расонида шуд.

11.011919. Дар Русияи шӯравӣ Продразвертка ҷорӣ карда шуд. Тибқи ин сиёсат деҳқонон мебоист тамоми гандум ва орди зиёдатии худро бе пул ба давлат месупориданд. Продразвертка-системаи зихира кардани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, яке аз аносури сиёсати коммунизми ҳарбӣ ба шумор мерафт ва то с.1921 дар РСФСР идома ёфт.
11.01.1935. Нерӯҳои баҳрии СССР дар Шарқи Дур ба Флоти Уқёнусиоромии СССР тағйири ном карданд. Аввалин фармондеҳи Флоти ҷадид М.В.Викторов таъин шуд.
12.01.1913.Иосиф Ҷугашвилӣ бори аввал навиштаҳои худро бо тахаллуси "Сталин" имзо намуд.

Чоршанбе, 16 Январ 2019 09:15


Узви Ихвон-ал-СССР, корманди «нонвойхона» Умаралӣ Султонов, аз маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе (тел: 900 70 76 54) ба СССР занг задаву гуфт:
-Газетаи СССР «пардифен»-и ман аст. Зеро тамоми дарду иллатҳои худро маҳз бо мутолиаи СССР мебарорам. Ва ҳоло дар 1 мавзуъ кутоҳ гуфтаниям:
1.Дар боби риш. Баъзе муллохо мегӯянд, ки риш фарз асту воҷиб аст! Аммо чаро аксарияти мусалмонҳо дар дунё риш намегузоранд? Риш ин нишонаи мусалмонӣ нест. Вагарна чаро Ҳабиб Нурмагомедов риш намегузорад? Зеро ӯ, яъне Ҳабиб медонад, ки мусалмони ҳақиқӣ дар бораи риш фикр намекунад! Ҳол он ки рақиби ӯ Конор Макгрегор риш дошт, аммо ришмонии ӯ низ ба дин ягон робитае надошт ва ҳамту барои зебоӣ гузошта буд.
2.Дар боби нос. Вақте аз назди носфурӯшони бозор мегузаред, бо овози баланд «реклама» карда мегӯянд: «Носи ман «свежый» аст!» Хуб, бигзор бошад! Аммо 1 суол: Кӣ гуфта метавонад, ки носи онҳо ҳар рӯз аз ташхиси лабораторӣ мегузараду гарантияи тозагӣ дорад??? Ва оё «Тоҷикстандарт» аз болои носфурӯшон назорат мебарад ва дастгоҳи носташхискунӣ дошта бошад?

Чоршанбе, 16 Январ 2019 09:12


Узви Ихвон-ал-СССР, Абдусалом Мирзоев-муаллими собиқадор аз ноҳияи Варзоб ба СССР занг задаву гуфт, ки тарбияи фарзанд аз оила сар мешавад, на аз мактаб. Бархе дидаву дониста тарбияи фарзандашро бар дӯши муаллим мепартоянд. Фикр намекунанд, ки фарзанд дар назди муаллим ҳамагӣ 4-5 соат аст. Ҳоло волидайн дар бораи фарзандон кам меандешанд. Фарзанди худро тарбият кунед, то ба Ватану Миллати худ содиқ бошанд!

Чоршанбе, 16 Январ 2019 09:05


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Барои хизматчиёни давлатӣ, омӯзгорону дигар буҷетникҳо сафари ҳаҷ танҳо баъди нафақа иҷозат дода шавад!!! Ба ин тоифа дар идораҳои давлатию дунявии мо ҳатман бо префикси «ҳоҷӣ бобо» муроҷиат ва ном мебаранд. Ин 100% тафриқаи сотсиалӣ ва руҳӣ мебошад!!!

Сиёвуши Далер,
барномасоз, ш.Хуҷанд

Чоршанбе, 16 Январ 2019 08:59


Дар Литсейи касбии саноатию кимиёвии ш.Леваканд (собиқ Сарбанд) амалҳое сурат мегирад, ки хилофи санадҳои меъёрию ҳуқуқист. Дар ин муассисаи давлатӣ зоҳиран аз сабаби набуди мудирияти хуб маблағҳои давлатӣ ғайриқонунӣ истифода шудаанд. Аз ҷумла, 3 нафар корманд бе пардохти ҳиссаи муқарраршуда ба осоишгоҳҳо рафтанд, ки хилофи Қарори Ҳукумати ҶТ аст. Бояд гуфт, ки маблағҳои 1,4 фоизӣ, ки барои солимгардонӣ нигаронида шудаанд, аз таркиби 25%-и фонди ҳифзи иҷтимоӣ ҷудо мегарданд. Харҷи ин навъ маблағҳо тибқи Қарори Ҳукумати ҶТ №34 аз 25.01.2017 «Дар бораи тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чораҳои солимгардонию пешгирикунанда» сурат мегирад, ки тибқи он корманди ниёзманд дар 2 сол 1 бор ба муддати аз 6 то 12 рӯз бо пардохти 30%-и арзиши роҳхат ҳаққи дар санатория истироҳат карданро дорад. Роҳбари литсей М.Шарбатов дар бораи андозаи маблағҳои 1,4 фоизӣ маълумоти дақиқ надорад ва ин масъулиятро ба дӯши Иттифоқи касаба мегузорад. Ҳол он, ки ташкил ва сафарбаркунии кормандон ба осоишгоҳҳо вазифаи роҳбарони ташкилоту муассисаҳо буда, Иттифоқи касаба масъул аст, фақат раванди истифода аз ин имтиёзоти давлатиро назорат кунад. Зимнан, дар Литсей ба пӯшидани либос ва дигар қоидаҳои муассиса низ диққати зарурӣ намедиҳанд. Дидем, ки иддае аз касбомӯзон бо дидани мо халатҳои ғиҷимшударо аз ҷузвдон бароварда, ба пӯшидан сар карданд. Маълум, ки онҳо либосҳои муқарраршударо дар ҳузури журналистон ё дар рӯзҳои “комиссия омад” мепӯшанд, ки як навъ назарфиребист. Литсей 85 коргар ва 385 хонанда дорад.

Саидҷаъфар Сафарзода
журналист, ш.Бохтар

саҳ 9 аз 15

Китобҳо

Flag Counter