ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 31 Январ 2019 09:18


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ман модари 4 фарзандам. Шаҳодатномаи 3 фарзандам гум шудааст. Барои барқарор кардани ҳуҷҷати кӯдаконам борҳо назди Бахтиёр Қурбонзода-мудири бахши САҲШ-и ноҳия рафтам. Он ҷо Зуҳро ном корманди бойгонии САҲШ аз ман барои аз нав кардан сари ҳар 1 шаҳодатнома “500 сомонӣ биёр” гуфт, ки ин дар умум 1500 сомонист. Азбаски ман аз оилаи камбизоатам, имкони ёфтани чунин маблағро надоштам. Хуллас, кор кашол меёфт. Писарам Анварҷон Бобоевро барои надоштани шаҳодатнома 2 сол боз ба мактаб қабул намекунанд. Имсол Анвар тайи 3 моҳ таҳсил кард, вале ман ба умеди Қурбонзода бозмондаму бачаамро боз аз мактаб пеш карданд. Дидам, ки ҳеҷ илоҷ нест, бо қарзу қавола 200 сомонӣ сари ҳар фарзандам (яъне 600 сомонӣ!) ёфта бурдам. Мудир “кам” гуфта нагирифт ва аз кабинеташ баровард. Барои гум кардани ҳамин ҳуҷҷатҳо қариб хонавайрон шудам. Чунки ҳар рӯз дари идораи САҲШ ё идораву ҷамоатҳо маълумотнома мегираму мераваму меоям... Дар танам курткаву дар поям пойафзолҳои шавҳарам... мераваму меоям, гардани каҷ мекунам, аммо дили Қурбонзода ва кормандонаш мисли санг барин.
Аз Рустам Шоҳмуродзода-вазири адлияи ҶТ эҳтиромона хоҳиш дорам, ки барои гирифтани шаҳодатномаи писаронам-Абдулло, Анвар, Зиёдулло Бобоевҳо кӯмак расонанд. Илтимос, дастамро гиред. Агар кори маро ҳарчӣ зудтар анҷом надиҳанд, мумкин аст назди дари идораи САҲШ бо кӯдаконам даст ба фалокате бизанам...

Уғулой Бобоева,
деҳаи Чорбоғ, н.Қубодиён, тел: 93 104 39 75

Панҷшанбе, 31 Январ 2019 09:11


Ҳама тимҳои футболи Тоҷикистон машқу тамринҳояшонро оғоз карданд, аммо аз дастаи «Равшан»-и Кӯлоб на ном ҳасту на хабар (нангу номуси кӯлобдорӣ куҷост???). Барои беҳбудии «Равшан» на аз тарафи шаҳрдорӣ, на аз сӯи соҳибкорони кӯлобитабор ягон хел дастгирӣ нест!!! «Равшан» дар солҳои 2012-13 унвони қаҳрамони Тоҷикистонро соҳиб гашт. Ҳатто Блаттер-Садри ФИФА барои он, ки ягон бозиро дар ҳини чемпионӣ набохта буд, дастаро табрик гуфт. Сарпарастияш он замон танҳо аз тарафи шербачаҳои ш.Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) ва бозори «Ҳоҷӣ Шариф» буду халос...
Р-авшан
А-долат
В-аҳдат
Ш-араф
А-срор
Н-омус

Чолу Саидшоҳ хизмат карданд…
Ногуфта намонад, ҳамун Саидшоҳ Шамолу Қурбони Чолов… ҳам ба мисли мову шумо кӯлобӣ буданду «Равшан»-ро бетараф нагузоштанд. То ҳатто дар солҳои нотинҷиву сахтиҳои ҷумҳурӣ маҳз онҳо нагузоштанд, ки «Равшан» аз байн равад, аммо мову шумо чӣ хизмате барои Кӯлоб кардему кардан дорем? Чаро дар чунин фазои тинҷу ором нисбати он бепарвоем? Дар Кӯлоб ҳар ободие мебинем, ҳамагӣ бо дастгирии Ҷаноби Олӣ асту халос. Соҳибкорони маҳаллӣ-ку мардона нависанд, барои Кӯлоб чӣ сохтанд??? Вилояти Суғд дастаи футболи Равшани худро сохт, аммо дастаи «Равшан»-и Кӯлоб аз байн рафта истодааст. Дар ноҳияи Зафарободи вил.Суғд дастае бо номи ФК «Равшан» бо бозингарони маҳаллияш, бо ҳунари ҳайратоварашон дар муддати кӯтоҳ ҳазорҳо мухлиси худро паёдо кардааст.
 
Зиҳӣ, Маҳмадзоҳир!!!
Ногуфта намонад, ки аз бозиҳои зебову диданӣ ва ҳунари мухлисони «Равшан»-и Кулоб сокинони тамоми манотиқи кишвар то ҳол ҳавас мехӯранд, то мисли он даста командае дошта бошанд. Боз ҳам аҳсант ба суғдиҳо! Офарин, ки дастае бо номи ФК Равшан сохтанд. Садҳо шердилу мардони бономуси зодаи Кӯлобро мебинем, ки дар тамоми манотиқи мамлакат ва берун аз он соҳиби вазифаю мартабаҳои баланданд, лек 1 нафаре пайдо нашуд, ки ҳадди ақал ба хотири номи Кӯлоб «Равшан»-ро каме ҳам бошад дастгирӣ кунад. Мухлисони «Равшан» доимо 1 шеър мехонанд барои сарпарасти ин даста-Маҳмадзоҳир-соҳиби бозори «Ҳоҷӣ Шариф»:
Маҳмадзоҳир мард аст,
Хайру саховатмард аст!
Дар инкишофи Равшан,
Ӯ бузургтарин фард аст!
Дастаи футболи «Равшан»-и Кулоб аз Лигаи Олӣ ба Лигаи 1 фаромад ва дар ҳоли ҳозир аз Лигаи 1 ҳам дар ҳолати барҳамхӯрӣ қарор дорад. Аз кулли соҳибкорони кӯлобӣ эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ба мушкилоти дастаи «Равшан»-и Кӯлоб чораандешӣ кунанд, то мардуми Кӯлоб аз шунидани номи чунин мардони баномус фахр созанд. Мо Метавонем!!!

Диловар Қурбонов,
мухлиси футбол, ш.Кӯлоб


«Киллер»-и Равшан кӣ буд???
Аз СССР: Мехоҳед «қотили Равшан»-ро донед? Ин шумо-мухлисони сарсупурдааш қотили Равшанед ва инро мардона бояд касе ба шумо мегуфт, ки мо ҳам гуфтем. Зеро мо метавонем!
1.    Кадоме аз шумо тӯли ин қадар сол ақаллан ба 3 сомонӣ билет харидед?
2.    Чаро ҷангу ҷанҷолу хархаша мекардед?
3.    Чаро мошинҳоро чаппаву вазъро ноором месохтед?
4.    Магар мухлисӣ ин авбошист???
…Ана ҳамин беодобиву авбошиву «крахабориятон» буд, ки даста барҳам хӯрд. Зеро агар 20000 мухлис бо 3 сомонӣ билет мехарид, дар ҳар бозӣ даста 60000 сомонӣ даромад меёфту агар 5 сомонӣ мехариданд-100.000 сомонӣ даромад ва умри клуб дароз мешуд! Инро мо ҷавонмардона мегӯем, зеро худ мухлиси Равшан будем. Мо Метавонем!
Сарватмандони Кӯлобро наҳ назанед. Зеро онҳо бо ибтикори газетаи мардумии СССР чанд сол пеш ҷамъ шудаву беш аз 2 млн сомонӣ ёфта, ба фонди Равшан рехтанд, ки онро ҳам клуб фурӯ бурд. Зеро футбол варзиши серхароҷот аст. А, шумо, чӣ фикр доред, аз Ганаву Ӯзбекистону Эрон бе пул омада дар Равшан мебозиданд? Ана ҳамон соле, ки Равшан ҷои 3-ро гирифту шумо-мухлисонаш дар 3 сомонӣ 1 билет нахаридед, клуб пурра бонкрот шуд. Аввал гиребони худро бӯй кардан лозим. Хатои мо-мухлисонаш буд, ки Равшан маҳв шуд. Суғдиҳо бошанд, барои клуби худ ба 10-20 сомонӣ билет мехаранд. Зеро медонанд, ки ин пул клубро наҷот мебахшад.
Сахт гуфтем? Хуб кардем! Мо Метавонем!!!

Панҷшанбе, 31 Январ 2019 09:07

Ёди ҳамкасб

Чоршанбе, 30 Январ 2019 16:57


Дар Сарраёсати Агентии омори назди Ҳукумати ҶТ дар вилояти Хатлон нишасти матбуоти баргузор гардид. Сардори ин ниҳод Давлатзода Зарина ба саволҳои хабарнигорон посухҳои мушаххас дода гуфт, ки тибқи маълумотҳои оморӣ дар с.2018 6002 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи с.2017 1,6% кам аст. Аз ин шумора 1273 ададаш ҷиноятҳои вазнин буда, нисбати с.2017 5,2% зиёд аст. Ҳодисаҳои дуздӣ 1589 ҳолат, ки нисбати с.2017 5,8% кам аст. Нисбати с.2017 ҷиноятҳои куштори бадқасдона ва суиқасд ба куштор 10% кам аст.

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Чоршанбе, 30 Январ 2019 16:52


Дар с.2018 суди вилояти Хатлон 124 парванда оғоз кардаанд, ки аз ин 130 нафар мард ва 10 нафар занро ба мӯҳлати гуногун аз озодӣ маҳрум намудаанд. Зимни нишасти матбуотӣ дар додгоҳи вилояти Хатлон, раиси додгоҳ Мирзозода Рустам ба саволи хабарнигори СССР гуфт, ки дар соли 2018 124 парванда оид ба ҷинояти вазнин бо моддаҳои 401, 307, 179,187,189 ва 104 оғоз карда шудааст, ки аз ин шумора 10 нафарашон зан мебошад.

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон 

Чоршанбе, 30 Январ 2019 16:44


Имрӯз, 30 январ, дар нишасти матбуотии Прокуратураи вил.Хатлон, прокурори вилоят Маҳмудзода Насрулло иброз дошт, ки дар соли гузашта 214 ноболиғ ҷиноят содир кардааст, ки аз ин 91 нафари онҳо хонандаи мактаб буданд. Ҷинояти содиркардаи онҳо дуздӣ, авбошӣ ва зарари ҷисмонист. Ҳамчунин, соли гузашта дар вилоят 272 ҷинояти хусусияти террористию экстремистӣ дошта ошкор ва оид ба ин ҳолатҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
 

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Чоршанбе, 30 Январ 2019 16:43

  Рӯзи 29.01.2019, тахминан соати 18:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Куканиев Арабшо Аҳмадович, соли таваллудаш 1969, сокини деҳаи Курговади н.Дарвоз, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Қалайхумб-Хоруғ”, дар ҷамоати деҳоти Вишхарв аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи “Панҷ” чаппа шудааст.
    Чуноне ки аз маркази матбуоти ВКД ҶТ ба мухбири СССР хабар доданд, дар натиҷа, мусофирони автомашинаи мазкур шаҳрвандон: Худододов Суҳроб Мамаднабиевич, соли таваллудаш 1978, Маъзамова Бунафша Бороновна, соли таваллудаш 1975, Маъзамова Маҳина Бороновна, соли таваллудаш 1990, Абдуллозода Алиҷони Орзӯ, соли таваллудаш 2013, Ҷалолова Гуландом Саидраҳмоновна, соли таваллудаш 1982, Давлатзода Абубакри Отамбег, соли таваллудаш 2012, Давлатзода Нигинаи Отамбег, соли таваллудаш 2013, Давлатзода Усмони Отамбег, соли таваллудаш 2016, Давлатзода Умари Отамбег, соли таваллудаш 2015, сокинони деҳаи Курговад ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Гуфта мешавад, ки худи ронанда, Куканиев А.А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ гардидааст. Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.


Чоршанбе, 30 Январ 2019 16:32

 

Сипос ба Сарраёсати кофтукоби ҷиноии ВКД ҶТ, ки мо-Тоҷиконро оҳиста-оҳиста ба Ватан бармегардонад…

саҳ 2 аз 15

Китобҳо

Flag Counter