ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 24 Октябр 2019 09:11

Чоршанбе, 23 Октябр 2019 15:27

Аз ҷониби Раёсати ВКД ҶТ дар ш.Душанбе зимни баргузор намудани амалиёти шартии «Корд» 13 адад корду электрошокер ва кастету дастчӯби оҳанин мусодира карда шуд.

   Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Раёсати мазкур хабар доданд, дар байни шахсоне, ки аз онҳо олоти сарди буррандаю халанда пайдо ва мусодира карда шуд, 4 нафар хонандаи мактабҳои миёнаи пойтахт низ будаанд. Дар рафти гузаронидани амалиёт аз ҷайби 1 нафар хонандаи синфи 11 МТМУ №31 н. Шоҳмансур 1 адад воситаи махсуси барқдиҳанда-электрошокер, аз дасти хонандаи синфи 10 “В”-и Литсейи иқтисодии барои хонандагони болаёқати ш.Душанбе 1 адад дастачӯби оҳанин (дубинка), аз ҷузъдони хонандаи синфи 7 МТМУ №92-и н.Сино 1 адад корд (финка) ва аз ҷайби хонандаи синфи 11-и МТМУ №81-и н.Сино 1 адад корд (финка) дарёфт ва мусодира гардид. 

  Барои зоҳир намудани бепарвоӣ дар таълиму тарбияи фарзандон тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” нисбати волидайни ноболиғон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, чораҳои зарурӣ ҷиҳати татбиқи талаботи қонунгузорӣ андешида шуда истодааст.

 

Чоршанбе, 23 Октябр 2019 11:20

(«Ликбез» барои масъулини эродгир)

Вазорати фарҳанги ҶТ бо ирсоли 1 номаи эътирозӣ ба унвони идораи Газетаи мардумии СССР-аз 20.09.2019, таҳти №1-04/2597, ки бо имзои шахсии Шамсиддин Орумбекзода расидааст, ҳайати эҷодии ҳафтаномаро ба вайрон намудани муқаррароти моддаҳои 3-и Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаҳои 4 ва 6-и Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» айбдор сохт. Дар номаи Орумбекзода аз ҷумла омадааст: «Дар мақолаҳо овардани мафҳумҳои «оппонентҳои мо», «муфаххирам», «ҷалабизм», «фархак-памперс», «тряпка-латтамард» ва бисёр дигар мафҳумҳо ба муқаррароти қонунҳои мазкур ҷавобгӯ набуда, маълумот ва ҷавобгарии муаллиф ва нашрияро талаб менамояд». Инчунин, дар идомаи нома гуфта мешавад, ки ҳангоми навишти ин калимаҳо имлои забони тоҷикӣ риоя нагаштааст.

Хуб, ҷаноби вазир! Дар масъалаи калимаҳои дигар чизе намегӯям, зеро агар хуб кобему ҷӯему омӯзем, ҳатман онҳо решаи тоҷикӣ хоҳанд пайдо кард, аммо ҳоло ман мехостам таваҷҷӯҳи шуморо ба 1 калима-«фархак» ҷалб намоям. Бояд бигӯям, ки фархак калимаи шевагӣ буда, мардуми кӯҳистони тоҷик аз қадимулайём 1 латтаеро печонида байни пои кӯдаки навзоду ширхор мегузоштанд, то ин ки либосҳои дигарашро тар накунад, фархак мегуфтанду ҳоло ҳам мегӯянд. Бовар дорам, ҳатман рӯи сибаи гоҳвораи шумо ва дигар нуктагирони газетаи мардумӣ, модаронатон ҳатман фархак мегузоштанд! Истифодаи ин калимаи зебои лаҳҷавӣ ба ҷои «ӯребча», ки аз памперси имрӯз қабулшуда садҳо км дур аст, чӣ бадӣ дорад!? Охир, ба истифода баровардани калимаҳои зебои лаҳҷавию шевагии забони тоҷикиро, ки ганҷинаи пурфайзи забони модарӣ ба ҳисоб мераванд, чанде пеш дар арафаи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон низ ба Шумо ва дигар масъулони ин соҳа таъкид ҳам карда буд:

«Дар раванди таҳияи дастурҳои истилоҳсозӣ ба лаҳҷаву шеваҳои забони тоҷикӣ, ки ганҷинаи пурфайзи забони модарӣ ба ҳисоб мераванд, бояд таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад. Дар таркиби шеваҳои мардуми мо ҳазорон калимаҳои асилу ноби тоҷикӣ мавҷуданд, ки бо сабабҳои гуногун аз доираи истеъмол берун мондаанд. Вазифаи аввалиндараҷаи забоншиносону фолклоршиносон ин аст, ки зимни таҳқиқоту ҷустуҷӯҳои илмӣ чунин калимаҳоро аз дохили шеваҳо дарёфт карда, онҳоро ба доираи муомилоти забони адабии тоҷикӣ ворид намоянд.»

Эмомалӣ Раҳмон, 4.10.2019, ш.Душанбе

   Уребча-рӯмоли секунҷа ё памперс?

Калимаи уребча дар Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ маънои рӯмоли сегӯша ва ё секунҷаи занонаро дорад. Ҳатто тарҷумаи он бо забони русӣ низ «косынка» буда, дар саҳфаи интернетии «Вожаҷӯ» низ уребча ба маънои сарбандаки сегӯшаи занона омадааст. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ бояд сари ин масъала ҷиддӣ андешад, ки чӣ гуна сарбандаки сегӯшаи занона имрӯз памперс шудаву кушоду равшан бо ин ном таблиғ мешавад.

Воқеан, ҳам калимаи уребча дар шеваи мардуми Суғд, хоса, Истаравшану Зафарободу Деваштичу Исфараву Конибодом ва Ашту Мастчоҳ хеле зиёд истифода шуда, чуноне ки модари ҳамкасби мо-Пӯлод Нуров иброз дошт, он ба маънии рӯмоли секунҷаест, ки занҳо дар иду тӯйу сур яктарафа карда мебастанду ба ҷашн мерафтанд. Арӯсони нав низ рӯмоли сегӯшаро гирди тоқӣ баста, ба сар мекарданд. Дар ин бора ба мо ҳатто холаи кӯлобӣ-момаи Бибихоли 82 сола аз н.Ҳамадонӣ, ки меҳмони духтараш буд, иттилоъ дод. Холаи Бибихол низ афзуд, ки арӯсони суғдӣ рӯмоли сегӯшаро ба сар қаҷ баста, онро уребча мегӯянд. Дар Кӯлоб ин тарзи рӯмолбандиро «чунг ё чунгак» мегӯянд. Ин маъниро боз 10 нафар занони рӯзгордида низ тасдиқ намуданд ва ҳоло боз ҳам суол ба Гавҳарбону Шарофзода ва Шамсиддин Орумбекзода дорем, ки чаро ва чигуна уребчаро аз тоқи сари арӯсон то таки кӯдак фаровардаву памперс кардаанд? Оё ҷои таҳқири уребчаи бонувони шимол, «памперсу подгузник»-ро фархак гӯем, беҳтар нест!? Ба пиндори мо фархак 100% метавонад номи русии «памперс» ё «подгузник»-ро иваз намояд ва ин дурусттарин намунаи тарҷумаи ин калимаҳост, на уребчае, ки ҳоло ба пуррагӣ истифода мебаред! Мо Метавонем!

Мину Аминзода, СССР

 

Чоршанбе, 23 Октябр 2019 11:17

Салом, СССР! Ман чун омӯзгори забон ва адабиёт дар сӯҳбат бо хонандагони синфҳои болоӣ пурсидам, ки «сосулка»-и русӣ дар забони Тоҷикӣ чӣ мешавад, касе ҷавоби дуруст дода натавонист. Баъди андешаҳои зиёд ба «сосулка»-и русӣ чунин номро дарёфтам: азбаски бегоҳирӯзиҳо барф об шуда, аз лаби шифери хона ба поин мешорад ва аз сармо ях мекунад, онро яховеза ё ки яхвеза номидан мумкин. Синои бузург 1 китоби худро ба забони Тоҷикӣ навишта, онро «Донишнома» номидааст. Ин вожаи хушоҳанг маънои васеи фарогир дорад, аммо чӣ дар адабиёти хаттӣ, чӣ дар гуфтугӯи мардум он кам ба кор бурда мешавад. Маълум аст, ки китоб кони дониш аст. Ибораи «Китоби дарсӣ» моли забони Тоҷикӣ нест. Варианти бисёр хуби Тоҷикиаш «Донишномаи омӯзиш» аст.

Садриддин Низомов,

муаллим, н.Ваҳдат

 

Чоршанбе, 23 Октябр 2019 11:13

 

Эрдуғон гуфт, ки агар роҳбарони кишварҳои аврупоии НАТО амалиёти Туркия дар қаламрави Сурияро "таҷовуз" бихонанд, Ӯ марзро ба рӯи 3,6 млн паноҳандаи суриявӣ боз намуда, онҳоро равонаи Аврупо мекунад. Аврупо талхакаф шуд!!!

9.10.2019 бо дастури Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Ҷумҳурии Туркия дар минтақаҳои наздимарзии ин давлат бо Сурия ва қисман қаламрави он амалиёти вежаи низомии «Чашмаи сулҳ» оғоз гашта, тавре хабаргузориҳои расмии Туркия мегӯянд, бо гузашти 6 рӯзи ин амалиёт дар хоки Сурия аллакай беш аз 450 нафар ҷангҷӯ кушта шуданд. Бояд гуфт, ин амалиёти артиши туркиро дар ҳудуди Сурия СММ ва 1 қатор кишварҳои аврупоӣ танқид намуда, онро «таҷовуз» ба хоки Сурия хонданд. Бархе аз мансабдорони баландпояи СММ ва НАТО гуфтанд, ки мақсади амалиёт танҳо 1 чист-ҳарчӣ дуртар намудани ҷанговарони «Ҳизби коргарони Курдистон», ки Туркия онҳоро душман ҳисобидаву барои ҳукуматаш хатар медонад, аз марзи ин кишвар буда, он ҳеҷ ҳамбастагие бо мубориза алайҳи терроризму экстремизм, хосса Давлати Исломӣ надорад. Дар ин амал Туркияро танҳо 1 давлат-Федератсияи Россия дастгирӣ карду халос.

Доналд Трамп-президенти Амрико бошад, чанд рӯз пеш аз ин юриши туркӣ ба Эрдуғон ҳушдор дод, ки агар ба ин амалкард даст занад, «иқтисодиёти Туркияро варшикаста месозад!»…

Заб касеро тарсонид? Раҷаб Тайип дар пайи ин таҳдид ӯро низ гӯшзад кард, ки «Армияи Туркия дуввумин калонтарин артиш дар НАТО аст» ва Трамп алафашро пасттарак чарад…

Сафир: “Мақсади мо ғасб нест!”

Алӣ Рифат Кёксол, сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи дуюми оғози амалиёти «Чашмаи сулҳ» дар толори сафорати ин давлат дар Душанбе нишасти матбуотӣ таъсис дода, зимни он таъкид дошт, ки сиёсат ва мақсади кишвараш-ин ҳифзи ягонагии давлати Сурия аст, на ғасби он. Дар вақти сӯҳбати хеш бо хабарнигорони тоҷик Кёксол гуфт, ки сар аз 9.10.2019 нерӯҳои мусаллаҳи Туркия бо таъсиси 1 амалиёти вежаи “Чашмаи сулҳ” вориди хоки Сурия гашт, ки он бо мақсади мубориза бо ҷангҷӯёни террористу экстремист ва ҳарчӣ бештар озоду тоза кардани минтақаҳои ғасбкардаашон барои мардуми таҳҷоӣ, ки айни замон ҳамчун гуреза дар қаламрави Туркия қарор доранд, роҳандозӣ шудааст. Амалиёти “Чашмаи сулҳ” дар шарқи дарёи Фурот оғоз ва дар 2 рӯзи гузаштаи он аллакай чандин мавзеҳои аҳолинишин аз ҷангҷӯён озод карда шудаанд. Тибқи иттилои расида, дар 2 рӯзи аввали ин амалиёт 277 ҷангҷӯ аз ҷониби артиши турк маҳв шуд.

-Бархе аз кишварҳои ғарбӣ ва расонаҳои матбуотии ин кишварҳо ба хотири фиреб намудани мардум ва зидди Ҳукумати Туркия шӯронидани ҷомеаи ҷаҳонӣ, бо баҳонаи ин амалиёт аксҳои 2 сол пешро тағийр дода, бо навбат нашр карда истодаанд. Бояд бигӯям, ки ин амалиёт нахустин нест, аз ин пеш ҳам артиши Туркия вориди қаламрави хоки Сурия гашта, бо баргузории 2 амалиёти низомӣ дар солҳои 2017 ва 2018 қисме аз хоки ин давлатро, ки ғасб шуда буд, озод намуда, ба ин васила 365.000 паноҳандаи суриёиро ба Ватан баргардонид. Мо хилофи ягон санаду ҳуҷҷати СММ ва дигар созмону ташкилотҳои башардӯстонаи ҷаҳонӣ амал накардаем. Коре, ки Туркия ҳоло дар Сурия анҷом медиҳад, ба хотири арзишҳои инсонист, на чизи дигар. Ғайр аз ин, Туркия ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки дар марзи кишвараш давлати террористӣ бунёд гардад, -таъкид дошт сафир.

Эрдуғон: «Марзро боз мекунам!»

Эрдуғон рӯзи 10.10.2019 гуфт, агар роҳбарони кишварҳои аврупоӣ амалиёти Туркияро дар қаламрави Сурия "таҷовуз" бихонанд, ӯ омода аст марзро ба рӯи 3,6 млн паноҳанда боз ва онҳоро равонаи Аврупо кунад. Пас аз шурӯи амалиёти мазкур аксари сарварони кишварҳои абарқудрати олам, аз ҷумла, ИМА-Доналд Трамп ва сарвазири Британия-Борис Ҷонсон онро маҳкум намуда, изҳор доштанд, ки Туркия ин амалиётро хилофи санадҳои СММ ва НАТО оғоз карда, ба истисмор ва маҳви курдҳо дар минтақаҳои наздимарзии Сурия машғул аст. Башор Асад, сарвари кишвари Сурия низ тасмим гирифт, қӯшунҳои миллии низомиро ба ин минтақа равон намояд, то ин ки артиши турк мавқеи қаблан ишғолкардаи қушунҳои Сурияро дар ин макон хароб насозад. Бархе аз хабаргузориҳои ҷаҳонӣ дар чанд рӯзи охир навиштанд, ки ин амалиёти роҳандозикардаи Туркия дар Сурия даъватест ба ҷанг бо кишварҳои узви НАТО, ки дар Сурия ва дигар кишварҳои Ховари Миёна мустақар буда, омодаи эълони ҷанганд. Бояд гуфт, Туркия низ узви созмони НАТО буда, артиши он пас аз артиши ИМА аз лиҳози теъдод ва имконият дар ҷои 2 қарор дорад. Яъне НАТО пас аз сари олами исломро хӯрдан сари хешро низ мехӯрад? Ҳатман! Дилхоҳ имперотурии ҷангҷӯ рӯзе не рӯзе ба мушкили дохилӣ мувоҷеҳ мегардад. Сарнавишти НАТО ҳамон сарнавишти Шартномаи Варшаваи сотсиалистист. Интизор мешавем. Мо Метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

Чоршанбе, 23 Октябр 2019 11:09

(Аз дафтари хотира)

Бо устод Низом Қосим дар дафтари кораш машварате доштем... Ҳама нима монд, чун ба меҳмонии устод, аввал нависанда Сайфи Раҳимзод омад ва пас аз даме, устоди суратгарӣ Олимпур дами дар буд. Ба устодон чой мерехтам, ки устод Раҳмони Остон омад ва андаке нагузашта, устод Мастон. Устод Остон аз кадом як суратгаре ва нақши гове қиссае намакин мекард, ки аз дар устод Бозор Собир даромад. Дуруд бифиристоду бо ханда гуфт:

-Агар касе бигӯяд, ки "обонкрот" чӣ мешавад, 1 байташ менависам, балки 1 соядаст ва китобамро армуғонаш мебарам.

Ҳама дар хаёл уфтоданд... Чун устод Бозор ҷавобе нагирифт, гаҳе, ки аз дар бурун мерафт, дигарбора бо ханда гуфт:

-Ин мардум на байт мехоҳанду на шоҳбайт! На сояву на соябасту на соядаст...

Банда пас аз ним соат бо устодон хайрухуш кардам. Дар дами дарвозаи ИНТ дубора бо устод Бозор сар задем, ки сигор равшан карда буд.

Гуфтам:

-Устод, "обонкрот"-ро фаҳмидед?

Хаёлӣ фармуданд:

-Барои байте лозим аст... валлоҳ, ки дар нӯги забонам буд, аммо...

Гуфтам:

-Устод, шояд "варшикаста" бошад.

Хеле хушҳол гашту гуфт:

-Нав сарат омад? Чаро он ҷой нагуфтӣ?

Гуфтам:

-Устодо, он ҷой устодон буданд... беҳурматӣ мешуд... шояд...

Ба китфам бо дасти муборак тап-тап заду гуфт:

-Офарин!

Ва бо хандаи ширине изофа фармуд:

-Пагоҳ барои китобат биё...

***

Омадам. Бароям навишт, дар муқоваи китоб:

Натавонӣ шудан ту Юсуфи Миср,

Метавонӣ ту гашт Юсуфи шеър!

 

Муҳаммадюсуфи Давронзод,

адиб

 

Чоршанбе, 23 Октябр 2019 11:07

Узви Ихвон-ал-СССР, Мирзоолим Алимзода, аз ноҳияи Айнӣ дар меҳмонии СССР гуфт, ки дар 2 мавзуъ кутоҳ гуфтаниям:

1.Дар ҳама деҳаҳои наздимарзӣ 2 миллат-тоҷику ӯзбек аз қадим хешу таборанд. Тӯю маърака якҷоя мегузарад. Бо рафиқони наздики ӯзбек моҳе 1 бор «гаштак» дорем. Ҳар нафар аз миллати худ мефахрад, мисле ки ман аз Тоҷик буданам фахр мекунам, барои он, ки Имоми Аъзам Тоҷик аст. Мусалмонони ҷаҳонро савол диҳанд, ки маҳзаби киро дорӣ, мегӯянд: Имоми Аъзам! Ҷаноби Олӣ, муҳтарам президенти мо Тоҷик будани он касро ба оламиён муаррифӣ кард. Ҳама тан доданд.

2.Дар даврони шӯравии сотсиалистӣ мо коммунизм месохтем. Ба қавле аллакай сохта будем ва нафаҳмида мондем. Шоҳу гадо - ҳама баробар буд. Ҳарчанд, ки аз чорчӯбаи барқароркардаи партия берун гап задан ва рафтор кардан мумкин набуд, лек худро хушбахт ҳис мекардем. Табобат, таҳсил ройгон буд. Баъди хатми омӯзиш давлат ба кор таъминат мекард. Ҳоло чӣ? Ҳатто мактаби миёна, ки ҳатмист, бо пул аст. Дар бораи табобат ҷои гап нест. Пул надорӣ-касал нашав! Вассалом! Бо ин вуҷуд мо миллати пуртоқатем. Чӣ мушкилотеро паси сар накардем! 

 

Чоршанбе, 23 Октябр 2019 11:06

Дар асоси қарори ҳайати Мушовараи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2019, №8 БДА ҶТ «Амонатбонк» барои иҷрои софдилонаи қонунгузории андоз, саҳми арзанда дар рушди иқтисодиёт ва буҷети давлатӣ андозсупорандаи беҳтарини соли 2019 интихоб шудааст. Роҳбарият ва ҳайати кормандони БДА ҶТ “Амонатбонк” тасмим гирифтаанд минбаъд, низ масъулият ва ҳамкориҳоро дар ҳама самт ҷоннок намуда, сиёсати иҷтимоии мамлакатро бо мувафақият, пеш мебаранд.

 

Таҷлили "Рӯзи забони давлатӣ" дар БДА ҶТ «Амонатбонк»

  Дар толор-маҷлисгоҳи Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо иштироки раиси Раёсат Икромӣ Сироҷиддин ва дорандаи мукофоти Давлатии ба номи Рӯдакӣ, шоир ва нависандаи Тоҷикистон Камол Насрулло, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Аълочии матбуот, Ҳунарманди шоиста ва мардумии Тоҷикистон ва кормандони дастгоҳи марказии Бонк бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

 Ҷаласаро раиси Раёсат Икромӣ Сироҷиддин ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба Рӯзи забони давлатӣ табрик намуда, иброз доштанд, ки забони тоҷикӣ ва рушди ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ доштани он мебошад ва муҳимтар аз ҳама, рамзи истиқлолияти давлатии мо ба ҳисоб меравад.

Аз ин лиҳоз, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар кишвар 5 октябр, ҳамчун "Рӯзи забони давлатӣ" ҷашн гирифта мешавад.

Дар идомаи ҷаласа, меҳмонон Устод Камол Насрулло ва Ортиқ Қодир аз таърихи бою ғании забони тоҷикӣ ва ҳифз намудану гиромӣ доштани суннатҳои ниёгон аз ҷумла фарҳанги миллӣ, , ки ойинаи таърихи халқу кишварамон ва василаи пайванди имрӯз бо гузашта мебошанд ёдовар шуда ба иштирокчиён аз ашъорҳои пандомез ва саршор аз меҳру муҳаббати меҳанпарастӣ буд, порчаҳои шеър қироат намуданд.

Дар фарҷом, раиси Раёсат Икромӣ Сироҷиддин иброз доштанд, ки сарчашма ифтихори ватандорӣ аз донистани таърих, забон ва фарҳанги миллат машъал мегирад ва инро мо бояд шиори ҳамарӯзаи худ қарор бидиҳем.

 

Иштироки фаъолонаи бонувони БДА ҶТ “Амонатбонк” дар Фестивали ҷумҳуриявии "Ҷилваи рангҳо"

  Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе дар Майдони 800-солагии Москваи пойтахти мамлакат даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии "Ҷилваи рангҳо" доир гардид, ки дар ин фестивал 30-нафар бонувони БДА ҶТ “Амонатбонк” бо либосҳои ягонаи корӣ, иштирок намуданд. 

  Сараввал муовини Раиси ш.Душанбе, Мавсума Муинӣ ҳамаи иштирокчиёни фестивалро хайрамақдам намуда, иброз доштанд, ки Фестивали "Ҷилваи рангҳо" ба хотири тарбияи эҳтироми арзишҳои фарҳанги либоси миллӣ, ҳисси зебоипарастӣ, боло бурдани маданият ва бедор намудани завқи баланди либоспӯшии аҳли ҷомеа, бахусус баланд бардоштани нақшу мақоми либосҳои миллӣ ва муосири кӯдакон, наврасон, ҷавонон, духтарон, занон ва мардон ва риояи тарзи пӯшидани онҳо дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва қарори марбути Раиси шаҳри Душанбе созмон дода шудааст.

 Фестивали "Ҷилваи рангҳо" дар  8 (ҳашт) бахш, аз ҷумла либосҳои қадима ва муосири кӯдакону наврасон, либосҳо барои персонажҳои афсонавӣ, либосҳои рӯзмараи ҷавондухтарон, бонувон ва модарон, либосҳо барои ҷавонон, мардон ва мӯйсафедон, либосҳои маросимӣ ва идона, либосҳои расмӣ (протоколӣ), либосҳои фароғатӣ ва либосҳо барои хона ва корхона созмон дода шуд.

Бояд, қайд намуд, ки фестивали мазкур либоси миллӣ ва муосир ҷиҳати арҷгузорӣ ба фарҳанги либос ташкил гардида, ҳунари волои халқи тоҷикро дар дӯхти либосҳои миллӣ таҷассум месозад.

Хотимаи Фестивал аз ҷониби Кумитаи тадорукот натиҷагирӣ шуда, ғолибон бо диплому тӯҳфаҳои хотиравӣ ва "Сипоснома"-ҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд.

 

Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» озмуни «Бозёфти таърихи»-ро барои осорхонаи бонк эълон менамоянд

Мизоҷон ва ҳамкорони азиз, агар Шумо дар хона ва хазинаи худ пулҳои коғазӣ, тангаҳо, вомбаргҳо, векселҳо, картатекаи нафақагирон, расидҳо, дафтарчаҳои амонатӣ ва нафақавӣ, сейфҳои кӯҳна дошта бошед, метавонед онро ба осорхонаи «Амонатбонк» оварда саҳми худро дар маҳфуз нигоҳ доштани таърихи бонки давлатӣ гузоред.

Саҳмгузорандагонро мукофотпулӣ интизор аст.

 Суроға барои қабули ашёҳои номбаршуда: ш.Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 24. Хадамоти матбуот ва реклама, телефонҳо барои маълумот: +992 44 600 00 34 ё рақами кӯтоҳи 1885.

 

Шӯъбаи матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк»

                    

 

саҳ 4 аз 13

Китобҳо

Flag Counter