ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 23 Октябр 2019 10:56

 

Чоршанбе, 23 Октябр 2019 10:45

 

Чоршанбе, 23 Октябр 2019 10:43

 

Чоршанбе, 23 Октябр 2019 10:34

 

Орзуи ноумед

Овози ин фард дар 1 буръае аз таърих воқеъан афсонавӣ гардид ва ба соҳибаш шуҳрати зиёд овард. Солҳои тӯлонӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ Юрий Левитан меҳмони ҳар хонадон буд ва хабарҳои хубу бадро ба самъи шаҳрвандон мерасонд. Дар ҳақиқат, наттоқи радиёӣ Юрий Левитан, яке аз маъруфтарин чеҳраҳои собиқ СССР будӣ. Ибораи "Маскав гап мезанад" (“Говорит Москва”), ки ба таъбире корти брендии Левитан гардид, ба хурду бузурги СССР ошно буд.

Юрий Левитан (Юдка Беркович) 19.09.1914 дар вилояти Белгород ба дунё омадааст. Аз хурдӣ мехост синамогар бошад ва ният дошт дар ин ҷода шӯҳрати ҷаҳонӣ касб кунад. Пас аз хатми мактаб ба Маскав омад ва ҳуҷҷатҳояшро ба техникуми синамогарӣ супурд. Мутаассифона, аъзои комиссия дар симои ин ҷавон синамочиро надиданд ва ӯро ноумед карданд. Аз техникум ноумед берун омад ва сари роҳ рӯи сутуне эълонеро дид. Дар эълон гуфта мешуд, ки радио барои интихоби барандагон озмун эълон кардааст. Левитани ҷавон қарор дод 1 бор дар ин самт ҳам бахташро санҷад ва ин интихобаш дуруст баромад. Ба озмун рафт, лек ин ҷо низ дар оғоз кораш омад накард, зеро бо лаҳҷаи белгородӣ сӯҳбат мекард ва дар ин шева мардум ба ҷои "а" ҳарфи "о"-ро истифода мебурданд. Бо вуҷуди ин, овози Левитан аъзои озмунро шефта кард ва ба ӯ пешниҳод доданд, ки дар ҳайъати гурӯҳи шогирдони Радиокомитет 1 давраи омӯзиширо гузарад. 

Шаби тақдирсоз

Левитан фаъолияташро дар радио оғоз кард. Дар аввал танҳо рӯзномаҳоро интиқол медод ва барои кормандон қаҳва омода мекард. Ба таъбире, курери ин коргоҳ шуд. Бо ин кори рӯзонаи Левитан поён меёфт ва кори шабонааш сар мешуд. Наттоқи оянда шабҳоро дар омӯзиши тӯлонӣ пушти сар карда, мекӯшид лаҳҷаашро дуруст кунад. Рафта-рафта ин нуқсро бартараф кард ва баъди чанде ба ӯ иҷоза доданд, дар эфири шабона, нашрияҳои давриро қироат кунад, то дуртарин сокинони кишвар тавонанд пеш аз ҳама аз ахбори асосии Маскав огоҳ шаванд.

Чоршанбе, 23 Октябр 2019 10:30

17.10.1991. Дар СССР оператори ГласНет ба кор шурӯ кард. Ин аввалин оператори мобилӣ дар ҳудуди СССР буд, ки кишварро ба шабакаи Интернет мепайваст.

18.10.1920. Дар бинои Хонаи матбуоти Маскав Анҷумани I-уми Умумирусиягии нависандагони пролетарӣ баргузор, низомномаи иттиҳоди нависандагони пролетарӣ қабул ва Ассотсиатсияи Умумирусиягии нависандагони пролетарӣ (ВАПП) таъсис дода шуд.

18.10.1921. Дар РСФСР декрети таъсиси мухторияти Қрим қабул ва Қрим чун мухторият вориди Русияи шӯравӣ шуд. С.1945 ба вилоят табдил дода шуд ва с.1954 Никити Хрушев онро ба РСС Украина ҳадя кард. Аммо Русия с.2014 дубора Қримро ба тасарруфи худ даровард.

18.10.1929. Аввалин парвози тайёраи мусофирбари "К-5". Он якумин тайёраи мусофирбарии СССР буда, бо теъдоди зиёд истеҳсол мешуд ва то с.1940 тайёраи асосии ширкати Аэрофлот будӣ.

19.10.1918. Дар РСФСР Коммунаи меҳнатии немисҳои Поволже таъсис дода шуд. Он баъди 5 сол ба Ҷумҳурии мухтори немисҳои Поволже табдил ёфт ва с.1941 аз ҷониби Сталин пароканда карда шуд.

19.10.1956.СССР бо Япония эъломияи муштаракеро қабул карданд, ки дар он гуфта мешуд, миёни 2 кишвар ҳолати ҷангӣ қатъ шуда, 2 тараф муносибатҳои дипломатиро барқарор мекарданд. Инчунин тибқи ин эъломия СССР баъди имзои созишномаи сулҳ, мебоист ҷазираҳои Хаобами ва Шикотанро ба Япония медод, аммо он имзо нагардид.

20.10.1929. Дар СССР КМ ВКП(б) расман коллективикунонии сартосарии хоҷагии қишлоқро эълон намуд. 

21.10.1917.Дар пойтахти Русия-ш.Петроград гарнизони ҳарбии шаҳр ба сӯи Кумитаи Муваққатии Инқилобӣ (ВРК) гузашт ва ин кори инқилоби болшевикиро осонтар намуд.

Чоршанбе, 23 Октябр 2019 10:27

(посух ба номаи Шӯҳрат Бобоумаров «Пеши раис рафтаму бехона шудам», (СССР, №26(563), 27.06.2019)

Аввалан вақте раис аз даъвогар Ш.Бобоумаров ва модараш дар сӯҳбати рӯбарӯ бо иштироки роҳбари дастгоҳ, мудири бахши ҳуқуқ ва раиси Ҷамоати деҳоти Истиқлол пурсид, ки «кай дар қабули ман будед?» гуфт, мо бо шумо вонахӯрдаем ва моро каси дигар қабул кард, вале кадоме аз муовинони раис буданашро гуфта натавонист. Баъдан вақте масъала дар ҳолати амалиёти судӣ аст, чӣ гуна роҳбари масъул ё идора ба ин қазия дахл карда метавонад? Аслан амалиёти хариду фурӯшро идораи нотариалии давлатӣ бо иштироки 2 тарафи ҳавасманд иҷро мекунаду ба он на ягон роҳбар, на ягон мақомот дахолат карда наметавонад. Инчунин чӣ гуна шахси номаълум, Гулямова Қизмой баъди фавти шавҳараш ҳавлиро чун мерос қабул карда, 25.01.2017 ба раиси ноҳия ҷиҳати ба ӯ вобаста намудан, ба фарзандонаш тақсим кардани он ва гирифтани сертификати истифодаи замин ба раиси ноҳия ариза навиштаасту баъд аз ҷониби ҷамоат, кумитаи замин санадҳо тартиб дода шуда, 11.05.2017 қарори раиси ноҳия баромадааст? Баъдан табиист, ки тамоми расмиятҳо иҷро мешаванду фарзандон (ба ҷуз Ш.Бобоумаров ва Бобоумарова Анорхол) соҳиби ҳаққи худ аз замин гашта онро бо розигии ҳамдигар мефурӯшанд. Пас 1 духтари солҳои тӯлонӣ дар Русия қарор дошта, ба ватан баргашта, албатта аз нарасидани мерос норизо шуда, бо бародари бо кадом сабабҳо мерос нагирифта, дили модарро ёфта, даъвои замини ҳавлии кайҳо аз ҷониби бародарону хоҳарон ба шахси дигар фурӯхташударо доранд. Акнун 2 нафари бе мероси падармонда хонаро ба соҳиби аслиаш намедиҳанд, ҳарчанд, ки ҳалномаи суд ҳаст. Яъне шахси ҳавлиро харида бе чораю тадбир мондааст.

Аюбзода Н.Н., 

раиси н.Шаҳринав

 

Чоршанбе, 23 Октябр 2019 10:24

Узви Ихвон-ал-СССР, Маъруф Иброҳимов аз ноҳияи Шаҳринав дар суҳбати телефонӣ гуфт, ки ман СССРро аз шумораи аввалинаш то ҳозир гирифта мехонам. Ғайр аз ин кадом газетае, ки дар бораи Сталин менависад, ҳатман харида мутолиа мекунам. Ман коммунист нестам, лекин Сталинро дӯст медорам. Охир, гапи дурӯғ ба кӣ лозим? Рост бошӣ ба поят хор намехалад. Дар даврони шӯравӣ ҳама серу пур зиндагӣ мекарданд, ҳич кас проблема надошт. Он вақт муаллим будам, аз фанни химияву биология дарс мегуфтам, 350-400 сӯм маош мегирифтам ва пасандоз ҳам мекардам. Акнун, биоем сари мақсад. Ман калимаи талоқро ҳич намефаҳмам. Шояд ин таъсири тарбияти шӯравӣ бошад, намедонам?! Фикр мекунам, ин калимаро бардоштан даркор. 1 бор ба худатон савол дихед, ки талоқ ба кӣ даркор? Ҳамчунин аз Ҳукумати кишвар ҳамчун 1 шаҳрванди қаторӣ хоҳиш дорам, ки ба ҳар муллое, ки ҳуқуқи никоҳ кунонидан дорад, мӯҳру печат дода шавад. Ин роҳи қонунии никоҳ аст.

 

Чоршанбе, 23 Октябр 2019 10:22

Узви Ихвон-ал-СССР, Абдурауф Холниёзов, аз ноҳияи Нуробод ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, ки имрӯз дар интернет мехонем, ҳар соҳибқалам сӯи устод Бозор Собир, Комил Бекзода… ҳарфи ноҷо мегӯянд, ки ин аз рӯи одоб нест. Устод Бозор шоири мардумӣ буд. Онҳое, ки устодро гапҳои носазо мезананд, таҳқир мекунанд, худ 1 мисрае дар сатҳи ӯ гуфтан наметавонанд. Аз ҷониби дигар мо-Тоҷиконро имрӯз аз рӯи чунин шоирони бузургамон мешиносанд, на ришу даҳони обнарасидаву пури нос. Шуаро сарвати фарҳангии моянд. Дигар халқу миллатҳои дунё ашхоси фарҳангии худро чун гавҳар пос медоранд, ки касе озор надиҳад. Инсон имрӯз ҳасту пагоҳ нест. Пас чӣ лозим, паст задани шаъну шарафи бузургон? 

 

саҳ 5 аз 13

Китобҳо

Flag Counter