ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 16 Октябр 2019 11:13

Дареғу афсӯс, ки аз 1 миллиону 300.000 мисраъ, ба ривояти дигаре аз 700.000 мисраъ, ба ривояте аз 300.000 байт ва ё ҳатто аз 100.000 байти устод Рӯдакӣ имрӯз беш аз 1000 байт расидаву бас. Ва ин аст, ки чун аз миёни сафҳаҳои китобе донишмандон қитъае ё байтеро аз устод пайдо мекунанд, табиист, ки боиси хурсандии ҳазорон ҳазор ҳаводори шеъри форсӣ дар саросари густараи бузурги забони форсӣ мешавад. Инак, донишмандони эронӣ Заҳро Насиришироз, Насруллоҳи Имомӣ ва Саҷҷоди Деҳқон устод ва устодёрони забону адабиёти форсии Донишгоҳи Аҳвози Ҷумҳурии Исломии Эрон аз луғатномае 3 байти тозаи устод Рӯдакиро пайдо ва онро зимни мақолае ба таваҷҷуҳи муҳаққиқон ва дӯстдорони адаб ироа додаанд.

Мақолаи эшон ба номи “Баррасии абёти тоза ва мансуб ба Рӯдакии Самарқандӣ дар фарҳанги “Луғати Ҳалимӣ” (Шарҳи “Баҳр-ул-ғароиб”) дар маҷаллаи “Матншиносии адаби форсӣ” (1397, шумораи 4(40) чоп шудааст. Бояд гуфт, фарҳанги “Луғати Ҳалимӣ” фарҳанги дузабонаи форсӣ ба туркӣ буда, дар ҳудуди асри 9 ҳиҷрии қамарӣ (15 мелодӣ) ба риштаи таҳрир даромадааст. Муаллиф вожаҳои форсиро ба забони туркӣ шарҳ дода, баъд ашъори шуарои форсизабонро ба шоҳид овардааст. Дар ин луғат (чунонки дар фарҳангҳои форсии дигар низ) ашъори Рӯдакӣ фаровон истифода шудааст. Зимнан, бояд таъкид кард, ки ин фарҳанг низ аз маъохизи устод Саиди Нафисӣ будааст, вале зоҳиран эшон аз нусхаи ноқисе аз ин луғат истифода бурдаанд, чун 3 байти тозаеро, ки танҳо дар ин луғат дида мешавад, дар китоби хеш наёвардаанд. Муаллифони мақола, 2 нусхаи ин луғатро, ки дар китобхонаи миллии Эрон ва китобхонаи Маҷлис нигаҳдорӣ мешавад, ҳамчунин фарҳанги Шуъуриро, ки низ фарҳанги туркӣ ба форсӣ буда, аз фарҳанги “Луғати Ҳалимӣ” таъсир гирифтааст, баррасӣ кардаанд. Инак, 3 байти навёфтаи Рӯдакӣ, ки дар ин фарҳангҳо омадааст ва дар ҳеч маъхази дигаре дида намешавад:

Мар маро дар банди ғам созад асир,

Чун зи пича бозгирад пичабанд.

Лозим ба таъкид аст, ки дар асли фарҳанг вожаҳои “пича” ва “пичабанд” ба гунаи “пунҷа” ва “пунҷабанд” омада, ва “пунҷа” ба маънии “пешонӣ” шарҳ шудааст ва муаллифони мақола бо барқарор кардани асли ин калимаҳо онро ба гунаи дуруст сабт кардаанд. Азбаски “пича” ва “пичабанд” вожаҳои хоси форсии мовароуннаҳрӣ будаанд (ки ба яке аз маъноҳояш имрӯз низ дар миёни тоҷикон роиҷ аст) бештари фарҳангҳои форсӣ ин калимаҳоро ба шаклҳои ғалати “пунҷа” ё “пунча” овардаанд. Байти дувум дар нусхаи Маҷлис ба сурати

Нахусб, кун сипарӣ кори он ҷаҳони дигар,

Зи пеши он ки кунад марг умри ту сипарӣ.

омада, вале дар нусхаи Китобхонаи миллӣ мисраи аввал ба гунаи

Махусбу кун сипарӣ кори он ҷаҳони дигар

омада, ки низ боиси тааммул аст. Ва муаллифони мақола ҳадс задаанд, шояд калимаи аввали байт “нахуст” бошад, ки ба фикри мо чунин нест ва ҳамон “нахусб”-у “махусб” афзалтар менамояд. Байти севум, ки зайли вожаи “навард” ба маънои “дархуранда” (сазовор, писандида) омада, ин аст:

Хоҷа аз меҳтарон наварди ман аст,

Ҳамчунон шеъри ман ба дил-ш навард.

Ҳамчунин дар ин луғат байтҳое ҳастанд, ки дар фарҳангҳои дигар ба шоирони дигар мансубанд ва дар ин ҷо ба номи Рӯдакӣ забт шудаанд, ва низ байтҳое мавҷуданд, ки дар соири фарҳангҳо ба номи Рӯдакӣ омада, дар ин луғат ба номи шоирони дигар забт шудаанд. Ва низ байтҳое аз Рӯдакӣ дар ин луғат бо ривоятҳои дигаргуна омадаанд, ки чун баҳси ихтисосӣ аст, аз шарҳи онҳо худдорӣ кардем...

Абдуқодири Рустам,

адиб

 

Чоршанбе, 16 Октябр 2019 10:56

(Номаи доди 1 мухлис)

Боби 1. Истаравшан-Истиқлол

Давраи 11 ва 12-и чемпионати Лигаи Олии ҶТ ҷамъбаст шуд. Дар давраи 11-уми Чемпионат дастаи «Истаравшан» бо чемпиони чандкаратаи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол» вохӯрд. Бозӣ тамошобобу диданӣ буд. Меҳмонҳо бозиро бо ҳисоби 1:0 бурд карданд. Аз маҳорати бозингарони ҳар 2 даста мухлисон қонеъ буданд. Зеро «Истиқлол» яке аз тимҳои барӯманду номдори Тоҷикистон ва ҳомии мо дар бозиҳои байналхалқист. Ҳама дастаи яккачинро мухлисӣ мекунем. Ин даста шарафи моро ҳимоя мекунад. Аммо мехоҳад, ё на, дар бозии ЛО ҳар шахс тими дӯстоштаи худро дорад. Гап сари ин, ки дар бозии байни ин 2 даста доварон 6 корти зардро танҳо ба бозингарони «Истаравшан» нишон доданд. Инро чӣ хел фаҳмидан мумкин?! Доварон бозингарони «Истиқлол»-ро танҳо шифоҳӣ меогоҳониданд. Ба хаёлам меҳмонҳо имтиёз доштанд. Магар ҳар 2 даста аз Тоҷикистон ва лагандбардории доварон бар зиёни пешравии бозии «Истиқлол» нест?

 

Боби 2. Истаравшан-Хатлон

Дар давраи 12-уми чемпионат «Истаравшан» тими овозадори «Хатлон»-ро қабул намуд. То бозӣ байни мухлисон миш-мишҳо буд, ки гӯё дар даври якуми дидор байни «Хатлон»-у «Истаравшан», дар 1 лаҳзаи бозӣ Шаҳром Исмоилов дарвозабони «Хатлон» нисбати бозингари «Истаравшан» беҳурматӣ зоҳир карда, бо мушт задааст. Ин лаҳзаро аз ТВ борҳо намоиш доданд. Ин ҷо бояд тан дод, ки дар қисми аввали бозӣ афзалият пурра ба тарафи меҳмонҳо буд. Дар қисми дуюм соҳибони майдон ба худ омада, ҳисобро 2:2 карданд. Аммо афсӯс, довари канорӣ голи дуюми истаравшаниҳоро ба инобат нагирифт. Гӯё сардори даста Илҳом Баротов дар ҳолати нобозӣ қарор дошт. Ин рафтори ноҷояи довари канорӣ мухлисонро ба шӯр овард. Дар ин лаҳзаи ҳассос довари асосӣ марказро нишон дод. Назди довари канорӣ мураббии «Хатлон» меистод. Бо фишори довари канорӣ байрақча бардошта шуд. Баъди ин довари асосӣ қарори аввали худро дигар кард. Он лаҳза гӯиё ба ҷароҳати мухлисон намак пошида бошанд, судяро гапҳои пасту баланд гуфтанд. 

 

Боби 3. Чаро Истаравшанро дӯст намедоранд?

Доварони бе виҷдон намеандешад, ки бо ин рафтори ноҷо 2 тимро бо ҳам зид мекунанд. Дар охир комиссия қарор бароварда, довари канориро аз 4 бозӣ дур кард. Довари асосӣ чӣ? Ҳисоби бозӣ чӣ? Зарари маънавии мухлисонро кӣ ҷуброн мекунад? Аз доварон инсоф металабем. Аз кормандони ҳафтаномаи СССР хоҳишу илтиҷо дорам, ки ҳамчун мухлиси 69-сола ин матлаби маро ба самъи доварон расонанд. Истаравшаниҳо ба ивази ягон чиз виҷдонро нафурӯхтаанд. Гузаштагони мо барои ҳимояи хоки Ватан то ҷон дар рамақ доштанд, ҷангидаанд.

Бо салом, Набӣ Ҷумъа,

адиб, ш.Истаравшан

Аз СССР: Мо матлаби мухлиси КФ «Истаравшан»-ро нашр кардем ва медонем, ки Истаравшан яке аз дастаҳои сермухлистарин ва дӯстдоштанӣ дар Лигаи Олист. Вале!!! Чаро шумо-мухлисони солдида ба бозингарону фанатҳои ҷавонатон панду насиҳат намедиҳед, ки футбол ҷои латукӯби футболбозони меҳмон нест? 3 бозингари Истаравшан-Баротов, Азизбоев, Азизов бо кадом ақлу фаросат бозингарони меҳмонро хобондаву лату кӯб мекунанду садҳо «мухлис» меҳмононро сангборон??? Магар ин аст одоби мухлисиву варзишкорӣ??? Хафа нашавед, ҳар ҳақиқат 2 паҳлӯ дорад. Ва баъди чунин бенизомӣ фикр доред, ки Истаравшанро дар тамоми Тоҷикистон бояд дӯст доранд? Ҷав корӣ-ҷав даравӣ… Мо Метавонем!

 

Чоршанбе, 16 Октябр 2019 09:20

10.10.1919.Антанта ва ИМА муҳосираи иқтисодии Русияи Шӯравиро эълон намуданд.

11.10.1922. Дар Русияи Шӯравӣ бо Декрети ШКХ воҳиди нави пулӣ - червонетс роҳандозӣ гардид.

11.10.1931. Дар СССР бо қарори ҳукумат савдои хусусӣ комилан манъ карда шуд ва савдогарӣ дар аввалин кишвари Шӯроҳо як кори зишт таъбир мешуд.

11.10.1961. Дар полигони Семипалатинскийи РСС Қазоқистон аввалин озмоиши зеризаминии бомбаи атомӣ анҷом дода шуд.

12.10.1924. Дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Украина Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Молдавия таъсис дода шуд.

12.10.1958. Дар маҷаллаи "Ватандӯсти Шӯравӣ" (“Советский патриот”) бори аввал шиори "Нақшаҳои ҳизб - нақшаҳои халқ" роҳандозӣ шуд.

12.10.1960.Дар ассамблеяи 15-и СММ роҳбари СССР Н.Хрушёв бо кафши худ минбарро кӯфта, таҳдид кард, ки "модари Кузка"-ро ба "Ғарби пӯсида" нишон медиҳад.

13.10.1921. Имзои созишномаи Карск. Ин созишномаи дӯстӣ бо миёнаравии РСФСР миёни Ҷамоҳири Шӯравии Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон бо Туркия ба имзо расид.

14.10.1962.Тайёраи ҷосусии ИМА дар ҳудуди Куба мушакҳои шӯравиро ошкор намуд. Маҳз бо ин ошкоршавӣ буҳрони Кариб оғоз гардид.

14.10.1964.Дар СССР Леонид Брежнев котиби генералии КМ ҲКИШ ва роҳбари кишвар интихоб гардид. Ӯ дар ин маснад Хрушёвро иваз кард. 

15.10.1964.Дар СССР бузургтарин хатти интиқоли нафт бо номи "Дӯстӣ" (“Дружба”) ифтитоҳ ёфт, ки нафти Сибири Ғарбиро ба Аврупо интиқол медод.

15.10.1970.Якумин ҳолати рабудани тайёра дар СССР, ки ба шакли густарда миёни ҷомеъа ошкор шуд. Падару писар Бразинскасҳо тайёраи "Аэрофлот" Ан-24 ро, ки дар хатсайри Сухумӣ-Батумӣ парвоз мекард, рабуданд. Ҷинояткорон ҳамроҳи парвоз (бортправодница) Надежна Курченкоро ба қатл расонида, тайёраро маҷбур карданд, ки дар ш.Трабзони Туркия ба замин фарояд.

Чоршанбе, 16 Октябр 2019 09:16

Вилояти лағвшуда

Октябр дар таърихи Тоҷикистони шӯравӣ моҳи бисёр муҳим аст. Маҳз дар ин моҳ таъсиси 2 ҷумҳурии шӯравии тоҷикон рост меояд. 14.10.1924 тоҷикон соҳиби ҷумҳурии шӯравии мухтор гардиданд ва 16.10.1929 бошад Ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон таъсис ёфт. Пас аз ғалабаи болшевикон дар Осиёи Миёна (ОМ) Ҷумҳуриҳои Халқӣ-Шӯравии Бухоро ва Хоразм таъсис дода шуданд. Дар шимоли инҳо бошад Ҷумҳурии Шӯравии Мухтори Туркистон қомат афрохта буд, лек ин вазъ роҳбарияти болшевикиро қонеъ намекард ва сентябри с.1924 ба ниҳодҳои олии ҳокимияти давлатӣ дар ОМ аз Маскав дастур дода шуд, ки тақсимоти миллӣ-маҳаллиро дар минтақа амалӣ гардонанд. Бо ин мақсад 27.10.1924 Сессияи 2-уми КМИ СССР қарори тақсимоти миллӣ-маҳаллиро ба тасвиб расонид ва барои пиёда кардани ин тақсимот комиссияи вежае таъсис дод. Ба ин комиссия яке аз болшевикони собиқадор Исаак Зеленский роҳбарӣ мекард.

Роҳбарияти Ҷумҳуриҳои Шӯравии ОМ низ даст ба кор шуданд ва дар натиҷа муборизаи тезутунди гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ сар зад. Роҳбарияти Ҷумҳурии Халқии Бухоро ва Хоразм қариб ба пуррагӣ дар мавқеи пантуркистӣ қарор дошта, мехостанд ба русҳо нишон диҳанд, ки дар ОМ 1 миллати бузурги турк сокин аст ва таъсиси ҷамоҳири миллӣ ба нафъи мардум нест. Ин роҳбарони ҷадид, ки бештар аз ҳизби ҷавонбухориён ва бо кӯмаки сарбозои сурх ба қудрат расида буданд, ҳоло мехостанд бо истифода аз вазъ кишварҳои нерумандтаре барои худ бисозанд. Вале ин кӯшиши дар зоҳир одилона 1 монеаи ҷиддӣ дошт ва он ҳам ба куллӣ нодида гирифтан ва инкори мавҷудияти 1 миллат. Аз ҳама шигифтовар ин буд, ки роҳбарони дастаи аввали ҳизби ҷавонбухориён мисли Файзуллоҳ Хоҷаев, Абдурауфи Фитрат намояндаи миллати тоҷик буданд, лек ҳастии тоҷикро дар ин сарзамин инкор карданд.

Чоршанбе, 16 Октябр 2019 09:11

 

Чоршанбе, 16 Октябр 2019 08:59

 

Чоршанбе, 16 Октябр 2019 08:46

 

Чоршанбе, 16 Октябр 2019 08:43

Суди Олии ҶТ мақолаи шаҳрванд Ҷумамурод Зарипов (СССР, 11.07.2019, №28(565) «40.000 додаву 95.000 меситонанд!»-ро мавриди омӯзиш қарор дод. Муайян шуд, ки ӯ дар асоси шартномаи қарз аз 12.07.2009 аз ҶДММ ТАҚХ «Сайдаҳмад»-и н.Восеъ барои фаъолияти соҳибкорӣ 40.000 сомонӣ ба муҳлати 1 сол бо 35%-и солона қарз гирифта, аз ин маблағ 13.000 сомониро тасарруф кардааст. Инчунин, ӯ 4.06.2010 маблағи $5000 баробар ба 21.861 сомонӣ қарзи кӯтоҳмуддати мақсаднок гирифта, онро низ тасарруф карда, маблағҳои қарзии аз бонк гирифтаро барнагардонидааст. Бинобар ин, Зарипов бо ҳукми суди н.Восеъ аз 17.05.2012 бо моддаи 246 қисми 3 банди «б»-и КҶ ҶТ бо аломатҳои тасарруфи пулу молӣ тариқи кредит додашуда ба миқдори махсусан калон гунаҳгор дониста, 8 сол аз озодӣ маҳрум ва аз ҳисоби ӯ ба фоидаи ҶДММ ТАҚХ «Сайдаҳмад»-и н.Восеъ 150.064 сомонӣ рӯёнида шудааст. Ҳоло Зарипов ҷазоро адо карда, баъди озод шудан 22.780 сомонӣ қарзашро ба бонк пардохтааст… Бо қарори коллегияи кассатсионии Суди Олии иқтисодии ҶТ аз 9.07.2019 таъиноти номбаршуда дар асоси шикояти кассатсионии Зарипов бекор ва парванда ба баррасии нави судӣ ба Суди иқтисодии вил.Хатлон ирсол шудааст. Ӯ метавонад ҳангоми баррасии нави парванда дар мурофиаи суди иқтисодии вил.Хатлон иштирок ва ваҷҳҳои оид ба ариза норозӣ буданашро ба суд пешниҳод намояд.

Исҳоқӣ А.Н.,

муовини Раиси Суди олии ҶТ

 

саҳ 7 аз 13

Китобҳо

Flag Counter