ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 16 Октябр 2019 08:40

Узви Ихвон-ал-СССР, Саидносир Эгамбердиев аз деҳаи Навободи ноҳияи Балҷувон дар суҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, зиёд мешунавам ва ҳам мебинам, ки сафи ҳоҷиёни чандкаратаи мо дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст. Ҳаҷи Каъба ба фикрам қурби худро аз даст додан дорад, мисле ки бобои ман мегуфт: «Агар қиёмат шавад, кӯдак аз болои хар азон медиҳад!» Ин гап бе ҳикмат нест! Имрӯз ҳаҷ ба туризм табдил ёфтааст. Ҳар 1 ҳоҷӣ ҳазорҳо сомонӣ ба хазинаи Арабистони Саудӣ мерезад ва аз ин ҳисоб шайхҳои араб расо 1 соли дигар, яъне то ҳаҷи оянда кайфу маишат мекунанд. Ба ҳоҷиҳои мӯҳтарам гуфтаниам, ки ҳаҷ 1 бор фарз аст барои мусулмон. Аз он зиёдаш аллакай тиҷорат-туризм аст. Дар ҷумҳурӣ муассисаҳое ҳастанд, ки агар кӯмакаш расонӣ, 10 баробари ҳаҷ савоб мегирӣ. Мисол, кӯдакистонҳо, сағирахонаҳо, хонаи бепарасторон, беморхонаҳои касалиҳои рӯҳӣ…

 

Чоршанбе, 16 Октябр 2019 08:38

Комрони Шоҳимардон, хонандаи мо ба газетаи СССР занг задаву гуфт, ки ҳамин ҳоло дар даст моҳнома ё худ гоҳномаи «Ганҷи Забон»-нашрияи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ, №6(41), оЯтябри соли 2019 (оре, маҳз октябр неву оЯтЯбр!!!)-ро дорам. Бовар кунед, чунин газета доштан, аслан айб аст, ба вежа, агар ҳомияш Кумитаи забон бошад. Зеро дар ҳоле, ки Гавҳар-апа Шарофзода пайваста аз газетаи мардумии СССР эрод гирифтаву онро чун душмани №1-и забони давлатӣ муаррифӣ кардан дорад, «Ганҷи Забон»-и худаш умуман қоидаҳои забон, грамматика, сарфу наҳв ва имлоро риоят намекунад. Масалан, дар саҳ.4, дар матлаби «Асолати забони тоҷикӣ дар Осиёи Миёна» даҳҳо хато рафтааст. Мисле, ки дар аввали матлаб 3 бор вожаи КОНФЕРЕНЦИЯ рафтаасту моҳи октябр бо аломати ҷудоии «Ь», яъне октбярь, навишта мешавад ва муҳимтар аз ҳама ҷои Рӯзи Забони Давлатӣ «Рӯзи забони тоҷикӣ» омадааст. Бинед, ки ҳарфи «Ц» ва «Ь» аз авохири асри ХХ манъ шудааст дар имлои мо, вале газетаи Кумитаи забон ва истилоҳот онро мекорад. Чунин хатоҳо пуранд дар ин газета. Яъне барои Шарофзода ва газетааш имтиёзи вежа дода шудааст, ки калимаву ҳуруфи мамнуъро худашон нависанду дигар газетаҳо на?

 

Чоршанбе, 16 Октябр 2019 08:35

Салом, СССРи мушфиқ! Ба 1 туҳмат асир шудаму маро носипос гуфтанд. Чун 1 сол аз хони эшон нону намак хӯрдаам. Қисса тӯлонист... Агар исбот кунам, ки кӯрнамак нестам, 1 оила вайрон ва ояндаи 1 нафар бад хоҳад шуд. Ман гуноҳи онҳоро сатр карда, аз роҳи каҷ гардонданиям. Айнан доир ба ин мушкил соле пештар бо номи “Янга сабаби оилавайронии мост!” дар газетаи мардумии СССР матлабе чоп карда будам. Вале ҳис мекунам, ки ҳоло ҳаёти худам дар оянда 100% бо шаккокӣ мегузарад. Барои ҳамин аз домуллои муҳтараму гиромиям Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов пурсиданиям, ки аз ҷиҳати динӣ пандам диҳад, то ки 1 шахсро ҳам бошад аз роҳи бад баргардонам. Муҳтарам домулло, кӯмакам кунед, ки масъулияти гаронро ба дӯш гирифтам. Чун ба Шумо эътиқод, эътимод ва зиёд эҳтиром дорам. Хубӣ кардан ба уфтодагонро аз насиҳатҳои Шумо омӯхтаам...

Собир Исматуллоев,

муаллим, н.Вахш

 

Чоршанбе, 16 Октябр 2019 08:30

Ман бо андешаи бархе розӣ нестам, ки “облава бояд набошад” мегӯед. Ин фикратон хом. “Облава” бо муҳосираву иҳота дастгир кардани гуреза аст. Дар куҷо дидед, ки қапидан мумкин нест? Магар бе иҳотаву дастгир кардан ҳаёт пеш меравад? Гурезаро бояд қапид, касе ё гурӯҳе, ки гуреза ё ҷавони роҳгузарро медорад, албатта, подош мегирад, яъне аз 2 тараф муборизаи шадид меравад: яке мехоҳад, ки қапад, дигаре мекӯшад, ки нақапонад. Барои қапидани шахс ё чизи даркорӣ, пешакӣ, ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам аз тарафи маънавӣ омодагӣ бояд гирифт. Ба даст афтодан муҷозот асту бо чусту чолокиву зӯрӣ ё найранг ба даст афтондан мукофот. Асарҳои ба ҷанг бахшидашударо хонда бошед, ба вожаи “разведка”-тадқиқ, иктишоф дучор омадаед ва он бе “облава” намешавад. Чанд тан пинҳонӣ ҷони худро дар хатар гузошта, ба ҷабҳаи душман мегузаштанду аз он ҷо нафареро қапида меоварданд, то ки оид ба мавқеву мақсаду шумораи яроқу аслиҳаашон маълумот диҳад. Дидед, “облава” аз даврони қадим ҳаст. Айб аст, агар мо ин таомули бисёр мақбули гузаштагонро пеши по занем. Моро ояндагон ҳаргиз намебахшанд. Ободии рӯзгори бархе маҳз бо шарофати “облава” аст. Охир, баъзе ашхоси “облава”-шаванда дасти “облава”-кунандаро пешакӣ сафед мекунанд ва шахси гурӯҳи дуюм аз сидқи дил мехоҳад, ки ҳамеша “облава” бошад. Алғараз, “облава” аҳамияти калону муҳимро дорост. Ман ҳам мехоҳам, ки доимо ва мунтазам “облава” идома ёбад.

Ҳакималӣ Назаралӣ,

ш.Ҳисор

 

Чоршанбе, 16 Октябр 2019 08:27

 

Мушкили миллӣ-4

Маро ба навишти ин матлаб ҳодисае дар шаҳри Норак таҳрик дод: Муаллими фанни физика дар ин шаҳраки саноатӣ, ки мутаассуф, замони ахир макони фанатизму экстремизм гаштан дорад, ба шогирдонаш аз асосҳои … ислом дарс мегуфтааст. Ин физик-шизик (шизофрения-намуди камақлист, ки ба асабоният ва худситоӣ мекашад) аз талабаҳои синфи 10 талаб мекардааст, ки ҷои Қонунҳои Исаак Нютон сураҳои Тавбаву Ёсин омӯзанду навболиғони синфи 11-ро сураи ғусл ёд медодааст. Оре, маҳз физик!!! Ва ҳар соати дарсӣ аз онҳо сураҳои ёдкардаашонро мепурсидааст. Ба пиндори ин шизик сураи ғусл бештар ба хамткунандагон лозим будааст, ки дар қонуни фишору марказгурезӣ ва амалиётҳои табииву физикӣ…даркор мешаванд…

Фикр дорӣ, хонанда, ман зидди омӯзиши Қуръону талаботи мазҳабиям? Аслан на! Вале ҳама чиз ҷои худро дорад! Муаллим набояд мулло бошад! Ва баракс мулло набояд физикаву химия омӯзонад. Дар ин додуситад маро чизи дигар дар ҳайрат овард: Фанатизм аллакай маорифи моро низ сӯҳон кардаасту мо бехабар… Ва маҳз дар Норак, шаҳре, ки саноатист ва шаҳре, ки Низом Қосим-садри удабои мо, раиси ИНТ зодаи ҳамон ҷост. Яъне дастгоҳи таблиғотии ин шаҳр онгуна заъиф шудааст, ки наметавонад, Адиби №1-ро, ки худ норакист, ба мардум муаррифӣ кунад. Ва ин аст, ки тибқи масали русӣ «Свято место пусто не бывает» («Ҷои муқаддас холӣ намемонад») ва 1 мубаллиғи доишӣ садҳо ҷавону наврасро гумроҳ кардаву ба доми хеш мекашад. 

Роҷеъ ба қатли велосипедронҳо, ки наврасони ҳамин шаҳрак поин оварданд, бисёр гуфтаву навиштаем. Вале касе ба ин суол посух надод, ки чаро ин ҷавонон ба доми экстремистон уфтоданд? Чаро натавонистем садди роҳи мудҳиштарин ҷинояти соли 2018 дар сартосари олам шавем? Чаро наврасоне, ки аз 100 гулашон 1-е нашкуфта буд, бо чунин бераҳмии чингизӣ мардуми осоиштаро қатл карданд?

…Воқеан ҳам дар бораи ин фоҷеа низ гуфтаниям. Бо амри тасодуф, ман шоҳиди ин фоҷеа шудам. Ҳамагӣ 5-7 дақиқа пас ба ҷои ҳодиса расидам ва манзараеро дидам, ки агар Дастгоҳи Идеологии мо онро пешкаши оламиён мекард, номи Тоҷик чун миллати асилзода (ҳатто соати ҳамон террор низ!!!) дар ақсои дунё садо медод. Хуб, ман чӣ дидам?

-Садҳо Тоҷик мошинҳои худро партофта, ба сайёҳон кӯмак мекарданд. Ҷавонони ҳузарб худро ба ҷариву дара партофта, ҷасади вело-туристонро кашида мебароварданд. Занеро дидам, ки докаи сап-сафеди сарашро гирифта, бадани урёни 1 бонуи хориҷии фавтидаро пӯшонид. Дигар зане доманашро дарронда, ҷароҳати марди сайёҳеро баст, ки хунравӣ манъ шавад. Хулласи калом, тамомии мардум ба ин сайёҳон кӯмак мерасониданду ба қотилон нафрат мехонданд…

Ана ҳамин дидаамро чун чанд рӯз ба баъд дар вохӯрие бо сафири Амрико қисса кардам, гуфт:

-Ман пеши ҳиммату ҷавонмардии мардуми Тоҷик сари таъзим меорам ва … сарашро хам кард!!!

ТВ ва Радиоҳо, сайтҳои хабарии расмӣ бояд маҳз дар ана ҳамин бора менавиштанд, ки мутаассуф, чун ҳарвақта ҳарфе нагуфтанд. Зеро ба онҳо 2 чиз намерасад:

1.Профессионализм ва 2. Ҷасорати инфиродӣ!!!

Вале боз баргардем сари физике, ки дарси ғуслу таҳорат медиҳад. Фикр намекунед, ки ӯ низ зери таблиғу ташвиқи ҷараёни салафияву доишиҳо мондааст? О, модари 1 тан аз ҳамон ҷавонҳои террорист, ки бегуноҳонро куштаву низ кушта шуданд, муаллима буд, мудири мактаб буд!!! Пас, моҷарои ахирии ин физики шизик ягона ва худрӯй (хаосӣ) нест. Маълум мешавад, ки муаллимин зери фишори муллоҳо мондаанду манзалати асливу усулӣ-пешвои ҷамъият буданро аз даст додан доранд. Дар урфият масале ҳаст, ки ба моҷарои Норак рост меояд:

-Гургро дуру майдонро холӣ дидан…

Майдон бояд пур ва гург дошта бошад. Ба пиндори сирф фардии ман, ки метавонад ба мавқеи идеологҳои хатлонӣ ва норакӣ рост наояд, бояд маҳз Адиби №1, устод Нозим Қосимро дар Норак бештар таблиғ кард. Бояд шаби шеъру тарона, сурудаҳо бар назми ӯ, маҳофили ширу шаккар бо ҳузури ӯву сарояндагони номдоре, ки аз ашъораш мехонанд, дар ин шаҳр роҳандозӣ шаванд! Бинед, Мирзо Турсунзодаро машинаи идеологии советӣ то ҳадде таблиғ мекард, ки то ҳанӯз дар Қаратоғ, Шаҳринав, Регар исми устод чун рамзи чаҳоруми муқаддасоти миллӣ (дар баробари Парчаму Нишону Гимн) қабул мегардад. Агар ин корро 70 сол пеш шӯравӣ ҳамагӣ бо 1 ТВ кард, пас чаро Тоҷикистони соҳибистиқлол бо 9 шабакаи муосири марказии ТВ, даҳҳо адад Радио ва ҳазорон сайтҳои интернетӣ карда натавонад? Мегӯед намешавад? Мешавад! Кор кардан даркор. Ва он гаҳ натанҳо Норак, ки шаҳри саноатӣ, стротегӣ, туристӣ, сайёҳӣ, фароғатӣ ва маданисту номаш бо экстремистон ва физик-фанатҳояш машҳур гашта, ки дилхоҳ гӯшаву канори диёр аз мубаллиғини ҷараёнҳои исломситезу обрӯрези тоҷикон орӣ мегардад. Танҳо кор кардан даркор. Мо Метавонем!

 

Ҷумъа, 11 Октябр 2019 15:08

 

   Алӣ Рифат Кёксол, сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни 1 нишасти матбуотӣ дар Душанбе таъкид дошт, ки сиёсат ва мақсади кишвараш - ин ҳифзи ягонагии давлати Сурия аст, на ғасби он. 

   Зимни сӯҳбати хеш бо хабарнигорони тоҷик Алӣ Рифат Кёксол иброз дошт, ки сар аз 9.10.2019 нерӯҳои мусаллаҳи Туркия бо таъсиси 1 амалиёти вежаи “Чашмаи сулҳ” вориди хоки Сурия гашта, он бо мақсади мубориза бо ҷангҷӯёни террористу экстремист ва ҳарчӣ бештар озоду тоза кардани минтақаҳои ғасбкардаашон барои мардуми таҳҷоӣ, ки айни замон ҳамчун гуреза дар қаламрави Туркия қарор доранд, роҳандозӣ шудааст. Амалиёти “Чашмаи сулҳ” дар шарқи дарёи Фурот оғоз гардида, дар 2 рӯзи гузаштаи он алакай чандин мавзеҳои аҳолинишин аз ҷангҷӯён озод карда шудаанд. Тибқи иттиллои расида, дар 2 рӯзи аввали ин амалиёт 277 ҷангҷӯ аз ҷониби артиши турк маҳв карда шуданд.

   -Бархе аз кишварҳои ғарбӣ ва расонаҳои матбуотии ин кишварҳо ба хотири фиреб намудани мардум ва бар зидди Ҳукумати Туркия шӯронидани ҷомеаи ҷаҳонӣ бо баҳонаи ин амалиёт аксҳои 2 сол пешро тағийр дода, бо навбат нашр карда истодаанд. Бояд бигӯям, ки ин амалиёт амалиёти нахустин нест, аз ин пеш ҳам артиши Туркия вориди қаламрави хоки Сурия гашта, бо баргузории 2 амалиёти низомӣ дар солҳои 2017 ва 2018 қисме аз хоки ин давлатро, ки ғасб шуда буд, озод намуда, ба ин васила 365 ҳазор паноҳандаи суриёиро ба Ватан баргардонид, - афзуд сафир.

    Мавсуф афзуд, ки айни замон дар Туркия беш аз 3,6 миллион гуреза ва паноҳҷӯи суриягӣ зиндагӣ доранду онҳо дар дил умеди баргаштан ба хонаву дари худро мепарваранд ва фароҳам овардани шароити лозимаву баргардонидани онҳо ба Ватан масоилест башардӯстона.

   -Мо бар хилофи ягон санаду ҳуҷҷати СММ ва дигар созмону ташкилотҳои башардӯстонаи ҷаҳонӣ амал накардаем, коре, ки Туркия ҳоло дар Сурия анҷом медиҳад, ба хотири арзишҳои инсонӣ аст, на чизи дигар. Ба ғайр аз ин, Туркия ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки дар марзи кишвараш давлати террористӣ бунёд гардад,  - таъкид дошт Алӣ Рифат Кёксол.

   Бояд қайд намуд, ки Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Ҷумҳурии Туркия  рӯзи гузашта, 10.10.2019 гуфт, ки агар роҳбарони кишварҳои аврупоӣ амалиёти Туркияро дар қаламрави Сурияро "таҷовуз" бихонанд, ӯ омода аст марзро ба рӯи 3,6 миллион паноҳанда боз намуда, онҳоро равонаи Аврупо кунад.

СССР

 

Панҷшанбе, 10 Октябр 2019 16:41

   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе аз фаъолияти хатсайри нави автобусӣ таҳти №37а, ки маҳаллаҳои Қаротегин ва Бунёдкоронро ба ҳам мепайвандад, хабар медиҳад.

   Гуфта мешавад, ки хатсайри нав аз 7.10.2019 ба фаъолият оғоз намуда, тавассути кӯчаю хиёбонҳои С. Айнӣ, Дӯстии Халқҳо, Шириншоҳ Шоҳтемур, А.Рӯдакӣ, И.Сомонӣ, Н.Ҳувайдуллоев, А.Сино ҳаракат мекунанд.

 

Панҷшанбе, 10 Октябр 2019 15:37

 Муноқишаи 2 ҷавон, ки ҳарду донишҷӯи бахши 1-уми Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон буданд, бо куштори 1 нафари онҳо анҷомид. 

    Субҳи 8.10.2019 тахминан соатҳои 07.30 дақиқа дар буриши кӯчаҳои Борбад ва Чортути н.Сино ҳангоми ба донишгоҳ рафтан байни 2 нафар донишҷӯёни донишгоҳи мазкур - Қурбонов Убайдулло Бежанович соли таваллудаш 21.03.2001, сокини н.Сино, кӯчаи Шерализода ва Фозилов Дилмурод Сироҷович соли таваллудаш 23.02.2002, истиқоматкунандаи н.Сино, кӯчаи Ҳаёти Нав муноқиша сар мезанад, ки дар натиҷа дастпарварони донишгоҳ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, якдигарро дар назди дигар рафиқони дигарашон: Ғафурзода Абдухолиқ Аброр соли таваллудаш 19.09.2001, сокини н.Сино, кӯчаи Шерализода, донишҷӯи бахши 1-уми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Шарипов Кабир Орифҷонович соли таваллудаш 28.05.2002, сокини н.Сино, кӯчаи Шерализода, донишҷӯи бахши 1-уми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Ғайбуллоев Давлат Абдусатторович соли таваллудаш 02.07.2001, истиқоматкунандаи н. Сино, кӯчаи Ҳаёти Нав, донишҷӯи бахши 1-уми Литсейи касбӣ-техникии Тоҷикистон латукӯб мекунанд. 

   Тавре маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар ш.Душанбе хабар медиҳад, дар ин ҳолат, донишҷӯ Қурбонов Убайдулло Бежанович аз ҳиссиёти авбошӣ бо корди бо худ доштааш 1 маротиба ба узви ҳаётан муҳим, яъне қисмати дили донишҷӯ Фозилов Дилмурод Сироҷович мезанад, ки дар натиҷа бо бардошти ҷароҳати вазнин охирон ба ҳалокат расида, гумонбар аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.

  Кормандони милитсияи пойтахт зимни баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбар дар ҷинояти одамкушӣ шаҳрванд Қурбонов Убайдулло Бежановичро худи ҳамон рӯз аз ҳудуди н.Муъминободи в.Хатлон дастгир намуданд, ки айни ҳол нисбати охирон бо моддаҳои 237 (авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард) ва 104 (одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбаршуда Убайдулло Қурбонов дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Илова бар ин гуфта мешавад, ки дар ҷараёни тафтиши пешакӣ даст доштан ва ё надоштани дигар рафиқонашон, ки зимни сар задани муноқиша дар ҷои ҳодиса қарор доштанд, муайян карда мешавад.

  Далелҳои аввалини тафтишотӣ муайян намуд, ки ҳарду донишҷӯён хатмкардаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №60-и н.Сино дар соли ҷорӣ буда, хусумати даврони мактабӣ ва бетарафии дӯстону наздиконашон оқибат ба ҷинояти вазнини одамкушӣ оварда расонид.

 

 

саҳ 8 аз 13

Китобҳо

Flag Counter