ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 09 Октябр 2019 16:07

27.09.1940. Олмон, Итолиё ва Япония дар пойтахти Рейхи саввум-ш.Берлин зери эътилофе имзо гузоштанд, ки бо Паймон (пакт)-и сегона маъруф шуд.

27.09.1960. Дар СССР сохтмони манораи телевизионии Останкино оғоз шуд, ки баландтарин манораи телевизионӣ дар Аврупо ба шумор меравад.

27.09.1977.Чернобил, ки аввалин нерӯгоҳи барқи атомӣ дар РСС Украина буд, ба истеҳсоли нерӯи барқ оғоз кард. Он баъдан дучори садама шуд ва аз кор монд.

27.09.1990. Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ шомили Интерпол гардиданд.

27.09.1991. Дар Маскав Анҷумани XXII-и комсомоли ленинӣ (ВЛКСМ) ба кори худ сар кард. Дар ин Анҷуман масъалаи ягона "тақдири ВЛКСМ" мавриди баррасӣ қарор гирифт ва қарор дода шуд, ба фаъолияти ин ташкилот хотима дода шавад.

28.09.1925.Дар СССР дастурамал бобати Милитсияи коргарӣ-деҳқонӣ қабул шуд.

28.09.1939. Артиши Олмонӣ дар рафти ҷанги ҷаҳонии 2-ум пойтахи Полша-ш.Варшаваро тасарруф намуд. Худи ҳамин рӯз Олмон бо СССР миёни ҳам Созишномаи дӯстӣ ва сарҳадотро ба имзо расониданд.

28.09.1943.Суди шаҳри Токио ҷосуси шӯравӣ Рихард Зоргеро ба қатл маҳкум кард. 

30.09.1928.Дар рӯзномаи "Правда" мақолаи Николай Бухарин "Қайдҳои иқтисодчӣ" ба чоп расид, ки сиёсати иқтисодии Сталинро зери суол мебурд.

Чоршанбе, 09 Октябр 2019 16:00

Чоршанбе, 09 Октябр 2019 14:44

 

КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Кумитаи Гумрук бо чӣ коре банданд, ки аз болоравии босуръати орду гандуму маҳсулоти ордӣ парвое надоранд???

Чоршанбе, 09 Октябр 2019 13:07

Феминизм!!! Ҳангоми шунидани он мардон ба ларза меоянд. Баъзеҳо чунин мешуморанд, ки феминистҳо аз мардон нафрат доранд ё мехоҳанд мард бошанд. Дигарон боварӣ доранд, ки феминизм ягонагии оила, арзишҳои оиларо вайрон мекунад, фоҳишагиро афзоиш медиҳад ва танҳо барои ҷомеаҳои ғарбӣ мувофиқ аст…

Чоршанбе, 09 Октябр 2019 11:56

Узви Ихвон-ал-СССР, Абдусамад Икромов, муаллими собиқадор аз ноҳияи Ваҳдат ба СССР занг задаву гуфт, ман дӯстдори Ленину Сталин ҳастам, вале гуфтаниам, ки ҳоло дигар он давраи гузаштаро ёд накунанд ва дар фикри ободӣ ва озодии имрӯз бошанд. Ин маънии онро надорад, ки доҳиёни пролетарро фаромӯш кунем. Лек бояд дар фикри сохтмони имрӯз шуд. Ба коре, ки гузашт, нанигарем беҳтар. Зеро фоида надорад. Агар муаллифони Ленину Сталин… дар бораи камбудиҳои имрӯзи ҷойдошта мегуфтанд, беҳтар мебуд. Ё не?

 

Чоршанбе, 09 Октябр 2019 11:54

Узви Ихвон-ал-СССР, Исмоил Ҷабинзода, аз деҳаи “Алака”-и ноҳияи Муминобод бо телефони 918 67 08 05 ба СССР занг задаву гуфт, ки ёд дорам, с.1970 ба муносибати 100-солагии доҳӣ В.И.Ленин дар деҳоти Алакаву Марғак, Кӯлчашмаву Ғофилобод... симчӯбҳо насб ва хонаҳои мардумро бо нури иличӣ мунаввар карданд. Аз шодӣ дар курта намеғунҷидем. Инак, баъди 50 сол симчӯбҳо пӯсиданд. Барои он, ки ба замин наафтанд, ба симчӯбҳо 10 бор поя задем. Ин ҳам фоида нашуд. Баъд пояи оҳанинро истифода бурдем. Оҳанғундорон онро дуздиданд! Аз кормандони шабакаи барқи н.Муъминобод мепурсем, ки муҳлати истифодаи симчӯбҳо ним аср аст, ё 1 аср? Метарсем, ки симчубҳои паси хонаҳо ё симчубҳои баландноқил низ рӯзе чаппа шуда, фалокатеро ба вуҷуд наоранд. Умед дорем, то 200-солагии деҳа симчӯбҳо иваз мешаванд. Аз раъду барқ ва борони аввал, ки 1.10.2019 рехт, барқи мо аллакай хомӯш шуд...

 

Чоршанбе, 09 Октябр 2019 11:51

(вокуниш ба мақолаи «Хатлон»: аз фаъолият мондани садҳо корхона)

Дар ҳудуди ш.Левакант 25 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда, давоми 6 моҳи с.2019 корхонаҳои ҶСК «Нуриҳои Осиё» бо сабаби дар таҷдид қарор доштан, ҶДММ «Субҳи Сарбанд» бо иллати надоштани ашёи хом (пахта), «Беҳзод» бо сабаби қарздор будан, «Орди рушди Хатлон» бо сабаби надоштани ашёи хом (гандум) ва «Равғани Сарбанд» бо сабаби надоштани ашёи хом (маъсар, пунбадона) кор накарданд. Роҳбарияти «Равғани Сарбанд» дар майдони 400 га маҳсулоти равғаннокиаш зиёд, аз қабили маъсар кишт карданд, ки баъди ҷамъоварии он корхона ба фаъолият оғоз мекунад. «Субҳи Сарбанд» дар ҳолати корӣ қарор дошта, баъди ҷамъоварии ҳосили пахта ба фаъолият оғоз менамояд. Барои ба кор оғоз кардани корхонаҳои ҶДММ «Беҳзод», «Орди рушди Хатлон» ва ҶСК «Нуриҳои Осиё» мактуб ирсол карда шуд. Давоми 6 моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 125,1 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5,5 млн сомонӣ зиёд буда, 104,6%-ро ташкил медиҳад.

З.Давлатзода,

и.в.Раиси ш.Левакант

 

Чоршанбе, 09 Октябр 2019 11:49

Салом ба кулли хонандагону қаламкашони газетаи мардумии СССР! Дар шумораи гузаштаи СССР андешаи 1 апаи гиромии мо-муаллима Зебо Муродоваро дар бораи сифати пасти барномаҳои ТВҳои Тоҷикистон хондам. Воқеан, рост мегӯяд. Ҳамаи 7 телеканали мо (ба ҷуз, ТВ Варзиш ва Футбол) ҷумлагӣ якрангу фарҳангиву рақсиву сурудӣ мебошанд. Дар ин каналҳо ба ҷуз об, гул, рақсу бозӣ дигар чизеро намебинем. Ҳатто ягон бозии шавқоваре (ғайр аз «Интеллект-шоу» дар ТВ Сафина) ё барномаи таърихӣ нест. Набояд фаромӯш кард, ки ҳувияти миллӣ аз Радиову ТВ сар мешавад. Аламовараш ин аст, ки дар қаламрави ноҳияи мо ҳамаи 20 телеканали Ҷумҳурии Ӯзбекистон танҳо бо 1 сими алюмин дастрас асту ҳамагӣ барномаву намоишҳои ҷолибу диданӣ доранд ва яке аз дигаре комилан фарқкунанда. Барномаҳои хуби таърихӣ низ намоиш медиҳанд. Ба қарибӣ да бораи Абурайҳони Берунӣ ва Абӯалӣ ибни Сино филми ҳуҷҷатӣ-таърихӣ нишон доданд ва аҷиб ин аст, ки ровии барнома мегӯяд: «Берунӣ ва Сино бобову аҷдоди мост!» Ана, биёбу бигир!!! Охир, наход дар ТВҳои мо чунин барномае омода карда нашавад? Журналистони касбӣ дорем, аммо ҳайронам, ки ба мо чӣ намерасад?

Ҳомид Расулов (Афғон),

н.Мастчоҳ, тел: 92 729 32 90

 

саҳ 10 аз 13

Китобҳо

Flag Counter