ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 30 Октябр 2019 09:09

 

Чоршанбе, 30 Октябр 2019 09:04

 

Чоршанбе, 30 Октябр 2019 08:57

Чоршанбе, 30 Октябр 2019 08:53

Тирамоҳи с.1962 дар таърихи ҷанги сард яке аз саҳифаҳои буҳронист. Моҳи октябр дар соҳилҳои Куба иттифоқоте рух доданд, ки қариб ба ҷанги 3-уми ҷаҳонӣ оғоз мегузошт. Аввалҳои даҳаи 1960 рақобати 2 абарқудрат-СССР ва ИМА ба авҷи аълои худ расид. С.1962 амрикоиҳо тавонистанд бо Туркия забон 1 карда, мушакҳои ҷангии "Юпитер"-ро дар ин кишвар мустақар созанд. Акнун мушакҳои ИМА дар зарфи 10 дақиқа ба муҳимтарин марказҳои СССР мерасиданд ва мушакҳои шӯравӣ бошанд, танҳо баъди 25 дақиқа ба ҳудуди ИМА расидагӣ мекарданд. Мушакҳои амрикоӣ дар Туркия Маскавро сахт нороҳат карда буд ва Хрушев ба ҳарбиён дастур дод, ҳар чи зудтар ИМАро дар ҷояш шинонанд.

Дар ин вазъият дар Маскав ба ёди Фидел Кастро афтоданд, ки сахт аз ИМА нафрат дошт ва амрикоиҳо ба ҳар роҳ мекӯшиданд ӯро аз қудрат дур кунанд ва Кубаро ба лонаи демократӣ табдил диҳанд. Аллакай тобистони с.1962 Нерӯҳои мусаллаҳи СССР дар ҷазираи Озодӣ 40.000 нафарро ташкил медоданд. Аммо нерӯи пиёданизом он ҷо кофӣ набуд ва дар Маскав қарор доданд, ҳарчи зудтар мушакҳои ҷангиро ба ин кишвар интиқол диҳанд. Ба амалиёт "Анадырь", номи пойтахти Округи автономии Чукоткаро гузоштанд. Ба иштирокчиёни амалиёт дастур дода шуд, либосҳои зимистонӣ ва лижа ҳамроҳ гиранд. Ба шаҳодати Дмитрий Язов-вазири вақти мудофиаи СССР, ки худ иштирокчии бевоситаи амалиёт буд: "Касе аз иштирокчиёни амалиёт намедонист, ки куҷо меравем. Вақте аз Ламанш гузаштем, мактуби муҳрзадаро боз кардем. Он ҷо 1 маълумоти таърихӣ дар бораи Куба буду халос. Танҳо дар баҳри Сарагосса фаҳмидем, ки ба кадом бандар бояд равем".

Бо ҳамин, 42 мушаки Р-12-и шӯравӣ бо муваффақият ба Куба расиданд. Масофаи парвози мушакҳо якбора иваз шуд. Акнун мушакҳои шӯравӣ дар кӯтоҳтарин муддат ба муҳимтарин нуқоти соҳили Атлантики ИМА мерасиданд, лек хурсандии Маскав дер напоид. 14.10.1962 тайёраи ҷосусии U-2-и нерӯҳои ҳавоии ИМА дар яке аз парвозҳояш дар наздикии деҳаи Сан-Кристобал мушакҳои шӯравиро ошкор намуд.

Чоршанбе, 30 Октябр 2019 08:47

24.10.1929. Панҷшанбеи сиёҳ дар Аврупо ва Амрико. Бузургтарин буҳрони иқтисодии дунё, ки ба суқути иқтисоди кишварҳои аврупоӣ мунҷар гардид. Аз ҳама бештар дар ин буҳрон Олмон зарар дид.

24.10.1935. Дар манораи Спасскии Кремли Маскав ситораҳои ёқутии сурх насб гардиданд. Ин ситораҳоро аз ёқути сурх дар ш.Днепропетровск сохта буданд.

24.10.1941. Артиши немисҳо дар рафти ҶБВ саввумин маркази бузурги индустриалии СССР - шаҳри Харковро ишғол намуд.

24.10.1960. Таркиши мушаки байниқитъавии балистикии Р-6 дар полигони Байконур. Дар натиҷаи ин таркиш 74 нафар ба ҳалокат расиданд, ки миёни онҳо маршали асосии артиллерия Митрофан Иванович Неделин низ буд.

25.10.1977. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ унвони фахрии "Табиби халқии СССР" ҷорӣ карда шуд.

26.10.1932. Роҳбари вақти Шӯравӣ Иосиф Виссарионович Сталин нависандагонро "муҳандисони рӯҳи одамӣ" муаррифӣ кард.

26.10.1947. Дар СССР бузургтарин бадарғакунии оммавии аҳолии украин аз навоҳии Украинаи Ғарбӣ ба вуқӯъ пайваст.

27.10.1962. Буҳрони Кариб. Тайёраи ҷосусии амрикои U-2 болои Куба бо мушаки зиддиҳавоии шӯравӣ зада ғалтонда шуд. Сарнишини тайёра майор Рудолф Андерсон ба ҳалокат расид. Ин рӯз дар таърих бо "шанбеи сиёҳ" маъруф аст ва дар он ҷаҳон дар як ваҷаб аз ҷанги ҷаҳонии атомӣ қарор дошт.

Чоршанбе, 30 Октябр 2019 08:44

Мақолаи «Хатлон: аз фаъолият мондани садҳо корхона» (СССР, 26.06.2019, №25) дар ҷаласаи васеи назди раиси ноҳия бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мудирони бахшу шуъбаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолон ва шахсони масъули соҳа мавриди муҳокима қарор гирифта, баҳри ислоҳи камбудиҳо ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ба мутасаддиён супоришҳои мушаххас дода шуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар нимсолаи якуми с.2019 ба 39257,1 ҳазор сомонӣ расидааст. Дар ноҳия 22 адад корхонаи саноатӣ фаъоланд, ки аз он 5 ададаш корхонаҳои коркарди пахта, 5 ададаш коргоҳҳои хурди нассоҷӣ, 2 ададаш коргоҳҳои хурди коркарди шир, 1 адад коргоҳи хурди консервабарорӣ, 1 адад корхонаи хурди қаннодиву истеҳсоли нон, 1 адад корхонаи дӯзандагӣ, 2 адад корхонаҳои истеҳсоли блоки сементӣ, 1 адад корхонаи истеҳсоли қуму шағал ва асфалтбарорӣ, 3 адад корхонаҳои хизматрасонии оби нӯшокӣ ва полезӣ, 1 адад намояндагии ҶСК «Шабакаҳои барқии Кӯлоб» дар н.Фархор мебошанд. Корхонаҳои коркарди пахта ва коргоҳҳои хурди нассоҷӣ вобаста ба ашё (пахта) ва коргоҳи хурди консервабарорӣ дар давраи ҷамъоварии меваю сабзавот фаъолияти мавсимӣ доранд. Давоми нимсолаи якуми с.2019 4 адад корхона: КМ «Шукрона», ҶДММ «Фароғат-Н», ҶДММ «Исмоил-Д» ва ҶДММ «Солеҳҷон-М» нишондоди ҳаҷми маҳсулоти саноатиро нисбати ҳамин давраи соли гузашта афзуданд. Инчунин, дар ин давра коргоҳи хурди коркарди чӯбу тахтаи ҶММ «Сабоҳ-2018» ташкил карда шуд.

Сафарализода Б.,

роҳбари дастгоҳи раиси н.Фархор

 

Чоршанбе, 30 Октябр 2019 08:41

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии СССР, шоир Исмоил Зарифӣ аз шаҳри Панҷакент ба СССР занг задаву гуфт, ки имрӯз, 22.10.2019 асту аксари нафақахӯрони ш.Панҷакент бо айби шуъбаи иҷтимоии вил.Суғд нафақаи моҳи сентябрро нагирифтаанд. Имрӯз шоҳиди он будам, ки садҳо нафар нафақахӯрони бечора дар назди «Амонатбонк»-и шаҳр интизори гузаштани нафақаанд, вале ҳайҳот. Вазъият то 2-3 моҳ пештар хуб буд, вале намедонам якбора чашми бад расид, ё касе вазъро бад карда нишон медиҳад? Танҳо умеди мардум имрӯз дар ташкил ёфтани вилояти Зарафшон асту бас, то Панҷакент аз ин ситам раҳо ёбад.

 

Чоршанбе, 30 Октябр 2019 08:37

Мирсаид Муҳиддинов аз ноҳияи Ховалинг ба газетаи СССР занг задаву гуфт, ҳоло бозор бароед, нархи 1 халта нурии минералӣ аз 1 халта орд боло рафтааст. Барои мисол, дар бозори марказии ноҳия 1 халта (50 кг) доруи истеҳсоли хориҷӣ қариб 200 сомонист. Ҳайрон шудед? Ин барои ман на танҳо  тааҷҷубовар аст, балки аламовар. Чаро ин навъи маҳсулот дар дохили худи кишвар истеҳсол намешавад? Дар давраи Шӯравӣ «Тоҷиказот» нуриҳои минералиро бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандарти ҷаҳонӣ истеҳсол карда, ба бозорҳои ҷаҳонӣ мебаровард. Ҳоло ин корхона, ба фикрам ё қувваи барқ надорад, ё газ. Шояд қарздор ҳам бошад. Фикр мекунам, бояд ягон тоҷир чунин корхона ва сехҳои бекорхобидаро гардон кунад. Ҳам худаш фоида ба даст меорад, ҳам деҳқони Тоҷик. Бо ин восита нархи тамоми маҳсулоти хӯрока, сабзавот, ғалладона… арзон хоҳад шуд.

 

саҳ 2 аз 13

Китобҳо

Flag Counter