ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 25 Ноябр 2019 11:00

 

 Сиёсати нави ҳукумати Россия ҷиҳати ҷуброни камшавии табиии аҳолӣ аз ҳисоби ба шаҳрвандӣ гирифтани табааҳои дигар кишварҳо дар соли ҷорӣ ба таври назаррас сурат гирифтааст. Тибқи омори Росстат дар соли 2019 аз ҳама зиёд шаҳрвандони Украина ба хусус аҳолии вилоятҳои Донетск ва Луганск, ки барои онҳо гирифтани шаҳрвандии  Россия баҳори имсол  осон карда шуда буд, шиносномаҳои русӣ гирифтаанд. Теъдоди шаҳрвандони Украина, ки дар соли 2019 шаҳрвандии Россияро қабул кардаанд ба 146 ҳазор нафар мерасад. 

Ҳамчунин дар соли равон 35 ҳазор шаҳрванди  Қазоқистон, 17 ҳазор шаҳрванди Арманистон, 14 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон ва 11,5 ҳазор шаҳрванди Молдова низ шаҳрвандии Россияро қабул карданд. Теъдоди тоҷикистониёне, ки шаҳрвандии Россияро дар соли 2019 қабул кардаанд, баъди Қазоқистон ҷойи сеюмро ишғол карда, шумораашон 30 ҳазор муаррифӣ мешаванд. Ин теъдод баробар ба аҳолии саноатитарин шаҳри кишвар-шаҳри металлургҳои тоҷик Турсунзода мебошад.

    Мувофиқи ҳисоботҳои Росстат-мақомоти омори давлатии Россия  дар 9 моҳи соли 2019 (аз январ то сентябри соли 2019) теъдоди 285 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ табааи Россия шудаанд ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 48% зиёд мебошад. Ҳамчунин дар ҳисоботҳои номбурда таъкид мешавад, ки ҳукумати Россия тасмим дорад сиёсати мазкурро дар оянда рушду тавсеъа дода, аз ҳисоби ба шаҳрвандӣ қабул кардани табаъаҳои дигар кишварҳо (ба хусус мамолики собиқ Шӯравӣ) вазъи демографии дар варта қарор доштаи Россияро ба танзим дароранд.

 

Ҷумъа, 22 Ноябр 2019 12:02

 Рӯзи 20.11.2019 дар назди гузаргоҳи наздисарҳадии «Фотеҳобод»-и н.Мастчоҳ нуқтаи нави хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ ба истифода дода шуд, ҳафтаи гузашта ҳамин гуна нуқтаи хизматрасонӣ дар гузаргоҳи наздисарҳадии «Саразм»-и ш.Панҷакент мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад.

    Бояд гуфт, ки нуқтаи хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ дар н.Мастчоҳ 4-умин нуқтаи хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ дар вил.Суғд аст, ки дари худро барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ боз намудааст. Дар ин гуна нуқтаҳои хизматрасонӣ, ки дар мавзеъҳои намоёну дастрас ҷойгиранд, сайёҳи муроҷиаткунанда метавонад барои муоширати мобилӣ аз ширкати Tcell симкорти сайёҳии ройгон дастрас намояд, ки дар тавозуни он 100 дақиқа вақт барои зангҳои телефонӣ ва 100 мегабайт интернет барои истифода то ба охир расидани мӯҳлати раводид, ки 45 шабонарӯзро дар бар мегирад, мавҷуд аст. Ҳангоми дар қайд гузоштан муҳлат тамдид карда мешавад. Ҳамзамон тариқи бастани шартомаи тарафайн бо шуъбаи милитсияи сайёҳии Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД ба сайёҳ хизматрасонии роҳбаладӣ аз ҳисоби кормандони милитсияи сайёҳӣ расонида мешавад.

    Тибқи маълумоти шуъбаи милитсияи сайёҳии Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД давоми 9 моҳи соли 2019 тариқи гузаргоҳҳои сарҳадии вил.Суғд 46 600 сайёҳ вориди Тоҷикистон шудааст. 

 

Ҷумъа, 22 Ноябр 2019 11:59

Раёсати ВКД дар ш.Душанбе аз боздошти 1 нафар зан хабар медиҳад, ки дар содир намудани силсилаҷиноятҳои қаллобӣ гумонбар дониста мешавад. Ин нафар, шаҳрванд Аълоева Моҳпарӣ Абдулфаттоевна сол.тав.1981, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ, деҳаи Зайналобод, муҷаррад, маълумоташ олӣ-хатмкардаи Донишгоҳи исломии Тоҷикистон мебошад, ки бо истифода аз боварӣ ва эътимоди мардум дар якчанд ҳолат даст ба ҷиноятҳои қаллобӣ зада, маблағҳои пулии шаҳрвандонро аз они худ кардааст.

   Тавре маркази матбуоти РВКД ҶТ дар ш.Душанбе хабар медиҳад, муайян гардид, ки номбурда аз шаҳрвандон бо ҳар роҳу восита аз ҷумла, бо мақсади дохил намудан ба донишгоҳҳои олии кишвар ва ба Ҳаҷ равон намудану ба фаъолияти тиҷоратӣ машғул шудан, маблағҳои пулии шаҳрвандонро аз они худ кардааст. Зимни азназаргузаронии манзили ба иҷора гирифтаи ӯ 17-адад муҳри Донишгоҳҳои олии кишвар, аз ҷумла муҳри «ХАЗИНА-пардохт шуд», «НУСХА дуруст аст», «ВОРИДОТ №__», ҳамчунин шиносномаву аттестат ва 1 қатор ҳуҷҷатҳои ба таври сохтакорӣ омодашуда дарёфту мусодира карда шудаанд, ки исботи амалҳои қаллобии номбурда мебошанд. Шаҳрванд Аълоева Моҳпарӣ дар мавридҳои зиёде аз шаҳрвандон аз 10 то 80 000 сомонӣ ба хотири ба донишгоҳҳо дохил намудан маблағҳои калони пулӣ гирифтааст.

  Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон гумонбар дониста шуда, ба шаҳрвандон наздики 1 миллиону 900 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст. Айни замон нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247 қисми 4-Коддекси ҷиноятии ҶТ  парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, чорабиниҳои тафтишотӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯӣ оид ба муайян намудани ҳаммаслакони ҷиноии ӯ идома дорад.

 

Ҷумъа, 22 Ноябр 2019 11:57

 Маркази таҳлилии амрикоӣ Gallup Тоҷикистонро дар зинаи дуюми ҷадвали амнтарин кишварҳои олам ҷой додааст. Чунин тасмим дар пайи назарпурсии шаҳрвандони 142 давлати дунё радабандӣ гардида, ҷои аввал ба Сингапур ва ҷои 3-юм ба Амороти Муттаҳидаи Араб дода шудааст.

     Гуфта мешавад, ки дар баробари Тоҷикистон, инчунин кишварҳои Миср, Норвегия, Туркманистон, Швейтсария, Узбекистон, Финландия, Чин ва Олмон шомили рейтинги кишварҳои амнтарин шудаанд. 

 

Панҷшанбе, 21 Ноябр 2019 10:42

    Аз 26.11.2019 фаъолияти хатсайри микроавтобусии №13 (мактаби №61-Маркази савдои «Балх») манъ карда шуда, хизматрасонӣ дар хатсайри мазкур тавассути автобусҳои хатсайри №11 ба роҳ монда мешавад.

    Чуноне ки сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе иттиллоъ медиҳад, ин амал бо мақсади пешниҳоди хизматрасонии сатҳи баланд ба мусофирон, кам намудани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пешгирии танбашавӣ дар хиёбону кӯчаҳо сурат гирифта, пардохти ҳаққи роҳкиро дар ин хатсайр тариқи кортҳои нақлиётӣ анҷом дода мешавад.

 

 

Панҷшанбе, 21 Ноябр 2019 10:40

     Дар доираи чорабиниҳои мақсадноки зиддисӯхторӣ, гурӯҳи кории мутахассисони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ дар бозору марказҳои калони савдои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ ва омӯзиши меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро дар байни масъулони иншооти номбурда ва тоҷирону савдогарон дар фасли зимистон баргузор намуданд.

   Тавре маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, мутахассисони СХДО ВКД зимни санҷишҳо ва сӯҳбатҳо диққати роҳбарону мутасаддиёни бозору марказҳои савдо ва тоҷирону савдогаронро ба истифодаи оқилонаю сарфакоронаи нерӯи барқ ва насбу истифодабарии ҳатмии дастгоҳи ягонаи қатъкунандаи қувваи барқ пас аз анҷоми реҷаи корӣ ҷалб намуда, вобаста ба моҳияту манфиат ва самаранокии истифодаи чунин дастгоҳҳо дар бозору марказҳои савдо дастуру ҷалб намуда, дар баробари ин, ҳолати омодабошии дружинаҳои идоравии оташнишонии иншооти зикргардида низ аз санҷиш гузаронида шуданд.

 

Панҷшанбе, 21 Ноябр 2019 10:36

    Дар 10 моҳи соли ҷорӣ аз бемории сил дар вилояти Хатлон 10 нафар шаҳрвандони бемор фавтида, шумораи умумии беморони сил дар вилоят айни замон 1970 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод 1088 нафарашонро мардон ташкил намуда, боқӣ 882 нафар занон, 514 нафар занони қобили таваллуд ва 9 нафар занони ҳомила мебошанд. 

     Тавре ба мухбири СССР Олимзода Шамсулло, директори Муассисаи давлатии «Маркази вилоятии бемориҳои сил» дар вилояти Хатлон хабар медиҳад, соли 2018 шумораи беморони гирифтори сил дар вилоят 2107 нафарро ташкил медод, имсол бошад ин теъдод коҳиш ёфтааст.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

 

Панҷшанбе, 21 Ноябр 2019 09:52

 

саҳ 3 аз 12

Китобҳо

Flag Counter