ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 21 Ноябр 2019 09:49

Шавкат Мирзиёев-президенти Узбекистон тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро имзо кард. Ин тағйирот ҳаҷми ҷаримаи хориҷиҳоро барои вайрон кардани тартиботи буду бош, пеш аз ҳама мавҷуд набудани сабти ном ва сари вақт тамдид накардани санади сабти ном 10 баробар кам мекунад. Тартиботи нав ҳам ба сайёҳон ва ҳам ба меҳмононе дахл дорад, ки ба дидорбинии пайвандонашон ва ё бо корҳои шахсӣ вориди Узбекистон мешаванд. Кодекси ҷиноии Узбекистон пештар аз ин барои такроран вайрон кардани тартиботи буду бош то се соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мекард.

 

Панҷшанбе, 21 Ноябр 2019 09:44

 

Ҳақназар Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон

Аз айёме, ки ба сари ин миллати соҳибтамаддун бегонагон тамаддуни худро зӯран бор кордаанд, норавшаниҳое дар таърихи калимаи ТОҶИК рух додааст, ки якеи он кам ба назар расидани номи ТОҶИК дар маъхазҳост. Яъне ҳоло ҳам вақт аст, ки олимони мо сари ин норавшаниҳо равшанӣ андозанд. Дар зер он чи, ки маро дар хусуси номи ТОҶИК дастрас шудааст, мухтасар пешкаши хонандагони гиромӣ мегардад:

1.Дар Эрон китобе ҳаст бо номи «Наврӯзнома», ки ба асри 4 милод тааллуқ дорад, бо забони паҳлавӣ. Онро олими барҷастаи эронӣ Содиқи Киё ба форсӣ багардонидааст. Аз ин китоб маълум мегардад, ки мафҳуми ТОҶИК аз асри 13 не, балки аз асри 4 мелодӣ маълум будааст. Он ривоят, ки Хисрави Парвиз-Шоҳаншоҳи давлати бузурги Сосонӣ - дар муҳити хонаводагӣ бо тоҷикӣ, дар муҳити дарбор бо паҳлавӣ ва дар ҷанг аз калимаҳои ҳарбии туркӣ истифода мекардааст, шояд бе асос набудааст.

2.Мо дар шимоли Эрон, наздик ба Арманистон давлате бо номи Тоҷикистон доштем. Вале имрӯз дар таърихи давлатдории тоҷикон аслан империяҳоро ном мебаранд, ки он аз давлати бузурги Ҳахоманишиҳо оғоз меёбад. Ҳол он ки дар ғарби Хитой, Ҳиндустон, шимоли Покистон давлатҳои тоҷикӣ мавҷуд буданд. Охирин чунин хонигарӣ с.1974 дар Покистон мавҷуд буд, ки онро Вахониён идора менамуданд. 

3.Қаламрави забони тоҷикӣ аз Қунияи Туркия то Қошғари Чин, аз Қазон то Мумбайи Ҳиндустон тӯл мекашид (Империяи бузурги забони тоҷикӣ). Аз ҷумла, дар Шероз ва атрофи он ҳоло ҳам мардум худро тоҷик меноманд.

4.Дар замони Сомониён дар ин қаламрав халқиятҳои ӯзбек, қирғиз, туркман, қазоқ ба таври алоҳида давлат надоштанд, баъд низ… Баъди шикасти давлати Сомониён Империяи давлати Исломӣ ҳукмфармо буд, ки бо фарҳанги давлатдории тоҷикӣ давлатдорӣ мекард. Мисли имрӯзаи Эрон. Асоси аҳолиро низ тоҷикон ташкил медоданд. Аз ин рӯ, олими тоҷик муҳтарам Сайфулло Сафаров дуруст қайд мекунад, ки тоҷик ҳеҷ вақт бе давлат набуд.

Дар қаламрави Осиёи Миёна ва Хитой

5.Империяи бузурги Кӯшониён (ё Кирпан) ва Ҳайтолиён доштем. Империяҳои Ашкониён (Баъди ишғоли Искандари Мақдунӣ) Сосониён бо забони паҳлавӣ дар қисмати имрӯзаи Эрон вуҷуд доштанд, на Осиёи Миёна. Вале ҳамаашон давлатҳои ба якдигар ҳамзабон буданд. Дар асри 4 мелодӣ дар «Наврӯзнома» бо забони паҳлавӣ зикр шудани номи ТОҶИК гувоҳ ба он аст, ки ин миллати қадимии ин сарзамин аст.

Баъди марги Искандари Макдунӣ

6.Дар қисмати Осиёи Миёна баъди марги Искандари Макдунӣ давлати Юнону Бохтар (қариб 100 сол), Кушониён (3 аср) ва Ҳайтолиён, (қариб 2 аср) давлатдорӣ мекунанд, баъди давлати Ҳайтолиён давлатчаҳое ташкил меёбад, чун Бухоро, Хатлон, Самарқанд… Сабабаш шикасти давлати Ҳайтолиён аз ҷониби туркҳо буд. Ҳайтолиён давлате аз халқиятҳои тоҷики Хатлону Бадахшон, Афғонистон-Бохтари бузург будааст. Ҳамин давлатчаҳои баъди шикасти Ҳайтолиён ташкилёфтаро арабҳо ишғол мекунанд. Бо ҳамин империяи давлатҳои форсу тоҷик то ташкили давлати Сомониён барҳам мехӯрад, ҳарчанд муборизаҳо барои ташкили давлати ориёӣ ҳеҷ гоҳ қатъ намегарданд.

ТОҶИК. Дар аксари пажуҳишҳо «тоҷик» ба маънои яке аз қавмҳои ориёӣ ном бурда мешавад. Аз китоби олими Афғонистон «Таҳлили забонӣ ва таърихии вожаи тоҷик» (с.2015) маълум мегардад, ки тоҷик қадимтарин бошандагони сарзамини Ориёист.

7.Аз сангнавишти бохтарии Яковаланг, дар Бомиёни Афғонистон баробар ба с.624 милодӣ, 392-и соли тақвими бохтарӣ, сангнавишт бо фармони Алхис, писари Хурос Хадевай Газон, ба муносибати интихобаш ба шоҳӣ ё пирӯзӣ дар шоҳӣ «подшоҳи турку тожик (тоҷик) навишта шудааст. Инро с.1966 духтури олмонӣ Петер Шутик кашф кардааст» ва ин ёдгорӣ дар Германия маҳфуз аст.

8.Сикаи як шоҳи Хуросон бо лақаби ифтихории «Қайсари Рум, Худои бузург, шоҳи тоҷикон» навишта шудааст.

9.Нусхаи хаттӣ ё бо забони монавии портӣ дар маҷмӯаи Турфон (мавзее дар Чин, ки аз он катибаҳои тоҷикӣ ёфт шудаанд) бо шумораи 339 мелодӣ дар Германия ҳифз мешавад, ки дар он «Ибораи забони тоҷикӣ» омадааст.

Маънои ин хабари маҳфуз дар Германия «Пар тожигона овон» бо забони тоҷикӣ гуфтан аст. Матни дар Германия маҳфуз буда чунин маъно доштааст, ки рӯҳониёни моънавӣ ҳангоми ибодат бо забони тоҷикӣ ниёиш мекунанд.

Шоири уйғур Юсуф Балосоғунӣ дар асараш «Кутадғу Билик» («Илми саодатбахш») с.1070 (асри Х1) навиштааст: «Чунин китобҳои арзишманд бо забони арабӣ ва тоҷикӣ бисёранд». Он чи ин ҷо оварда шуд, гувоҳ бар он аст, ки тоҷик аз халқҳои қадимтарини ин сарзамин аст. Аз диди мо он чи, ки бародари тоҷики мо аз Афғонистон Умеди Ҷайҳунӣ дар рӯзномаи «Тоҷикистон» (№40, 20.10.2019) дар бораи тоҷик гуфтааст, яъне «дар замоне, ки мо дар 1 кишвари воҳид зиндагӣ мекардем, эронӣ ва тоҷик 1 миллат буданд», дуруст аст ва имрӯз ҳам ба қавли шоир «Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст» (Б.Собир), он ҷо ки «Симурғи ориёни бузург ошёна дошт» (Ҳ.Ғ).

Аз ғурури тоҷикӣ

Саффориён баъди фатҳи Ҳироту Пушанг (с.867) бо забони тоҷикӣ давлатдорӣ мекунанд. Поягузори ин давлат Яъқуби Лайс дар ҷашни фатҳ ба шоирони тоҷики арабизабон мегӯяд: «Чизе, ки ман андар наёбам (намефаҳмам), чаро бояд гуфт?» Ва дар нома ба халифаи араб мегӯяд: «Диравши Ковиён (Алам-ул-Кобиён) ҳамроҳи ман аст ва умедворам, ки зери ливои он бар миллатҳо ҳукумат кунам» («Таърихи Сиистон»).

Номи тоҷик дар шеър

Аз Хуталон омадиҳ,

Ба рӯ табоҳ омадиҳ.

Овор боз омадиҳ,

Хашак низор омадиҳ.

                             (халқӣ)

Тоҷики гарданкаши лашкаршикан,

Бештари найзавару теғзан.

(Амир Хусрави Деҳлавӣ)

Рӯи тоҷиконаат бинмой то доғи ҳабаш,

Осмон бар чеҳраи туркони яғмоӣ кашад.

                                                     (Саъдӣ)

Соиле гуфт бо касе ба аҷаб,

Ба фалонат чи нисбату наздик.

Гуфт: - Ӯ турк буду ман тоҷик,

Лек дорем хешии наздик.

(Ҷомӣ)

Тоҷикему форсу афғон

Якдилу яклафзу як армон.

Бар алайҳи душманони хеш,

Се бародар яктану як кеш.

(Муаллифаш номаълум)

Як ҳамлаву як ҳамла, шаб омаду торикӣ,

Чустӣ куну туркӣ кун, на нармиву тоҷикӣ.

(Мавлонои Балхӣ)

Агар турк асту тоҷик аст, бад-ӯ ин банда наздик аст,

Ки ҷон бо тан, валекин тан набошад ҳеҷ мар ҷонро.

(Мавлонои Балхӣ)

Зи Чину Мочин якрӯя то лаби Ҷайҳун,

Зи турку тоҷик, аз Туркмону Ғузу Хазар.

(Унсурӣ)

Эй баста камар зи дуру наздик,

Бар хуни тамоми турку тоҷик.

                     (Ҳофиз) 

Ту фитна кардию Тоҷику Турк муттаҳаманд,

Ки раҳ ба фитна кушоданд мулки султонро.

                  (Ҳоқонӣ)

Нигори турку тоҷикам кунад сад хона вайрона,

Бад-он мижгони тоҷиконаву чашмони туркона.

(Навоӣ)

Пеши ҳиндуи чашми хунрезат,

Гашта туркон забунтар аз тоҷик.

(Ҷомӣ)

Фитнаҷӯе ҳамлавар чун ишқ нест,

Дар миёни турку тоҷику араб.

(Муҳаммад Асирӣ Лоҳиҷӣ)

Турке ҳаме туркӣ кунад, тоҷик тоҷикӣ кунад,

Ман соате турке шавам, як лаҳза тоҷике шавам.

(Мавлонои Балхӣ)

Аз баҳри Худо, ки молики ҷавр

Чандон накунанд бар мамолик.

Шояд, ки бар подшаҳ бигӯед:

Турки ту бирехт хуни тоҷик.

(Саъдӣ)

 

Панҷшанбе, 21 Ноябр 2019 09:38

 

  - Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и деҳаи Солмолидашти ҷамоати деҳоти «Тоҷикистон»-и н.Балҷувон, ки аз даврони СССР сохта шудааст, то ин дам боре ҳам таъмири капиталиро надидааст. Бояд қайд, кард 300 нафар хонандаи ин мактаб дарсҳои худро бо тарс паси сар мекунанд, то баногоҳ бом ва дару девори он ба рӯяшон наафтад.

    1 гурӯҳ сокинони ин деҳа рӯзи 15.11.2019 меҳмони мухбири СССР дар вилояти Хатлон гашта, вобаста ба вазъи садамавии ин мактаб изҳори нигаронӣ карданд.

Ҳамсӯҳбатон ҳолати садамавии муассисаро тасдиқ карда, илова намуданд, ки новобаста аз шароти нигаронкунанда дар 1 синфхона 30 хонанда таълим мегирад. Дар фасли сармо, яъне рӯзҳои боронӣ аз боми бино ба синфхонаҳо оби борон мечакад. Хонандагон ва омӯзгорон аз норасоии компютерҳо ва таҳҷизоти замонавӣ низ танқисӣ мекашанд. 

     Дар ҷаласаи назди раиси ноҳия муовини раиси ноҳия ҳисобот дод, ки шишабандӣ ва тайёрӣ ба зимистонгузаронӣ дар иншоотҳои марбут ба соҳаи маориф 100% иҷро шудааст. Чӣ гуна 100%, вақте ин амал ҳатто то 40% ҳам иҷро нашудааст? То ба кай масъулони ноҳия ба раиси ноҳия ҳисоботи бардурӯғ медиҳанд? Оё раиси ноҳия Маърифат Зоирзода ва  Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки роҳбари гурӯҳи кории ҳукуматӣ дар ноҳияи мазкур аст, аз ин вазъ хабар надоранд!?

Б. Уроқов, СССР вилояти Хатлон  

 

Чоршанбе, 20 Ноябр 2019 11:13

    Вазорати корҳои дохилии ҶТ аз дастгир намудани Раҷабалӣ Табаров, сокини 68-солаи деҳаи Кадучии н.Восеъ хабар дод, ки мавсуф муддати 1 моҳ манзили истиқоматиашро ба қиморхона табдил дода, чанд нафар сокинони дигари деҳаро низ ба қимор ҷалб намудааст.

    Бино ба иттиллои расида, ҳангоми дастгир гардидани Раҷабалӣ Табаров аз ӯ 1 адад купюраи 100-сомона, 6 адад купюраи 20-сомона, 13-адад купюраи 10-сомона, 1 адад купюраи 5-сомона, 1 адад купюраи 3-сомона, картаҳои қиморбозӣ ва 2-адад чоркунҷаҳои ишоратӣ (зарик) ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуданд.  

Табаров Раҷабалӣ чанд нафар аз сокинони деҳаи мазкурро низ ба бозии қимор ҷалб намудааст, ки ин нафарон Табаров Ҷовидон, соли таваллудаш 1997, Муродов Сайҷалол, соли таваллудаш 1991, Кароматуллои Неъматулло, соли таваллудаш 1994, Давлатов Рустам, соли таваллудаш 1989, мебошанд. Оид ба ҳолати мазкур нисбати Табаров Раҷабалӣ бо моддаи 240 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

 

 

Чоршанбе, 20 Ноябр 2019 11:10

    Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ хабар медиҳад, ки аз 20 то 23 ноябри соли ҷорӣ бо сабаби ворид шудани ҳавои сарди арктикӣ вазъи обу ҳаво дар мамлакат якбора ноустувор гардида, боридани борони шадид ва дар баъзе минтақаҳо барф дар назар аст. Тавре гуфта мешавад, 21.11.2019 дар ҷумҳурӣ борон борида, дар бештари водиҳо, доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ ба барфи тар мубаддал гардидани он дар назар аст. 

    Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ бинобар ин аз сокинон хоҳиш менамояд, ки  дар рӯзҳои барфу боронӣ эҳтиёткор буда, аз корҳои саҳро, рафтан ба шикоргоҳ, моҳидорӣ, омода кардани ҳезум ва молчаронӣ худдорӣ намоянд. Шаҳрвандон ҳангоми  рух додани ҳодисаҳои нохуш ба рақами 112, 93 880 28 19  барои  расонидани кӯмак дар тамос шаванд.

 

 

Чоршанбе, 20 Ноябр 2019 10:24

Фаридун Маҳмадалиев-корманди Вазорати мудофиа, ровии барномаи Сарбози Ватан, ки ҳамакнун дар ш. Москва тадриси такмили ихтисос мегираду Худо хоҳад соҳиби унвони пуршарафи генерал мегардад, имрӯз зодрӯз дорад. Зимнан аз номи куллияи хешу табор, ҳаводорон ва пайвандону мухлисонаш ӯро бо ин рӯз табрик мегӯям:

Сари сабзат ҳамеша дар амон бод, 

Дилат аз зиндагонӣ комрон бод!

Насиби ту бувад шодии олам,

Ғами олам насиби душманон бод!

Бо эҳтироми қавӣ, Вилоят Каримова аз номи ҷамиъи дӯстон

 

Чоршанбе, 20 Ноябр 2019 09:17

Хонанда, дӯст ва мухлиси ашаддии газетаи мардумии СССР, Раҷаб Холмаҳмадови 72-сола аз деҳаи Туркироҷи ноҳияи Панҷакент (тел: 900 62 38 78) дар меҳмонии СССР гуфт, ки дар 2 мавзуъ кӯтоҳ гуфтаниям:

1.Имрӯз 12 ноябр асту ҳоло ҳам мо пенсияи моҳи октябрро нагирифтаем. Сабаб ва мушкил дар чӣ бошад? Дар Панҷакенти мо одат шуда, ё дуо рафтааст, ки ҳамеша нафақаи инмоҳаро 2-3 моҳ пас медиҳанд. Дар охир, тамоми мардум аз дӯкону мағозаҳо қарздор мемонанд…

2.Ба қарибӣ аз ТВ Сафина 1 барномаи муштараки Тоҷику афғон, ки «Садои дӯстӣ» ном дошт, намоиш дода шуд. Либоси зебои афғонии тоҷикдухтар ва ҷомаи тоҷикии афғонбача аз наздик будани расму оин ва меҳри 2 халқи ҳамзабон шаҳодат медод. Меҳмони асосии барнома сарояндаи маҳбуби мардуми афғон Амирҷон Сабурӣ буд. Мусиқиашонро намегӯӣ? Лек суол ин аст, ки чаро ромишгарони мо на либоси миллӣ доранду на заҳмат кашидан мехоҳанд? Чаро «ситораҳо»-и мусиқии Тоҷик ба чизи тайёр одат карда, танбал шудаанд? Интихоби матн магар мушкил аст? Мирзо Бедил дуруст фармуда:

Обила бар саъйи по ҳаргиз намеояд ба даст,

Решаи ток аз давидан соҳиби ангур шуд.

 

Чоршанбе, 20 Ноябр 2019 09:13

 Санаи 4.11.2019 дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» мулоқоти Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом бо ҳайати расмии Бонки Ҷаҳонӣ таҳти рохбарии ҷаноби Тим Де Ваан баргузор гардид.

  Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои Лоиҳаи кӯмаки техникӣ барои бахши молиявӣ ва татбиқи принсипҳои идоракунии корпоративӣ дар низоми молиявиро мавриди баррасӣ қарор дода, нисбат ба он ибрози ақида намуданд.

  Ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ пешниҳод намуд, ки бо дарназардошти тағйир ёфтани низоми иқтисоди ягона ба иқтисоди бозорӣ, имрӯз зарурият пеш омадааст, ки низоми идоракунии ташкилотҳои молиявию қарзӣ, аз ҷумла БДА ҶТ «Амонатбонк» ба тариқи идоракунии корпоративӣ ба роҳ монда шаванд.

   Роҳбарияти Бонк дар иртибот ба чунин пешниҳод иброз намуданд, ки БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ҷумҳурӣ ягона бонки давлатӣ, ҳамчунин пиёдакунандаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва дар сурати мухолифат накардани чунин тарзи идоракунӣ ба қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи бонкӣ ва нарасонидани таъсири манфӣ ба фаъолияти Бонк омодааст, ки ҳамкориро дар ин самт бо дарназардошти ба инобат гирифтани манфиатҳои миллӣ ба роҳ монад.

 

Натиҷаҳои фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” дар 9-моҳи соли 2019

     14 октябр ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти нуҳмоҳа Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони воҳидҳои сохтории Бонк ва мудирон филиалҳо иштирок доштанд.

        Дар оғози нишаст Раиси Раёсат иштирокчиёнро хайрамақдам намуда, ҷаласаро ҳусни оғоз бахшиданд. Баъдан маърӯзаи муовини Раиси Раёсати БДА «Амонатбонк» Фирдавс Ризвонзода пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Муовини Раиси Раёсати БДА «Амонатбонк» Ризвонзода Ф. Қайд, намуданд, ки дар қадами аввал баҳри дастрасии ҳамаҷонибаи мизоҷону сайёҳон ба хизматрасониҳои бонкӣ, 150-адад ё 27%-и марказҳои хизматрасонии бонкӣ ба шафати роҳҳои байналмилалӣ, дохили маркази савдову бозорҳо ва чорроҳаҳо кӯчонида шуданд.

       Дар баробари ин, фаъолияти 11 адад хазинаҳои шабонарӯзии дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Исфара, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ, ки 24 соат ба аҳолӣ ва сайёҳон хизматрасониҳои гуногуни бонкиро пешниҳод намуда истодаанд, пурзӯр карда шуд.

      Сипас, нисбати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, ба филиалҳое, ки нақшаҳои худро бо зарар ҷамъбаст намудаанд, супоришҳои мушаххас дода шуда барои беҳтар намудани хизматрасониҳои бонкӣ бо мизоҷон аз тарафи муовини Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон пешниҳодҳо манзур карда шуд.

     Ёдовар мешавем, ки тули чор моҳ телефонии боварии БДА «Амонатбонк» бо рақами кӯтоҳи 1885 – 24 соат фаъол буда барои баратаф намудани камбудиҳо ва арзу шикояти мизоҷони бонк, мусоидат мекунад.

     Бояд қайд, намуд ки то имрӯз зиёда аз 884 арзу шикотяҳои мизоҷони бонк ба қайд гирифта шуда, мушкилии онҳо саривақт аз тарафи мутахассисони бонк бартараф карда шудааст.

 

Ҳафтаи «Рӯзи байналмиллалии амонатҳо» 2019 дар ш.Хоруғ

    Бо ташабусси Роҳбарияти БДА ҶТ «Амонатбонк» ва Фонди хазинаҳои  амонатгузорӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (Sparkassenstiftug) дар филиали №67-и ш.Хоруғ бо иштироки кормандони Амонатбонк, мизоҷони Бонк, нафақахурон, донишҷуён ва толибилмон  чорабинӣ таҳти унвони «Рӯзи байналмиллалии амонатҳо» 2019  баргузор  гардид.

   Сараввал мудири филиали №67-и ш. Хоруғ, Хуҷамриев Ҳубайдо ҳамаи иштирокчиёни чорабинии мазкурро табрику таҳният гуфта, суханро ба сардори Идораи амонатҳо пардохтҳо ва коғазҳои қимматнок Ҳакимзода Хушвахт Хол ва намояндаи Фонди хазинаҳои  амонатгузорӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (Sparkassenstiftug)  Аваз Ибодов дод.  

   Меҳмонон дар масъалаи пешрафти соҳаи иқтисодиёт ва нуфузи  Амонатбонк, ки ягона Бонки давлатӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, суханрони намуда аз иштирокчиён даъват намуданд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани мавқеи Бонк ва аз тамоми хизматрасонию имкониятҳо самаранок истифода намоянд. 

   Бояд қайд намуд, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон “Рӯзи байналмилалии амонатҳо” таҷлил карда мешавад. БДА ҶТ «Амонатбонк»  тасмим гирифт, ки маъракаро дар се филиалҳои Бонк гузаронад, кушодашавии маъракаи мазкур рӯзи  17.10.2019 дар филиали №67-и ш. Хоруғ бо танта гузаронида шуд.

Қобили зикр аст, ки чорабинии мазкур ҳафтаҳои оянда низ дар филиалҳои №17-и н. Ёвон ва №15-и ш.Турсунзода ба нақша гирифта шудааст.

   Ҳадаф аз гузаронидани ин чорабинӣ, баланд бардоштани маърифати молиявии наврасон ҷавонон дар ҷомеа  ва ҷалби онҳо ба  пасандоз  мебошад. 

   Дар фарҷоми чорабинӣ ба иштирокчиён ва ғолибони озмуни расмкашии байни мактаббачагон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

 

Чорабинӣ бахшида ба «Рӯзи байналмилалии амонатҳо-2019» дар филиалҳои «Амонатбонк» ҷамъбаст шуд

   Мафҳуми амонат ва даромаду хароҷоти оиларо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Турсунзода дар доираи як озмун, ки қаблан аз ҷониби Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» эълон гардида буд, дар расмҳо тасвир намуданд.

 Ин тадбир, ки бо иқдоми роҳбарияти Бонки мазкур дар доираи «Рӯзи байналмилалии амонатҳо-2019» амалӣ карда шуд, дар баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон нақши калидӣ хоҳад дошт.                

  Зимни ҷамъбасти озмуни макур, ки дар филиали №15-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Турсунзода баргузор гардид, пеш аз ҳама роҳҳои баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ мавриди туҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла таъкид гардид, ки маърифати молиявии аҳолӣ дар сурате баланд бардошта мешавад, ки аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои қарзӣ, падару модарон ва дар маҷмуъ аҳли ҷомеа ба наврасону ҷавонон аз хурдсолӣ роҳҳои харҷи дурусти маблағ омӯхта шавад.

 Дар доираи ин чорабинӣ ҳамчунин мутахассисони бонк бо ташкили суҳбатҳои озод ба иштирокдорон оид ба мафҳумҳои қарз, пасандоз, банақшагирии даромаду хароҷоти оила, чӣ гуна ва дар куҷо нигоҳ доштани маблағ маълумот пешниҳод намуданд.

Ҳамзамон бахшида «Рӯзи байналмилалии амонатҳо-2019» ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифати молиявии наврасон таҳти унвони «Дирам» бозии таълимии ҷолиб низ баргузор гардид, ки дар он сокинони касбу кори гуногун ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Турсунзода фаъолона иштирок намуданд.

 Дар охир ба иштирокчиён ва ғолибони бозии «Дирам» ва озмуни расмкашӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Шуъбаи матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк»

 

саҳ 4 аз 12

Китобҳо

Flag Counter