ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 20 Ноябр 2019 09:11

Прокуратураи н.Ёвон шикояти сокини ҷамоати деҳоти Обшорон, деҳаи Оби Мукӣ Бегмонов Сафарали (СССР, 22.08.2019)-ро бо номи «Ёвон: Шиноснома бе «таға» намешавад?» мавриди баррасӣ қарор дод. Санҷиш нишон дод, ки аз ҷониби ХШБ ШВКД дар ноҳия бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати ҶТ аз 9.02.2019, таҳти №64 «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2016 таҳти №207-7 дар хусуси дар давоми 6 моҳ аз нав ба қайдгирии симкортҳои ашхосе, ки шиносномаи намунаи с.2014-ро надоранд» ва муроҷиати сокинони ноҳия, тибқи тартиби муқарраршуда шиносномаҳои намунаи нав ба шаҳрвандон дода мешавад. Тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи боҷи давлатӣ» таҳти №491 ва Фармони ВКД ҶТ таҳти №400 б/з аз 5.06.2013 маблағи шиносномаи дохилии ҶТ 10 доллари ИМА муқаррар шудааст, ки ин маблағ аз ҷониби худи муроҷиаткунандагон ба филиали БДА «Амонатбонк» дар н.Ёвон супорида, расиди он ба ХБШ ШВКД пешниҳод мешавад. Вобаста ба ваҷҳи овардааш Бегмонов, ки зимни пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо барои гирифтани шиноснома аз ҷониби нозирони ХШБ ШВКД маблағҳои иловагӣ талаб мекардаанд, баёнот дод, ки шахсан ба ХШБ ШВКД дар ноҳия барои гирифтани шиносномаи намунаи нав муроҷиат накарда, мутаносибан аз ӯ ягон кас маблағи пулӣ талаб накардааст. Ҷамоати деҳоти Обшорон аз маркази ноҳия дар масофаи ҳамагӣ 10 км ҷойгир буда, роҳкиро тавассути автомашинаҳои кироякаш ҳамагӣ 5 сомонист…

Амирзода Д.Р.,

прокурори н.Ёвон, мушовири адлияи дараҷаи 2

 

Чоршанбе, 20 Ноябр 2019 09:03

 

Чоршанбе, 20 Ноябр 2019 08:58

 

Чоршанбе, 20 Ноябр 2019 08:46

Чоршанбе, 20 Ноябр 2019 08:44

Юрий Андропов 12.11.1982 дар Пленуми фавқулоддаи КМ ҲКИШ, ки бо сабаби марги Брежнев доир шуд, зимоми қудратро ба даст овард. Аз миёни 8 роҳбари Шӯравӣ ӯ шояд аз ҳама роҳбари асроромез будӣ. Ӯ вақте ба қудрат расид, ки 68 сол дошт ва ба бемории лоилоҷ гирифтор буд. Ҳамагӣ 15 моҳ сари қудрат боқӣ монд ва аз ин муддат, танҳо наздики 10 моҳро дар кори меҳнатӣ гузаронд. Бо ин вуҷуд, ӯро мешавад охирин эҳёгари суннатҳои фаромӯшшудаи кишвари Шӯроҳо номид. Вай аз зумраи ангуштшумор сиёсатмадорони шӯравӣ буд, ки вазъи бади СССРро дарк карда, кӯшид аз хавфи қарибулвуқӯъ ҳифз кунад. Давраи ӯ бисёр кӯтоҳ, вале аҷибу ғариб буд. Ситораи сиёсии Андропов бо таъини ӯ ба ҳайси роҳбари вақти КГБ дар фазои сиёсии Шӯравӣ ҷилва дод. То ин дам ҳатто 1 рӯз ҳам дар ин ниҳод кор накарда буд ва кам касе гумон мекард, ки рӯзе роҳбарии ин ниҳодро ба зимма мегирад. Аз ин болотар дар таърихи фаъолияти КГБ баъди Ф.Дзержинский шояд самараноктарин роҳбари ин ниҳод буд. Замои роҳбарии ӯ КГБ ҳеҷ кӯтоҳӣ дар анҷоми вазифа намекард ва тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеаи шӯравиро таҳти назорат қарор дода буд. Пеш аз Андропов ба КГБ Владимир Семичастный роҳбар буд. Аммо миёнаҳои майи с.1967 Брежнев якбора дар 1 нишасти Бюрои сиёсӣ ӯро бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи роҳбари КГБ холӣ кард ва Андропов раиси КГБ шуд.

Мегӯянд, худи Юра зидди ин амалкард баромад ва дар нишасти Бюро гуфт: “Шояд ин корро накунед. Ман ҳеҷ тасаввуре дар бораи кор дар ин ниҳод надорам”. Аммо Брежнев ва дигарон, ки мехостанд ба ҳар васила Семичастныйро аз роҳбарии ин ниҳод сабукдӯш кунанд, эътирози ӯро эътино накарданд. Бо вуҷуди ин, Андропов 15 сол ба қудратмандтарин ниҳоди СССР сарварӣ кард ва маҳз ишғоли ин вазифа ӯро ба 1 симои нерӯманди ҲК табдил дод. Баъзеҳо ақида доштанд, ӯро духтурон нодуруст табобат карданд ва котиби генералӣ пеш аз мӯҳлат фавтид. Аммо иддаи дигар, ки миёни онҳо собиқ вазири дифои СССР Устинов, аъзои Бюрои сиёсӣ Громико ва Чебриков қарор доранд, бар инанд, ки ӯ бар асари захми тир аз олам мурд. Баъди марги ӯ қудратро дар СССР боз командаи собиқи Брежнев дар симои К.Черненко ишғол кард ва муборизаи тӯлонии Юра ва Брежнев бо ғалабаи дуввумӣ поён пазируфт.

Чоршанбе, 20 Ноябр 2019 08:32

15.11.1920. Дар Женево-пойтахти Швейтсария аввалин нишасти Маҷлиси Лигаи Миллатҳо оғоз шуд. Он қариб 30 сол ҷойгузини СММ буд ва ҳамон замон ҳам эътибори чандоне надошт.

15.11.1923.Дар СССР ГПУ ба ОГПУ тағйири ном кард ва аз ҳайъати НКВД бароварда шуд. Бо ин кор чекистонро аз қудрати судӣ маҳрум карданд.

15.11.1923.Таварруми азим дар Олмон. Дар ин рӯз саррофиҳои Берлин 1 доллари амрикоиро бо нархи 4 триллион марка мехариданд.

15.11.1982. Маросифи дафни котиби генералии ҲКИШ, Леонид Брежнев дар Майдони Сурхи Маскав. Вақте ҷасадро ба қабр мегузоштанд, тобут аз бандҳо канда шуд ва якбора ба замин уфтод. Ӯ яке аз 10 нафар аз роҳбарияти олирутбаи шӯравӣ буд, ки номаш дар қатори санги хороии девори Кремлин дарҷ шуд.

16.11.1921.Дар Русияи Шӯравӣ Бонки давлатии РСФСР ба кор сар кард. Амалиёти пулӣ тариқи ҳамин бонк анҷом дода мешуданд.

16.11.1922.Ҳукумати болшевикӣ, албатта бо дархости мардум 1 идда аз намояндагони қишри зиёиро аз СССР табъид ва намояндагони ин қишрро бо киштии мусофирбари "Пруссия" аз Русияи шӯравӣ хориҷ карданд.

16.11.1933.СССР бо ИМА муносибати дипломатиро барқарор кард. 

16.11.1938.Дар СССР Кумитаи умумииттиҳодии корҳои тарбияи ҷисмонӣ ва спорт бо фармони худ самборо “аз ҷиҳати гуногуншаклии усулҳо ва аҳамияти дифоӣ" навъи спорти бисёр боарзиш номида, ин рӯзро рӯзи таваллуди расмии ин навъи гӯштин меҳисобанд. 

17.11.1919.Бо қарори Шӯрои Инқилобии РСФСР Корпуси саворавӣ унтер-афсари собиқ Семен Буденный ба Армияи якуми савора табдил дода шуд. Армияи якуми савора, ки бештар аз казакҳои болшевикшуда таркиб ёфта буд, дар ғалабаи болшевикон нақши муҳим гузошт.

Чоршанбе, 20 Ноябр 2019 08:31

Узви Ихвон-ал-СССР, Достон Ҳикматов, муаллими собиқадор аз ноҳияи Нуробод ба СССР занг задаву гуфт, ки имрӯз зиёд дар бораи сатҳи дониши донишҷӯён дар матбуоту Радиову ТВ мегӯянд, аммо 1 чизро бояд дарк кард: Донишҷӯ шудан худ Давлат аст. Зеро айни замон ба ин зина расидан на барои ҳар ҷавон муяссар мешавад. Мефаҳмам, ки на ҳамаи ҷавонон ба мактабҳои олӣ барои хондан омодаанд. Вале бовар дорам, агар ҳамун донишҷӯ ҳам соҳиби диплом шаваду соҳиби кор, ҳадди ақал ба қадри одамият мерасад, оҳиста-оҳиста зиндагӣ ӯро тарбият мекунад. Ба қадру манзалати он заҳматҳои волидайнаш, ки бо азоб пул ёфта, барои шиками фарзанди донишҷӯяш мефиристод, мерасад. Яъне ин паҳлӯҳои студентиро ҳам бояд андешид. Агар гап сари хондану нахондан бошад, дар ҳамон давраи СССР ҳам буданд донишҷӯёне, ки фақат барои рӯзро кӯр кардан меомаданду мерафтанд…

 

Чоршанбе, 20 Ноябр 2019 08:29

Узви Ихвон-ал-СССР Шерафган Иброҳими Алӣ, аз шаҳри Кӯлоб бо телефони 98 519 23 57 ба газетаи СССР занг задаву гуфт, 2 гуфтанӣ дорам:

1.Итминони комил дорам, ки гуруҳи футболии 17-солаи мо зери роҳбарии Зайниддин Раҳимов дар оянда чемпиони Осиёи Марказӣ хоҳанд шуд. Зеро банда 50 сол боз мухлиси футбол ҳастаму фанати Равшани Кӯлоб!

2.Як нафар хонанда дар шумораи гузашта гуфтааст, ки хизмати ҳарбиро 1,5-сола кунем. Ба Худо айб аст, агар хизмат дар Артиш 1,5-сола шавад!!! Бигзор ҷавонон дар Артиши миллӣ 2-3 сол хизмат кунанд, на 1 сол! Ин мактаби ҷавонмардист ва ин давраро бояд мардонавор тай кунанду МАРДАК шаванд!!!

 

саҳ 5 аз 12

Китобҳо

Flag Counter