ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 20 Ноябр 2019 08:27

Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР ва аъзои Ихвон-ал-СССР! 1 нафар омӯзгор оид ба обунаи иҷборӣ ин фактро гуфт: «То 40-45% ойликҳои октябр-ноябрро барои газету журналҳо «зӯран» дошта мегиранд. Болои ин, тибқи қонун 12% андоз аз даромад, 1% фонди нафақа, 1% аъзоҳаққии профсоюз, 1% аъзоҳаққии ҲХДТ, ҷамъ 55% мешавад! Яъне 55 сомонӣ аз ҳар 100 сомонӣ. Агар маош 600 с. х 55% = 330 сомонӣ, дар даст мемонад 270 сомонӣ! Ҳатто аз миллионерҳои Аврупо ин хел налоги баланд ситонида намешавад.

Ҳаким Ҳомид,

ш.Хуҷанд, тел: 98 809 71 94

 

Чоршанбе, 20 Ноябр 2019 08:24

Аз масъулини Раёсати ҳифзи ёдгориҳои таърихи Вазорати фарҳанг хоҳиш дорам, ҳар рӯз не, лоақал гоҳ-гоҳ ба харитаи сиёсии Тоҷикистон нигаранд, шояд чашмашон ба 4 ҳарфи калон-ВМКБ расаду ёд оранд, ки ҳамин хел вилоят дар 47%-и ҳудуди ҷумҳурӣ доман паҳн карда, барои ҷаҳонгардон зеботарин гӯшаи дунёст. Агар вақт дошта бошанд китобҳои зиндаёд, собиқ ходими илмии Пажӯҳишгоҳи таърихи АУ Мира Алексеевна Бубноваро варақ зананд, ки ёдгориҳои таърихӣ ҳоло дар кадом вазъ қарор доранд. Умуман, Помир Помир аст. Барои онҳое, ки ин диёрро нодида мегиранд, аз мақоми Помир дар сайёраи замин танҳо 1 мисол меорам: Муҳити табиии ин диёр тавре офарида шуда, ки он бояд яке аз ободтарин гӯшаи сайёраи замин бошад. Гуфтаниам, ки Помир бояд на муфлис бошаду на сокинонаш, на ёдгориҳои таърихиаш хароб. Воқеан, кулли элементҳои ҷадвали даврии Менделеев дар ин ҷо мавҷуданд. Ба ин нерӯи пуриқтидораш нигоҳ накарда, ҳатто ёдгориҳои таърихиашро таъмир карда наметавонад. Ин ёдгориҳо танҳо моли мардуми Бадахшон на, балки сарвати миллати тоҷиканду барои насли ояндаи мо чун обу ҳаво лозим. Помирро осорхона-қадимтарин мавзеи тоҷикнишин дар олам меҳисобанд. Ва ҳар сол аз ташрифи туристон ба ин сарзамин ба буҷаи ҷумҳурӣ миллионҳо доллар ворид мегардад.

Лутфишоҳи Додо,

журналист, ш.Хоруғ

 

Чоршанбе, 20 Ноябр 2019 08:22

Мушкили миллӣ-8

Агар дархости душаҳрвандиву грин-корт ватанфурӯшиву ватанбезорӣ нест, пас чаро амрикоиҳо грин-корти моро намегиранду русҳо ба Тоҷикистон барои «переселение» ё худ кӯчбандӣ намеоянд???

Чанде қабл 1 дӯсти бисёр наздикам занг задаву гуфт: «Сайёф, 1 бало карда, аз Тоҷикистон баро, ки вазъ сол то сол батар шудан дорад. Хатароти рӯзафзуни терроризм, давлати исломӣ, кашмакаши абарқудратҳо, вархӯрди манофеи Русияву Амрико дар минтақа ва ғ. ва ҳ. Осиёи Марказиро ба маркази набардҳо табдил хоҳанд кард…». Ин дӯсти ман соли 5-ум аст, ки тарки ватан кардааст, бо аҳли байташ. Ҳушдорам ҳам медод, ки «медонам патриотӣ, вале ақаллан фикри бачаҳоятро кун…».

Ба ӯ гуфтам ва ба ту ҳам мегӯям хонанда:

-Ман ҳеч куҷо намеравам! Ҷанг шуд, пеши хонаам окоп меканаму меҷангам! Ҳамин иддаои маро Шоираи Раҳимҷон-ҳамкори гиромиям дар Амрико карда буд, ки чун пешниҳодаш карданд, грин-корти Амрикоро ба даст оварад, ки вазъ метавонад дар Тоҷикистон бад шавад, гуфта:

-Худо накунаду, ҷанг шуд, паҳлӯи Сайёфи акам дар окопи пеши хонааш ҷой мегираму тираш медиҳам, то бо душман ҷанг кунад!

Русҳо 1 масали халқӣ доранд: «Каламушҳо қаблтар аз ҳама киштии ғарқшударо тарк мекунанд!». Имрӯз кӯчбандиву грин-кортҷӯии тоҷиконро дида, ҳамин мақол пеши назар меояд. Эй, мардум! О, Ватан танҳо барои кайфу сафош нест! Ватан, ки дар хатар монд, онро ҳифз бояд, на тарк!!! Имрӯз, ки дар шароити амну фазои осоишта ба сар мебарему барои «мабодо!» фавҷ-фавҷ рахт мебандем, фардо, Худо накунад, балое сар зад, чӣ мекарда бошем? 1 бор фикр кардаед, ки агар Сангаку Файзаливу Лангариву Ёқубу Ғаффору Исматча… дар с.1992 фикри худро кардаву мегурехтанд, ҳоли Тоҷикистон чӣ мешуд? Ин муштзӯрон 1000 бор патриоттар аз аҳли донишу зиёи имрӯзинанд, ки дар сар андешаи «торик-ул-ватанӣ» доранд!

Андешае кардаӣ, хонанда, ки фарзи мисол, сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмони ҷавон ва риски ӯ дар с.1992 намешуд, Ватан дар куҷо буд? Магар ӯ имконият надошт, ки мисли дигарон фирор кунад? Дошт! Вале нарафт ва ватанро сохт! Маҳз сохт! Аввал сохт ва баъдан ҳифз кард…

Ин дар ҳоле буд, ки «лже-патриот»-ҳои дигар на танҳо аз пойтахт фирор карданд, ки гурехта рафта гӯшаҳои ватанро ба ҳамсоягон фурӯхтанд, хостанд, ки бо диёри бобоияшон вориди дигар кишварҳо шаванд. Ин мавзуъро СССР, ки газетаи патриотист, пайгирӣ мекунад ва то он хоинон ҷазои сазовор нагиранд, лаҳзаҳои ногуворашон давом мекунад. Мо Метавонем!

Ва ана ҳамон тарсу-ваҳмакҳо имрӯз низ пайдо шудаву миллатеро гурезонданиянд. Ба далелу арқом таваҷҷӯҳ кун, хонанда. Дар 6 соли ахир беш аз 33.000 нафар ҳуқуқи зист дар Русияро соҳиб шудааст! Ин дар ҳолест, ки 76.000 тоҷикистонӣ дар талаби дарёфти квотаи кӯчии ихтиёрист. Куҷо меравад ин мардум? Инҳо унҳое нестанд, ки дар Русия муздурӣ доранд! Муздуре, ки кор кардаву ба аҳли байташ пулу манол мефиристад, патриоти асил аст. Онҳо ватан месозанд. Инҳо дар фикри гурез аз ватананд!

Ман пешниҳод дорам, ки ҳар нафаре ин мақом-кӯчбандии ихтиёриро бармегузинад, бояд паспорти тоҷикияш бозхонда шавад. Бигзор равад! Вале ба умеде наравад, ки Ватанро Тоҷикони асил обод мекунанду бозгашта меояд. Ватан, ки ба онҳо имрӯз лозим нест, онҳо низ фардо ба ин Ватан нолозиманд! Ва агар миллионҳо далели шайъиву шаръии сапедсози тасмими худро оваранд ҳам, ман шахсан ба ягон тани онҳо эътимод надорам. Зеро патриот бояд дар ватану бо ватан бошад! Грин-корт ва «кӯчбандии ихтиёрӣ-переселение» хиёнат ба ватан асту бас. Тамом вас-салом!

Ин дар ҳолест, ки сарватмардону вазирону кабироне, ки пулу молу сарвату давлати хешро тавассути ширкатҳои оф-шор ба берун мекашанд, 2 карат хиёнаткортар ҳатто аз онҳоеянд, ки ба сафи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мепайванданд. Зеро агар охириҳо танҳо ҷони худро зери риск қарор диҳанд, пас инҳо сармояи Ватанро рабудаву Давлати моро таҳти риски муфлисӣ гузоштан доранд. Яъне инҳо ба фардои Тоҷикистон бовар надоранд ва бояд ликвид шаванд!

Сахт гуфтам? Мо Метавонем!

 

Душанбе, 18 Ноябр 2019 09:39

Илёсиддин Тешаеви 17 сола, ки дар мусобиқот оид ба дарёфти Ҷоми Россия аз рӯи намуди панкратион рӯзҳои 27-30 сентябри соли равон ба дарёфти мақоми авввал шарафёб ва ба ҳайати дастаи мунтахаби Россия шомил гардида буд, дар Чемпионати ҷаҳон аз рӯи намуди панкратион, ки рӯзҳои 15-17 ноябр дар ш.Рим (Италия) сурат гирифт, пирӯзӣ ба даст овард.

  Ӯ 10 майи соли 2002 дар деҳаи Ворухи ш.Исфара таваллуд ёфта, аз соли 2015 инҷониб дар ш.Липетски Федератсияи Россия якҷо бо аҳли оилааш зиндагӣ дорад, хонандаи синфи 11-и мактаби миёнаи №38-и ш.Липетск мебошад.

Шавқу ҳаваси Илёсиддин ба варзиш ҳанӯз ҳангоми кӯдакияш зуҳур карда, аз синни 7 то 13 солагиаш дар толори варзишии ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ»-и ш.Исфара асрори гуштини тарзи озодро омӯхта буд. Аз соли 2015 инҷониб дар Маҷмааи варзишии «Динамо», дар мактаби варзишии ҳунарҳои размии   Воротинтсев Игор Николаевич аз рӯйи намудҳои муҳорибаи тан ба тан, панкратион машқу тамрин мекунад.

  Маҳз бо шарофати азму иродаи қавӣ ва тамринҳои доимӣ дар 1 муддати кӯтоҳ тавонист, ки маҳорати варзишии худро таҳти назари устодони варзиш, Чемпиони Россия оид ба карате Алихон Умаров  ва мураббии худ Игор Воротинтсев такмил бахшад ва байни варзишгарони муваффақи вилояти Липетск мақоми худро пайдо намояд.

  Моҳи январи соли 2016 дар мусобиқоти муҳорибаи тан ба тан дар ш.Липетск  баъди пирузии севвум дасти ӯ шикаст ва Илёсиддин бо дасти шикаста дар финал ҳарифашро мағлуб кардаву пирӯзӣ ба даст овард ва дар 1 вақт соҳиби медали тилло ва ҳам Ҷоизаи махсус «Барои ҷасорат» гардид.

Моҳи  феврали соли 2016 Қаҳрамони мусобиқоти муҳорибаи тан ба тани Ҳавзаи Федеролии Марказӣ гардида, ибтидои моҳи марти ин сол Қаҳрамони вазни 40 кг-и вилояти Липетск оид ба панкратион ва 17- 20 марти соли 2016 Қаҳрамони Ҳавзаи Марказии Федеролии Русия аз рӯйи ин намуди варзиш байни наврасон шуда буд. Моҳи январи соли 2017 Илёсиддин Тешаев Қаҳрамони вазни 46 кг- и варзиши тан ба тани наврасони то 15 солаи вилояти Воронежи Русия шуд.

Моҳи марти соли 2017 низ ӯ ба дарёфти мақоми Қаҳрамони Ҳавзаи Марказии Федеролии Русия оид ба панкратион ва додари ӯ Диловар Тешаев ба гирифтани ҷойи дуввум ноил гардиданд. Моҳи феврали соли 2018 ӯ дар мусобиқаи панкратиёни наврасони вилояти Липетск 3 ҳарифи худро дар 1 муддати кӯтоҳ ва бо усули дард додани даст шикаст дода, ҷои аввалро гирифт ва дар мусобиқоти варзишӣ дар вилояти Тамбов низ пирӯз гардид.

  Илёсиддин Тешаеви  ахиран моҳи сентябри соли равон дар мусобиқот оид ба дарёфти Ҷоми Россия аз рӯи намуди панкратион ба дарёфти мақоми авввал шарафёб ва ба ҳайати дастаи мунтахаби Россия шомил гардида, дар Чемпионати ҷаҳон аз рӯи намуди панкратион, ки давоми рӯзҳои 15-17 ноябр дар ш.Рим (Италия) сурат мегирад, ба  пирӯзӣ расид.

 /

Ҷ.Мақсуд

 

 

Ҷумъа, 15 Ноябр 2019 09:31

Ҷоми футболи СССР-2019 дар шаҳри Кӯлоб сар аз 14 ноябр то 17 ноябри соли 2019 идома мекунад. Ёдовар мешавем, ки Кубоки футболи СССР аз с.2008 то кунун идома дошта, дар он футболистони навраси кишвар аз тамоми шаҳру ноҳияҳо шомиланд.

 

Матлаб такмил мешавад…

 

Панҷшанбе, 14 Ноябр 2019 09:54

Бо ҳалномаи Суди Олии ҶТ аз 15.08.2019 аризаи Прокурори генералии ҶТ дар бораи иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», манъ намудани фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бастани сомонаҳои интернетии ин ташкилот ва манъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шудааст. Ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф карда шуда, фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Тавре маркази матбуоти Суди олии ҶТ хабар медиҳад, ҳамчунин бо ҳалномаи мазкур сомонаҳои интернетии «Nahzat.org», «Vostoknews.org», «Kimya Saadat», «Isloh.net», «Ozodandishon.org», «Zindoniyon.com», «Payom.net», «Tojik islom.ucoz.ru», «salafyink.com», «tajreform.org», «hawzah.net», «salafimasjid.com», «islamhouse. com/ru/», «hizb-russia.info», «sunna-portal.com», «toislam.ws», «mowahed.com», «tevhiddersleri.tv»,  «whyislam. com», «muhajeer. com», «abumuhammaddagestani.wordpreess.com», «new. sadaislam. com», «Группа24» ttps://www.facebook. com/grou Ds/ 1739568342 923996A.«ПАЁМИMAPflyM»(https://www.facebook. com/ groups / l 1019930964    88697/), «Хабарҳои n^M»fhttps://www.facebook.com/profile.php?id~100012780767765), «Бги Дега» (https://www. facebook.com/Bm-4era-3738158 50025587), «Radio Payom» (https ://voutube. com/channel/ UCvobZlG2 CmxvEkwYlXHY OvO). «Паймони Миллии Тоҷикистон» (https://www. voutube. com/ channel/UCiUldein02WcF1149h-m VA), «Payomi Mardum» (https: //www .youtube. com/channel/ U С v obZ 1 G2CMxy Ekw Y1XH Y OvQ),«Паймони Миллии Тоҷикистон» (https:// www. faceb00k. C0m/ naftM0roi – MKAHH - T04HKHCT0H - 596956310802091/). «Группа-24» (https://www. youtube. com/ channel/ Ucm CWlaokpZVoCrvi80UvIuA), «HAQTJ» (https:// www.youtube. com/channel/UCsWkRTYoK tENMHbelkgwGcO). «ПАЁМ tv» (https://www. youtube. com/ channel/ UCO qafr VhGQV pv8SsIu_wcxw), «POLITIK TJ» (https: //www. voutube.com/ channel/UCf9pX DJUFHotTGkMm80Jlw), «Ҳизби Наҳзати Ислом» (https://www.voutube.com/channel/  UCKvg Qh01VBbx Woito6xP Kg), «ГРУППА 24 LIVE» (https://www.voutube. com/channel/UC3iz3J495UOoSa Vg Bw GC 09 w), «Группа 24 Общественное политические движения» (https://www. facebook. com/ groups/guruhi24/), «Group-24» (https://www.facebook. com/ group 24net/) ва «Паёми Мардум» (https://www.facebook. com/pavomimardumA, ки ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистии «Паймони миллии Тоҷикистон», «Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон» ва дигар ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ хизмат мекунанд, баста шудааст.

 

Панҷшанбе, 14 Ноябр 2019 09:44

Шоираи Раҳимҷон, журналист, шоира ва продюсери маъруфи Тоҷик, ки ҳафтае қабл аз сафари тӯлонии Амрико баргашт, дар меҳмонии газетаи СССР қисса кард, ки Тоҷикони соҳиби «грин-корт» дар шаҳру штатҳои Амрико хеле зиёд шудаанд ва ҳама ҷои кор доранд. Амрико ҷоест, ки дилхоҳ нафар бо кор таъмин мешавад, чӣ дар соҳаи хизматрасонӣ ва чӣ иҷтимоиёт. Бо 1 ҳарф ба ҳама ҷои кор мерасад!!! Вале ошкоро мегӯям, ба кулли онҳое, ки дар орзуи «грин-корт»-анд, ҳаргиз фикр накунанд, ки зиндагии хусравонӣ меёбанд. Албатта сароғоз мушкил аст, вале ба оҳистагӣ ҳастанд тоҷиконе, ки муваффақ шудаанд. Амрико шаҳри орзуҳост. Фарзи мисол, Лоиқ Раҷабови Тоҷик, ки дар тӯли андак вақт чемпиони PFL шуд. Ӯ дар Лас-Вегас 3 бор пирӯз омад ва ифтихори мо-Тоҷикони амрикоӣ буд. Тоҷикони зиёд дар Нйю Йорк, Вашингтон, Колорадо, Массачусетс… кор мекунанд… Тасмим дорам, дар шумораҳои ояндаи СССР ҳатман сафаргуфтори худро чоп кунам. Амрико 1 вежагие дорад, ки ҳаргиз ба ранги пӯст ва дину мазҳабатон касе аҳамият намедиҳад. 4 моҳ будам ва бо табъизи нажодиву мазҳабӣ дучор наомадам, чи хеле ки дар Русия ба чашм мехӯрад. Бо ин ҳама ватан-ватан асту вақте аз самолет дар Душанбе фаромадам, хоки Ватанро бӯсидам. Бовар мекунед, ҳатто дашному ҳақорати тоҷикон самимист. Воқеан, баъдан ба Кобул рафтам ва медонед чӣ? Дасти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро мебӯсам, ки чунин сулҳу оромишу зиндагонии осударо барои мо таҳия кардааст. Барои қадрдонии ин хидмати Президент бояд ҳар тоҷик ақаллан 1 бор Афғонистон равад ва бинад, ки сарватмандтарин афғону соҳибмансабтаринаш низ интизор аст, ки ҳамин ҳоло ӯро метарконанд ва ё мепарронанд. Садқаи хоку обу боду ҳатто дашному ҳақоратҳои Ватан!!! Мо Метавонем!!!

 

 

Чоршанбе, 13 Ноябр 2019 11:38

 Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе ба муовинони соҳавӣ ва роҳбарони сохторҳои дахлдори пойтахт вобаста ба танзими қонунии манъи парвариш ва нигоҳдории чорво ва ҳайвоноти хонагӣ дар ҳудуди ш.Душанбе дастур дода, инчунин талаб намудааст, ки ҷиҳати иҷрои моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар самти пурра манъ гардидани парвариш ва нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хушхон ва хурди ғайриистеъмолӣ дар ҳудуди пойтахт фаъолиятро пурзӯр намоянд. Барои вайрон кардани талаботи мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардидааст.

     Дар асоси моддаи 480 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ барои ғайриқонунӣ дар ҳудуди маъмурию ҳудудии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ғайр аз минтақаҳое, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муайян гардидаанд, парвариш ва нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1418) ба андозаи аз 10 то 20 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 100 то 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. Барои дар давоми 1 соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, шахсони воқеӣ ба андозаи аз 20 то 50 ва  шахсони ҳуқуқӣ аз 300 то 400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима карда мешаванд.

 

 

саҳ 6 аз 12

Китобҳо

Flag Counter