ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 13 Ноябр 2019 08:49

Фирор

Баъди сари қудрат омадани болшевикон дар Петроград раиси Ҳукумати муваққат А.Керенский аз Петроград ба ситоди Фронти шимолӣ ба Псков гурехт ва ният дошт дар ин ҷо нерӯҳои мусаллаҳи ҷонибдори ҳукуматашро пайдо кунад, лек дар Псков пайдо накард. Роҳбарияти Фронти шимолии нерӯҳои мусаллаҳи Русия низ ҳеҷ амалкарде барои дифоъ аз ӯ ва ҳукуматаш нишон надод. Роҳбари Фронти шимолӣ генерал В.Черемисов мавқеи бетарафиро ишғол намуд. Умуман, ҳарбиёни рус баъди пахши исёни Карнилов назари хуше ба Керенский надоштанд. Бо вуҷуди ин, комиссари ҳукумати муваққат дар Фронти шимолӣ В.Войтинский бо машаққати зиёд фармондеҳи корпуси 3-и казакӣ, генерал Красновро розӣ кунонд, ки нерӯҳояшро барои пахши ҳукумати болшевикон ба Петроград фиристад. Краснов розӣ шуд ва Войтинский дар ҳол ин хабарро ба Керенсикй расонид. Керенский дар навбати худ зуд ба нерӯҳои Краснов ҳамроҳ шуд. Албатта казакҳо низ, ки бештарашон аз Карнилов ҳимоят карда буданд, ҳеҷ хоҳиши ҷангидан барои ӯро надоштанд. Вазъи аҷибе ба амал омад. Керенский дар раъси нерӯҳое қарор гирифт, ки чанд моҳ қабл онҳоро шӯришчӣ хитоб карда, дар якҷоягӣ бо болшевикон торуморашон намуда буд.

Субҳи 8 ноябр Керенский ба казакҳо дастури ҳаракат сӯи Петроградро дода, шоми он рӯз аввалин дастаҳои казакҳо ҷониби пойтахт раҳсипор шуданд. Барои ҷунбиш ба Петроград Краснов тавонист танҳо 1000 нафар аз казакҳоро сафарбар кунад. Дертар ба ин нерӯҳо 900 тан юнкерҳо ва якчанд батареяҳои тӯпхонаӣ ва 1 поезди зиреҳпӯш ҳамроҳ шуданд. Ситоди олии сарфармондеҳии артиш бо сарварии генерал Духонин низ кӯшид то ба "шӯришиён" ёрӣ диҳад, лек бештари нерӯҳои сафарбаршуда аз ҷангидан зидди болшевикон сар боз заданд.

Чоршанбе, 13 Ноябр 2019 08:46

8.11.1917. Оғози шӯриши болшевикӣ дар ш.Маскав. Дар Маскав болшевикон баъди задухӯрдҳои шадид тавонистанд муқовимати нерӯҳои тарафдори ҳукумати муваққатро хомӯш кунанд ва бо машаққати зиёд Кремлро ба тасарруфи худ дароранд.

8.11.1920. Дар рафти ҷанги гражданӣ ба Артиши Сурх муяссар шуд, хатти мудофиаи Перекопро, ки дарвозаи Қрим маҳсуб меёфт, тасарруф кунад. Қрим вопасин муттакои нерӯҳои Артиши сафед дар қисмати ғарбии Русия буд ва баъди ишғоли он, ҷанг дар ин қисмати кишвар поён ёфт ва боқимондаи артиши сафед ба Туркия ва Марокаш ҳиҷрат карданд.

8.11.1975. Капитани дараҷаи 3 Валерий Саблин дар киштии "Сторожевой” шӯриш бардошт ва талаб кард, ки роҳбарияти ҳизбӣ-давлатии кишвар ба истеъфо равад.

9.11.1940.Дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи Иттиҳоди Шӯравӣ омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ ҷорӣ карда шуд.

9.11.1989.Дар Олмон ба тахриби девори Берлин сар карданд. Дарозии деворе, ки пойтахти немисҳоро 2 тақсим мекард, 45 км андоза дошт. Бар замми ин девори 120 км дигаре ҳам вуҷуд дошт, ки гирдогирди Берлини Ғарбӣ қад афрохта буд ва ин қисмати шаҳрро аз ҳудуди боқимондаи Олмони Шарқӣ ҷудо мекард. Бо тахриби ин девор пойтахти немисҳо дубора ба ҳам пайваст шуд.

10.11.1917. Дар Русия раиси Ҳукумати муваққат Александр Керенский кӯшиши дубора барқарор кардани қудраташро намуд ва бо нерӯҳои зиддиинқилобӣ ҷониби Петроград ҷумбид. Мутаассифона, ин охирин кӯшиши ӯ ба нокомӣ анҷомид ва болшевикон тавонистанд қудратро нигоҳ доранд.

Чоршанбе, 13 Ноябр 2019 08:44

МИҲД н.Кӯшониён матлаби «Кӯмаки соҳибкорон лозим»-ро дар маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия, бо иштироки мудирони шуъбаю бахшҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати иҷрои камбудию норасоиҳо ба масъулини соҳа дастуру супоришҳо дода шуд. Тибқи маълумоти бахши кумаки аввалияи тиббӣ-санитарии ноҳия, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Заргар 14 бунгоҳи тиббӣ, 2 маркази саломатӣ ва 1 беморхонаи рақамӣ, ба аҳолии ин Ҷамоат хизматрасонии тиббӣ мерасонанд. Тамоми муассисаҳои тандурустӣ бо мутахассисони пуртаҷриба ва таҷҳизоти тиббӣ таъминанд. Солҳои 2012-2014 аз сӯи соҳибкорони Ҷамоат беморхонаи рақамӣ ва маркази саломатӣ таъмир карда шудаанд. МИҲД н.Кӯшониён баҳри бартараф намудани камбудиҳои дар рӯзнома ба табъ расида, беҳтар шудани вазъи соҳаи тандурустии ноҳия аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад. 

Икромиддин Вализода,

раиси 

н.Кӯшониён

 

Чоршанбе, 13 Ноябр 2019 08:42

Узви Ихвон-ал-СССР, Моҳира Қаюмова, донишҷӯ аз ноҳияи Кӯшониён ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, ки ман ҳамчун сокини пойтахт ба ҳамсолонам 2 гуфтанӣ дорам.

1.Чаро мо пули миллиро қадр намекунем? Гап сари он аст, ки рӯи купюраҳои 1, 3, 5, 10 ва 20 сомонӣ бо ручкаву қалам ҳар чӣ менависанд, ҳатто рақами телефонро! Ин амал бештар аз ҷониби савдогарони бозор аст, ки барои миқдори пулро аз ёд набаровардан, дар рӯи пул рақам мегузоранд. Ин беэҳтиромӣ нисбати пули миллӣ нест? Чаро чунин бефаросатиро ба доллар, фунт, евро раво намебинанд? Аз таърих хондам, ки беш аз 200 сол боз пули миллии Амрико-доллар иваз ё беқадр нашудааст. Сабаби инро ман дар эҳтиром ба пулашон мебинам!

2.Сабзаву гулкориҳои пойтахти мо аз ҷониби роҳгузарон зери по мешавад. Гарчанде, ки навиштаи «Сабзаро зер накунед!»-ро барои чашми бинанда мондаанд, аммо онро ё намебинанд, ё писанд намекунанд. Ман аз ҳамаи падару модарон ва муаллимони мактабҳо хоҳиш дорам, ба наврасон одоб омӯзанд...

 

Чоршанбе, 13 Ноябр 2019 08:40

Узви Ихвон-ал-СССР, Мирзоҳаким Ғафуров аз ноҳияи Мастчоҳ ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, ки имрӯз аҷиб даврае шудааст. Ҳоло аксари мактаббачаҳоро дар бораи Гитлер мепурсед, намедонанд, кӣ буд. Намедонанд, ки бобоҳои онҳо барои ин Ватан ҷони худро қурбон кардаанд. Имрӯз, ки теъдоди ветеранҳои Ҷанги Дувуми Ҷаҳон хело кам мондаанд, бояд онҳоро қадр ва вохӯриҳо ташкил кунем. Зеро маҳз онҳо худ дарси таърихи 1 давраи Ватандӯстӣ мебошанд. Тамоми бурду бохти он замонро медонанд, ба пуррагӣ ҳамчун шоҳиди зинда ва иштирокчии воқеа нақл мекунанд. Ҳамчунин ҳар хонаводае, ки иштирокчии ҶБВ дорад, бояд ордену медалҳои ӯро пас аз марг бо эҳтиёт пос доранд, ки нишоне аз даврони ҷанги Тоҷик бо Гитлер аст. Аз ҳама аҷибаш ин аст, ки дар бораи Иди Ғалаба медонанду Гитлерро намедонанд, ки фашист буд, ё солдати шӯравӣ?!

 

Чоршанбе, 13 Ноябр 2019 08:37

Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР ва кулли Ихвон-ал-СССР! Мо дар хона аз хурд то бузург ҳамагӣ СССРхонем. Шахсан падарам, ки худ кадри давлати бузурги Шӯравист, газетаи СССРро аз шумораи аввал (09.09.2008) то имрӯз гирифта мехонад ва подшивка ҳам мекунад... Баъдан, бастаи СССРро ба макотиби миёнаи шаҳр ё китобхонаҳо бурда месупорад. СССР воқеан газетаи мардумӣ ва патриотист. Зеро ҳамеша дар бораи манфиатҳои миллат ва дифоъ аз он менависад. Чанд шумора пеш дар СССР хонда будам, ки бояд Тоҷикистон на сӯзишворӣ, балки дастгоҳи истеҳсоли нафт ва коркарди онро бихарад, то аз дигар кишварҳо вобаста набошем. Ман ин андешаро комилан ҷонибдорам. Агар 10 сол қабл ҳамин тасмимро мегирифтем, чӣ қадар мушкилоти мо ҳалли худро меёфт. Ҳозир аз рӯи тахмин ва ҳисоби ман қиматии ҳама гуна маҳсулот дар бозорҳо аз болоравии арзиши сӯзишворист. Зеро тоҷир аввал хароҷоти роҳро ба ҳисоб гирифта, пасон дар болои маҳсулоти воридкардааш нарх мегузорад. Аз ин рӯ, агар коркарди тамоми анвои сӯхтанӣ аз нефт дар дохили кишвар ба роҳ монда шавад, баҳои кулли молу маҳсулот дар бозорҳои кишвар поин меравад.

Муртазо Саидмуъминов,

иқтисодшинос, н.Шоҳмансур

 

Чоршанбе, 13 Ноябр 2019 08:35

Дар газетаи СССР посухи Мирзовалӣ Ёровро бо номи «Кенҷаев Катанӣ набуд!»-ро хондам, ки гуфтааст: «Ӯ ғоратгар буд!» Дар бораи кушта шудани Рустами Абдураҳим низ ҳақиқатро бояд гуфт. Аз диди ин рафиқ маълум мешаад, ки аз воқеаҳои солҳои 19 бехабар аст, ё синну солаш ҷавон, зеро бе далел гап задааст. Ин ки Кенҷаев капитан Катании тоҷик аст, ин гапи ман нест, ин ҳарфҳоро мардуми шарифи Кӯлоб, ки дар майдони «Озодӣ» гирд омада буданд, болои шиору овезаҳои худ навишта, дар нутқу баромадҳояшон низ мегуфтанд. Кенҷаев он вақт ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ зидди қаллобон, муфтхӯрон, ришвахӯрон мубориза мебурд, бисёри онҳоро аз вазифа сабукдӯш мекард. Аз ин сабаб дар «Озодӣ» ӯро «Капитан Катанӣ» мегуфтанд. Акнун дар бораи он, ки чаро Кенҷаев вазири корҳои дохилӣ-Мамадаёз Навҷувоновро аз вазифааш озод кард, аз бойгониҳо ёфта хонед. Дар бораи чӣ тавр қатл шудани Рустами Абдураҳим низ газетаи СССР борҳо навиштааст. Аз нарасидани озуқа ва дигар хӯроквориҳо мардуми н.Фархор тухми ҷорӯби хонарӯбиро орд карда хӯрда, ба бемориҳои меъда гирифтор шуда буданд. Мо-омӯзгорон ва мардуми н.Ҳисор маблағ ҷамъ карда, ба халқи ба беморӣ гирифторшудаи Фархор фиристода будем. Ин ёрии ҳисориҳоро мо то ҳол нагуфтаем. Ин ҳамту ёрии башардӯстона буд.

Хайрулло Олимов,

омӯзгор, н.Ҳисор

 

Чоршанбе, 13 Ноябр 2019 08:35

Мушкили миллӣ-8

Албатта, 25-сол, хоҳад гуфт хонандаи закии мо. Ва рост ҳам мегӯяд. Сарқонуне, ки бар асари нахустин референдуми умумимиллӣ дар таърихи 6-уми ноябри соли 1994, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид, расо 25 сола шуд. Шукр, ки дар бастагӣ ба ин санад Ҳукумати марказӣ Қонун «Дар бораи авф»-ро қабул ва дар нисбат ба 20.000 муҷриму гунаҳкору зиндонӣ татбиқ намуд. Имрӯзҳо ҳазорон-ҳазор хонадони Тоҷик аз шодиву сурур лабрез аст, ки наздикону пайвандони худро дар озодӣ ба оғӯш мекашанд. Ва шукронаи Сарқонун ва Ҳукумати марказӣ доранд. Ин хуб аст. Хеле хуб!

Вале илми технократия, яъне давлатсозӣ талаботҳои худро дорад, ки онро набояд нодида гирифт. Ва тибқи ин илм ҳар давлате, ки таърихи тӯлонитар дорад, решаҳояш қавитаранд. Хосса, дар давроне, ки ҳатто давлатҳои бузурги араб мисли ҳубоб рӯи об нест мешаванд, маҳв мегарданд, дар таҳаввулот қарор доранд. Зеро таърихи мустамликадории хешро наомӯхта буданд. Дур намеравем, ҳамин кашмакаше, ки бо Қирғизистони ҳамсоя дорем, ҳамааш аз бепарвофалакии марҳум Ҷаббор Расулов сар задааст, ки дар солҳои 60-и асри пор заминҳои вилояти Ленинободро танҳо барои андоз напардохтан ба буҷҷаи Маскав, ба чарогоҳҳои қирғиз додаву онро санад накарда буд. Дигар ёбу гир! Кор то куҷо чигилу печида аст, ҳар исфарагиву конибодомӣ ва хистеварзӣ, ки дар маркази хархаша қарор доранд, мисли профессорҳои кафедраи таърих ба шумо қисса хоҳанд кард. Яъне чӣ? Яъне ба дастовардҳои Истиқлолият арҷ гузошта, идеологҳои давлати мо набояд аз таърихи шӯравии РАСС ва РСС Тоҷикистон чашм пӯшанд! Зеро он ҳам таърихи мост!!! Зиёдтар аз ин: решаҳои давлати моянд!

Дар асл, ҳамин сол Сарқонуни мо расо 90-сола шуд!!! Зеро Конститутсияи аввалини РСС Тоҷикистон, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон меросбари ӯст, дар соли 1929 қабул шуда буд!!! Ҷои зикр аст, ки РАСС Тоҷикистон дар соли 1924 ва РСС Тоҷикистон дар соли 1929 таъсис ёфтаанд. Баъди пошхӯрди давлати абарқудрати СССР РСС Тоҷикистон низ дар қатори 15 республикаи бародарӣ Истиқлолият ба даст овард ва маҳз 15 ҷумҳурие, ки Сарқонуни худро доштанд, тавонистанд шаҳди озодӣ чашанд! Тоҷикистони имрӯза дар марзу буми ана ҳамон РСС Тоҷикистон, шукри Худо, ки то ҳанӯз арзи ҳастӣ дорад. Шумо 1 бор ёд оред, ки Чеченистону Ингушетия чанд сол бо Маскав ҷангидаву соҳибистиқлол нашуданд. Ва медонед чаро? Зеро Сарқонун надоштанд, ки ба онҳо имконияти истиқлолият дода метавонист. Конститутсияи СССР бошад, бо такя бо Сарқонунҳои маҳаллӣ, ба 15 республикаи бародарӣ ин шонсро медод. Бисёриҳо аз ҳамон даврон бархостаем ва нек медонем, ки ман чиро дар назар дорам! Яъне соҳибистиқлолии мо аз Конститутсияҳои даврони советӣ маншаъ мегирад ва инро технократҳо бояд аз ман хубтарак донанд. Намегӯям он Сарқонунҳо идеалӣ буданду хостаҳои миллии 15 республикаро бароварда мекарданд. Ҳаргиз! Зеро ин ҷумҳуриҳо аз Маскав бастагӣ доштанд. Вале бо ҳама камбудаш он Сарқонунҳо санги асоси Истиқлолияти имрӯзаи ҳамаи республикаҳои бародариро гузоштаанд. Ё не?

Акнун, биёед таърихи Сарқонуни худро варақ занем. Дар СССР мо мисли дигар ҷамоҳири шӯравӣ 4 бор Сарқонун қабул кардаем:

1.Тавре дар боло сӯҳбат шуд, Сарқонуни аввалини мо дар соли 1929 қабул шуд;

2.Дар таърихи 24 феврали соли 1931, Сарқонуни дуввуми мо дар Съезди 4-уми Шӯрои намояндагон қабул шуд;

3.Дар таърихи 1 марти соли 1937 Конститутсияи нави РСС Тоҷикистон дар Съезди 6-уми Шӯрои намояндагони кишвар ба тасвиб расид. Воқеан ҳам Конститутсияи №3, ки дар таърих бо номи «Сарқонуни Сталинӣ» маъруф аст, доманааш васеътар ва комилтар гардид;

4.14 апрели соли 1978 бошад, Сарқонуни мавсум бар «Конститутсияи Брежневӣ» қабул шуд, ки моро сӯи коммунизм бояд мекашид... 

Ин Сарқонунро тӯли 26 сол Тоҷикистони советӣ ва сипас Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон (то соли 1994) корбаст менамуд. Яъне баъди Истиқлолият низ мо 3 соли расо аз рӯи ҳамон Конститутсия амал мекардем, ки ҳиҷ ҷои қонуншиканӣ надошт.

5.Ва ахиран дар таърихи 6 ноябри соли 1995 соҳиби Сарқонуни воқеан ҳам миллӣ шудем, ки мувофиқи моддаи 1-уми он «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд.»

Ин Сарқонун воқеан ҳам Бахтномаи Миллати Шарифи Тоҷик аст!!! Ва ҳар нафаре ин иддаоро инкор мекунад, душмани ин миллату ин давлат аст. Вале бо ин ҳама муҳиммияташ набояд аз таърихи Сарқонунҳои қаблии хеш, ки қадам ба қадам моро то ин рӯзгорони нек овардаву кишвари Озод ва Соҳибистиқлол кардаанд, сарфи назар намоем. Шахсан фикр мекунам ва ин назари хато ҳам буда метавонад, ҳини муаррифӣ, таблиғ ва ташвиқи Сарқонун дастандаркорон, ба вежа, ҳамкасбони гиромии мо ба саросемагӣ роҳ додаанд ва ё аз таърихи кишвардории Тоҷикистони азиз бехабар будаанд.

Мо Метавонем!

 

саҳ 8 аз 12

Китобҳо

Flag Counter