ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 11 Ноябр 2019 11:42

Панҷшанбе, 07 Ноябр 2019 10:31

    Аз 11 то 15 ноябри соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор хоҳанд гашт. Ифтитоҳи ботантанаи ин рӯзҳо қарор аст рӯзи 12.11.2019 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ сурат бигирад.

   Тавре маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ хабар медиҳад, инчунин дар ин рӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии вазири фарҳанги ҶТ Шамсиддин Орумбекзода бо роҳбари ҳайати расмии Рӯзҳо баргузор гашта, дар назар аст, ки 13.11.2019 ҳайати ҳунарӣ ва расмии Рӯзҳо ба н.Данғара сафар карда, ба сокинон ва меҳмонони ноҳия барномаи ҷолиби ҳунарӣ пешниҳод намоянд. 14.11.2019 бошад дар ш.Душанбе баргузории консерти муштарак бо иштироки ҳунарпешагони тоҷик ва ӯзбек ба нақша гирифта шудааст.

 

 

 

Панҷшанбе, 07 Ноябр 2019 10:29

Тавре манбаъҳои мӯътамади СССР хабар медиҳанд, дар байни 20 нафар ҳамлагарон ба дидбонгоҳи марзии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди «Султонобод»-и н.Рӯдакӣ, ки дар сарҳади байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон қарор дошта, шаби 5 ба 6 ноябри соли ҷорӣ мавриди ҳуҷуми мусаллаҳона қарор гирифт, 5 нафарашон занҳо буда, дар пайи ин амалиёт 2 нафари онҳо кушта шуданд. Аз 5 нафаре, ки аз ҷониби мақомоти қудратии кишвар дастгир гардидаанд, 3 нафар зан ва 2 нафар мард мебошанд. Ин занҳо моҳҳои тӯлонӣ омодагии ҷангиро дар лагерҳои ҷангиёни ДОИШ дар Афғонистон тамрин намуда, ба ҳайси маргталаб-«смертник» омода шуда буданд. Ҳамаи ин занҳо зодаи ш. Истаравшани вил. Суғд будаанд. 

Бояд гуфт, ки ин гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ санаи 3.11.2019 аз вулусволии Қалъаи Золи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо супориши махсус-ҳама узви гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» будаанд, бо истифода аз торикии шаб, хати сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур карда, ба ҳудуди н.Қубодиён гузашта, ба гурӯҳҳо тақсим шуда, 3 рӯз тавассути мошинҳои гуногуни роҳ ва баъдан мошинҳои сабукрави тамғаи «Опел», ки рақамҳои давлатиаш марбут ба пойтахт-01 буд, савораву пиёда 120 км вориди хоки Тоҷикистон мешаванд. Онҳо дидбонгоҳи сарҳадии «Ишқобод»-ро барои худ ҷои муносиб интихоб намуда, ба задухӯрди мусаллаҳона омодагӣ мебинанд. 

Ҳарбиёни тоҷик, ки дар ин шабу рӯз пешопеши Рӯзи Конститутсияи ҶТ дар ҳолати «омодабош» қарор доштанд, чусту чолокӣ нишон дода, ҳамлаи мусаллаҳонаро ба таври оҷилӣ гардониданд. Дар хабарҳои қаблӣ гуфта мешуд, ки занҳо исфарагианд, лек ҳоло дар мақомот дақиқ карданд, ки онҳо истаравшанӣ будаанд.

 

СССР  

 

Панҷшанбе, 07 Ноябр 2019 10:21

Чоршанбе, 06 Ноябр 2019 13:41

Чоршанбе, 06 Ноябр 2019 13:38

Салом ба СССР-чиёни азиз! Аввал ин, ки сипоси самимӣ барои дастандаркорони лоиҳа-озмуни «Деҳи ман-Ватани ман!» баён менамоям. Деҳаи мо-Оби Шифои ҷамоати деҳоти Навбаҳор аз маркази ноҳия-шаҳраки Бӯстон хеле дур буда, роҳи рафтуомадаш ҳам пурчангу хок аст. Аз рӯи масофа ин деҳа назар ба шаҳраки Бӯстон ба марзи ҷумҳурии ҳамсоя-Ӯзбекистон наздиктар аст. Мушкилоти асосии мардуми ин деҳа мактаб буд, ки он ҳам билохира бо ташаббуси раҳбарияти ноҳия бунёд шуда истодааст. Бояд бигӯям, ки мактаби миёнаи рақами №19-и деҳаи Оби Шифо ҳанӯз солҳои 1950-1960 сохта шуда, барои таҳсилоти то синфи 9 ба назар гирифта шудааст. Бо гузашти ин солҳо бинои мактаб кӯҳнаву фарсуда гашта, теъдоди хонандагон ҳам афзуд. Инро ба назар гирифта, Ҳукумати ноҳия дар якҷояги бо Вазорати маориф ва илми ҶТ ба сохтмони бинои нави мактаб шурӯъ намуданд ва айни замон он дар арафаи анҷомёбист. Мактаби нав барои 200 нафар хонанда пешбинӣ гашта, тӯҳфаи хубест ба сокинони деҳаи дурдасти мо пешопеши ҷашни таърихии миллат. Мардуми Оби Шифо воқеан ҳам ба мактаби нав ниёз доштанд ва ҳамакнун фарзандонамон дар синфҳои кушоду равшану барҳаво таҳсил хоҳанд кард. Умедворем роҳ ҳам обод хоҳад шуд. Дастатон дард мабинод!

Муттавалӣ Сафозода, н.Мастчоҳ

 

Чоршанбе, 06 Ноябр 2019 13:35

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев зери қароре имзо гузошт, ки бар асоси он шаҳрандон ҳини сафарҳои хориҷӣ ҳақ доранд бо худ то 10.600 доллар маблағи нақд дошта бошанд. Ин тасмими президент гоми дигар сӯи либерализатсияи бозори асъор аст. Аз ин пеш шаҳрвандони Узбекистон ҳақ доштанд то 2000 долларро бе декларатсия ва то 5000 доллар маблағи нақдиро бар асоси декларатсия берун бубаранд. Моҳи августи соли ҷорӣ Мирзиёев қароре имзо кард, ки ба муҳоҷирони узбек дар Русия иҷоза медиҳад қарзҳои бонкии худро дар Узбекистон бо рубли русӣ пардохт кунанд.

 

Чоршанбе, 06 Ноябр 2019 12:01

28.10.2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба 10-солагии таъсисёбии Департаменти мониторинги молиявии назди БМТ дар мавзӯи “Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пурзӯр намудани низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО” таҳти роҳбарии Раиси БМТ ва Раиси Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом - Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масоили ҳуқуқӣ Зариф Ализода ва иштироки вазорату идораҳои дахлдори кишвар, бахши хусусӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе ва як қатор шахсони масъул конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Конфронсро Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳусни оғоз бахшида, зимни суханронӣ қайд кард, ки дар ҷаҳони муосир муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли  ом яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати мубориза алайҳи ин амали номатлуб тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд.  Дар ин радиф, бо мақсади мустаҳкам намудани ҳамкории байналмилалӣ дар самти мазкур аз тарафи кишварҳои бонуфузи ҷаҳон соли 1989 Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳо - машҳур бо номи ФАТФ таъсис дода шуд ва дар робита бо он тавсияҳои дахлдори ФАТФ таҳия ва қабул гардида, иҷрои онҳо тавассути мутобиқ намудани низоми миллии худ ба тавсияҳои зикршуда аз ҷониби аъзои давлатҳои СММ пазируфта шуд. 

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон ба мутобиқ намудани низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ба Тавсияҳои ФАТФ, тақвияти фаъолияти ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ ва боло бурдани нуфузу эътибори кишвар чораҳои заруриро амалӣ намуда, аз соли 2004 ҳамчун давлати аъзо ба яке аз гурӯҳҳои минтақавии ба монанди ФАТФ - Гурӯҳи Авруосиё шомил мебошад. Бинобар ин, с.2008 аз ҷониби коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ баҳодиҳии тарафайни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мутобиқат ба Тавсияҳои ФАТФ гузаронида шуда, тибқи натиҷаҳои он таъсис додани мақомоти кашшофии молиявӣ дар ҷумҳурӣ, мувофиқи мақсад арзёбӣ гардид.

-Дар ин радиф, ҷиҳати иҷрои талаботи Тавсияҳои ФАТФ, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, №724  аз 20 октябри соли 2009, дар назди Бонки миллии Тоҷикистон Департаменти мониторинги молиявӣ таъсис дода шуда, инчунин, тибқи Фармони Президенти ҶТ №966 аз 12.12.2017, БМТ (Департаменти мониторинги молиявӣ) мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом муайян гардид, - изҳор намуд З.Ализода. Ба гуфтаи ӯ, солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвияти низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоврада, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом кӯшиши зиёд ба харҷ додааст, ки аз иродаи қавии сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар татбиқи Тавсияҳои ФАТФ шаҳодат медиҳад. Дар тӯли фаъолияти хеш дар доираи салоҳият ва вазифаҳои худ дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани як қатор чорабиниҳо, ки ба таъмини амнияти иқтисодии кишвар, инчунин рушди низоми миллии кишвар дар ин самт равона гардидаанд, нақши муҳим бозидааст, - инчунин қайд кард Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода. 

Директори Департаменти мониторинги молиявӣ Фарҳод Билолов дар навбати худ оид ба  фаъолияти ҷории департамент дар самти  МҚД/МТ/МПСҚО рӯнамоии худро манзури аҳли нишаст гардонида, қайд кард, ки маҳз бо саъю кӯшиши мақомоти дахлдори кишвар, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар кори конфронс Зариф Ализода, Муовини Раиси БМТ Ҳамидулло Машрабзода, Муовини якуми Прокурори генералии ҶТ Назарзода Ҳотам, Раиси БДА ҶТ “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ, Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ Ҳафиззода Шодӣ ва дигар намояндагони вазорату мақомотҳои  дахлдори кишвар зимни баромади худ саҳми Департаменти мониторинги молиявии назди БМТро дар самти МҚД/МТ МПСҚО назаррас арзёбӣ намуданд. Зимни баррасии кори конфронс  иштирокдорони ҷамъомад таъкид бар он доштанд, ки дар ҳамбастагӣ бо мақомоти дахлдори кишвар метавонанд ҳолатҳои марбут ба қонунигардонии даромадҳо ва маблағгузории терроризмро ошкор намуда, барои рушди минбаъдаи низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом такони ҷиддӣ бахшида, нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба падидаҳои терроризм дар арсаи ҷаҳонӣ боло баранд. Дар охир аз ҷониби БМТ кормандони мақомоту вазоратҳое, ки дар инкишофи низоми МҚД/МТ/МПСҚО-и кишвар саҳми арзанда гузоштанд, бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

 

Мулоқоти раиси БМТ бо ҳайати НМКП “Мир”

25.10.2019 дар доираи лоиҳаи ҳамгироии Низоми пардохти миллии “Корти миллӣ” ва НМКП “Мир” Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Муовини Директори Генералии Ҷамъияти саҳомии НМКП “Мир” Сергей Бочкарев ва менеҷери калони лоиҳавии Ҷамъияти саҳҳомии НМКП “Мир” Игор Тростников мулоқот намуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода аз ҳамкории БМТ бо Низоми миллии кортҳои пластикии “Мир” (Федератсияи Россия) изҳори қаноатмандӣ намуда гуфт, ки татбиқи лоиҳаи мазкур ба дорандагони кортҳои низомҳои “Корти миллӣ” ва “Мир” имкон медиҳад, то аз шабакаҳои терминалии бонкӣ, ки иштирокчии низоми пардохтии мазкур мебошанд, истифода баранд. Бо татбиқ шудани лоиҳаи ҳамгироии Низоми пардохтии “Корти миллӣ” ва НМКП “Мир” имкон фароҳам меояд, ки дорандагони кортҳои пардохтии “Корти миллӣ” аз хизматрасонии бонкҳои Россия ва дорандагони кортҳои пардохтии “Мир” аз хизматрасонии шабакаҳои терминалии бонкҳои Тоҷикистон бархурдор шуда, бо истифода аз имконияти мусоид маблағҳои худро аз як корт ба корти дигар бемамониат интиқол диҳанд. Дар маҷмӯъ, ҳамгироии мазкур дастрасии шаҳрвандони мамлакатро, ки муваққатан дар Россия кору фаъолият мекунанд, ба теъдоди зиёди хизматрасониҳои бонкӣ осон мегардонад, - изҳор дошт Ҷ.Нурмаҳмадзода. 

Муовини директори генералии НМКП “Мир” Сергей Бочкарев зимни баррасии ҳамкорӣ, аз корҳои дар доираи лоиҳаи мазкур то имрӯз бо ҳамкории БДА ҶТ “Амонатбонк” анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки муаррифии Лоиҳаи ҳамгироии Низоми пардохти миллии “Корти миллӣ” ва НМКП “Мир” даҳаи аввали моҳи декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар назар аст. Сергей Бочкарев изҳори боварӣ кард, ки корҳои ташкилию расмиёти зарурии Лоиҳаи мазкур то муҳлати муқарраршуда ба анҷом расонида хоҳад шуд. Дар ҷамъбасти мулоқот, Нурмаҳмадзода барои тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар доираи лоиҳаи ҳамгироӣ бо шарикони НМКП “Мир” изҳори ҳавасмандӣ кард. Бояд гуфт, ки лоиҳаи ҳамгироии низомҳои пардохтии “Корти миллӣ” ва “Мир” дар асоси шартномаи ҳамкорӣ аз моҳи ноябри с.2018 байни низомҳои пардохтӣ оғоз шуда, аз рӯи нақша татбиқи он моҳи декабри соли равон дар назар аст. 

 

Ҳамкории БМТ бо Юнистрим

Ҷамъияти саҳомии бонки тиҷоратии Юнистрим ҳамгироиро бо Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳои БМТ ба итмом расонид ва дар БМТ суратҳисоби муросилотиро, ки  барои амалӣ намудани интиқоли пул хизмат мерасонад, мутобиқи тағйироти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боз намуд.

- Мо тасмими танзимгарони молиявии ҳамаи кишварҳоеро, ки дар ҳудуди он фаъолият менамоем, ҷонибдорӣ мекунем. Мақоми бонк ва имконияти кушодани суратҳисоб ба мо имконият медиҳад, ки бо риояи тамоми талаботи қонунгузорӣ, дар Тоҷикистон фаъолияти худро идома диҳем. Мо эҳтиёҷоти шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд, ба инобат гирифта, тавассути хизматрасониҳои  низоми Юнистрим ба онҳо шароити мусоид фароҳам меоварем, ки бо наздикони худ ҳамеша дар тамос бошанд. Барои мизоҷони мо эътимод ва барои мо боварии онҳо муҳим аст,-иброз дошт Президенти низоми Юнистрим Кирилл Палчун.

Тибқи маълумоти омории Бонки марказии Федератсияи Россия, интиқоли маблағ ба Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷм дар Россия мақоми дуюмро касб кардааст. Хизматрасонии интиқоли маблағҳо тавассути низоми Юнистрим байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, ИДМ ва Аврупо талаботи зиёд дорад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дигар кишварҳо зиёд сафар мекунанд ва ҳангоми робита бо хешовандони худ аз имкониятҳои интиқоли онлайнӣ фаъолона истифода мебаранд. Тоҷикистон яке аз се кишварҳои қаламрави ИДМ мебошад, ки дар интиқоли маблағҳо тавасути низоми Юнистрим фаъол дониста мешавад. Фаъол гардонидани Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо ба баланд бардоштани шаффофияти интиқоли маблағҳои фаромарзӣ, таъмини самаранокии ҳисоббаробаркуниҳо байни ҳамаи иштирокдорони Маркази протсессингӣ ва дар маҷмӯъ ба афзоиши эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ мусоидат менамояд, - изҳор дошт Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев.

Ҳамзамон, мавҷуд будани қарори инноватсионӣ бо истифода аз интерфейси ягона фаъолияти бонкҳоро бо низомҳои интиқолии гуногун осон мегардонад. Дар баробари ин, мо метавонем ба пуррагӣ Тавсияҳои ФАТФ-ро дар самти муқовимат ба қонунигардонии маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардаро риоя намоем, - таъкид дошт Ҷ.Нуралиев. Ёдовар мешавем, ки Ҷамъияти саҳомии бонки тиҷоратии Юнистрим барои интиқоли маблағ ба Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам оварда, то имрӯз дар ҳудуди кишвар 1100 нуқтаи хизматрасонии он амал менамояд. Барои интиқоли маблағ мизоҷон метавонанд ба наздиктарин маркази хизматрасонӣ муроҷиат кунанд, ё ин ки аз аз хизматрамрасонии бонкинги мобилии Юнистрим баранд. Чунин усули кор имкон медиҳад, ки амалиётҳои интиқолӣ дар ҳамон лазҳа амалӣ шуда, шахси қабулкунанда маблағро дарҳол бо асъори миллӣ – сомонӣ дастрас намояд.

Шуъбаи матбуоти БМТ

 

саҳ 9 аз 12

Китобҳо

Flag Counter