ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 27 Декабр 2019 10:52

    Бонки миллии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки рӯзҳои 28- 30 декабри соли 2019 онҳое, ки маблағҳои худро аз хориҷи кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 1 ноябр то 3 декабри соли 2019 тавассути низоми “Золотая корона” интиқол дода буданд, метавонанд танҳо аз тамоми воҳидҳои хизматрасонии БДА ҶТ “Амонатбонк” аз тамоми манотиқи кишвар гиранд. 

   Тавре шӯъбаи матбуоти БМТ иттиллоъ медиҳад, дар ҳолати пайдо шудани суол ва ё мушкил шаҳрвандон метавонанд бо рақамҳои (44)-600-15-20, (44)-600-28-63 ба Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

 

 

Ҷумъа, 27 Декабр 2019 10:08

   

   Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҶТ зимни ироаи Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Олии мамлакат таъкид доштанд, ки бо мақсади омӯзиши таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» чоп карда шуда, ин китоб бояд то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ, ки соли 2021 бо тантанаи хосса дар кишвар таҷлил хоҳад шуд, ба ҳар 1 оила ҳамчун тӯҳфа тақдим гардад.

 

Омирона Достиева, коромӯзи СССР

 

 

Панҷшанбе, 26 Декабр 2019 14:42

   Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҶТ имрӯз, зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба ширкати соҳибкорону шахсони саховатпешаи кишвар дар рушду ободии Ватан ибрози назар намуда, аз ҳамаи он нафароне, ки дар маҳалҳо ба обод намудани роҳу хати об ва инфрасохтори деҳот ҳамарӯза саҳм мегузоранд, арзи сипос намуд.

    Дар идома, Сарвари давлат аз мақомоти қудратӣ ва тафтишотӣ-Кумитаи андоз, Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ, ВКД, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза алайҳи корруптсия, Палатаи ҳисоб ва КДАМ талаб намуд, ки ба соҳибкорон имконияти кору фаъолият дода, барои рушду пешрафти тиҷорат монеаҳои сунъӣ насозанд.

   - Мақомоти андоз, коррупсия, Палатаи ҳисоб, даррав тиру камон гирифта, баъди баромади ман, ба азияти соҳибкорон сар накунед. Ман медонам, ки шумо чӣ қадар соҳибкоронро азият медихҳед, - таъкид дошт Президенти ҶТ.

 

Панҷшанбе, 26 Декабр 2019 14:38

    Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имрӯзаи хеш бо таваҷҷӯҳ ба соҳаи маориф ва илм иброз доштанд, ки  соли ҷорӣ ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуд. Аз ин шумора 32 муассиса бо қариб 10 ҳазор ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандони саховатпешаи кишвар ба маблағи беш аз 122 миллион сомонӣ бунёд шуда, ҳиссаи онҳо дар сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар бахшҳо рӯз ба рӯз афзуда истодааст.

    Соли 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шуда, то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии кишвар 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад.

    Илова бар ин, ҳоло бо саъю кӯшиши соҳибкорон зиёда аз 400 муассисаи фарҳангӣ, 105 беморхонаву дармонгоҳ, 257 маркази саломатӣ ва 467 бунгоҳи тиббӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ шуда истодааст.

   - Ман аз номи худ ва Ҳукумати Тоҷикистон ба кулли мардуми кишвар, аз ҷумла ба ҳамаи соҳибкорони ватаниву бурунмарзиамон ва дигар шахсони ҳимматбаланд, ки дар амалӣ шудани Амри Роҳбари давлат дар бунёду таҷдиди роҳу пулҳо ва иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои маориф ва фарҳангу тандурустӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, хатҳои обрасонӣ ва дигар корҳои хайр саҳми ватандӯстона гузошта истодаанд, миннатдории самимӣ изҳор менамоям, -афзуд Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём.

 

Панҷшанбе, 26 Декабр 2019 14:33

    Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар 7 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 3 баробар (аз 10 миллиард сомонӣ ба 27,5 миллиард сомонӣ) ва ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 5,1 банди фоизӣ (аз 12,6 ба 17,7 фоиз) зиёд гардидааст. Вале нишондиҳандаҳои соҳа ҷиҳати иҷрои босифати барномаҳои қабулгардида ҳанӯз нокифоя буда, корҳо дар самти баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, татбиқи сиёсати мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ қонеъкунанда нестанд. Дар ин бора Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ, ки имрӯз ба Парлумони кишвар ироа гашт, таъкид намуд.

   Сарвари давлат ба роҳбарони вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди маҳал ва Агентии содирот бояд якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир ба интихоби минтақаҳо тибқи занҷираи “ашёи хом-истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ-дарёфти бозори фурӯш” тадбирҳои зарурӣ андешанд.

 

Панҷшанбе, 26 Декабр 2019 14:09

 

    Аз 1.09.2020 музди меҳнати кормандони буҷавӣ, нафақа ва кӯмакпулӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 % зиёд хоҳад шуд. Ин нуқта дар Паёми Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар, ки рӯзи 26.12.2019 ироа гардид, садод дод.

   Бояд гуфт, ки тибқи гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон маоши кормандони мақомоти қудратӣ низ 10 % боло рафта, кӯмакпулии маъюбони синашон аз 18-сола поён, ки ба нигоҳубини дигарон эҳтиёҷ доранд, то 50 % меафзояд. 

 

Панҷшанбе, 26 Декабр 2019 13:03

   Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҶТ имрӯз зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Парлумони кишвар дар робита ба ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ тақозо кард, ки дастрас намудани раводидро барои сайёҳон осон ва имтиёзнок намоянд.

   - Соли равон аз кишвари мо беш аз 1 миллион сайёҳ дидан карда, айни замон дар ҷумҳуриӣназдики 200 ширкати туристӣ кору фаъолият намуда, ба онҳо танҳо 16 намуди имтиёз дода мешаваду халос. Аз ин лиҳоз, ба Вазорати корҳои хориҷӣ дастур дода мешавад, ки сари масъалаи додани раводиди бисёркаратаи 5 сола ба он шаҳрвандони хориҷие, ки дар кишвари мо ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ сармоягузорӣ мекунанд, андешида, ба он шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди ҶТ таваллуд ёфта, айни замон дар дигар давлатҳо умр ба сар мебаранд, раводиди бисёркаратаи дарозмуддати 3-соларо фароҳам созанд,- таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

 

 

Чоршанбе, 25 Декабр 2019 12:00

 

Холмурод  Сафарзода, Узви ИЖТ, ш.Панҷакент занг зада гуфт, солиёни 90-ум дар дабистонҳо омӯзгорон қатор-қатор намоз мехонданд... О бародар ҷойи намозхонӣ масҷид аст, ки меҳроб дорад, аммо он солҳо ба гӯши фанатҳо ин ҳарфҳо намефорид. Чи шуду чӣ монд, шояд айби замон аст, ки шоиру нависандагон аз мардум дур шуданд, охир мо донишҷуёни солҳои 70-ум ба дидори Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Убайд Раҷаб, Ашур Сафар, Ғаффор Мирзо, Муъминшоҳ, Гулрухсор, Лоиқ, Фазлиддин Муҳаммадиев ва Бозор Собир мебаромадем, дар маъракае, ҷашнворае, зодрӯзе эшон бошанд шодмонӣ мекардем, пеши хонаи маорифи сиёсӣ (он вақт аксари чорабиниҳо инҷо мегузашт) соатҳо меистодем, то симои устодонро бинем. Имрӯз касе парвои шоиру адибро надорад. Ҳама боз рӯ ҷониби масҷид. Соли 90-ро такрор мекунем-чӣ?

 

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 11

Китобҳо

Flag Counter