Дар Тоҷикистон 10 нафар якҷо шуда, метавонанд “серков”-и худро таъсис диҳанд. Ин ҳолатро ҳатто дар Федератсияи Россия низ вохӯрдан ғайриимкон аст...
Имрӯзҳо дар шабакаи ҷаҳонии интернет шоҳиди он мешавем, ки баъзе нафарон бе факту далел Тоҷикистонро бо он айбдор месозанд, ки гуйё барои фаъолияти иттиҳодияҳои диниву ҷамъиятӣ пайваста монеъа эҷод месозад. Ин дар ҳолест, ки тибқи маълумот аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ дар ҳудуди кишвар зиёда аз 4000 иттиҳодияиҳои динӣ ба қайд гирифта шуда, фаъолияти хешро пеш мебаранд. Аз ин шумора 67 иттиҳодия ғайриисломӣ буда, аксарият шохаҳои гуногуни дини насрониро ташкил медиҳанд.
Тоҷикон таҳаммулпешаанд!
Олга Пилкович-роҳбари ҷамъияти “Китоби Муқаддас” дар сӯҳбат бо СССР иброз дошт, ки ҷамъияти мазкур аз соли 1994 фаъолият мекунад:
- Мо асосан ба тарҷума ва паҳн кардани китоби муқаддаси “Инҷил” бо забонҳои гуногун машғулем. Фаъолияти мо албатта дар ҳамкорӣ бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, дар тӯли 25-соле, ки мо дар Тоҷикистон фаъолият дорем, ҳеҷ монеа ё мушкилеро дар кори худ эҳсос накардаем, ҳатто дар замони ҷанги шаҳрвандӣ низ. Ба андешаи шахсии ман Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки тамоми шароити мусоид барои иттиҳодияҳои ғайримусалмонӣ фароҳам аст. Ҳатто дар инҷо 10 нафар якҷо шуда, метавонанд “серков”-и худро таъсис диҳанд. Ин ҳолатро ҳатто дар Федератсияи Россия низ вохӯрдан ғайриимкон аст. Пас метавон гуфт, дар Тоҷикистон озодии интихоби дину мазҳаб ва пайравӣ аз дини дилхоҳ, ки Конститутсияи кишвар онро кафолат додааст, пурра эҳсос мешавад. Мардуми тоҷик то он ҳадде таҳаммулгароанд, ки ҳатто мо рафта, дар масҷидҳо барои тарҷумаи китоби “Инҷил” маслиҳату машваратҳо низ гирифтаем.
Робита бо ғайримасеҳиён хуб аст
Ҳамсуҳбати дигари мо, роҳбари серкови Новоапостоли ш.Душанбе, Сергей Кретов мегуяд, ин ибодатхона ҳанӯз соли 1991 бунёд гардида, мавсуф аз соли 2005 роҳбарии онро расман ба ӯҳда гирифтааст:
-Дар ин муддат фишор ё монеагузориеро на аз ҷониби аҳолии маҳаллӣ ва на аз мақомоти давлатӣ эҳсос накардаем. Баракс, бо Кумитаи дин дар ҳамкории зич қарор дошта, пайваста дар семинару конфронсҳо иштироки фаъолона меварзем. Бо аҳолии ғайримасеҳии атрофи серков низ робитаамон хуб аст. Асосан яке аз таъкидҳои мазҳаби мо итоат аз қонунҳои амалкунанда ва риояи сулҳу оромист. Аз рӯзи кушодашавӣ то имрӯз пайравони масеҳӣ ва ибодаткунандагони серкови мо бе ягон мушкилӣ ва монеа ба ибодатхона омада маросимҳои мазҳабияшонро барпо менамоянд.
Серковҳоро Тоҷикон таъмир мекунанд
Фурқат Забиров, мудири шӯъбаи оид ба дини МИҲД дар ш.Бохтар дар сӯҳбат бо мухбири минтақавии СССР қайд менамояд, ки дар ҳудуди ш.Бохтар 4 адад ибодатхонаи ғайриисломӣ ба қайд гирифта шудааст, ки яке аз онҳо калисои римӣ-католикӣ «Роҳи муқаддас» соли 1987, калисои русӣ-православӣ соли 2008, ибодатхонаи масеҳиёни инҷилӣ соли 2007 ва ибодхонаи инҷилӣ-баптистӣ соли 2008 сохта шуда, то ҳол фаъолият мекунанд.
Светлана Борисова, яке аз мусълони серков дар сӯҳбат афзуд, ки ибодатгоҳи русӣ-православӣ солҳои 1930 сохта шудааст: “Соли 1930 мардуми рус 1 хонаи хурдеро харидорӣ карда, сохтанд, ҳоло бошад бо кӯмаки хайриявии мардуме, ки рӯзҳои шанбе ва якшанбе ба инҷо меоянд, калисо таъмиру таҷдид гардидааст”. Ҳамсӯҳбати дигари мо Валентина Обидова иброз дошт, ки танҳо рӯзҳои шанбе ва якшанбе то 20-25 нафар ва рӯзҳои ид бошад беш аз 60-70 нафар ибодаткунандагони масеҳӣ меоянд.
Салоҳиддин Алимзода, сардори Раёсати демографии Сарраёсати Агентии омори назди Президенти ҶТ дар вил.Хатлон иттиллоъ дод, ки дар ҳудуди вилоят 14 адад масҷиди ғайриисломӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумла, дар ш. Норак 2 адад, Бохтар 4 адад, ноҳияҳои Ҷ.Балхӣ 1 адад, Вахш 1 адад, Дӯстӣ 1 адад, А. Ҷомӣ 1 адад, Ҷайҳун 1 адад, Шаҳритуз 1 адад, Ёвон 1 адад, Левакант 1 адад.
Мавзуъро пайгирӣ хоҳем кард! Мо метавонем!
Исмоилҷон Маликов, коромузи СССР
20.12.1917. Дар РСФСР Комиссияи фавқулъоддаи умумирусиягӣ (ВЧК) барои мубориза бо аксулинқилобиён ва коршиканӣ таъсис дода шуд. Сарварии ниҳоди навро Феликс Дзержинский ба ӯҳда гирифт, ки бо тахаллуси "Феликси оҳанин" маъруф аст.
20.12.1935. Дар пойтахти СССР меҳмонхонаи "Маскав" ифтитоҳ гардид. Ин меҳмонхона асоситарин макони буду бошӣ меҳмонони хориҷии СССР буд ва бештари хориҷиён дар ин меҳмонхона сукунат доштанд.
20.12.1938. Дар СССР бо қарори ШКХ дар ҳамаи корхонаҳо дафтарчаҳои меҳнатӣ ҷорӣ карда шуд.
20.12.1939. Дар СССР, бахшида ба 60 солагии Иосиф Сталин мукофотҳои сталинӣ ҷорӣ гардид. Ин мукофотҳо ҳамчун ҳавасмандкунии созандагони фаъоли коммунизм истифода мешуданд.
20.12.1991. Бонки давлатии СССР фаъолияти худро қатъ кард. Тамоми сармоя ва амволи ин Бонк ба Бонки Марказии Русия интиқол дода шуд.
21.12.1991. Дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Алма-Ато дар дидори сарони 9 ҷумҳурии собиқи шӯравӣ Эъломияи қатъи мавҷудияти СССР ба имзо расид.
22.12.1943. ШКХ-и СССР матни нави Гимни давлатии СССР-ро ба тасвиб расонид.
22.12.1989. Дар Руминия низоми коммунистии Николай Чаушеску сарнагун карда шуд.
22.12.1994. Парлумони Ҷумҳурии худэълони Қарабоғи Кӯҳӣ қарор дод, дар ин ҷумҳурӣ мансаби президентиро таъсис диҳад. Аввалин президенти Қарабоғ Роберт Кочерян интихоб карда шуд.
23.12.1947. Дар СССР бо қарори Раёсати ШО 1 январ рӯзи ид ва истироҳат эълон карда шуд.
24.12.1989. Анҷумани 2-юми вакилони мардумии СССР бо қарори худ вуруди нерӯҳои Артиши Шӯравиро ба хоки Афғонистон дар моҳи декабри соли 1979 маҳкум кард.
25.12.1939. Дар матбуоти шӯравӣ телеграмҳои ҷавобии Сталин ба Гитлер ва рибентроп нашр гардиданд. Дар ин телеграм аз ҷумла омада буд, ки "Дӯстии халқҳои Олмон ва Иттиҳоди Шӯравӣ, ки бо хун мӯҳру мум шудааст, бояд дурдароз ва мустаҳкам бимонад."
Комиссияи Фавқулъоддаи Умумирусиягӣ, ки бо ВЧК (имрӯз КГБ) маъруфу машҳур аст, 20 декабри соли 1917 бо қарори Шӯрои Комиссарони Халқӣ РСФСР бо ташаббуси В. Ленин таъсис дода шуд. Мабнои тасмими таъсиси ин ниҳод маърӯзаи Феликс Дзержинский гардид, ки 19 декабр дар нишасти ШКХ қироат шуд. Ин маърӯза масоили коршикании қарорҳои Ҳукумати шӯравиро аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ ва куллан масоили "амалҳои зиддиинқилобиро" дар бар мегирифт.
Феликси оҳанин
Раиси ниҳоди нав Феликс Дзержинский, ки бо лақаби "Феликси оҳанин" маъруф буд, интихоб карда шуд. Ба ҳайати ВЧК инчунин Г.Орджонекидзе, Я.Петерс, И. Ксенофонтов, Д.Евсеев, К.Петросян, К.Аверин, Н.Жиделев, В.Трифонов ва В. Василевский ворид гардиданд. Дар ин ҳайат ВЧК танҳо як маротиба ҷамъ гардид. 21 декабри соли 1917 Г.Орджонекидзе, К.Аверин, Н.Жиделев, В.Трифонов ва В. Василевский ба кори дигар гузаштанд ва ба ҷои онҳо В. Фомин, С.Шукин ва И. Илин ба ВЧК ворид карда шуданд. 7 январи соли 1918 бошад ба коллегияи ВЧК, В. Менжинский ворид гардид.
Дар аввали соли 1918 ВЧК ба чанд шӯъба тақсимбандӣ гардид. Шӯъбаи мубориза бо аксулинқилобиён яке аз шӯъбаҳои асосӣ маҳсуб меёфт ва ба он Мартин Латсис сарварӣ мекард. Дар дохили ин шӯъба инчунин шӯъбачаи мубориза бо ҷосусони хориҷӣ бо сардории Яков Блюмкин таъсис дода шуд. Инчунин, дар ВЧК шӯъбаҳои тафтишоти сиёсӣ, мубориза бо бандитизм, мубориза бо коришиканӣ ва ҷаллобӣ ва муҳофизати сарҳадӣ таъсис дода шуданд.
Маҳмуд Муҳаммадӣ, нависанда ва адиб (тел: 93 600 64 00) аз н.Шаҳритуз 1 хонандаи газетаи мардумии СССР ба мо занг зада, гуфт, “Набераи ман дар олимпиадаи сатҳи ҷумҳуриявӣ ғолиб омад. Дар ин миён вазири маориф гуфтааст, ки мо ӯро барои мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки дар Федератсия Руссия баргузор мегардад, равон мекунем, лекин то ҳол аз сафари ин кӯдакон хабаре нест. Ман хоҳиш мекунам аз Нуриддин Саид, ба қазия расидагӣ намояд, зеро кӯдак ҳоло ҳам ба умед аст. Набояд дили наврасонро шикаст, зеро онҳо метавонанд дар мусобиқаҳои ояндаи ҷаҳонӣ парчамбардори давлат бошанд”
Манон Махсумов(тел: 98 809 71 94), сокини ш.Истаравшан ва хонандаи доимии газета занг зада, гуфт, ки аз баҳори ҳамин сол ин тараф дар ш.Истаравшан мавҷи телевизионҳои “Сафина”, “Чаҳоннамо”, “Тоҷикистон” ва “Баҳористон” оҳиста-оҳиста аз кор монданд. Айни замон бошад мардум умуман наметавонанд телевизионҳои ватаниро тамошо кунанд. Пеш танҳо бо як сими “обший” ҳама каналҳоро мешуд тамошо кард, ҳоло бошад не. Аз Хуҷанд касе омада дар манораи коммуникатсионии мо АЕМП насб кардаасту пасон дигар мавҷҳои телевизионҳои ватанӣ аз кор мондаанд. Акнун мо Душанберо гоҳ-гоҳ танҳо тариқи телевизионҳои Руссия мебинем ва мардум бошад зиёдтар ба каналҳои Ӯзбекистон рӯй оварда истодаанд. Мардум сари ин масъала чанд маротиба шикоят карданд, лекин касе парвои “фалак” надорад, гап занем мегӯянд антена харед!
ҷавоб ба мақолаи Шакарбек Исомаддинов, сокини ш.Бӯстон таҳти унвони “Бӯстон: шӯҳрат гум шуд?!”
Боиси зикр аст, ки имрӯзҳо дар баробари дигар шаҳру навоҳии кишвар дар ш.Бӯстон ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ бомаром ҷараён гирифта, рӯз ба рӯз симои шаҳри азизамон дигаргун гардида истодааст. Бояд гуфт, ки бо ҳузури Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар ш.Бӯстон танҳо дар давоми солҳои 2018-2019 зиёда аз 8 коргоҳу муассиса ва марказҳои хизматрасонӣ ба истифода дода шуда, дар шаҳр гулгашти Парчами давлатии ҶТ бунёд ва боғи фарҳангу фароғатии ба номи устод С.Айнӣ пас аз таҷдиду навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Вобаста ба масъалаи қабули шаҳрвандон, ки гӯиё аз ҷониби раиси ш.Бӯстон Раъно Ҳошимзода тамоман баргузор намегардад, зикр менамоем, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба МИҲД ш.Бӯстон 734 муроҷиати шаҳрвандон ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 адад бештар аст. Аз рӯи принсипи «Равзанаи ягона» муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон 161 ададро дар бар гирифт, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузаш¬та 98 адад камтар аст.
Айни замон дар ш.Бӯстон феълан наздики 30 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад ва соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба зиёда аз 240 миллион сомонӣ расонида шуд. Бо дарназардошти хизмат¬расонии пулакии барқу об ва бахши хусусӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 285 млн. 928 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 114 млн. 873 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Танҳо корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 234 млн. 118 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107 млн. 123 ҳазор сомонӣ бештар аст ва 184,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Хадамоти матбуоти раиси ш.Бӯстон
Аз редаксия: Тибқи Фармони №622, ки зери имзои Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расидааст, раисони шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо худ шахсан вокуниш карда, ба матлабҳои дар матбуоти даврӣ нашршуда ҷавоб бояд гӯянд!
Салом ба кулли кормандони СССР! Ба Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шералӣ Мирзо-вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд пешниҳод дар мавриди даъвати ҳатмии ҳарбӣ дорам:
1. Муҳлати хизмати ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳо 1 сол карда шавад.
2. Донишҷӯён баъди хатми таҳсил ба муҳлати 6-моҳ ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ ҷалб шуда, баъд бо диплом таъмин гарданд.
3. Ба даъватшавандагон то анҷоми хидмати ҳарбӣ иҷозати гирифтани шиносномаи хориҷӣ дода нашавад.
4. 2 моҳ қабл аз шурӯи мавсими хидмат ба даъватшавандагон даъватнома (повестка) фиристода шавад.
Ин ҳама боис мегардад, ки низоми хидмати ҳарбӣ ба танзим даромада, бо зуроварӣ (облава) ба хидмат ҷалб кардани даъватшавандагон пешгирӣ шавад.
Ҳомид Расулов, н.Мастчоҳ, 927293290
1. Тез-тез дигар шудани имло ба фоидаи миллат нест! Мардум нав ба якеаш одат мекунад, ки имло дигар мешавад;
2. Масъалаи имло дар ягон хатти дунё 100 фоиз ҳал нашудааст. Аз ин набояд мушкилоти рақами 1 сохт;
3. Табиати хатти кириллӣ ҳамин ётбарсару ташдидро на бо аломат, балки дуто навиштан аст! Набояд дар тағйири имло ин 2 чизро нодида гирифт! Яъне, набояд ётбарсарро барҳам дод. Ин чанд зарар дорад:
1) Зоҳири хатти кириллӣ 70% дигар мешавад, ки аз ин дида ба хатти ниёгон гузарем, беҳтар аст!
Масалан; «Йаҳйо бо Йоқуб рӯзи душанбэ ба ноҳияи Йовон мэраванд». Дар ин ҷумла дар муқоиса ба ҷумлаи «Яҳё бо Ёқуб рӯзи душанбе ба ноҳияи Ёвон мераванд» 70 фоизи зоҳири хат дигар шудааст. Чӣ зарурат аст? Баъзеҳо мегӯянд, ки себу беду белу шанбе э талаффуз мешавад. О, бародарон, русҳо низ привэт, срэда мегӯянд, вале бо ётбарсари е менависанд, зеро табиати ҳамин хат аст.
2) Мушкили иқтисодӣ! Оё ягон бор фикр кардед, ки барои дигар кардани номи шаҳру ноҳияҳое, ки ётбарсар доранд, чӣ қадар маблағ сарф мешавад? Мисли Душанбэ, Панҷэкат, Восэъ, Йовон. Ва чӣ зарурате?
Баъзеҳо пешниҳод доранд, ки на ҳама ётбарсарҳо, балки калимаҳои типи бою камбағал ва чою нон бояд бе ётбарсар навишта шаванд. Зеро барои хонанда ёфтани решаи калима, ки бой ва чой аст, мушкил мешавад. О, бародарон, ётбарсарро, ки аз 2 ҳарф иборат аст, мекушоем, ҳам решаву ҳам пайвандак маълум мешавад, гузашта аз ин, вазифаи имло муайян кардани реша нест, ин дар ҷараёни таълим маълум мешавад.
Саъди Маҳдӣ
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар