ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 06 Декабр 2019 10:34

 

      Ҳафтаи равон дар толори маҷлисгоҳи Раёсати Академияи Илмҳои Тоҷикистон муаррифии китоби олимони тоҷик М. Нарзиев ва Р.П. Чеботарев: “Зиҷи радиантҳо, суръатҳо, мадор ва масири атмосферии  радиометеорҳои дар Тоҷикистон мушоҳида шуда” баргузор гардид, ки дар кори он олимон аз Институтҳои тадқиқотӣ-илмии Академияи илмҳо, устодону донишҷуёни кафедраи астрономияи Донишгоҳи миллӣ ва устодон аз Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ширкат намуданд.

      Зиҷи радиометеорҳои Тоҷикистон маводҳои мушоҳидавии 8916 метеороидҳое, ки дар расадхонаи астрономии Ҳисор ҳамзамон аз рӯи Барномаи экспедитсияи метеории СССР дар ш.Могодишои Сомалӣ солҳои 1968-1969 мушоҳида шуда буданд,  дар бар мегирад. Зиҷҳои радиометеорҳое, ки қаблан дар Англия (Джодрэл Бэнк), Канада (Оттава), США (Гарвард) ва дар  СССР-дар Украина (Харков), РСФСР (Қазон, Обнински) рӯи кор омада буданд, дар бораи радианҳои метеороидҳое, ки асосан дар нимкурраи шимолии осмон ҷойгир шуда буданд, маълумот медоданд. Радиант гуфта нуқтаеро дар курраи осмон меноманд, ки аз он метеороидхо вориди атмосфераи Замин мешаванд. Маводҳое, ки Зиҷи фарогир аст, ҳам радиантҳои нимкурраи шимолӣ ва ҳам ҷанубиро дар бар гирифта, маълумотҳои қаблиро дар бораи моддаҳои метеороидӣ комилан пурра менамояд.

      Зиҷ радиометеорҳои Тоҷикистон аз Зиҷҳои қаблан интишоршуда комилан фарқ мекунад, ки ба ин: якум, Зиҷи мазкур метеорҳои қадри ситорагиашон аз +5.5m дурахшон-тарро фарогир аст. Ин дар ҳолест, ки Зиҷҳои дар Оттава, Гарвард, Обнинск ва Харков қаблан нашршуда метеорҳои қадри ситорагиашон аз +5.5 то +13 – ро фарогир буданд. 

       Дуюм, хатогии ченкунии кунҷи зенитии радиант бо усули импулсӣ-ифраксионӣ, ки дар коркарди маводҳои мушоҳидавии Оттава, Гарвард, Обнинск ва Харков истифода шуда буданд, бо зиёд шудани кунҷи зенитӣ то 60-70° беш аз 2-3 маротиба зиёд шуда, зимни боз ҳам зиёдшавии кунҷи зенитӣ ба якборагӣ меафзояд, ки ин мантиқи истифодабарии чунин метеорҳоро аз байн мебарад. Хатогии ченкунии кунҷи зенитии радиант бо усули пеленгатсионӣ-вақтие, ки дар Тоҷикистон коркарду мавриди истифода қарор гирифт, аз қимати кунҷи зенитӣ вобаста нест.

        Сеюм, радианту суръати метеорҳо дар расадхонаҳои дигар бо усули импулсӣ –дифраксионӣ чен карда шуда буданд. Аммо ин усул барои коркарди 15-25% метеорҳо истифода мешуду халос, ки ин ба сарфи назар шудани қисми зиёди метеорҳо оварда мерасонад. Усули пеленгатсион-вақтие, ки дар коркарди метеороидҳои Расадхонаи астрономии Ҳисор мавриди истифода қарор гирифт ин камбудиро аз байн мебарад. 

       Чорум, Зиҷи мазкур дар баробари радианту суръат ва мадори метеороидҳо бори аввал баландии нуқтаи аксхурии радиомавҷ ва чунин параметрҳои физикӣ ба монанди зиччии хатии электронӣ, қадри ситорагӣ ва массаи ҳар як метеорро фарогир аст.

     Панҷум, параметҳои физикию динамикии метеороидҳои Зиҷ дар асоси натиҷаҳои муштараки радио-оптикӣ алоқаманд (калибровка) шудаанд. Ин имконият медиҳад, ки натиҷаҳои бо усули радиолокатсионӣ ҳосил шуда, бо натиҷаҳои оптикӣ (фотографӣ, теле-визионӣ видеоӣ), ки дар расадхонаҳои дигар мушоҳида шудаанд, муқоиса карда шаванд. 

       Шашум, натиҷаҳои дар Зиҷ пешниҳодшуда имконият медиҳанд, ки метеороидҳои спорадикӣ, селҳо ва ассотсиятсияҳои шиҳобӣ (аз ҷумла радиантҳои  нимкурраи ҷанубии осмон) таҳқиқ карда шаванд. Чунин имконият на дар ҳамаи дастгоҳҳои радиолокатсионии Расадхонаҳои дигар имконпазир аст. 

Ва ахиран ҳафтум, муҳимияти Зиҷи радиометеорҳои Тоҷикистонро Иттиҳоди бай-налмилалии Астрономҳо ба назар гирифта, онро дар радифи   мушоҳидаҳои фотографӣ ва видеоӣ дар сайти худ: https://www.astro.sk/~ne/IAUMDC/PhVR2018/   ҷойгир намуд.

 

Ҷумъа, 06 Декабр 2019 10:19

    Низоми пардохтии байналмилалии “Юнистрим” ҳаққи хизматрасонӣ барои интиқоли маблағҳоро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 6.12.2019 то ба 0,99 фоиз коҳиш дод. Лозим ба ёдоварист, ки то ба фаъолият оғоз намудани Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо ҳаққи хизматрасонии “Юнистрим” ба ҳисоби миёна ба Тоҷикистон 1,5 фоизро ташкил медод. Тавре шуъбаи матбуоти Бонки Миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи 5.12.2019 зимни мулоқоти муовини якуми раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев бо Президенти низоми пардохтии байналмилалии интиқоли маблағҳо “Юнистрим” Кирилл Палчун хабар дода шуд.

    Гуфта мешавад, ки тибқи пешниҳоди Ҷамолиддин Нуралиев ва мувофиқ омадани Президенти низоми пардохтии байналмилалии “Юнистрим” Кирилл Палчун, минбаъд ҳаққи хизматрасонӣ барои интиқоли маблағи то 5 ҳазор рубли русӣ, ки қаблан 100 рубли русиро ташкил медод, 50% тахфиф шуда, 50 рубли русиро ташкил хоҳад дод, ки ин имтиёз дар шабакаи нуқтаҳои хизматрасонии “Юнистрим” имконпазир аст. 

     Низоми пардохтии байналмилалии “Юнистрим” шабакаи васеи хизматрасониро барои мизоҷонаш муҳайё карда, дар Федератсияи Русия беш аз 15 000 нуқтаҳои интиқоли маблағ (МТС-4300; Теле2-2150; ПочтаБанк (Почта России)-4600 ва ғайраҳо) дорад. 

 

 

 

Панҷшанбе, 05 Декабр 2019 13:30

Дар доираи сафари расмии худ ба Тошканд, раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба варзишгоҳи “Миллӣ”, ки клуби футболи "Бунёдкор" ва тими миллии Ӯзбекистон бозиҳои хонагии худро дар он ҷо мегузаронанд, ташриф овард.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Тошканд, ҳайати намояндагии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Рустам Эмомалӣ бо шароити мусоид, ки барои футболбозон ва тамошобинон фароҳам оварда шудааст, шинос шуд. Рустами Эмомалӣ, инчунин дар осорхонаи варзишгоҳи “Миллӣ” бо аксҳои футболбози тоҷик ва собиқадори дастаи «Пахтакор» Нуриддин Амриев, ошноӣ пайдо намуд.

Ҳангоми боздид аз варзишгоҳ Рустами Эмомалӣ бо ноиби аввали президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон, довари маъруф Равшан Ирматов вохӯрии корӣ доир намуд. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, ки аз моҳи апрели соли 2019 роҳбари Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ аст, изҳори умедворӣ кард, ки рушди минбаъдаи футбол дар минтақаи мо ва ташкили мусобиқаҳои мухталиф байни дастаҳои футболи кишварҳои Осиёи Марказӣ идома ёбад.

Ноиби аввали президенти AFU Равшан Ирматов, ки бозиҳои се қаҳрамонии охирини ҷаҳонро хизматрасонӣ кардаст, ба президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ футболкаи тими миллии Ӯзбекистонро бо рақами 7 тӯҳфа намуд. Хотиррас мешавем, ки худи Рустам таҳти №8 замоне дар футболи касбӣ бозӣ мекард.

 Мо Метавонем!

 

 Мо Метавонем!

 

Панҷшанбе, 05 Декабр 2019 13:05

Панҷшанбе, 05 Декабр 2019 10:35

     Тавре маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, ба ШВКД-1 дар ш.Исфара марди 23-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шаҳраки шаҳри мазкур ҳозир шуда, бо аризаи худиқроркунӣ гуфтааст, ки рӯзи 4.12.2019, тахминан соати 14:00, дар хонаи истиқоматии хушдоманаш (зани 42-сола), аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо корди хоҷагӣ 6-маротиба ба узвҳои бадани хушдоманаш ва 4-маротиба ба узвҳои бадани ҳамсараш (зани 23-сола), задааст.

    Дар натиҷа, хушдоманаш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ҳамсараш бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидааст. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

 

Панҷшанбе, 05 Декабр 2019 10:31

    

     Бонки миллии Тоҷикистон аз ташкилотҳои қарзӣ ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш менамояд, ки ба муштариён ва наздикони худ дар давлатҳои хориҷа расонанд, ки дар рӯзҳои наздик ҳангоми интиқоли маблағҳо аз хориҷа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хизматрасонии низомҳои пардохтии “Юнистрим” ва “Контакт” истифода баранд. Коди “Юнистрим” 12 рақама ва коди “Контакт” 9 рақама буда, ин низомҳо дар тамоми гушаву канори Федератсияи Русия филиал ва намояндагиҳои худро доранд.

    Мизоҷон инчунин метавонанд, маблағҳои худро тариқи аз 1 корт ба корти дигар гузаронидан, яъне аз корти бонкҳои Русия ба корти бонкҳои Тоҷикистон, аз ҷумла ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд”, ҶСК “Комерсбонк Тоҷикистон”, ҶДММ ТАҚХ “Душанбе Сити”, ҶСП “Спитамент Бонк”, ҶСК “Ориёнбонк” ва ҶСП “Халиқ Бонк Тоҷикистон” дастрас намоянд. Интиқоли маблағҳо тавассути операторони низомҳои пардохтие, ки ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст нашудаанд, амалӣ карда намешавад. Минбаъд аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ кодҳои 9 рақамаи низоми пардохтии “Золотая Корона” мавриди баррасӣ қарор дода намешаванд. 

    Бояд гуфт, ки шурӯъ аз 3.12.2019 тамоми интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ тавассути низомҳои пардохтие, ки ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст гардидаанд, амалӣ мешаванд. Айни замон низомҳои пардохтии “Юнистрим” ва “Контакт” ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пурра пайваст шудаанд. Аз 3 декабри соли равон шаҳрвандон метавонанд тавассутии ин низомҳо бе мамониат интиқоли маблағҳоро анҷом диҳанд.

    Инчунин низоми пардохтии “Вестерн Юнион” пайвастшавиро ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо босуръат идома дода, рӯзҳои наздик тавассути низоми мазкур низ интиқоли маблағҳо имконпазир мегардад.

     Муштариёне, ки маблағҳоро тавассути низомҳои пардохтии “Золотая Корона”, “Близко” ва “MoneyGram” интиқол дода, ин мабалғҳоро то  3 декабри соли 2019 дастрас накардаанд, метавонанд маблағҳои худро аз ин низомҳо бозпас гирифта, тавассути низомҳои “Юнистрим” ва “Контакт”, инчунин суратҳисобҳои бонкӣ интиқол диҳанд.

     Бояд зикр намуд, ки низоми пардохтии “Золотая Корона”, ки ҳаҷми зиёди маблағҳо тавассути он интиқол мегардид, ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст нашудааст ва иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин накардааст. Аз ин лиҳоз интиқоли маблағҳо тавассути низоми мазкур ғайриимкон мебошад.

     Дар сурати аз ҷониби дигар низомҳои пардохтӣ иҷро гардидани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пайваст гардидани онҳо ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо фаъолияти онҳо дар ҷумҳурӣ барқарор мегардад.

    Тавре шуъбаи матбуоти БМТ хабар медиҳад, мақсади асосии таъсиси Маркази миллии протсессингӣ аз баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми интиқоли маблағҳо, таъмин намудани шаффофияти амалиёт ва коҳиш додани хавфҳои транзаксионӣ бо мақсади таъмин намудани устувории низоми бонкию молиявӣ дар мамлакат ва ба амал овардани заминаи мусоид барои амалиёти бехавф иборат мебошад.

 

Чоршанбе, 04 Декабр 2019 14:05

 

  - 1 гурӯҳ сокинони н.Темурмалик ба идораи редаксияи газетаи мардумии СССР дар вил.Хатлон муроҷиат намуда, дар бораи дар ҳолати садамавӣ қарор доштани боғчаи бачагонаи №1-и маркази ноҳия хабар доданд. Падару модарон мегӯянд, ки ҳамасола барои таъмири бино маблағ ҷамъ мекунанд, аммо ин маблағ танҳо барои рангубори бинои берунаи он басандагӣ мекунаду халос. Муассисаи томактабӣ имрӯз ниёз ба таъмири капиталӣ дорад ва ё лозим аст, ки онро тахриб намуда, ба ҷояш бинои нави боғчаро аз сар бунёд кард, қайд менамоянд волидайн.

   - Мо чандин маротиба ба собиқ раиси ноҳия Эмомиддин Аслзода дар ин бора шикоят карда будем, раис ба зертобеонашон супориш дод, ки сари ин масъала чорандешӣ кунанд. Пас аз ин 100 нафар кӯдаконро ба муассиса томактабии №3 ҷой карданд, ки барои чунин шумора дар ин муассиса ҷой нест, - таъкид медоранд падару модарон.

    Шамсулло Сатторзода, мудири маорифи н.Темурмалик дар сӯҳбати телефонӣ ин проблемаро тасдиқ карда, гуфт, ки дар ҳақиқат мушкилӣ ҷой дорад. Муассисаи томактабии №1 дар ҳудуди марказии ноҳия дар ҳолати ногувор қарор дошта, барои ҳалли ин масъала зиёда аз 100 нафар кӯдакро ба муассисаи томактабии №3 ҷой кардаанд. Волидайн умедворанд, ки раиси тозатаъини ноҳия Фотеҳ Аминзода сари ин масъала чораандешӣ намуда, билохира дар чаҳорчӯбаи корҳои ободонӣ ва созандагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти ҶТ ин мушкил ҳалли худро хоҳад ёфт.

Баҳодури Абдусалом, СССР, вилояти Хатлон

 

Чоршанбе, 04 Декабр 2019 13:57

Зикри хайр

Ман аз овони мактабхонӣ ба эҷодиёти адиби зиндаёд Наримон Бақозода тавассути маҷаллаи “Машъал” ва рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон” ошно будам. Шеърҳои барои бачаҳо навиштаи Н. Бақозода бисёр самимӣ ва таҷасссумгари дунёи рангину зебои кӯдакон буданд. 

Ортиқ-шоҳи ҷоҳил???

Баъдан дар саҳнаи Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ дар яке аз намоишҳои барои бачаҳо навиштаи устод Бақозода, ки “Бахтатро бедор кун” ном дошт, нақши шоҳ Кузурбойро офаридам. Дар ин афсонаи басо ҷолибу шавқангез иҷрои нақши як шоҳи золиму ҷоҳил барои ман имтиҳони хуби ҳунарӣ буд. Устод Н. Бақозода дар машқҳои ниҳоӣ ба театр меомаданд, ба мо ҳунармандон баҳри ворид шудан ба олами ботинии қаҳрамонони худ ҳам маслиҳатҳои муфид медоданд ва ҳам бо суханони пурмеҳри худ илҳом мебахшиданд. Ҳамин тавр ман устод Н. Бақозодаро ҳамчун адиби масъулиятшинос ва инсони нармдилу меҳрубон, хушлаҳну хушгуфтор шинохтам.

      Эҷодкоре, ки барои насли наврас, барои кӯдакон заҳмат мекашад, рисолати басо муборак ва созанда дорад, зеро ӯ барои оянда, барои бунёди ҷомеаи бофарҳангу маърифатобод ранҷ мекашад.  Афсонаи “Бахтатро бедор кун” ба наврасону мактабиён ва ҷавонони солҳои 80-уми қарни гузашта бисёр хуш омад. Мо ҳунармандон дар иҷрои нақшҳои худ, ки хислату рафтори аҷоиб ва гуногуну рангин доштанд, бисёр лаззат мебурдем ва бо шавқу кайфияти хоса образҳои ҷолиби афсонавӣ меофаридем.   Намоиш диловариву шуҷоат, дӯстиву якдилӣ, накӯиву хайрхоҳиро бар муқобили зулму ситам, ноадолативу ҷаҳолат гузошта, билохира тантанаи адолату ҳақиқатро нишон медод.  Аз он, ки тамошогарони наврас аз дидани ин афсонаи рангину зебо завқ мебурданд ва ба худ сабақи диловариву ватандӯстӣ мегирифтанд, илҳоми мо-ҳунармандон боз ҳам саршортар мегашт.  

Иҷрои нақши шоҳи золим бо хислатҳои аҷибу хандаовараш ба худи ман ҳам бисёр писанд буд ва ҳамеша бо шавқу нерӯи ҷавонӣ рӯи саҳна меомадам...

Кадри ҳавойии устод

       Дар доираи ин ҳамкории эҷодӣ бо устод Н. Бақозода сӯҳбату вохуриҳои судманде доштем. Хусусан нишасти дӯстона бо аҳли эҷоди намоиш дар ҷои кори устод Шӯъбаи Тоҷикистонии бунёди сулҳи Иттиҳодӣ Шӯравӣ хеле хотирмон буд. (Сабти намоиши “Бахтатро бедор кун” дар бойгонии телевизиони тоҷик маҳфуз аст.)  Бо тақозои қисмат соли 1990 боз бо устод Н. Бақозода, вале ин бор дар телевизиони тоҷик ба ҳамкории дигари эҷодӣ муваффақ шудем. Яке аз коргардонҳои маъруфи телевизиони тоҷик Наим Латифов (ёдаш ба хайр) тасмим гирифт, ки аз рӯи намошномаи мазҳакавии Н. Бақозода “Кадри ҳавоӣ” спектакли телевизионӣ таҳия намояд. Шодравон  Н. Латифов иҷрои нақши асосӣ Ғоибхонро ба ман бовар намуд.  Баъди ошноӣ бо асар ман дарк кардам, ки ин ҷо масъулияти басо гарону ҳамзамон пурифтихор ба дӯши ман вогузор шудааст. Нахуст ин, ки мавзӯи асар мавзӯи басо муҳиму доғи рӯз буд, яъне мавзӯи дарду иллати миллати тоҷик-мавзӯи маҳалгароиро баррасӣ менамуд.

Лоиқу Камолу Бақозода

 Ин мавзӯъ дар адабиёти тоҷик камубеш дар як-ду шеъри устод Лоиқ ва шеъри “Тоҷикистонро дигар қисмат макун”-и Камол Насрулло таҷассуми худро ёфта буд, аммо дар наср, дар драматургия ва аз ҳама муҳимаш дар минбари баланди иттилоотиву идеологӣ-телевизион бори аввал  бо ҳаҷви тезу тунд ва кинояву мутояба сахт маҳкуму мазаммат мегардид. Ин нахустин иқдом дар ифшои дарду доғи миллат аз минбари баланд,аз телевизиони тоҷик ҷуръату ҷасорати бузурге буд, ки аз устод Н.Бақозода ибтидо гирифту коргардони соҳибтаҷриба Наим Латиф ва мо ҳунармандонро низ илҳому нерӯ бахшид.Ин намоиш фиғоне буд,фарёди қалбҳои миллатдӯстоне буд алйҳи маҳалгароёни хоину ғаразҳои нопоки эшон. Ман ки худ дар тӯли умрам, хоса дар айёми ҷавониҳоям, дар роҳи фаъолияти эҷодиам аз ин мараз, аз ин заҳрпечак, яъне аз иллати маҳалгароӣ зарбаву зарарҳои зиёде дида будам, нақши Ғоибхонро нақши худам донистам. 

Дар мувофиқа бо муаллиф ва коргардон барои намоиш ва махсусан барои қаҳрамони худам чанд монологу хитобаҳо ва аз ашъори устод Лоиқ байтҳои мувофиқеро илова намуда, фиғону эътирози худро дар иҷрои нақш қавитар гардонидам. Афзудаҳои ман дар намоиш ба устод Н. Бақозода хеле писанд омад ва бо меҳру муҳаббат, бо арзи сипосу мамнуният маро табрику шодбош гуфтанд. Бо қаноатмандӣ изҳор намуданд, ки он чӣ ман мехостам, шумо онро пиёда сохтед, тири маро ба ҳадаф расонидед. Фиғони дили маро тавассути ин намоиш ва ҳунари шумо гӯши ҳазорон-ҳазор мардуми диёр шунавид. Устод офарину аҳсант мегуфтанду мисли кӯдак шодӣ мекарданд, балки худ қалби дардошное доштанд, ки ба ҳама ҳаводис ва зуҳуроти ҷомеаву иллатҳои он бетараф набуд.

  Санги сафеду сиёҳ

Баъди пахши намоиш дар ҷумҳурӣ гӯё таҳаввуле дар андешаҳо, сӯҳбатҳо ва амалҳо ба вуқӯъ пайваст. Дар ҳама ҷо, дар ҳар ҳолати мушоҳидаи маҳалгароӣ сухан аз намоиши “Кадри ҳавоӣ” мерафт. “Санги сиёҳӣ”, “Санги сафедӣ”- ин ибораҳо бо тамасхуру ханда вирди забони хурду калон гардиданд.  Бо шарофати ин намоиш он замон мо “қаҳрамони рӯз” гаштем. Ҳар куҷо, ки мардум моро медиданд, “ҳа, санги сафедӣ!” ё “санги сиёҳӣ”-гӯён вокуниши пурэҳтироме зоҳир менамуданд. 

       Бисёр мансабдорону зимомдорон дар симои қаҳрамони манфии асар- роҳбари корхона чеҳраи худро медиданд. Баъзе роҳбарон талошу мудохила ҳам мекарданд, ки пахши намоиши “Кадри ҳавоӣ”-ро маҳдуд ва ҳатто манъ намоянд. Билохира ҳамин тавр ҳам шуд, ки сабти он аз бойгонии телевизион “ғайб” зад. (Танҳо дар телевизиони “Сафина” як нусхаи сабти он маҳфуз аст, ки баъзан пахш мешавад.)

      Нуктаи ифтихорангезе аз ин ҳамкорӣ боз он буд, ки соли 1992 ман барои иҷрои нақши асосӣ дар намоиши “Кадри ҳавоӣ”-и Н. Бақозода ( ва ҳамчунин намошҳои телевизионии “Ҳаёт ва ишқ”-и Ф. Ансорӣ, “Ашки сӯзон”-и Б. Икром) сазовори ҷоизаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон шуда будам...

       Ҳамин тавр ба василаи ҳамкориҳои эҷодӣ ва вохӯриву сӯҳбатҳои зиёде аз устод Наримон Бақозода хотираҳои неку гуворое дар кӯлбори ёдҳоям боқӣ мондаанд. Чеҳраи нурониву ҳамеша хандонашон пайваста дар ёдам мондааст. Руҳашон шоду охираташон обод бод!..

Ҳунарпешаи мардумии

Тоҷикистон Ортиқи Қодир

 

саҳ 9 аз 11

Китобҳо

Flag Counter