ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 25 Декабр 2019 11:58

Президенти собиқи Қирғизистон Алмазбек Атамбаевро ба қатли хизматчии гурӯҳи махсуси «Алфа» и Кумитаи давлатии бехатарии миллӣ (ГКНБ) айбор карданд. Атамбаевро дар қатли ҷонишини фармондеҳи «Алфа» Усунбек Ниёзбеков, ҳангоми кӯшиши ба ҳабс гирифтани президенти собиқ дар деҳаи Кой-Тош, гумонбар медонанд. 12 декабр натиҷагирии Комиссияи давлатии тафтишоти бесарусомониҳои моҳи август дар Қирғизистон, маълум гардид. Дар комиссия иброз намуданд, ки президенти собиқи кишвар, ният дошт дар Қирғизистон табаддулоти давлатӣ анҷом диҳад ва бо ин роҳ ду бора ба сари қудрат ояд.   

 

Чоршанбе, 25 Декабр 2019 11:52

 

Раҳмон Абдуллоев, сокини н. Варзоб (тел: 917 60 05 20) занг зада гуфт, ки дар деҳаи мо 1 дарра аст ва дар тарафи дигари он мактаб ҷойгир буда, хонандагони деҳа ба он ҷо мераванд. Дар фасли баҳору зимистон бо сабаби омадани селу об хонандагон ҳафтаҳо, баъзан моҳҳо ба дарс рафта наметавонанд. Аз ҳамин лиҳоз, аз раиси ноҳия хоҳиш мекунем, ки дар инҷо купруке созанд, то ин ки  барои мардуми деҳа ва мактаббачагон рафту омад осон гардад. Зеро ин мушкил чанд соли охир мешавад, ки моро ташвиш медиҳад, аммо касе ба додамон намерасад.    

 

Чоршанбе, 25 Декабр 2019 11:44

  21.12.2019  аз вилояти Хатлон барои ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар ш.Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 85 тонна маҳсулот фиристода шуд.

   Тавре ба мухбири СССР дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, ин амали нек тибқи дастури Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ба Бадахшон 30 тонна сабзӣ, 15 тонна пиёз, 14 тонна картошка, 9 тонна биринҷ, 7 тонна лимӯ, 5 тонна равған ва 5 тонна гӯшти мурғ фиристода шуд. Ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар ш.Хоруғ бахшида ба фарорасии Соли нави мелодӣ ташкил гардида, маҳсулоти кишоварзии Хатлон дар он бо нархҳои дастрас пешниҳоди сокинони Кӯҳистони Бадахшон гардид.

 

 

 

Чоршанбе, 25 Декабр 2019 11:42

     24.12.2019 дар ш.Душанбе маросими ҷоизасупории Кумтитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ бо ширкати муовини сарвазири мамлакат Азим Иброҳим, Раиси Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ баргузор гашта, дар он ба 42 нафар варзишгарони беҳтарини сол Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид. 

   Тавре маркази матбуоти Кумитаи мазкур хабар медиҳад, Ҷоизаи мазкур аз ҷумла ба Дилшод Назаров дар варзиши сабук  барои ҷои якум дар чемпионати Осиё (Қатар) ба маблағи  75 ҳазор  сомонӣ, Баҳодур Усмонов дар бокс барои ҷои якум дар  чемпионати Осиё (Бангкок, Тайланд) ба маблағи  75 ҳазор  сомонӣ, Темур Раҳимов дар гӯштини дзюдо  барои ҷойи дуюм дар чемпионати Осиё (Фуҷайра, АМА) ба маблағи  50 000 сомонӣ, Комроншоҳи Устопириён  дар  гӯштини дзюдо барои ҷойи дуюм дар чемпионати Осиё (Фуҷайра, АМА) ба маблағи  50 000 сомонӣ, Сомон Маҳмадбеков дар гӯштини дзюдо барои ҷойи якум дар чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон (ш.Марокаш) бо маблағи 50 000 сомонӣ, Ғаниҷон  Ғаниев, дзюдо, барои ҷойи якум дар Чемпионати Осиё байни наврасон (ш.Тайпейи Чин) бо маблағи 18  750 сомонӣ, Шаҳриёр Даминов дар қаиқронӣ барои ҷойи дуюм дар чемпионати Осиё  дар масофаи  3600 м (Хуанджоу,Чин), бо маблағи 50 000 сомонӣ ва Шаҳриёр Даминов дар қаиқронӣ барои ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё  дар масофаи  25,90 км (Хуанджоу Чин) бо маблағи 25 000 сомонӣ тақдим гардид. 

   Гуфта мешавад, ки дар маҷмӯъ, маблағи ҷоиза 911 250 сомониро ташкил медиҳад.

 

 

Чоршанбе, 25 Декабр 2019 11:36

   Бонки миллии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки низоми пардохтии “Вестерн Юнион” бо иҷрои талаботҳои қонунгузории ҶТба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст шуда, фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор намуд.

   Тавре аз маркази матбуоти БМТ хабар доданд, ҳамакнун шаҳрвандони кишвар имконият пайдо карданд, ки аз 23.12.2019 маблағҳои аз хориҷи кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшударо аз ташкилотҳои қарзии кишвар дастрас намоянд.

   Сараввал низоми мазкур фаъолияташро бо ҶСП “Бонки Арванд” оғоз намуда, сипас марҳила ба марҳила дар давоми 1 ҳафта ҳамаи ташкилотҳои қарзие, ки бо низоми мазкур ҳамкорӣ доштанд, ба ин низом пайваст мешаванд.

 

Чоршанбе, 25 Декабр 2019 11:30

 

   17 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт бинои нави Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Сарвари давлат бо шароити корӣ ва имкониятҳои иншооти нав аз наздик шинос шуда, бо кормандони он суҳбати самимӣ анҷом доданд. 

   Тавре иттилоъ дода шуд, бинои нави “Амонатбонк” бо дарназардошти талаботи муосир бунёд ёфта, дар ҳудуди он шароити замонавии кор ва хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар дохили бино 121 утоқи корӣ ҷойгир буда, барои 500 нафар корманди дастгоҳи марказӣ ва дигар шуъбаҳои хизматрасонии бонк пешбинӣ гардидааст. Дар ошёнаи аввали бино Маркази хизматрасонии мизоҷон ва Департаменти пардохти нафақаву кортҳои пластикӣ ҷойгир шудааст. Бояд тазаккур дод, ки дар баробари ифтитоҳи бино, ҳамчунин Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ба тозагӣ дастгоҳи чоп ва омодасозии кортҳои пластикиро дастрас кард, ки ин имконият медиҳад минбаъд дар ҳамин ҷо кортҳои пластикӣ омодаву дастраси мизоҷон карда шавад.

   Зимни боздид ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки утоқҳои кории кормандон пурра бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурии соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дохили иншоот ва утоқҳои корӣ бо дарназардошти талаботи замони муосиру меъёрҳои байналмилалии бонкдорӣ бунёд ёфта, ҳамчунин бино аз толору маҷлисгоҳ ва утоқҳои мулоқоту қабули меҳмонон иборат мебошад. Аз ҷумла, бинои навбунёд дорои толор барои нишастҳои матбуотӣ ва толори хурди маҷлисӣ буда, барои гузаронидани ҳамоишу чорабиниҳо як толори дигар низ бо 200 ҷойи нишаст бунёд ёфтааст. Ҳамзамон бо дарназардошти талабот 4 утоқи машваратӣ низ сохта шудаанд, ки бо дастгоҳҳои зарурӣ ва айёнияти корӣ таъмин мебошанд. Ҷиҳати таъмини бехатарӣ бонк бо 300 адад камераи муосири назоратӣ таъмин буда, ҷараёни фаъолият ва омаду рафт ба таври қатъӣ зери назорат қарор дорад ва дар маҷмӯъ 9 ҳуҷраи техникӣ дар дохили иншооти тозабунёд ташкил гардидааст.

   Аснои шиносоӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Осорхонаи бонк, ки дар ошёнаи 10-ум бунёд ёфтааст, дидан намуданд. Дар ин ҷо дастоварду натиҷаҳои кории “Амонатбонк”, ки таърихи бештар аз 130-сола дорад, маҳфуз дошта мешаванд. Осорхона бо усули муосири меъморӣ бунёд ёфта, ҳамчунин барои гузаронидани конфронсҳои хурд дар ин ҷо имконият фароҳам аст. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат дар китоби меҳмонони олиқадри Осорхона соядаст гузоштанд.

   Зимни шиносоӣ иброз гардид, ки дар ду ошёнаи зеризаминии бино таваққуфгоҳ барои нақлиёти хизматӣ, анбор ва таҳвилхона бунёд ёфтааст. Дар маҷмӯъ бинои нав аз 10 ошёна ва 2 ошёнаи зеризаминӣ иборат буда, намои берунаи он бо санъати баланди меъморӣ ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бунёд ёфтааст. Атрофи иншоот ва роҳравҳои он бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан зебу оро ёфта, ин иншоот ба зебоии хиёбони Рӯдакӣ ҳусни дигар зам менамояд.

Дар толори бинои нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони бонк мулоқоти самимӣ анҷом дода, ифтитоҳи иншоотро ба онҳо таҳният гуфтанд.    Таъкид гардид, ки “Амонатбонк” дар низоми бонкдории мамлакат нақши калидӣ бозида, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани шарту шароити кории он тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла, ба сифати корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот Сарвари давлат баҳои баланд дода, кормандонро вазифадор намуданд, ки ин имкониятҳоро баҳри боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ истифода баранд.

 

Навгонӣ дар самти интиқоли маблағҳо - тариқи низоми пардохтии “ЮНИСТРИМ” ва “CONTACT”

   БДА ҶТ «Амонатбонк» аз санаи 3.12.2019 амалиёти интиқоли маблағҳоро танҳо тавассути Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳои Бонки миллии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

    БДА ҶТ «Амонатбонк» дар баробари дигар ташкилотҳои қарзӣ интиқоли маблағҳоро тариқи Маркази миллии протсессингӣ анҷом дода истодааст.

Бо назардошти омилҳои мусбати ин марказ Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар амалигардонии интиқолҳои пулӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудааст. Аз ҷумла дар тамому шаҳру ноҳияҳои мамлакат филиал ва марказҳои хизматрасонии "Амонатбонк" интиқоли маблағҳоро саривақт анҷом дода, аз ҷониби мутахассисон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омӯзишӣ низ ба роҳ монда шудааст.

    Маркази мазкур имконияти навро баҳри рушди бозори интиқолҳои пулӣ таъмин намуда, барои баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ мусоидат мекунад, сифати хизматрасониро барои интиқолгирандагон беҳтар намуда, имкони назоратро дар заминаи ҳуқуқӣ дар сатҳи давлатӣ ва таъминнокии молиявии ҳар як амалиёти фаромарзии интиқоли маблағҳо таъмин менамояд. 

Имрӯзҳо дар тамоми филиал ва марказҳои хизматрасонии “Амонатбонк” зимни интиқоли маблағҳо, ки тариқи низомҳои пардохтии “ЮНИСТРИМ” ва “CONTACT” амалӣ мешаванд, мушкилот вуҷуд надорад ва сатҳи хизматрасонӣ низ ба мизоҷон хуб роҳ монда шудааст.   

   Маълумоти бештар тариқи телефони: +992 44 600 00 34 ё рақами кӯтоҳи 1885.

 

 

Чоршанбе, 25 Декабр 2019 11:23

Чоршанбе, 25 Декабр 2019 11:17

саҳ 2 аз 11

Китобҳо

Flag Counter