ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 04 Декабр 2019 12:53

28.11.1918. Дар Русияи Шӯравӣ Шӯрои Комиссарони Халқ (ШКХ), Декрет бобати ташкили кори суғуртавӣ дар РСФСР ро қабул кард.

28.11.1941. Дар рафти ҷанги ҷаҳонии дуввум, дар Либӣ англисҳо генерали олмонӣ фон Равенштейнро ба асорат гирифтанд. Фон Равенштейн аввалин генерали омлонӣ буд, ки дар рафти ҷанг ба дасти душман асир гардид.

28.11.1943. Дар пойтахти Эрон, шаҳри Теҳрон конфронси сарони се кишвари иттифоқчӣ СССР, Англия ва ИМА доир гардид. Бори аввал Сталин, Черчил ва Рузвелт мустақиман бо ҳам дидор намуда, масоили доғи байни ҳамро мавриди баррасӣ қарор доданд.

29.11.1920. Дар Русияи Шӯравӣ тамоми корхонаҳое, ки теъдоди коргаронашон аз 10 нафар бештар буд, миллӣ кунонида шуданд.

29.11.1936. Прокурори генералии СССР Вишинский дастур дод, то тамоми парвандаҳо бобати ҳолатҳои тасодуфӣ ва садамаҳоро дар кишвар, чун парвандаҳои харобкорӣ баррасӣ кунанд.

29.11.1941. Дар рафти ҶБВ артиши олмонӣ, партизанзан Зоя Космодемянскаяро ба қатл расониданд.

29.11.1945. Югославия ба Ҷумҳурии Халқи Федеративии Югославия табдил дода шуд. Сарварии кишвари навро Броз Тито ба ӯҳда гирифт. Соли 1963 ин кишвар боз тағйири ном карда, ба Ҷумҳурии Шӯравӣ Федеративии Югославия табдил дода шуд.

30.11.1918. Дар РСФСР Шӯрои мудофиаи коргарӣ-деҳқонӣ таъсиси дода шуд. Дар раисии ниҳодии нав, роҳбари РСФСР Владимир Ленин қарор гирифт. 

30.11.1939. Оғози ҷанги СССР бо Финляндия. Ин ҷанг дар СССР бо ҷанги зимистона маъруф аст ва заъфи Артиши Сурхро нишон додааст. Ба андешаи бархе, Фюрери олмонӣ маҳз баъди анҷоми ҳамин ҷанг қарор дод ба СССР ҳамлаи низомӣ анҷом диҳад. Лигаи миллатҳо бошад, ки нақши СММ-ро ифо мекард, СССР-ро барои оғози ин ҷанг таҷовузгар хитоб кард ва аз ҳайъати худ хориҷ намуд.

Чоршанбе, 04 Декабр 2019 12:50

Ҳар вақте ҷойҳои ободкардаи шодравон бобои Миралиро имруз харобазор мебинам, афсус мехурам! Беморхонаи деҳаи Зардолубоғ яке аз онҳост. Он берун аз сарҳадоти н.Восеъ шуҳрат дошт ва чунон обод буд, ки ҳатто сарат офтобро намедид. Беморон аз тамоми вилоят ва берун аз он барои табобат меомаданд. То солҳои 1992 ҳама роҳбароне, ки дар ин беморхона кор карданд, барои обод нигоҳ доштани он талош мекарданд. Чунки бобои Миралӣ доим аз онҳо хабар гирифта меистод ва чӣ камбудие мешуд дар ҷояш ҳал мекард. Сад афсӯс, ки раисони баъди бобои Миралӣ ҷойҳои ободро вайрон карданд. Аз ҷумла, ин табобатгоҳро. Ҳатто назди ин беморхона 1 иморати 3-ошёна қомат рост карда буд, онро низ фурӯхтанд. Умуман, ҳолати ҳузнангез ин ҷо ба чашм мерасад.

Саид Камолзода,

ноҳияи Восеъ

 

Чоршанбе, 04 Декабр 2019 12:46

Мақолаи «Мо кони обему об надорем» (СССР, 18.07.2019, №29(566) аз ҷониби роҳбарияти ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Зимни корбарии гурӯҳи кории таъсисдодашуда дар маҳалли воқеа - кӯчаи ба номи Ҷ.Расулов, хонаи №6 маълум шуд, ки дар таҳхонаи ин бинои 4-ошёна дастгоҳи хос ба системаи обтаъминкунӣ васл шуда будааст ва дар ҳолати ворид шудани об система бояд ба таври автоматӣ ба кор дарояд. Зимни азназаргузаронӣ система пури об буд ва аз зарфҳо об ҷорӣ мешуд. Баъди ба кор даровардани система дар 32 адад ҳуҷраҳо ин бино об пурра таъмин шуд. Баъди бартараф кардани мушкилӣ, ки аз нофаҳмӣ ба миён омада буд, бо сокинони ҳуҷраҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуд. Мебоист шаҳрванд пеш аз он, ки ба унвонии рӯзнома мақола ирсол менамуд, ба роҳбарияти МИҲД н.Фархор муроҷиат мекард.

Сафарализода Б.,

Роҳбари дастгоҳи раиси н.Фархор

 

Чоршанбе, 04 Декабр 2019 12:45

 

 Хайриддин Ҳалимов (тел: 901084895) сокини деҳаи «Ҷӯйбодом»-и н.Рӯдакӣ занг задаву гуфт, ки ҳар шумораи газетаи мардумии СССР-ро аз сар то ба охир мутолиа мекунам. Дар шумораи №46 (583) узви Ихвон-ал СССР Шерафган Иброҳим дар матлабе бо номи «Хизмати 1,5 сола айб аст!» андешаашро навиштааст. Ман дар тақвияти навиштаи эшон аз масъулони Вазорати мудофиаи мамлакат пурсиданиам, ки магар хизмати Артиши миллӣ ба фарзандони бою сарватманду вазиру кабир дахл надорад? Дар деҳаи мо фарзандони камбағалро аз ҷойгаҳи хобаш бо истилоҳи русӣ «облава» карда, мисли гӯсфанд бор карда, мебаранд, оё ин аз рӯи қонун аст? 

     Дар Ҷумҳурии Арманистон то ҳол барои хизмати Артиш навбат меистанд. Медонед чаро? Чунки дар онҷо шароити хуб ва муомила афсарон нисбат ба  наваскарон хуб асту сарбоз шиканҷа намешавад! 

Борис Уроқов, СССР

 

Чоршанбе, 04 Декабр 2019 12:40

    - Салом ба аҳли қалами газетаи СССР! Ман нисбати 3 мушкилоти рӯзмарра дар н.Рӯдакӣ гуфтанӣ дорам: 

    1. Дар мактаби №118 деҳаи Чинор дар 1 парта 3 талаба мешинад-мумкин ин аз сабаби он бошад, ки имсол захираи ҳезум дар синфҳо ба таври кофӣ нест. 

     2.Агар дар тамоми Тоҷикистон маҳдудияти барқ барҳам хӯрда хӯрда бошад ҳам дар ноҳияи мо дарак надоранд, чунки дар деҳаи Ҷӯйбодом, Чинор, Навобод ва якчанд деҳаҳои дигар тез-тез барқ хомӯш мешавад. 

    3. Мо нафақагирон нафақаи худро бисёр интизорӣ мекашем, чаро дер мекунад, номаълум. 

Бо эҳтиром Т. Холов

 

Чоршанбе, 04 Декабр 2019 12:35

    

- Омӯзгоре, ки маошашро дер-дер мегирифт, ҳаққашро пурсиданӣ рафт. Шахси масъул гуфт:-Сабр кун, муаллим сабр. Омӯзгор рӯзи дигар рафт:- охир хӯрданӣ надорам, аз бонк қарз гирифтам…Масъул боз гуфт:-Сабр кун, сабр! Омӯзгор рӯзи дигараш рафта гуфт:- сабр кунам, оқибат чӣ мешавад? Масъул гуфт: оқибат одат мекунӣ!

Исматулло Собирӣ, тел: 98 503 80 76

 

Чоршанбе, 04 Декабр 2019 12:32

Проблемаи миллӣ-1

Ман ин матлабро баъди андешаи тулонӣ менависам. Хонед! Ва сипас хулоса кунед, ки Мо Метавонем! 

Ман ягон бор ва дар ягон ҷо на гуфтаам, на мегӯям, на хоҳам гуфт, ки муддаии курсии хидматӣ дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонам. Вале ман дар ҳама ҷо мегӯям, менависам, таъкид мекунам, ки зуҳури Эмомалӣ Раҳмон барои ин миллат аз вежакориҳои Худост!

Агар теғи олам биҷунбад зи ҷой,

Набуррад рагеро, нахоҳад Худой!

Ҳар нафаре бар ин зуҳур шак дорад, эмонаш заъф дорад! Ман мутмаинан мегӯям, агар 16.11.1993 ӯро сарвари давлат интихоб намекарданд, сенарияи Давлати исломӣ дар қораи Осиёи Марказӣ такрор мешуд! Ман бо куллияи сарварони ҳамон оппозитсияи исломӣ шинос будам. Имрӯзаҳош не! Бовар кунед, инҳош умуман барои ошноӣ нозебандаанд. Абдуллои Раҳнамо инҳоро на ҳудаву беҳуда беадаб мехонад. Фаросати баҳс надоранд инҳош. Вале сар аз Нурӣ то Ҷага, Маҳмадрӯзӣ ва Давлат Исмон 1 чӣ мегуфтанд:

-Моро ҷасорат ва худфидоии Эмомалӣ Раҳмон моил ба сулҳ карда буд!

Чаро ин матлабро менависам? Солҳост, баъди истеъфои ман аз Радиои Озодӣ, ки ҳама коргаронашро иззат мегузорам, зеро чойхӯр будему ғамшарику намакчаш, аксарият ҳадс мезаданд, ки ман соҳиби вазифачае мешавам! Дидед, ки нашудам? Ва намешавам низ! Зеро ман патриотам. Ватанро барои курсии мансаб не, барои хуни ноф рехтан бояд дӯст дошт. Ман барои вазифа истеъфо надода будам. Барои миллат аз кор рафтам ва даркор шавад боз хоҳам рафт ва аз дилхоҳ вазифа!

Ва ана акнун дар бораи хуни ноф. Хуни нофи ман дар Кӯлоб рехтааст! Ман бо кӯлобӣ буданам ифтихор дорам! Ва ғармиву зарафшониву аштиву хуҷандиву помириву дарвозиву ванҷиву ховалингиро ҳамонгуна, ки худро меҳурматам, иззат мегузорам! Беҳтарин дӯсти ман Сафват аст. Сафват аз Панҷакент аст. Чун ҳоло сухан сари маҳалла аст, ошкоро менависам. Воқеан ҳам ин ҳамон Сафватест, ки кӯлобиҳо, дар солҳои аввали таъсиси СССР менавиштандаш, ки «Ту Сафват, братан чихелӣ кӯлобиӣ… Сайёфро бугӯ, кӯлобиёра ба назар бигирад, ки …». Худатон медонед охири ин обзатс чист!

Шоираи Раҳимҷон аз Ваҳдат асту хоҳар қиёматии ман. Ҷамилаам аз Хуҷанд аст…Ҷамилае, ки ҳамсояҳош гуфтаанд, «шефатон ҷудо хушрӯ будаст (рекламаи инфиродиям) зан доранд-мӣ?». Идибек аз Ғарм. Ҳатто Баҳодури мо ғармист. Ман ЯГОН коргари кӯлобӣ надорам ва ман маҳалчӣ?

Додоҷони Атовулло… Нафаре, ки ҳама сангаш мезаданд дар тӯли 30 соли ахир 1 ҳарфи бад дар борааш нанавишта будам. Зеро ба гуфти ҳамон кӯлобиҳои ҳамшаҳрии Додо «Ӯ мужикай! 1 рӯй дорад!!!».

Воқеан ҳам дар бораи шумо низ-мӯҳтарам душманони навхонда, нахоҳам навишт, агар душмани мардед. Вале дар дигар бора менависам. Дар бораи маҳалчигии худам:

-Кадом Тоҷик маҳаллааашрор дӯст намедорад? Хуни ноф, ки рехт, бояд дӯст дорӣ он зодбумро. Фикр доред, Трамп зодгоҳашрор дӯст намедораду Путин Питерро? Номаъқул кардаед, агар чунин фикр доред. Вале муҳаббат ба зодбум ишқ бар миллатро кӯтаҳ намекунад!!! Ман ҳамаи шуморо дӯст медорам! Бе фарқ ва бе тафовут!

…Миннат намегузорам, зеро қарзи бародарии ватандорист: вале вақте Раҳими Ашрофи конибодомӣ фавтид… фарзандонаш маро падар хонданд. Соате Ниёзбоқиии мастчоҳиро куштанд, духтаронаш маро ба ҷои ӯ баргузиданд…Аввалину охирин ишқи ман…Бадахшон аст!!!

Вақте Шарифхони Тағоймурод аз ким-кадом гӯшаи ким-кадом шаҳри Русия занг заду гуфт, ки намояндагони ким-кадом миллате ӯро дар 1 вагон ғавра кардааву куштаниянд, адресашро пурсидам ва аэропорт рафтаму билет гирифтам. Фикр мекунед, ман зӯрам ва садҳо касро лату кӯб мекардам? Неъ! Шояд аз 1-ум мушт афтида беҳуш мешудам. Вале ман Тоҷикам ва дар соати бад паҳлӯи Тоҷики асил рост мешавам!...

Мехоҳед дар бораи Сафват қисса кунам? Боре 1 нафар Сафватро муште зад. Сафват хурдҷуссаст. Гуфт, баъд чӣ? Зӯрам ба ту нарасад ҳам на-ме-тар-сам!!! 

1 ҳамхизмат доштем, дар космодром Байконур. Аз Хуҷанд буд. Номаш ёдам нест, вале тахаллусаш «Малыш» буд…Боре бо 1 қазоқ 1Х1 зад. Қазоқ зӯр омад. Ҳайрон нигоҳаш кардем, ки гуфт: «ну и что? Я 100 раз буду биться с ним!». Қазоқ мурду сӯяш аз тарс намеомад….

Сулаймон гуфтанӣ ҳамхизмат доштем. Аз Кӯлоб…ӯро бояд дид, ки бо навиштан намешавад. 1 Рустами Замона аст! 30 чечену сибирякро зада титу пит кард ва гуфт:

-Я таджик!!!

Ман шояд 30 касро назанам, вале ба 300 млн хонанда мегӯям, ки Тоҷикам ва ифтихор бо ҳама шумо дорам. Ҳатто бо онҳое, ки буздилу дурӯяанд. 

Ва медонед чаро? Мо Метавонем!

  •  << 
  •  < 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  11 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 11 аз 11

Китобҳо

Flag Counter