ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 21 Феврал 2019 11:22


   Тибқи қарори нави Ҳукумати ҶТ, ки санаи 9.02.2019 ба тасвиб расидааст, шаҳрвандоне, ки шиносномаҳои нави пластикӣ надоранд, бояд шиносномаи нав гирифта, сипас сим-кортҳои худро дубора сабт намоянд. Яъне, акнун хариду фурӯши сим-кортҳо ва аз сари нав ба қайдгирии онҳо танҳо тавассути шиносномаҳои пластикӣ сурат хоҳад гирифт.
   Матни қарори мазкур рӯзи 15.02.2019 дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" зери унвони "Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он" ба нашр расид ва дар он талаботи нави гирифтани симкортҳои телефонҳои мобилӣ зикр шудааст. Бо ин қарор ба Хадамоти алоқа дастур дода шудааст, ки барои ба номи 1 шахс ба расмият даровардани на зиёда аз 2 симкорт ва сабти дигарбораи симкортҳои шахсоне, ки шиносномаи соли 2014-ро надоранд, дар давоми 6 моҳ чора андешад.

Панҷшанбе, 21 Феврал 2019 11:19


Шурӯъ аз 11.02.2019 дар хатсайри микроавтобуси №4 (маҳаллаи Чиноро - маҳаллаи Пролетар) фаъолияти микроавтобусҳо манъ гардида, хизматрасонӣ тариқи автобусҳои тамғаи «Акиа» ба роҳ монда шудааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки ҳамакнун аз хизматрасонии хатсайриавтобусии №4 (Терминали Шарқ-Транс - ҶДММ «Маром») истифода баранд.

Панҷшанбе, 21 Феврал 2019 11:12


   Аз санаи 5-ум то 17 уми феврали соли ҷорӣ аз ҷониби Раёсати ВКД ҶТ ва ШБДА-и пойтахт дар ш.Душанбе амалиёти мақсаднок бо номи шартии «Микроавтобус» ташкил ва гузаронида шуд. Тавре дар рафти ин амалиёти танзимкунандаи ҳаракат дар роҳ маълум гардид, бештаре аз соҳибони воситаҳои нақлиёт ба фаъолияти ғайриқонунии мусофиркашонӣ машғул гардида, дар бештари маврид ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашон халал ворид сохта, боиси ба вуҷуд омадани тамбашавӣ дар роҳҳо мегарданд.
  Бино ба иттилои аз маркази матбуоти РВКД ҶТ дар ш.Душанбе ба мухбири СССР расида, ҳангоми баргузории амалиёти мазкур нисбати 1647-нафар ронандагони воситаҳои нақлиёт, барои бе иҷозатнома ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудан ва вайрон намудани шартҳои литсензионӣ ҳамзамон худсарона баромадан аз самтҳои муқарраршудаи ҳаракат дар роҳ чораҳои маъмурӣ андешида шуд.
  Чуноне дар рафти ин амалиёт ба мушоҳида расид, аз меъёри муқаррашуда зиёд савор кардани мусофирон аз ҷоиниби ронандагони воситаҳои нақлиёт боиси нигаронист. Нисбати чунин ронандагоне, ки Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон мекунанд маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд.


Чоршанбе, 20 Феврал 2019 18:20

  Дар соли 2018 аз тарафи кормандони милитсия 11 амали террористӣ, ки аз ин 4 ҳолати сӯиқасд ба он буд, ба ҳисоб гирифта шуда, 7 ҳолат ошкор карда шудааст.
   Чуноне ки Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии ҶТ зимни мулоқот бо намояндагони воситаҳои ахбори омма иброз дошт, дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 99 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар муноқишаҳои кишварҳои хориҷ иштирок доштанд, ба Ватан баргардонида шуданд.

М.Аминова, СССР

Чоршанбе, 20 Феврал 2019 11:26

7.02.2019. Дар ноҳияи Қубодиён дили яке аз ширингуфтортарин адиб, асалзабонтарин дубайтисарой, шоиртарин деҳқон ва деҳқонтарин шоир-устоди достонсаро Сайдуллои Амин-падари журналист Шаҳрзоди Амин-котиби масъули газетаи мардумии СССР аз тапидан монд…
Ҳарчанд болову поин задем, ҷуз ин матлаб, ки чанд сол муқаддам СССР дар бораи устод навишта буд, мақолае беҳтар нигошта натавонистем. «Такрор модари дониш аст»-у «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз дар СССР фаромӯш намешавад!». Хонаи ахираташ обод ва раҳмати Худой сари гӯраш барои ҳамешагӣ рехта бод, ки ИНСОНи бузурге буд…


Дар адабиёти ҷаҳон дар хусуси юришҳои Искандари Мақдунӣ асарҳои мансуру манзуми зиёд эҷод шудаанд, ки бедодгариҳои ин мақдунии беникоҳзодаро тараннум мекарданд. Хосатан, симои Искандар дар назми классикони мо чун паямбар, хирадманд ва хайрхоҳу одил таҷассум ёфтааст, ки ҳокӣ аз он аст, ки гузаштагони мо низ амсоли имрӯзиён худкуши бегонапарвар будаанд. Зеро ақли кас намегирад, ки сар аз Низомиву Саъдӣ то Ҳофизу Ҷомӣ нафареро ситоянду парастиш кунанд, ки Кирополро оташ задаву Эронро ба хок яксон сохтаву Суғду Бохтарро ғорат кардаву китобхонаҳои бузургтарини Самарқанду Бухороро бо амри устодаш Арасту ба коми оташ мекашид…
 Дар тӯли 1000 сол беш, ки адабиёти мо доди сухан медод, образи Спитамон-ягона қаҳрамони халқи Тоҷик, нафаре, ки дар майдони ҷанги ватанхоҳӣ доди мардӣ додаву Искандарро борҳо саркӯб кардаву танҳо бо ҳилаву макри мақдуниён, сарашро зани аҳримансиришташ буррида буд, торик боқӣ мемонд. Ин хатои адабиёти 1000 солаи моро, ки мутаассуф клоссикони ғосибпарвар аз Искандар мадҳу ситоиш мекарданду бар ҳаммиллати қаҳрамони хеш санги маломат меандохтанд (вазъияти то ҳанӯз шинос, не?!), ахиран шоири муосири мо Сайдуллои Амин ислоҳ кард!
 «Спитамон», китоби аввали достони 2-ҷилдаи шоир буда, зери назари шоир ва файласуф Зиё Абдулло, дар нашриёти «Адиб» бо теъдоди 1000 нусха чоп шуд. «Спитамон» маҳсули кори 20-солаи шоир аст, ки дар бораи қаҳрамони халқи Тоҷик ҳикоят мекунад. Ҷилди 2-и достон дар давоми соли ҷорӣ бояд ба нашр расад. «Спитамон» дар вазни мутақориб тасниф шуда, 20.000 байт аст. Қариб ҳар боби достон бо ин мазмун тулуъ мекунад:
Ривоят кунад ровии достон,
Ки бишнид аз ровии бостон…
Дебочаи достон хеле хонданист, ки муаллиф образҳои ҷадидро дар қабои клоссикӣ меофарад. Барои мисол, Сайдуллои Амин шеърро зани дувуми худ хондааст, ки мегӯяд:
Аз он рӯз дилбанди шеърам чу ман,
Ту гӯӣ, ки дорам никоҳӣ 2 зан…
Ва ин 2 бохчон сари шоир фишор меоранд:
Зи рашки басӯзи ҳам аст, ин 2 зан,
Кунад қасд бар ҷони ширини ман!
Шоир достонашро мисли Фирдавсӣ ба Сарвари давлат мебахшад:
Бар ин Тоҷикистони ман сарвар ӯст,
Дар ин бешаи ғав чу шери нар ӯст!
Ва ҳарчанд Амин аз Раҳмон бар алайҳи Фирдавсӣ аз Султон Маҳмуд, инъоме талаб надораду рӯ ба рӯзии Худованд аст:
Худо давлатам деҳ, ҳамон қадр бас,
Ки бошам зи мардум на пешу на пас…
Бовар дорем, ки Эмомалӣ Раҳмон хатои Маҳмудро такрор накардаву ба арӯси нозпарварди Амин-достони нобаш эътои шоҳонаи сазовор пешкаш мекунад. Дар ин амри хайр президент набояд машварат пурсад, ки сареҳатан ошкоро мегӯем:
Коре, ки Сайдулло Амини Қубодиёнӣ бо навиштани ин достон кардааст, Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон дар 22 соли истиқлолият накарда буд! Ин ниҳод бояд сари таслим пеши Амин фуруд орад, ки шоир нишон дод, ки ИНТ зинда асту достон ҳам меофарад:
Ту хонанда бошӣ, ба покӣ чу ҳақ,
Мазан рӯй-рӯяк китобам варақ.
Ин китобро бояд хонд! Шоир достонро онгуна дар либоси сухани бикр оростааст, ки мисли 1 арӯси нозанин ба шабистони хирадманд-марди хонанда дароварданист:
…Китобам касе хонд, домодам ӯст…
Шоир мисли Фирдавсии Тӯсӣ, ки Аҷам зинда кард бо ун порсӣ, бо ин Тоҷикии шево рӯҳи қаҳрамони миллат-Спитамонро зиндаву ҷовид гардонидаву миллатро атрофи Идеяи МИЛЛӢ кашида, аз бегонапарварии ҳазорсола сӯи Тоҷикият фаро мехонад, ки ҳалолаш бод:
Зи шеърам ту магзар кунун сарсарӣ,
Ки бӯи Аҷам ҳасту савти дарӣ…
Достони «Спитамон»-и Аминро месазад ақаллан барои он хонд, ки дар баробари доди сухани нобро додану пардаи бакорат аз маҳри арӯси сухан бардоштан, ӯ нахустин нафаре дар адабиёти 1000-солаамон гардид, ки саҳву хатои пешиниёни хешро рафъ кардаву ҳақро ба ҳақдор расонида, рӯҳи бобои ману ту, хонандаи ин сутур-Спитамони шери нари Тоҷикро ором кардааст…

Сайёфи Мизроб,
сардабири газетаи СССР (СССР, №281, январи с.2014)

------------------------------------------------------

Як ҳавливу як Модару як маҳди равон,
Дар маҳд ба хоб рафта як тифли замон.
Он ҳавлӣ ҷаҳон бошаду модар-ш равон-ш,
В-он тифлаки бедордилаш пои ҷаҳон.

Модар, гули нонат натарош, истад, мон,
Ин гул ба ман аст беҳ зи гулҳои ҷаҳон.
Гар бӯи чаман кунанд гулҳо ҳама ҷо,
Аз ин гули нони ту расад бӯи нон.

Молид ба пистон зи қаланфур Модар,
К-аз сина ҷудо намояд он шӯхписар.
Чун бачча гирист, пок пистон бинамуд,
Бӯсиду гирифт баччаро боз ба бар.

Гаҳвораи ман бувад яке наҳри калон,
Ман дар гаҳвора оби пурмавҷи равон.
Он Модаракам, ки дар бари маҳди ман аст,
Мироби ҳамин наҳр, ҳамин наҳри дамон.

Бар тоси пуроб Модаре тифл ниҳод,
Дар об зи чарх акси маҳтоб фитод.
Мекард ба акси моҳ кӯдак бозӣ,
Гӯё, ки ба ӯ бозичае Модар дод.

Як дастаи гул туро ба ид овардам,
Дар рӯзи мубораку саид овардам.
Аз синаи Модарш-Замин карда ҷудо,
Бо ишваву ноз мемакид, овардам.

Хубӣ бикунем мо бадонро, гоҳе,
Ранҷонда раванд боз моро, гоҳе.
Ҳарчанд, ки дасти кӯр бигрифт асо,
Он кӯр лагад занад асоро, гоҳе.

Ҷонам, гапи сахти бомалолам гуфтӣ,
Нокарда нигаҳ ба рангу ҳолам гуфтӣ.
Як умри дароз дилкашолат будам,
Инсоф накарда «лабкашол»-ам гуфтӣ.

Доноии ту айби ту гаҳ пинҳон кард,
Нодонии ту туро пур аз нуқсон кард!
Пурнурии хуршед бипӯшад доғаш,
Камнурии моҳ доғи он рӯшон кард.

Асрори замин чу боғбон донам буд,
Аз илми фалак чу Бӯалӣ хонам буд.
Розӣ будаме бузург мегаштам агар,
Монанди замин ба зери по монам буд!

Ба хурдӣ ҳар гаҳе мегаштӣ бемор,
Ба сад духтур бибурдат модари зор.
Ту ҳам дар вақти бемории модар-т,
Бубар бар сад табибаш ҳамчунон ёр!

Аҷаб ҳамраҳ, аҷаб дилсӯзмардӣ,
ГАИ, дидам, чи корое накардӣ.
Агар дар роҳ бо мошин билағзам,
Ту пеш аз Модарам ҳозир бигардӣ.

Шабе ки Модари ман сумманак пухт,
Нигорам дар таҳи дег оташ афрӯхт,
Нигорамро ба шӯхӣ мепучидам,
Парида сумманак дасти маро сӯхт.

Ба ман дар номаи худ гуфтӣ дина,
«Хатамро эҳтиёт кун, кас набина».
Хататро, ҷон, чунон маҳкам бикардам,
Ки гӯё ёфтастам як хазина.

Душанбе меравам, сӯям ниго кун,
Саломат боз баргардам, дуо кун.
Надодӣ гар дуо аз шарм пешам,
Бирафтам ман, дуое аз қафо кун.

Шабе бар сӯзанӣ Модар ҳашар кард,
Нигорамро дар он шаб ӯ хабар кард.
Зи пеши Модарам берун наҷунбид
Маро дар берун ӯ хуни ҷигар кард...

Даҳони халтаро ту мекушодӣ,
Ҳамеандохтам пахта ба шодӣ!
Дар ин дам мерасид дастам ба дастат,
Агар ту дасти худ бар ман надодӣ.

Шаби тӯйи ту аз қишлоқ рафтам,
Ду чашмам тар, ба қалби чок, рафтам.
Сарамро то занам бар сангҳо ман,
Мисоли теғ бар қайроқ, рафтам.

Ман аз кӯҳ санг ғелондам, гули ман,
Туро бо санг тарсондам, гули ман.
Аз он ҷо каҳр кардӣ, хона рафтӣ,
Сари кӯҳи алам мондам, гули ман.

Дарахтат мезадам бар кирмаки худ,
Буридам по-м, Модар ҷанг бинмуд.
«Писарҷонам, ду чашмонат куҷо шуд?»
Намедонист чашмам сӯи ту буд...

Баҳор омад, биё дар кӯҳ бароем,
Ба як сӯ кабку як сӯ мо сароем.
Тамошо карда-карда, вақти гаштан,
Ба як чапкӯчаҳои дигар оем.

Аз олам Носири Хисрав гузашта,
Ба даври кӯҳна марди нав гузашта.
Ба зар ӯро намеёбем имрӯз,
Агар дина ба қадри ҷав гузашта.

Ба ёдам ҳаст, Модар, вақти хурдӣ,
Ҳуши манро ба як духтар бибурдӣ.
Дили ман гӯиё ки аз ту бошад,
Ба ҳар духтар, ки хоҳӣ, месупурдӣ.

Ҳамехондам хататро, дилбари ман,
Мусича кур-куре зад дар бари ман.
Бигуфтам, ки «чӣ мегӯӣ?» Бигуфто:
«Ҷавоби он хаташ кун бо пари ман».

Ту рафтӣ, суратат дар ҷайби ман монд,
Вай ин ҷо, рӯи ту дар ғайби ман монд.
Натонистӣ ту бахши як гуноҳам,
Вале бахшида ӯ сад айби ман, монд.

Баҳор омад, барам шинӣ, намеша,
Дар ин айём ғамгинӣ намеша!
Асалзанбӯри ман гул чида омад,
Ту ҳам бар ман гуле чинӣ, намеша?

ГАИ, андар амон бошӣ, намирӣ,
Чӣ меҳмонпарвариву дилпазирӣ.
Ба ҳар шаҳре ба меҳмонӣ равам ман,
Нахустин пешвози ман, ту гирӣ.

Шабе будам ба фикри ин хатам ғарқ,
Ба сақфи осмон шуд раъд бо барқ.
Миёни осмону в-ин дили ман,
Аҷаб не, ки набошад он қадар фарқ.

Набиштам он шабе ки хат ба ҷонон,
Ба берун майда-майда буд борон.
Ба берун буд борон, ё ҳақиқат,
Зи шеърам об мешуд чархи гардон?

Бигуфтӣ «шеъри ту гардид камчин,
Шудам, эй дӯст, аз ин қисса ғамгин».
Чу умри одамӣ кам аст шеърам,
Чу умри одамиён бод ширин!

Ба ҷӯ телам накун, дунё ба фанд аст,
Ки обаш пасту соҳилаш баланд аст.
Ба ҷӯ телам накун, ки ғалтӣ бо ман,
Ки домонам ба домони ту банд аст.

Ба саҳро мекашад ҳуштак кӣ бошад?
Маро бо ҳуштакаш куштак, кӣ бошад?
Сафед андоми ӯ аз ғози пахтаст
Чу кард аз осиё муштак, кӣ бошад?

Саҳар ҷаста зи хоби худ кӣ бошад?
Ба саҳро рафт хоболуд кӣ бошад?
Намояд кори саҳрояш ҳалол ӯ
Ҳаром он хоби худ бинмуд, кӣ бошад?

-------------------------------------


Аҷаб як мӯсафеде буд…
Бисёр кашид дарду ранҷу касалӣ,
Рафт аз бари мо шоири шеъраш асалӣ.
Ширинсухане набуд чун ӯ ба ҷаҳон,
Моро ту надеҳ дигар ба ҳар гап тасалӣ.
***
Ба Сайдулло Амин имрӯз, ёрон, хайрухуш кардем,
Аҷаб як мӯсафеде буд ширинҳазлу ширинҳарф.
Сафедоин, ки буд, ҷояш биҳишти ҷовидон бодо,
Видоъ ӯро зимистон гуфт бо шеъру гулу бо барф.
***
Офтоби ҳазлу танз - устод Сайдулло Амин,
Ҳамчу мо рӯи замин буд, рафт бар зери замин.
Дар мазори Равшанобод аст гӯри равшанаш,
Қисмати равшандиле дар олами равшан ҳамин.

Хайрандеш,
шоир


Чоршанбе, 20 Феврал 2019 11:19


Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР Ҳамза Уроқов, ронандаи таксӣ аз ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон (тел: 907 24 46 55) дар меҳмонии газетаи мардумии оид ба ноадолатӣ ва «хотирбинӣ»-ву «черезбозӣ»-ҳо дар соҳаи таксиронӣ гуфт:
-Бовар мекунед, ки мо ронандагони таксии Қурғонтеппа вақтҳои охир ҳич рӯз надорем!!! Мисол, ман ронандаи таксӣ дар хатсайри Душанбе-Бохтар (Қӯрғонтеппа) ҳастам ва ягон нуқта (терминал)-и дақиқи мусофиркашӣ надорам! Акнун мисли ман даҳҳо чунин ронандагоне ҳастанд, ки намедонанд, арзи худро ба куҷо бигӯянду бо чӣ доруе дарди худро таскин бидиҳанд! Фарзи мисол, ягона ҷое, ки мо-таксиронҳо пинҳонӣ ва аз чашми нозирони роҳ ноаён мусофир мегирем, ин назди бозори «Саховат» аст ва он ҳам ғайриқонунӣ! Дар назди дарвозаи Душанбе (пеши пости БДАи ш.Ҳисор) 1 терминали мусофиркашие ташкил намудаанд, ки он ҷо ғайр аз автобус ягон пашша намедарояд!!! Барои исботи ин гап, ҳамту ягон рӯз чарх зада раведу бинед! Ва он терминал барои кулли таксиронҳои ҷануби Тоҷикистон ташкил шудааст! Роҳро намегӯед? Роҳи имрӯзаи Бохтар аз нозири БДА вайронатр асту нозир аз роҳ гизала. Ва ҳама мушкил бар сари мо ронандаҳо бор аст!!!

Чоршанбе, 20 Феврал 2019 11:08

 

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 6.02.2019 зимни нишасти матбуотии ин ниҳод дар бораи вазъи макроиқтисодӣ ва фаъолияти низоми бонкии ҶТ дар соли 2018 ба намояндагони воситаҳои ахбори омма шарҳу иттилоъ дод. Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2018 сиёсати пайгирона ва самарабахши пулию қарзӣ ва асъории худро баҳри танзими ҳаҷми пул дар иқтисодиёт, нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо, таъмини суботи молиявӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёт равона намудааст.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)
   Ҷамшед Нурмаҳмадзода гуфт, ки ММД –и кишвар дар соли 2018  68,8 млрд. сомонӣ ва афзоиши воқеии он 7,3 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 0,2 банди фоизӣ зиёд мебошад. Дар ин давра ба рушди иқтисодиёт афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 11,8 фоиз, кишоварзӣ 4,0 фоиз, сохтмон 7,8 фоиз ва гардиши савдои чакана 9,8 фоиз мусоидат намуд.
   Таваррум. Дар натиҷаи татбиқи сиёсати фаъоли зиддитаваррумӣ, аз ҷумла истифодаи самараноки фишангҳои монетарӣ ва муътадил гардонидани вазъи бозори дохилии асъор, сатҳи муътадили таваррум аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои ҷойдошта нигоҳ дошта шуда, он ба 5,4 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба соли қаблӣ 1,3 банди фоизӣ пасттар мебошад.

Сиёсати пулию қарзӣ
   Бо назардошти идоракунии самараноки сатҳи пардохтпазирии бонкҳо, коҳиш додани фишорҳои қурбӣ ва таваррумӣ, рушди низоми молиявӣ ва бозори аввалияи коғазҳои қиматнок, дар соли ҳисоботӣ 159 музоядаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳаҷми фурӯши онҳо 19,6 млрд. сомонӣ баргузор гардид, ки нисбат ба соли гузашта 2,3 маротиба зиёд мебошад.
   Инчунин, бо мақсади танзим намудани ҳаҷми пул дар муомилот амонатҳои шабонарӯзӣ дар ҳаҷми 39,3 млрд. сомонӣ ҷалб гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 маротиба афзоиш ёфтааст. Бонки миллии Тоҷикистон бо назардошти вазъи муътадили нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, алалхусус паст гардидани хавфҳои таваррумӣ, дар давоми сол сатҳи меъёри бозтамвилро тадриҷан аз 16,0 то 14,0 фоизи солона паст намуд.

Қурби пули миллӣ.
   Дар идомаи сӯҳбат Ҷамшед Нурмаҳмадзода таъкид кард, ки дар соли 2018 сиёсати қурбӣ ба реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” асосоёфта, амалӣ карда шуд.
   -Дар соли 2018 қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 6,9 фоиз коҳиш ёфт, ки ин нисбат ба соли гузашта 5,1 фоиз камтар аст (дар соли 2017 - 12,0 фоиз). Тағйирёбии қурби сомонӣ аз хусусиятҳои бунёдию сохтории иқтисодиёти ҷумҳурӣ вобаста буда, зери таъсири омилҳои берунию дохилӣ сурат мегирад. Коҳишёбии қурби сомонӣ нисбати доллари ИМА дар соли 2018 зери таъсири вазъи ноустувори геосиёсию иқтисодии шарики асосии тиҷоратӣ, ки ба коҳишёбии қурби пули миллии он нисбат ба доллари ИМА сабаб гардид (рубли русӣ), зиёд шудани бақияи манфии тавозуни савдо (зиёда аз 2,0 млрд. доллари ИМА), афзоиши хароҷотҳои асъории буҷети давлатӣ, зиёд шудани талабот ба асъори хориҷӣ, бинобар афзудани фаъолияти истеҳсолию тиҷоратӣ  ва омилҳои мавсимӣ ба амал омад, - иброз намуд раиси БМТ

Низоми бонкӣ
   Ба ҳолати 31 декабри  соли 2018 дар ҷумҳурӣ 79 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 17 бонк, 25 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 6 ташкилоти қарзии хурд ва 31 фонди қарзии хурд фаъолият доранд.
   Дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзӣ ва уҳдадориҳои умумии онҳо дар ин  сана мувофиқан маблағи 21,2 млрд. сомонӣ ва 15,3 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба  аввали сол ҳаҷми дороиҳо 1,2 фоиз ва уҳдадориҳо 0,6 фоиз зиёд гардид. Сармояи тавозунӣ бошад, 3,0 фоиз афзоиш ёфта, ба 5,9 млрд. сомонӣ баробар шуд.
   Пасандозҳо. Ба ҳолати 31 декабри  соли 2018 бақияи умумии пасандозҳо 9,7 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017  5,0 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми бақияи пасандозҳо бо пули миллӣ 15,1 фоиз афзоиш ва бо асъори хориҷӣ бошад, 3,6 фоиз коҳиш ёфт. Ҳиссаи онҳо дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо бо пули миллӣ 49,0 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 51,0 фоизро ташкил медиҳад (дар соли 2017 мутаносибан 44,6 фоиз ва 55,4 фоиз буд), ки нишондиҳандаҳои мазкур аз тадриҷан паст шудани сатҳи долларикунонии иқтисодиёт шаҳодат медиҳанд.
   Маблағгузории қарзӣ. Дар соли 2018 ҳаҷми умумии қарзҳои додашудаи ташкилотҳои қарзӣ  8,2 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017 6,5 фоиз зиёд мебошад. Теъдоди қарзҳои додашуда дар давраи ҳисоботӣ раванди мусбат дошта, дар муқоиса ба соли гузашта 13,7 фоиз ё 65,4 ҳазор адад афзоиш ёфта, ба 544,5 ҳазор адад баробар гардид. Ин нишондиҳанда аз зиёд шудани пешниҳоди қарзҳои хурду миёна ба муштариён, аз ҷумла ба соҳибкории хурду миёна гувоҳӣ медиҳад.
   Аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда 42,3 фоизи вазни қиёсӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ ва аз рӯи соҳаҳо бошад, ба савдои хориҷӣ 29,1 фоиз, саноат 19,2 фоиз, истеъмолот 20,5 фоиз, хизматрасонӣ 7,3 фоиз, кишоварзӣ 8,7 фоиз, сохтмон 8,1 фоиз, нақлиёт 6,1 фоиз, миёнаравии молиявӣ 0,4 фоиз ва дигар соҳаҳо 0,6 фоиз рост меояд.
Низоми пардохт
   Ба ҳолати 31 декабри  соли 2018 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ дар ҷумҳурӣ мувофиқан 678 адад ва 4 499 ададро ташкил намуда, дар муқоиса ба соли қаблӣ шумораи банкоматҳо 7 адад кам ва шумораи терминалҳои электронӣ 1174 адад зиёд шуданд. Шумораи терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ 55 фоиз афзоиш ёфта, 3014 ададро ташкил намуд.
   Шумораи умумии суратҳисобҳои бонкии барои муштариён дар ташкилотҳои қарзӣ кушодашуда нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 8,9 фоиз афзоиш ёфта, зиёда аз 3,5 млн. ададро ташкил намуд, ки ин аз беҳтар гардидани фарогирии аҳолӣ бо хизматрасониҳои бонкӣ шаҳодат медиҳад.
   Миқдори умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби 17 ташкилоти қарзии ватанӣ ба муомилот баровардашуда ба санаи ҳисоботӣ зиёда аз 1 817,4 ҳаз. ададро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин санаи соли 2017 
 7,3 фоиз зиёд мебошад. Миқдори дорандагони кортҳои пардохтӣ бошад, 7,1 фоиз зиёд гардида, 1 791,6 ҳаз. нафарро ташкил намуд.

Муроҷиати шаҳрвандон
   Дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ қабули муроҷиати шаҳрвандон тариқи шифоҳӣ, телефонӣ, хаттӣ ва тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монда шудааст. Дар соли 2018 дар маҷмӯъ 2 811 адад дархосту шикояти муштариён, аз ҷумла 108 адад ба воситаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон, 1 218 адад тариқи телефони боварӣ, 1 230 адад ҳангоми қабули шаҳрвандон ва 255 адад бевосита ба Бонки миллии Тоҷикистон ворид гардиданд, ки тибқи тартиби муқарраргардида ва дар доираи салоҳияти  ҷойдошта аз рӯи онҳо чораҳои дахлдор андешида шуданд.

СССР


Дар ҳамин маврид:
Тадбирҳо барои ҳалли мушкилоти “Тоҷӣксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”
   Ҳукумати мамлакат бояд то охири моҳи феврали соли ҷорӣ фаъолияти ояндаи 2 бонки азими кишварро баррасӣ ва муайан намояд. Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки тибқи дастури президенти кишвар тамоми вазорату кумитаҳои марбута бояд то 20 феврали соли ҷорӣ барномаи наҷоти 2 бонки калони кишвар “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” ро ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод намоянд.
   Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар идомаи ин мавзӯ афзуд, ки “Агроинвестбонк” аз муштариёнаш 738 миллион сомонӣ ва “Тоҷиксодиротбонк” беш аз 500 миллион сомонӣ қарздор аст. Ин бонкҳо бидуни ҷалби сармоя наметавонанд ин қарзҳоро бозпас бидиҳанд ва яке аз мушкилоти ин бонкҳо он аст, ки наметавонанд амволи ба фурӯш гузоштаи хешро сари вақт фурӯхта, каме ҳам бошад пули мардумро гардонанд.

Ҷамила Ҳусейнова, СССР





Чоршанбе, 20 Феврал 2019 11:00

саҳ 5 аз 14

Китобҳо

Flag Counter