ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 20 Феврал 2019 10:53

Чоршанбе, 20 Феврал 2019 10:49


Маъмурияти ҶСК «Автоколонна 2927» нисбати матлаби «Мардумфиребӣ дар микроавтобусҳо» (СССР, №47(465), 22.11.2018) ба маълумоти шумо мерасонад, ки ин мақола дар байни коллективи кормандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт мавриди муҳокима қарор гирифт. Ба ронандагон фаҳмонида дода шуд, ки дар ҳолати нимароҳ фаъолият кардан ва бо қоидавайронкуниҳо роҳ додан ба онҳо муҷозоти қоидавайронкунӣ дода, шартномаи ҳамкорӣ бо онҳо қатъ карда мешавад. Гарчанде, ки аз тарафи роҳбарияти ҷамъият нисбати ин масъала корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ бурда мешавад, мутаассифона, ин қоидавайронкунӣ боз такрор мешавад. Ронандагони бо ҷамъият шартномадошта қатъӣ огоҳонида шуданд, чунки назорат аз болои онҳо сахт шуда, дар ҳолати содир кардани чунин қоидавайронкунӣ муҷозот мешаванд. Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, ки нисбати ронандаи нақлиёти М-Бенс, рақами давлатиаш 55-10ТТ05 Қараханов А. оид ба то ниммароҳ фаъолият кардан баёнот гирифта, муҷозоти интизомии «Танбеҳ» эълон карда, ба муддати 3 рӯз аз кор озод карда шуд.

Хизиров Х.Қ., сардори ҶСК «Автоколонна 2927»

Чоршанбе, 20 Феврал 2019 09:12


7.02.1952. Дар Маскав мурофиаи судии аъзои дастаи зиддишӯравии адаби-сиёсии мактабхонони масквагӣ доир гардид. Мурофиаи мазкур пуши дарҳои баста баргузор шуд. Дар рафти мурофиа мактабхоноро бо он муттаҳам карданд, ки варақаҳои зиддишӯравиро паҳн мекарданд ва системи интихоботии шӯравиро ғайридемократӣ хитоб мекарданд. Се нафар аз аъзои дастаро ба қатл, 10 нафарро ба 25 соли зиндон ва се нафари дигар 10 сол зиндон ҳукм гирифтанд.

7.02.1964. Рӯзномаи "Правда" аввалин бор дар СССР бо чопи як матлаб, тарроҳии марги Кировро, ки соли 1934 дар Ленинград ба шакли мармуз ба ҳалокат расид,  ба Сталин нисбат дод.

8.02.1924. Аввалин парвози тайёраи мусофирбари шӯравӣ АК- 1. Ин тайёра, ки бештари қисматҳояш аз чӯб сохта шуда буданд, соли 1923 аз санҷиш гузашт ва онро ба истеҳсолоти оммавӣ тавсияи доданд. Аммо мутаасифона ҳеҷ намунаи оммавиаш сохта нашуд ва онро аз истеҳсолот бардоштанд.

8.02.1925. Дар шаҳри Ленинград ҳафт масъули миёнпояи шӯравӣ, ба хотири фасод дар соҳаи истеҳсоли пӯст, ба қатл маҳкум шуданд.

8.02.1945. Ҳавонаварди шӯравӣ М.П. Девятаев, як таёраи олмониро ғанимат гирифт ва аз лагери ҷазодиҳии фашистӣ дар Олмон фирор кард.

Чоршанбе, 20 Феврал 2019 09:02


Насими демократӣ
Анҷумани ХХ-и ҲКИШ яке аз рӯйдодҳои муҳим ва бесобиқа дар таърихи собиқ СССР аст. Бори аввал роҳбарияти олии ҳизбӣ роҳбари собиқи худро сиёҳ ва падидаеро бо номи "шахспарастӣ" ошкор кард. Хрушев то с.1955 тавонист бо ёрии ҳарбиён мухолифини худро маҳор кунад ва собиқадорони собиқи ҳизбӣ, мисли Берия, Молотов, Маленков, Каганович ва одамони ба онҳо содиқ, ки ба Сталин наздик буданд, кушта ё ба ҳошия ронда шуданд. Дар арафаи баргузории Анҷуман тарозуи сиёсӣ дар СССР бо демократикунонии тамоми ҷомеа ҳамроҳ буд. Бӯи демократия дар ҳамаи ҷомеаи шӯравӣ танинандоз шуд. Раванди демократитар шудани ҷомеа пеш аз ҳама ба он бастагӣ дошт, ки дар СССР он шабу рӯз ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар роҳбарияти олии ҲК ва ҳамчунин роҳбарияти ҳизб дар ҷумҳуриҳо одамони нав таъин мешуданд. Инҳо маъмулан аз "горди кӯҳна" фосила дошта, бо ҷиноятҳои низоми сталинӣ алоқаманд набуданд. Маҳз ин падида сабаби фаъол шудани афкори умумӣ шуд ва роҳбарият мебоист оқибатҳои шахспарастии Сталинро ифшо мекард.

Тирамоҳи с.1955 Никита Хрушев ҷаласае ороста, ба он теъдоде аз роҳбарони олирутбаи ҳизбӣ даъват шуданд. Дар ҷаласа ӯ тасмим мегирад ҷиноятҳои Иосиф Сталинро ба вакилони Анҷумани дарпешистодаи ХХ нақл кунад. Молотов, Маленков ва Каганович зидди иқдоми ӯ мебароянд, аммо ба таъбире гапашон ба Никита намегузарад.

Чоршанбе, 20 Феврал 2019 09:00


Узви Ихвон-ал-СССР, Сурайё Сафарова, аз шаҳри Ваҳдат (тел: 917 56 50 71) дар суҳбати телефонӣ бо газетаи мардумии СССР гуфт, ман 1 дарди тиббӣ дорам: Писари ман-Фирдавси 28-сола, дар корпуси 6-уми беморхонаи Қарияи боло бистарист. Гурдаҳояш хело хароб асту шояд пурра аз кор бимонад. Барои ҳамин аз Насим Олимзода-вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ эҳтиромона хоҳиш дорам, ки ба мушкили тиббии ман кӯмак бирасонад. Тибқи маслиҳати табибон барои шифо ёфтани Фирдавси ман маблағи бештар лозим будааст!!!

Чоршанбе, 20 Феврал 2019 08:58


Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, Самеъуллоҳ Дӯстмуродов-ронандаи таксӣ бо СССР телефонӣ дар тамос шудаву гуфт, ки дар 2 мавзуъ мухтасар ибрози назар карданиям:
1. Хуб мешуд, дар боби номгузории миллии тоҷикӣ якҷоя бо Вазорати адлия ва дигар мақомот дастури амалӣ ба ҷамоатҳо ирсол гардад. Бинед, мо дар ин ҷода аз дигар ҷамоҳири Назди Балтика (Латвия, Литва, Эстония) ва Гурҷистон хело ақиб мондаем. То мо ифтихори миллиро дар зеҳн ва хуну рӯҳи миллат бедор накунем,  хӯи ғуломӣ боло меравад.
2.Имрӯз тавре маълум, на ҳар кас қудрати фарзандашро ба лагерҳо равон кардан дорад. Барои 1 хонанда камаш 700-1000 сомонӣ лозим, то ки ба саршавии дарс тайёр шавад. Дар ин шароите, ки кризиси иқтисодӣ ҷаҳонро печидааст, аксари муҳоҷирон аз Русия депорт шудаанд, магар зӯри 1 падар ба 1 оилаи калон мерасад? Пас гузоред, ки кӯдак худаш кор кунад! Ба ҳисоби миёна 1 бача 15-20 сомонӣ дар бозор кор мекунад, ҳам ба садҳо нафар ёрӣ дода дуо мегирад ва асосаш ба корҳои бад даст намезанад ва аз ҳама муҳимаш ҳалол хӯрданро ёд мегирад, коргару пухта мешавад. Магар ин бад аст?

Чоршанбе, 20 Феврал 2019 08:54


Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР! Беш аз 20 рӯз боз дар қаламрави шаҳри Истаравшан телеканалҳои ТВ Сафина, ТВ Баҳористон ва ТВ Ҷаҳоннамо комилан дастнорас шудаанд! Ин каналҳоро пештар тариқи антеннаҳои хонагӣ (бо 2 сими алюминӣ) тамошо кардан мумкин буд!!! Акнун 3 фарзанди ноболиғам аз тамошои ТВБи дӯстдоштаашон маҳрум шудаанд! Хоҳишмандам, ки ҳамин паёми электронии маро чоп кунед, то мардум аз дидани ин шабакаҳо хушҳол бигарданд!

Назира Фозилова,
соҳибхона, ш.Истаравшан, тел: 98 809 71 94

Чоршанбе, 20 Феврал 2019 08:29


Салом, СССР! Дар шумораи гузаштаи СССР матлаберо бо номи «Ҷӯгӣ ё тоҷик???» хонда, хостам фикри худро бигӯям. Солҳои гузашта дар ин бора гуфта, хоҳиш низ карда будам, ки бояд ҳама кормандони шаҳракҳову ҷамоатҳои ҷумҳурӣ дар шиносномаи лӯлиҳо «миллаташ ҷӯгӣ» нависанд! Баъдан, дар шаҳраку ҷамоатҳо барои шиноснома гирифтани онҳо вақте справка медиҳанд, он ҷо низ дар ҷои муҳр (печат) миллаташро ҷӯгӣ қайд кунанд. Инчунин, ки рӯйхати ҷӯгиҳоро аз дафтари қайдҳои шаҳрвандии ҷамоатҳо гирифта, аз синни 18 болоро ба ШКД даъват карда, шиносномаҳояшонро лағв карда, супориш диҳанд, ки паспорти нав гиранд ва бо ҳамин мушкил тамом! Ва дигар миллати мо дар ҷаҳон сарпасту беобрӯ нахоҳад шуд! Дуруст, ки онҳо ҳам бандаи худоянд, лек тарки одат-амри маҳол!

Шамсиддини Қудрат,
деҳаи Тутака, ш.Ҳисор

саҳ 6 аз 14

Китобҳо

Flag Counter