ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 13 Феврал 2019 10:09


- Ман Самиев Шӯҳрат Солиҳович, соли таваллудам 18.12.86 сокини н.Темурмалик, ҷамоати деҳоти Кангурт, соли 2005 баъди хатми мактаби таҳсилоти умумӣ ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2010 донишгоҳро  бо ихтисоси боғдор ва ангурпарвар хатм намудам. Бинобар сабаби ғайри шартномавӣ бо маблағи Ҳукумату давлат таҳсил карданам, маро донишгоҳ ба зодгоҳам ба хоҷагии Кангурт ба кор равон карданд. Роҳбари хоҷагӣ зимни муроҷиатам гуфт, ки ҷойи кори холӣ надорад ва бояд сабр кунам.
   Ман ҳамон сол оиладор шуда,  баъди 1-соли интизорӣ ба Федератсияи Россия ба мардикорӣ рафтам. Баъди 1 сол баргаштам боз ба назди роҳбари хоҷагӣ рафтам, ҷои кор набуд ва ман бекор намонам гуфта, ба идораи шабакаҳои барқи ноҳия ба ҳайси барқкор ба кор даромадам. Дар ин идора 5 сол кор кардам,  азбаски ихтисоси ман барқкорӣ набуд, қариб бо фалокати барқӣ дучор шавам. Бо ҳамин сабаб аз барқкорӣ даст кашидам.
   Шунидам, ки дар ҷамоати Қаракашиш барои ҷавононро ба хизмати Ватан-Модар даъват намудан 1 ҷои кор ҳаст ва ба назди раиси ҷамоат рафтам. Вай ба ман гуфт, ин кори Комиссариати ҳарбии ноҳия ва раиси ноҳия мебошад, ба назди раиси ноҳия ва Комиссариати ҳарбӣ рафтам. Ба ман барои ба озмун гузаштан нусхаи шиноснома, диплом ва якчанд ҳуҷчатҳои дигарро омода кун гуфтанд, ман ҳамаашро ҷамъ карда, бурда дар Ҳукумати ноҳия супоридам ва интизор шудам, ки кай озмун баргузор мешавад. Баъдан фаҳмидам, ки шахси дигаре алакай кор карда истодаасту боз тасмим гирифтам барои мардикорӣ ба Федератсияи Россия равам. Баъди 1 сол баргашта боз омадам ва шунидам, ки дар ҷамоати Кангурт ва ҷамоати Карақашиш ҷои корӣ бо ихтисоси ман, яъне заминсоз-агроном мавҷуд мебошад. Ба назди раисони ҷамоат рафтам, гуфтанд раиси ноҳия аз ӯҳдаи ин кор мебарояд, ба назди раиси ноҳия рафтам, боз барои озмун ва аз озмун гузаштан ҳуҷҷат тайёр карда, бурда супоридам.    Аз байн 2 моҳ гузашт бе даъват ба озмун шахсони дигар ин ҷойро соҳиб шуданду ман боз мондам. Фаҳмидам, ки озмун барои одамони бепул ва хешутабор надошта будааст…

Чоршанбе, 13 Феврал 2019 08:57


   - Раиси шахри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода доимо ғамхори мардуми Хуҷандшаҳр ҳастанд. Ҳамагон назари неки он касро ҳамешагӣ ба шахсони ниёзманд эҳсос мекунем .
   Сипоси бепоён ба раиси шаҳри Хуҷанд,ки имруз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро пеша гирифта, доимо дар ғамхории мо шаҳрвандон ҳастанд, аҳсан! Дар фаъолияти ояндаашон бурдбориҳоро таманно дорам!

Дадоҷон Холов, ш.Хуҷанд, 4.02.2019

Чоршанбе, 13 Феврал 2019 08:52


Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»-и ш.Душанбе дар робита ба андешаи Раҷабалӣ Раҳимов «Пули майда мушкил шуд» (СССР, №51(536), 20.12.2018) оид ба ин мушкилот, ки нафақахӯрони аз роҳи дур омада аз хизматрасонии воситаи нақлиёти мусофирбари ҷамъиятии пойтахт бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи нафақагирӣ истифода бурда наметавонанд, гуфтанием, ки аз моҳи марти с.2018 хизматрасонии нақлиётӣ дар хатсайрҳои автобусию троллейбусӣ тариқи кортҳои электронӣ (ғайринақдӣ) ба роҳ монда шуда, бе кондукторҳо фаъолият менамоянд. Ин ҳам бошад бо мақсади содагардонии раванди роҳкиро, ҳалли баҳсҳо оид ба бозпасгардонии бақияпулӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон мебошад...

Бо эҳтиром, Давлатов Ҷ.Б.

Чоршанбе, 13 Феврал 2019 08:48


- Чанде пеш масъалаи либосипӯшии духтаракон ҳангоми қабули раиси вилояти Суғд як хабари баҳсбарангез шуд. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд он вақт таъкид карданд, ки дигар ин хел ҳолатҳо такрор намешаванд. Лекин, ана дар сомонаҳо боз хабари дигар баромад, ки он ҷо низ духтаракон моҳи январ нимбараҳна истодаанд. Наход 1 чапончаи зебо ё ягон камзӯлчаи гармакак набошад, ки бечора духтарҳо ҳамин хел нимлуч истанду боқимонда ҳама меҳмонҳо бо палтову куртка?

Меҳрангез Осимова, ш.Хуҷанд

Чоршанбе, 13 Феврал 2019 08:45


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Матлаби Муҳаммади Мубориз «Ҷӯгӣ ё Тоҷик» (СССР, №4(541), 24.01.2019) оид ба лӯлиҳо беҳтарин матлаб ва саривақтист. Дуруст аст, ки лӯлиҳо ҳеҷ гоҳ даст ба коре намезананду танҳо машғули касби бобоӣ- яъне талбандагиянд. Нест рӯзе, ки аз даркӯбии лӯлиҳо дар ш.Душанбе нороҳат набошем. Ва дарро чунон сахт мекӯбанд, ки хаёл мекунӣ, ҳодисае шудааст. Чунин одате доранд, ки то дарро накушоӣ аз назди дарат дур намераванд. Инаш, дарди бахайр. Дар ҳоле, ки СММ (ООН) лӯлиҳоро ҳамчун миллат ё қавм эътироф мекунад, дар мо бошад онҳоро дар шиноснома ҳамчун Тоҷик нишон медиҳанд. Ана ҳамин лӯлиҳои «тоҷик» ба Россия ва дигар давлатҳои Европа рафта, боз ҳамон касби талбандагиро давом медиҳанд. Вақте ба дасти полис меафтанд, онҳо худро ҳамчун Тоҷик муаррифӣ мекунанд ва бо ин амал обрӯи миллати шарифи Тоҷикро паст задан доранд. Аз ин рӯ, пешниҳоди М.Мубориз, ки ин қавмро дар шиноснома лӯлӣ ё ҷӯгӣ нависем, 100% қобили қабул аст.

Н.Наврӯз
муаллим, н.Фирдавсӣ

Чоршанбе, 13 Феврал 2019 08:38


Холо маъмулан тибқи тақвими сабтиномнашудаи сифр Тоҷикӣ моҳи Чиллаи Хӯрдак ҳукмрон аст. “Чиллаи хӯрдак-миллама бурдак”. Ин моҳ, ки аз 28 январ шуруъ гардидаву то 18 феврал давом меёбад, аз сардтарин фаслҳои замистон аст. Ва ҳарчанд имсол гармтарак омад, вале ба берун назар дӯзед: ҳаво хунуктарак аз Чиллаи Калонист... Хурдтарак сардтарак ва бебоктараку бераҳмтарак ҳам мешавад. Таърих собит кардааст, ки лашкаркашону ҳокимони хурдак бераҳмтарак будаанд. Суворов, Наполеон, Ленин, Гитлер...қадди паст доштанд.
Русҳо мақоле доранд, “мелькая блоха злее кусает!” (кайки хурдтарак сахттарак мегазад). Ва акнун баргардем сари русҳо ва мавқеи мову унҳо.
Ба фикрам, кайҳо замоне расидааст, ки ҳини сардиҳои дипломосӣ бо ӯ, Кремли расмӣ азияти Тоҷикони муздурро дар кишвараш битамом БАС кунад. На сарсариву барбарӣ, ки расман ва куллан!!! Зеро Тоҷикистон бо садоқате, ки ба Маскав дорад, ҳар соату ҳар лаҳза худро зери хатар мегузорад, ки аз ин шарики стртегие, ки мардумонаш дар он кишвар азият мекашанд, рӯ наметобад! Риски мо бояд аз ҷониби Путин расман пазируфта шавад... Зеро ин воқеан ҳам риск аст. Дар давроне, ки тамомии ҷаҳони рушдкардаву пешрав аз Русия рӯ метобад мо ба Маскав дасти дӯстӣ додем. Хеле риск аст. Бовар кунед...
 Маскави расмӣ бояд қаблтар аз ҳама иғвоҳои виртуолиро бас кунад ва тавассути ТВ ва дигар ВАО ба мардумаш фаҳмонад, ки Тоҷикон Русияро ғорат намекунанд, балки месозанд! Зеро мо воқеан ҳам Русияро месозем, дар созмонҳои байнулмилалӣ пуштибониш мекунем, дар СММ паҳлӯяш ҳастем. Ва фикр намекунед, Амрикову Брюссел то кай ин садоқати моро аз миёни панҷа менигаранд?
 Ҳоло камобеш аз 10.000 шаҳрванди Тоҷикистон дар боздошту зиндонҳои Русия бандиянд. Намегӯям ҷинояткор нестанд. Ҳастанд! Аммо дар боздоштгоҳҳои муваққат ҳамарӯза Тоҷиконро мебаранд ва таҳқиру таҳвин месозанд, ки бар нафъи кор нест. Тоҷикистон бояд аз шарики стротегӣ, ки бар тибқи масали Крылеви маъруфу машҳур “загнанный в угол волк” истодааст (масали “Волк на псарне”), бояд даъвати иззат аз шарафи сокинонашро кунад. Зеро шарафи фард ин шарафи миллат ва давлат аст.
 Маро ҳиҷ аз пеши назарам нидои аҷри 1 режиссёри тоҷикбезори руспарасти Тоҷикистон намеравад, ки ӯро дар фурӯдгоҳи Маскав таҳқир карда буданд, ки “вы-таджики еще и кино снимаете?”... Инро нафаре мегуфт, ки дар Тоҷикистон бо тоҷикӣ сухан гуфтанро ор медонисту русӣ ҳарф мезад. Яъне чӣ? Яъне то ба ин ҳадди ниҳоӣ таҳқиру тавҳини мо расидааст, ки ҳатто русҳои Тоҷикистонро дар Русия камтар аз одам мешуморанд.
 Ман хеле мутаассифам, ки чаро сафири нави мо дар Маскав ба ин ҳамоқат посухи расмӣ намегӯяд. Абдулмаҷид Достиев дар даврони худ кӯшишҳо мекард, вале он вақт Русияи путинӣ инрӯза ҳоли табоҳ надошт. Он вақт олам ба комаш буд. Имрӯз ҳатто Украинаву Белорус аз Кремл рӯ тофтаанд. Имрӯз соати саъдест, ки мо бояд аз Шарафи Миллати хеш ҳифз кунем. Осиёб бо навбат? Оре! Аммо агар имрӯз низ хап истем, ин осиёб сӯи дигар тоб мехӯрад.
 Ва аз ҳама охир: Тоҷикистон 2 объекти сахт осебпазири Русияро дорост. “Окно”-системаи родари кайҳонӣ, ки дар ҳолати ҷанг бо НАТО ҳатман мавриди ҳуҷум қарор мегирад ва Дивизияи 201, ки низ бомбаборон хоҳад шуд. Ин дигар талаботи замону давр аст. Зимнан, барои ҷойгузинии ин 2 ниҳоди низомӣ Кремл бояд ҳадди ақалл мардуми моро иззат гузорад.
Муҳмитар аз ин ҳама: муздурони Тоҷик ба Русия бар тибқи омори расмӣ даҳҳо миллард доллар фоида меоранд. Зеро ягон Тоҷик бомжу худоихӯри ин кишвар нест. Тоҷикон номусу шараф доранд ва барои КОР ба ин кишвар мераванд, на баракс...
Чиллаи хӯрдак муборак, ҳамватан!
Сахт гуфтам? Хуб кардам! Мо Метавонем!!!

Душанбе, 11 Феврал 2019 18:18


 Кормандони Хадамоти фурӯши барқи ш.Бохтар соли 2018 нисбати 770 нафар муштариён бинобар риоя накардани қоидаҳои истифодаи  нерӯи барқ парвандаҳои маъмурӣ тартиб доданд, ҷамъи умумии ҷаримапулиҳо 511 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аҳлиддин Шарифов-сардори Хадамоти фурӯши барқи ш.Бохтар мегӯяд: «Баъзе аз ташкилоту идораҳо, нуқтаҳои сӯзишворӣ, марказҳои тиҷоратию хизматрасонӣ ва сокинон дар истифодаи нерӯи барқ ҳуқуқвайронкунӣ содир намуданд. Аз ҷумла ба истифодаи барқ  бидуни ҳисобкунак, дуздии он, истифодаи таҷҳизоти сермасрафи барқӣ ё дигар рафторе, ки зидди қоидаҳои истифодабарии нерӯи барқ аст, даст задаанд».        
 Соли гузашта онҳое, ки вобаста ба корбурди нерӯи барқ амалҳои зиддиқонунӣ содир намуданд аз 350 то 11 ҳазор сомонӣ ҷарима супориданд.

Душанбе, 11 Феврал 2019 18:13


   Дилшод Исматуллозода, директори генерали ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр» имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки барои дубора эҳё намудани ширкат бояд мутобиқи нақша-чорабиниҳои ҳукуматӣ, ки барои баромадан аз бӯҳрони молиявӣ барои солҳои 2018-2023 пешбинӣ карда шудааст, амал намуда, хароҷоти молиро кам, роҳандозии технологияҳои навро ба роҳ монда, ҳавопаймоҳои нав харидорӣ ва идоракуниро тақвият бахшидан лозим аст.
- Муттаассифона, парки техники ширкат кӯҳна аст ва тасмим гирифтаем он ҳавопаймоҳоеро, ки аз истифода берун шудаанд, ба фурӯш гузошта, бо ин роҳ каме ҳам бошад вазъи молиявиро беҳтар созем. Маҳз бо ин сабаб мо наметавонем 1 ҳавопаймои худро, ки дар фурудгоҳи «Внуково»-и Маскав қарор дораду аз таъмири техникӣ баромадааст, биёрем. Барои ин амал алакай гуфтушунидро бо институтҳои молиявӣ сар кардаем. 1 ҳавопаймои дигари мо, ки  ба хотири қарзҳо дар ҳабс қарор дошт, алакай озод шуда, пас аз гузаронидани бархе аз амалиётҳо мо онро метавонем ба истифода барорем, -таъкид дошт Дилшод Исматуллозода.

СССР

саҳ 9 аз 14

Китобҳо

Flag Counter