ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 08 Феврал 2019 15:18


   Дар Раёсати агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон бо иштироки сардори он Носирзода Солеҳҷон нишасти  матбуотӣ барпо шуд.
   Носирзода Солеҳҷон гуфт, ки соли сипаригашта 530 адад ҷиноятҳои коррупсионӣ  ошкор шудааст, ки 107 ададашро ҷиноятҳои вазнини коррупсионӣ ташкил медиҳанд. Тибқи маълумоти омории ин ниҳод амалҳои ришваситонӣ бештар дар самти фурӯши замин ва азхудкунии он ба назар мерасад, ки 117 амал ҷиноятӣ вобаста ба замин ошкор шудааст.
   Тибқи иттилои ин Раёсат аз ҳама ришваи баландтарине, ки ошкор гаштааст, маблағи 83 400 сомониро ташкил медиҳад. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми маблағи гирифташударо муайян накардааст, ки чӣ миқдори он амали коррупсионӣ буда метавонад. Масъулон мегӯянд, ки аз 1 сомонӣ бошад ҳам, агар ғайриқонунӣ гирифта шавад, амали коррупсионӣ ҳисоб мешавад.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

Ҷумъа, 08 Феврал 2019 15:12


   Имрӯз 8.02.2019, соат бо вақти ш.Бохтар 13:00 дақиқа. Дар бинои Раёсати иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилоят бо намояндагони ВАО бояд нишасти матбуотӣ баргузор мегардиду беш аз 15 нафар хабарнигорон мунтазири ин нишаст буданд.
   Дар ҳавлии ин бино касеро пайдо накардем, ҳамаи дарҳои утоқҳои ин Раёсат баста буд, танҳо яке аз утоқи масъулин кушода буд, ки дохили он 2 нафар хӯроки нисфирӯзӣ мехӯрданду дар посух ба журналистон гуфтанд, ки «ҳоло вақти обед аст ва мо огаҳ нестем, ки нишасти матбуотӣ баргузор мегардад ё не». Яке аз масъулин гуфт, ки ҳама дар намози ҷумъа ҳастанд.


   Аҷиб, дар Кодекси меҳнат муқаррар шудааст, ки танаффуси нисфирӯзӣ аз соати 12:00 то 13:00 аст, дар Кодекси меҳнат дар бораи хондани намоз дар вақти корӣ  чизе гуфта нашудааст, чаро пас Амри президентро иҷро намекунанд. Ногуфта намонад, ки  тибқи амри Президенти мамлакат аз 15 сентябр соли 2011 № АП-1729 ҷадвали замимагардида дар тамоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ оид ба ҷамъбасти 6 моҳа ва 1 сола бо намояндагони ВАО нишастӣ матбуотӣ  намуда, аз натиҷаи он ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ахбор манзур намоянд. Ҳоло дигар чӣ гӯем!?

Юсуфи Баҳодур, СССР, шаҳри Бохтар

Ҷумъа, 08 Феврал 2019 15:05


   Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон вобаста ба гум шудани Беҳрӯзҷон Ҳоҷиматов, кӯдаки 2 сола аз н.Кӯшониён гуфт, ки мақомоти милитсияи вилоят тамоми кӯшишу малакаи хешро барои пайдо намудани ин тифл равона кардааст.
   - Мо дар ҳайратем, ки чӣ гуна дар 1 деҳаи хурд тифл ғайб мезанаду касе хабар намеёбад. Кормандони милитсияи вилоят шабонарӯзӣ Беҳрӯзҷонро ҷустуҷӯ доранд ва тамоми версияҳоро омӯхта, дида баромада истодаанд. Аз аҳолӣ низ хоҳиш дорем, ки дар чунин лаҳзаҳо бетараф набошанду ба мақомот кӯмак намоянд, -таъкид дошт Искандар Солеҳзода.
  

Баҳодури Абдусалом, СССР, вилояти Хатлон

Ҷумъа, 08 Феврал 2019 14:59


   Корхонаҳо ва ташкилотҳои вилояти Хатлон аз ҶСК «Тоҷиктелеком» 4 миллион сомонӣ қарздорад ва то ба ҳол пардохт накардаанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Сӯҳроб Ғоибов, сардори ҶСК «Тоҷиктелеком» дар вилояти Хатлон ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.
   Мавсуф иброз дошт, ки ин маблағи истифодаи телефонҳои корӣ буда, қарздорони асосӣ мақомотҳои маҳаллӣ ва сохторҳои қудратии вилоят мебошанд.

 

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Ҷумъа, 08 Феврал 2019 10:46

 

   Дар соли 2018 аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ дар ш.Душанбе 200 ишооту биноҳои шафати роҳи протоколӣ пурра рангубор ва таҷдид гардида, корҳои равшандиҳӣ бо дизайни замонавӣ дар 86 бинову иншоотҳо, инчунин азнавсозии 27 адад истгоҳҳои муосир ба анҷом расонида шуд. Дар ин давра  сохтмони 11 боғу гулгаштҳо ва 102 майдончаи варзишй пурра ба анҷом расонида шуда, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд. Маврид ба зикр аст, ки дар соли ҷорӣ бунёди боз 7 гулгашту 56 майдончаҳои варзишӣ пешбинӣ гардидааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси ш.Душанбе хабар дод.

   Чуноне ки номбурда зикр намуд, дар ин давра ба масоҳати умумии 218 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ва масоҳатҳои тиҷоратӣ ба истифода дода шуд, ки нисбат ба соли 2017 11,6 фоиз зиёд мебошад. Аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар 124 иншоотҳои гуногун корҳои сохтмону васлкунӣ идома дорад. Дар соҳаи маориф азнавсозӣ ва таъмиру сохтмони 41 иншоот барои 25,3 ҳазор ҷойи нишаст амалӣ шудааст, аз ҷумла, сохтмон ва таъмири 13 муассисаи таълимӣ барои 4800 ҷойи нишаст, ба истифода дода шуд. Дар 28 муассисаи таълимии боқимонда барои зиёда аз 20 ҳазор ҷойи нишаст корҳои сохтмонӣ идома дорад.

Сохтмони 8 муассисаи томактабӣ барои 1652 ҷой аз ҳисоби буҷети шаҳр ва 17 муассисаи томактабӣ барои 1997 ҷой аз ҳисоби соҳибкорон бо маром идома доранд.

 

 

 

 

Ҷумъа, 08 Феврал 2019 10:41

 

   Дар соли 2018 дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ 5220 нафар шаҳрвандони кишвар аз рӯи ихтисосҳои гуногун барои таҳсил ба макотиби олӣ ва илмии давлатҳои дигар фиристода шуданд, ки дар муқоиса ба соли таҳсили 2017-2018 227 нафар зиёд мебошад. Дар ин бора Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми кишвар зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

   Бино ба иттилои вазир, соли гузашта аз ҷумла ба Федератсияи Россия 4019 нафар, Ҷумҳурии халқии Хитой-462 нафар, Украина-31 нафар, Белорус-112 нафар, Қазоқистон-163 нафар, Қирғизистон-176 нафар, Давлати Қувайт-6 нафар, Индонезия-24 нафар ва дигар кишварҳо 427 нафар барои таҳсил сафар карданд.

   Шумораи донишҷӯёни хориҷӣ, ки дар соли 2018 ба таҳсил дар мактабҳои олии ҶТ фаро гирифта шуданд, 6257 нафарро ташкил дод.

 

СССР

 

Ҷумъа, 08 Феврал 2019 10:40

 Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 42-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғи ш.Турсунзода ва бародараш, марди 33-сола бо гумони одамкушӣ дастгир карда шуданд. 

   Тавре аз маркази маркази матбуоти ВКД ҶТ ба мухбири СССР хабар доданд, номбурдагон, рӯзи 4.02.2019, тахминан соати 22:30-дақиқа, дар ҳавлии истиқоматиашон ба марди 44-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур бо сабаби муносибат доштанаш бо ҳамсари яке аз онҳо дарафтодаанд. Сипас, бародарон аз ҳиссиёти рашк марди 44-соларо зери луту кӯб қарор додаанд, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

   Рӯзи 5.02.2019, тахминан соати 14:00-дақиқа бошад, марди 50-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ортиқови ш.Конибодом, дар ҳолати мастӣ, дар хонаи истиқоматиаш аз ҳиссиёти рашк бо ҳамсараш, зани 46-сола ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, 3-маротиба ба қисмати дили ҳамсараш задаст. Дар натиҷа, ҳамсараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Номбурда аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир гардида, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

 

Чоршанбе, 06 Феврал 2019 17:07

 

  Ҳукумати мамлакат бояд то 20 феврали соли ҷорӣ фаъолияти ояндаи 2 бонки азими кишварро баррасӣ ва муайан намояд. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки тибқи дастури президенти кишвар тамоми вазорату кумитаҳои марбута бояд то 20 феврали соли ҷорӣ барномаи наҷоти 2 бонки калони кишвар “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” ро ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод намоянд.

   Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар идомаи ин мавзӯ афзуд, ки “Агроинвестбонк” аз муштариёнаш 738 миллион сомонӣ ва “Тоҷиксодиротбонк” беш аз 500 миллион сомонӣ қарздор аст. Ин бонкҳо бидуни ҷалби сармоя наметавонанд ин қарзҳоро бозпас бидиҳанд ва яке аз мушкилоти ин бонкҳо он аст, ки наметавонанд амволи ба фурӯш гузоштаи хешро сари вақт фурӯхта, каме ҳам бошад пули мардумро гардонанд.

 

    

 

саҳ 10 аз 14

Китобҳо

Flag Counter