ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 27 Феврал 2019 12:02


1 ҳафта мешавад, ки дар саҳифаҳои сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре аз нишасти матбуотии раиси ш.Истаравшан Баҳром Иноятзода дар мавриди баста шудани масҷидҳои ин шаҳр чарх мезанад. Дар ин хабар гуфта мешавад, ки дар тӯли 2 соли охир дар Истаравшан фаъолияти 36 масҷид қатъ гардида, бино ба гуфтаи раиси шаҳр дар соли 2017 фаъолияти 24 масҷид ва дар соли 2018 фаъолияти 12 масҷид қатъ карда шуд. Ин ягон хабари такондиҳанда ва ғайриоддӣ нест, ки боиси сар задани ин қадар ҳаёҳӯй бошад, зеро ҳамасола пас аз санҷишҳои назоратии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати ҶТ садҳо масҷиди ба талабот ҷавобгӯ набуда баста ва ба ҷойҳои ҷамъиятӣ мубаддал мегарданд. Ба ин метавонад мисол шаҳри дигари вилояти суғд-Исфара бошад, ки дар муддати 2-3 соли охир фаъолияти 52 масҷид манъ ва ба ҷойҳои ҷамъиятӣ табдил дода шудаанд.
Ҳаёҳӯй-ажиотаж аниқтараш сари гуфтаҳои дигари Баҳром Иноятзода дар мавриди масҷидҳо меравад, ки дар саҳифаи яке аз сомонаҳои хабарии Тоҷик нашр шудааст:-“Касе масҷид даромада бо фикри солим аз он ҷо набаромадааст. Аксар ҷавононе, ки имрӯз ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастанд, ҳамааш аз фикрҳои носолим сарчашма гирифтааст ва ин гуна фикрҳо ҳамааш аз масҷид дар сари онҳо ҷой шудааст. Мо бояд ба ҷои ҷавонони масҷидравро зиёд кардан, сафи донишҷӯён ва кормандонро зиёд кунем. Танҳо соли 2018 1120 нафар ҷавононе, ки ба донишгоҳҳои олӣ дохил шуда натавонистанд, бекоранд. Аз ин рӯ масҷид не, мактабро бояд зиёд кард”-чунин омадааст дар хабар аз номи раиси Иноятзода.
 
Дурӯғи фейкие, ки сенсатсия шуд
Маҳз ҳамин қисмати хабар боиси сар задани баҳсу талош ва ҳатто то ҷое даъво низ шуда, дар сомонаҳои иҷтимоӣ яке дигареро ба қавле «мехӯрд»-дашном медоду таҳдиду таҳқир менамуд ва беш аз ҳама Баҳром Иноятзода мавриди тозиёнаи бештари танқиду таҳқир қарор дошт. Чанд нафар ба идораи ҳафтаномаи мо-СССР низ занг зада фикру ақидаи хешро дар ин бора баён намуданду мо тасмим гирифтем асли воқеаро аз худи Иноятзода пурсон шавем. Раиси ш.Истаравшан дар сӯҳбати ихтисосӣ бо мухбири СССР дар ш.Хуҷанд таъкид намуд, ки гуфтаҳояшро журналистон дигар хел фаҳмидаву навиштаанду эшон зимни ҷавоби худ ба суоли хабарнигорон масҷидҳои дохилиро дар назар надошт.
-Бубинед, дар с.2018 дар ш.Истаравшан 1200 ҷавони бекор ва бе шуғл ба қайд гирифта шуда, аз тарафи МИҲД дар ш.Истаравшан ҳамаи онҳо пайваста ба чорабиниҳои фарҳангиву сиёсии шаҳр даъват карда мешаванд. Пайвастани аксарияти ҷавонони истаравшанӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ буданашон сурат гирифтааст. Маълум аст, ҷавон, ки бекор монда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар меравад, зери таъсири омилҳои гуногун зуд ба доми фиреб афтода, ба ҳар гуна гурӯҳу ҳизбҳои террористиву экстремистӣ ҳамроҳ мешавад. Дур будан аз таҳсилу бекорӣ ва назорати падару модар ҷавононро хеле зуд фирефтаи ҳар гуна таъсири берунаву бегона мекунад ва гоҳо масҷидҳои бархе аз кишварҳои хориҷи наздик-дар ин бора мо ҳамарӯза тавассути воситаҳои ахбори омма мебинему мешунавем, низ маҳз макони ифротгароӣ шудааст, манзури ман ҳамин буд,-гуфт Баҳром Иноятзода.
Воқеан ҳам, мантиқан агар гирем, масҷид ба миллати мо лозим аст, ё мактаб? Мактаб барои ҳар нафар дари илму ҳунар, донишу хирадро боз мекунад. Одам донишманду хирадманд, ки шуд, худ интихоб мекунад, кадом масҷид раваду чӣ кореро сомон диҳад. Ё не? Бедонишӣ дарҳои ифротро ба рӯи мардум мекушояд. Бубинед, ки мусалмонон дар сартосари қораи араб ба ҳамдигар ҷиҳод эълон кардаву хуни муслимин мерезанд. Зимнан, он нафароне, ки дар мантиқи афзоиши мактаб душманӣ бо масҷидро дидаву мардумро таҳрик медиҳанд, худ фанат, мутаассиб ва душмани дини исломанд, зеро пайғамбари мо сареҳатан гуфтааст:
-Аз гаҳвора то гӯр дониш омӯз!
Магар донишро дар мактаб намегиранд? Мактаб душмани масҷид не, душмани ифротгароёну мубаллиғини экстремизм аст. Мо метавонем!

Ҷ.Ҳусейн
СССР, Душанбе-Хуҷанд-Душанбе

Чоршанбе, 27 Феврал 2019 11:59


19.02.2019. Соат бо вақти Душанбе 10:00 дақиқа. Пас аз брифинги Шариф Назарзода, генерал-майори милитсия, сардори Раёсати ВКД ҶТ дар ш.Душанбе, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар 10 гурӯҳи кории махсусро барои гузаронидани рейд-амалиёти «Пиёдараҳа»-«Тротуар» (Гавҳар Шарофзода метавонад парванда кушояд!!!) ҳамроҳӣ карда, ба кӯчаву хиёбонҳои пойтахт баромаданд. Тавре, ки Шариф Назарзода ба журналистон хабар дод, ин амалиёт аз 19.02 оғоз шуда, то 28.02 идома хоҳад ёфт.
Бино ба гуфтаи сардори ШБДА дар ш.Душанбе Сӯҳроб Қурбонзода, мақсад аз баргузории амалиёти «Пиёдараҳа»-ин танзими фаъолияти нақлиёт, хосса автомашинаҳои сабукрави шахсӣ дар назди марказҳои калони савдою тиҷоратӣ, бозорҳо, истгоҳҳои серодам, рафъи сар задани тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар нуқтаҳои серодам, танзими ҳаракати пиёдагардону таъмини амнияти онҳо ва риояи қоидаҳои бехатарӣ дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт мебошад.
Дар якҷоягӣ бо гурӯҳҳои кории БДА-и пойтахт журналистон низ ҷудо шуда, ба рейд-амалиёт баромаданд. Мухбири СССР мушкилтарин маҳалли пойтахт-бозори «Корвон» ва кӯчаи ҳафшафати он Қосимовро интихоб кард. Мо метавонем!

Мошинҳои сабукрави шахсӣ-мушкили №1!
   Соат бо вақти Душанбе 11:00 дақиқа.
Бо сардори шӯъбаи БДА дар ноҳияи Фирдавсӣ, Умар Шамсиддинов ба самти бозори «Корвон» роҳ пеш мегирем. Маълум аст, ки ҳамарӯза ҳазорҳо харидорону фурӯшандагон ба ин бозор омада, онҳое, ки воситаи нақлиёт доранд, ҳатман мошинҳои худро дар сари роҳи мошингарду пиёдараҳа мегузоранд. Умар Шамсиддинов мегӯяд, нисбат ба он, ки таваққуфгоҳи ин бозор ба талабот ҷавобгӯ нест, борҳо тавассути номаҳои расмӣ ба роҳбарияташ муроҷиат кардаанд, вале ин масъала ҳоло ҳам ҳалли худро наёфтааст. Бар замми ин якчанд маротиба бо соҳибкорон ва кормандони бозор, хосса, дӯкондорон низ сӯҳбату мулоқот гузаронида, аз эшон хостаанд, ки бо мошинҳои шахсии худ ба бозор наоянд ва ё аз таваққуфгоҳ истифода бубаранд, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, боз ҳам савдогарони бозори «Корвон» бо мошинҳои худ субҳ омада, то бегоҳ воситаи нақлиёти хешро дар пиёдараҳа-ҷои гаштугузори мардум ва ё канори роҳ мемонанду бо ин ҳам ба пиёдагардон ва ҳам ба ҳаракати мунтазами нақлиёти ҷамъиятӣ мушкил эҷод мекунанд.

Бозори «Корвон» таваққуфгоҳ надорад!
Воқеан калонтарин бозори кишвар-ҶДММ «Бозори Корвон» имрӯз таваққуфгоҳ ва ё паркинги муосиру ба талаботи бозор мувофиқ надорад! Танҳо дар 1 қисмати самти рости бозор, ки маъмулан аз он ҳамчун бозори яклухтфурӯшӣ ном мебаранд, маконеро барои исти мошинҳо ҷудо намудаанд, ки он умуман ба таваққуфгоҳ монанд нест. Агар чанд сол қабл ин майдон хеле калон ба назар мерасид, ҳоло 1 қисмати онро низ барои бунёди дӯконҳо тақсим намуда, макони ба ном таваққуфгоҳро ним кардаанд. Ин аст, ки соҳибони воситаҳои нақлиёт, ки ҳам барои кор меоянду ҳам барои харид, мошинҳои хешро дар куҷое хоҳанд гузошта, соатҳои тӯлонӣ гум мешаванд. Онҳо фикр намекунанд, ки 1 мошини дар канори роҳ гузоштаашон чӣ қадар барои дигарон мушкил эҷод мекунад.
Рейд-амалиёти «Пиёдараҳа» идома дорад ва мо ин мавзӯро пайгирӣ хоҳем кард!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР


PS: Воқеан ҳам, сар аз ин рӯз пиёдагардоне, ки қоидаи ҳаракати роҳравиро вайрон кардаву аз дилхоҳ канори мошингард убур мекунанд, боздошт ва ҷарима мешаванд. 1 қоидашикании пиёдагард 6 сомониву 98 дирам!!! Хеле кори хуб. Зеро то ин дам бештар ронандагон ҷарима мешуданду пиёдаравҳо не. Мо Метавонем!

Чоршанбе, 27 Феврал 2019 11:54


   Дар мувофиқа бо Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ тасдиқ гардид. Он аз тарафи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои донишмандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст.
    Рамзи мазкур арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамоянд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст. Дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирони суманак гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст.
    Дар асоси хулосаҳои донишмандон, мардумшиносон ва фолклоршиносони тоҷик ва дигар олимони ҳавзаи Наврӯз аз миёни рамзҳои наврӯзӣ, ки аз гулҳои бойчечак, сиёҳгӯш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор ва паррандаҳои асотирии симурғ ва парасту иборатанд, суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, Соли нави миллӣ ва пайки омад — омади баҳори файзбор дар ҷумҳурӣ қабул гардид. Минбаъд суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи миллӣ барои ҷашнгирии Соли нави миллӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ истифода хоҳад гашт.
    Донишмандон бар он ақидаанд, ки суманак дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон маъмул буда, ҳамчун рамзи сарсабзӣ ва хуррамӣ дар арафаи Соли нави миллӣ ва ҷашни Наврӯз омода мешавад. Суманак инчунин ифодагари пайдо шудани заминдорӣ ва кишоварзӣ дар миёни қабилаҳои ориёӣ буда, муносибату муҳаббати деҳқонро ба гандум, ки ризқу рӯзии одам аст, ифода менамояд. Дар зарфи гирд омода кардани суманак рамзи коиноту замин буда, ҷовидонагии табиату инсонро тасвир месозад.
    Баъди ҷаҳонӣ шудани иди Наврӯз Созмони Милали Муттаҳид ва созмони ЮНЕСКО суманак дар кураи заминро бо навиштаҷоти “Рӯзи Наврӯзи байналмилалӣ” ҳамчун рамзи наврӯзӣ интихоб карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудаанд.
    Тибқи иттилои расмӣ, ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, ш.Душанбе, шаҳру ноҳияҳо тавсия дода мешавад, ки рамзи мазкурро ба ҷойи арча дар назди идораҳо, кӯчаву хиёбонҳо, иншооту хонаҳои истиқоматӣ ҳамчун рамзи ҷашни Наврӯз ва таҷлили Соли нави миллӣ аз 19 то 25 марти соли 2019 насб намоянд. Сохти (конструксияи) гузоштани суманак ва гули наврӯзӣ дар хиёбону кӯчаҳо низ омода гардида, манзури шумо мегардад.

Чоршанбе, 27 Феврал 2019 11:49

Чоршанбе, 27 Феврал 2019 11:43

Чоршанбе, 27 Феврал 2019 11:35


Дар ҳоле, ки тибқи Паёми нави президенти Тоҷикистон, Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафи ҷаҳоруми стратегии мамлакат саноатикунонии кишвар аст, тӯли солҳост, дар ҳукумати шаҳри Панҷакент шӯъбаи саноат вуҷуд надорад. Ин дар ҳолест, ки ин минтақа яке аз шаҳрҳои саноатии мамлакат дониста мешавад. Тибқи маълумоти оморӣ, дар ш.Панҷакент 11 номгӯи корхонаҳои саноатӣ фаъоланд, ки яке аз калонтарини он КМ тиллоистеҳсолкунии Тоҷикистону Чин-“Зарафшон” аст, ки дар рӯйхати андозсупорандагони «азим»-и мамлакат қарор дорад ва 98%-и андозҳо аз захираҳои табииро дар Панҷакент мепардозаду зиёда аз 2000 коргар дорад. Гурӯҳе бар инанд, ки шумораи саноатчиёни Панҷакент шояд беш аз 5000 нафарро ташкил диҳад, лек набуди шӯъбаи саноат, ки назорату фаъолияти ин соҳаро бояд танзиму таҳлил кунанд, ба 1 аудиторияи пур аз донишҷӯю вале бе муаллим монанд аст.

Рӯйхати корхонаҳои саноатии Панҷакент:
1.    ҶДММ КМ “Зарафшон”
2.    ЧСК “Парандис”
3.    ҶСНК “Гӯшту шир”
4.    ҶСК “Панҷкӯл”
5.    ҶСШК “Заводи хишт”
6.    Матбаа
7.    ҶСП “Мармари Зарафшон”
8.    ҶДММ “Дион ангишти Тоҷикистон”
9.    ҶДММ “Сиёвуш Ф”
10.    ҶДММ “Хишти Саразм”
11.    ҶДММ “”Номвар”
Ба саволи чаро дар ҳукумати маҳаллии Панҷакент шӯъбаи саноат амал намекунад, 1 нафар аз ҳукумати ш.Панҷакент ба шарти наовардани номаш гуфт, ки барои ташкили шӯъбаи саноат бояд аз ҳукумати маҳаллию Вазорати саноат ташаббус шавад ва онро Ҳукумати ҷумҳурӣ дастгирӣ намояд.
-Барои ин воҳиди корӣ бояд ҷудо гардад. Дуруст аст, ки сарпарасти соҳаи саноат ва сохтмон дорем, аммо шӯъба нест  – гуфт ҳамсӯҳбати мо!
Ба иттилои манбаъ, айни замон фаъолияти шӯъбаи саноатро дар ҳукумати ш.Панҷакент шӯъбаи иқтисодиёт пеш бурда истодааст. Солҳои пеш, ба гуфтаи ҳолдонҳо, ин шӯъба аз ҳисоби дигар шӯъбаҳо фаъолият мекард ва маошаш ҳам аз сарчашмаҳои дигар буд. Баъдан мушкилоти пардохти маоши кормандон пеш меояд ва оҳиста-оҳиста кормандонаш ҳам аз кор даст мекашанд ва бо ҳамин фаъолияти шӯъбаи саноат пурра аз байн меравад. Дар ҳоле вазири қаблӣ, ки худ зодаи ҳамин диёр буду ба ин мушкил аз паси панҷа менигарист, суоли матраҳ ин аст, ки вазири тозатаъйини саноат ва технологияҳои нав ин муаммои Панҷакентро ҳал мекунад?

Хуршед Фозилов
Махсус барои СССР, ш.Панҷакент

Чоршанбе, 27 Феврал 2019 11:30


"Гуфтугӯ дар танҳоӣ"
24.02.1989 дар ш.Душанбе гирдиҳамоии мардумӣ барои мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ барпо ва маҳз он ба қабули "Қонуни забон" дар Тоҷикистон мунҷар шуд. Тибқи ин Қонун забони тоҷикӣ забони давлатии РСС Тоҷикистон эълон карда шуд. Қонуни забонро шояд аз ҳама қонуни машҳури РСС Тоҷикистон мешавад номид. Дар қалби кишвари шӯравӣ тоҷикон яке аз аввалинҳо шуда, ба фарҳанги миллии худ рӯ оварданд. Албатта эҳёи ин фарҳанг роҳи тӯлонӣ дошт. Баъзе аз муаррихин оғози ин равандро ба солҳои 1960 ва бо ба сари қудрат омадани Турсунбой Улҷабоев рабт медиҳанд. Ӯ 5 сол ба РСС Тоҷикистон роҳбарӣ карда, бо чанд тан аз ҳаммаслакони наздикаш тавассути Хрушев аз вазифа сабукдӯш шуд. Ӯ воқеан барои ҶШС Тоҷикистон хизмати зиёд кардааст. Дар асл тамоми дастовардҳои РСС Тоҷикистон дар соҳаи истеҳсоли барқ маҳз дар давраи вай тарроҳӣ ва баъдан тавассути роҳбарияти баъдӣ амалӣ шуданд. Ӯро дар шакли бисёр таҳқиромез аз кор гирифтанд ва ин сиёсати ҳукумати баъдиро тағйир дод. Ҷаббор Расулов, ки Улҷабоевро ҷойгузин кард, ба диди муаррихин, шахси бисёр ростқавл ва хоксор буд, лек танҳо иҷрокунандаи фармони Маскав буд ва аз худ ҳеҷ истиқлоле намоиш намедод. Дар замони роҳбарияти Расулов дар ҷомеаи тоҷик равандҳои номатлуби зиёд сурат гирифтанд ва яке аз ин равандҳо танг кардани забони тоҷикӣ дар соҳаҳои гуногун буд. Корхонаҳои саноатии кишвар низ ба ҷои тайёр кардани нерӯи кории худӣ мутахассисони аз Русия омадаро ба кор мегирифтанд ва мардуми маҳаллӣ дар канор боқӣ мемонд.

Чоршанбе, 27 Феврал 2019 11:26


20.02.1978. Раёсати Шӯрои Олии СССР қарор баровард, ки Котиби генералии Ҳизби Коммунист, Раиси Раёсати Шӯрои Олии СССР, Раиси Шӯрои мудофиаи СССР, маршали Иттиҳоди Шӯравӣ Л.И.Брежнев бо ордени олитарини ҳарбӣ - "Ғалаба" қадр шавад. Ордени "Ғалаба" аз ҷониби ҳукумати шӯравӣ с.1943 барои мукофотонидани сарлашкарони беҳтарини ҷанг роҳандозӣ шуд. Дар тӯли ҷанг танҳо 17 тан сарлашкарони беҳтарини шӯравӣ ва хориҷӣ бо ин орден қадр шуданд ва Брежнев ба зумраи сарлашкарони ҷанг шомил намешуд, яъне ба статуси ордени "Ғалаба" мувофиқат намекард.
21.02.1918. Шӯрои Комиссарони Халқи РСФСР бо декрети худ ба ВЧК ҳаққи бе суд баррасии як қисм корҳои ҷиноиро иҷозат дод. ВЧК ҳақ пайдо кард, ки бе мурофиаи судӣ ба маҳкумшудагон ҳукми қатл эълон кунад.
21.02.1920. Раёсати Шӯрои Олии Хоҷагии Халқ Комиссияи давлатиро оид ба электрикунонии Русия (ГОЭЛРО) созмон дод.
21.02.1935. Дар пойтахти СССР-шаҳри Маскав, аввалин фестивали синамои (кинофестивал)-и байналмилалӣ доир шуд, ки дар он синамосозони тамоми дунё гирд омада буданд.

22.02.1921. Дар СССР бо Декрети ШКХ, дар назди Шӯрои Меҳнат ва Мудофиа (СТО), Комиссияи умумилоиҳавӣ (Госплан) таъсис дода шуд. Аз ин ба баъд  иқтисоди аввалин кишвари Шӯроҳоро комилан ин ниҳод муайян мекард.

саҳ 2 аз 14

Китобҳо

Flag Counter