ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 06 Феврал 2019 12:35

Салом, СССР! Ба тадриҷ 2-3 соли охир ш.Душанбе куллан ба ҳадде тағйир хӯрдааст, ки агар ба акси якчанд сол пештар гирифта қиёс кунем, бе чуну чаро бинанда бовар намекунад, ки ин ҳар 2 акси 1 минтакаи шаҳр бошад. Лек баробари пешравӣ камбудиҳои назаррас низ ҳастанд, ки ислоҳ мехоҳанд: То ҳанӯз гарчанде дохили шаҳр автобусҳои замонавӣ дар хатсайрҳо равуо мекунанд, вале тартиб (график)-и кории онҳо бе эътидол аст. Пагоҳирузиҳо мардуми зиёд сари роҳу истгоҳҳо мунтазир, вале аз автобусҳо дараке не, нисфирузӣ ва бегоҳҳо низ чунин. Ҷуз ин, дар шаҳр 2 хатсайри маршрути №2 (ҳам автобус ва ҳам микроавтобусҳо) мегарданд, ки ба ягон чорчӯба намеғунҷад. Иловатан, арзиши корти автобусҳо хеле гаронанд (4 сомонӣ!!!), ки дар ягон мамолики олам чунин нест! Дар тамоми давлатҳои пешрафта баръакс, дар ҳолати нақдӣ супоридан маблағи аслиро меситонанду, дар ҳолати бо корт супоридан бечунучаро тахфиф дорад. Дар Душанбе бошад, акси ҳолро мебинем. Суръати ҳаракати автобусҳо аксаран 5-7 км/с-ро ташкил медиҳад, дар ҳоле, ки микроавтобусҳо бо рақобат байни ҳам суркун-пешдаро (гонкакунон) мераванд. Бо ин вазъ аксаран ба корхона дер омадани кормандон дида мешавад, ки ба истеҳсолот таъсири манфии худро расониданаш аз эҳтимол дур нест.

Ҳ.Исмоилов,

собиқадори матбуот, ш.Душанбе

 

Чоршанбе, 06 Феврал 2019 11:42

 

Муҳорибаи Сталинград яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои ҶБВ аст. Маҳз дар рафти ин ҳарб артиши шикастнопазири Гитлер бори аввал дар рафти ҶБВ ба муҳосира гирифта шуд. Нерӯҳои олмонӣ то ин ҳин дар ҳеҷ ҷанг муҳосира нашуда буданд ва Фюрери олмонӣ аслан ба хаёлаш ҳам намеомад, ки артишаш дар ин ҳол меафтад. Лек Сталинград инро ба воқеъият табдил дод. Муҳориба ҳанӯз тобистони с.1942 оғоз шуд ва то октябр немисҳо қариб пурра Сталинградро ба тасарруфи худ дароварданд. Аммо Артиши Сурх 19.10.1942 ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузашт. Амалиёт Уран ном гирифта, дар натиҷаи он армияи 6-и фелдмаршал Паулюс ба муҳосира гирифта шуд. Дар набарди Сталинград зидди нерӯҳои СССР дар қатори артиши Рейхи 3-ум инчунин нерӯҳои мусаллаҳи Руминия, Италия ва Венгрия низ ширкат карда буданд. Ҷанг барои Сталинград 2.02.1943 поён ёфт. Онро бисёриҳо хунинтарин даргирӣ дар таърихи инсоният донистаанд ва тибқи оморҳои расмӣ, талафоти ҳар 2 тараф, аз 2 млн. нафар зиёдро ташкил додааст.

Бисёре аз муаррихон бар инанд, ки дар амалкарди фармондеҳии шӯравӣ мунаҷҷимон дахл доштанд. Ба андешаи онҳо Уран ном гирифтани ҳуҷуми ҷавобии Артиши Сурх маҳз бо пешниҳоди ситорашиносон сурат гирифт. Ба диди ситорашиносон артиши олмонӣ ба сайёраи Уран вобастагӣ дошт ва 19.11.1942 ҳини оғози ҳуҷуми шӯравӣ ин сайёра, нуқтаи болораванда (ботия) дар сайёраи Марс қарор дошта, нуқтаи поинии эклептикӣ бошад ба сайёраи Уран рост меомад. Мавориди аҷибу ғариби дигаре низ дар рафти муҳориба ба чашм мерасиданд. Масалан, дар армияи 51-и шӯравӣ дастаи автоматдорон бо сардории лейтенанти калон Александр Невский амал мекард.

Чоршанбе, 06 Феврал 2019 11:32

30.01.1930. Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин радиозондро барои таҳқиқи атмосфера ба фазои ҳавоӣ баровард. Он аз ҷониби ҳавошиноси шӯравӣ Павел Молчанов ихтироъ шуда буд.

31.01.1918. Дар Петроград созмондиҳии аввалин корпуси Артиши Сурхи Коргар-Деҳқон оғоз шуд.

31.01.1924.Анҷумани 2-юми Шӯроҳои СССР лоиҳаи аввалин Сарқонуни Иттиҳоди Шӯравиро ба тасвиб расонд.

1.02.1923.Дар ш.Петроград, дар бинои №76-и кӯчаи соҳили рӯди Фонтанка аввалин кассаи амонатӣ дар СССР ифтитоҳ ёфт. Баъдан ин кассаҳо дар саросари СССР ифтитоҳ ёфта, асоситарин макони пасандозкунии пул дар аввалин кишвари Шӯроҳо буданд.

1.02.1924.Англия Иттиҳоди Шӯравиро ба расмият шинохт ва бо СССР муносибати дипломатиро барқарор намуд.

1.02.1992.Президенти Русия Борис Елтсин ва ҳамтои амрикоиаш Ҷорҷ Буши калонӣ дар шаҳри Кэмп-Девиди ИМА эъломияи якҷояро оид ба хатми ҷанги сард ба имзо расониданд. Ин ҷанг, ки беш аз 40 сол зидди СССР идома дошт, бо пирӯзии комили кишварҳои ғарбӣ ба поён расида, ба мавҷудияти аввалин кишвари Шӯроҳо дар арсаи таърих хотима дод.

2.02.1918. Дар Русияи Шӯравӣ бо Декрети Шӯрои Комиссарони Халқӣ калисо аз давлат ва мактабҳо аз калисо ҷудо шуданд.

2.02.1943.Анҷоми ҳарби Сталинград. Артиши 6-и фелдмаршал Паулюс, ки дар шаҳри соҳили Волга ба муҳосира гирифта шуд, таслим гардида, Артиши Сурх яке аз пирӯзиҳои муҳими худро дар рафти ҶБВ ба даст овард.

Чоршанбе, 06 Феврал 2019 11:24

 

Чоршанбе, 06 Феврал 2019 11:13

 

Чоршанбе, 06 Феврал 2019 11:00

 

Чоршанбе, 06 Феврал 2019 09:58


Ман шахсан ҳич дарк намекунам, дар мавриде, ки бӯсаҳоро аз филмҳо мебуррему далел пеш меорем, ки мусалмонему ин саҳнаҳо барои мо муғаййиранд, чигуна кӯдаконамонро маҷбур мекунем, ки барои СПИД хун супоранд??? Аҳамият диҳед: МАҶБУРАН!!!
Чӣ, магар мо миллати фаҳшопарасту зиногавҳарем? Дилхоҳ нафар аз дилхоҳ гӯшаи сайёра агар хонад, ки кӯдаки аз 7 то 17-солаи Тоҷики мусалмон ҳатман бояд ташхиси СПИД шавад, дар бораи мо чӣ фикр мекунад? Ман, масалан, дар бораи Тайланд чунин андеша дорам, ки ин миллати фаҳшопарасту зинокор аст, зеро барои ташхиси СПИД маҷбурашон мекунанд. СТОП! Онҳоро маҷбур намекунад!!! Онҳо худашон ташхис мегузаронанд, вале чун сексу фаҳшо ин ҷо дар ҳолати рушд аст, пас ман чунин андеша дорам, ки зинокоранд. Касе метавонад андешаи маро тағйир диҳад? На-ме-та-во-над!!! Ин фикри ман аст, и баста!!!
Аммо кадом горе-идеолог-СПИДомен-пулпараст, ки ҳатман аз фонди ГлобалСПИД ҳамёнаш варам кардааст, мо-Миллати 6000-соларо маҷбур кард, ки барои ташхиси СПИД, ки усулан аз тариқи секс ва фаҳшо сироят мекунад, бояд хун супорем. Ман ҳоло намегӯям, ки вазъи кампиракону мусафедаконе, ки ба дилхоҳ дармонпизишкӣ муроҷиат мекунанду хун барои СПИД месупоранд, чигуна аст? Мо-насли ҳамонҳо, онҳоро таҳқир мекунем, эй мардум!!! Факт мехоҳед? Марҳамат:
-Бобои эшони N., ки синнаш марзи 80-ро убур карданист, аз вилояти Хатлон барои дандон шинондан ба Душанбе меояду ӯро маҷбур мекунанд, ки аз ташхиси СПИД гузарад. Дуруст аст, ки ин «бетутуруқҳо» барои рӯпуш кардани ГлобалСПИД ташхиси гепотитро низ васл кардаанд, аммо мо медонем-ку «саг дар куҷо гӯр аст!»? Ба худо айб аст, шарм аст, солҳо ба баъд бар ҳоли мо мардуми олам хоҳад хандид!!!
Вале агар бобои эшону момаи Сайбӣ аз ин ташхис мегузаштанд, 1 дарди бахайре буд. Набераву абераҳои онҳоро низ маҷбуран аз ташхис мегузаронанд ва дар мактабҳо!!! Накунед ин корро!!!!!!! 100% бовар дорам, ана ҳамин дастандаркорон бо баҳонаи аноним гузоштани мубталоёни СПИД фардо ҳисоботи дурӯғин медиҳанд, ки ҳазорон кӯдак гӯиё мубталои ин мараз аст ва имиҷи Тоҷикистонро ба хок мезананд. Намезананд? Ещё как мезананд!!! Ва ана баъд дар соли рушди сайёҳӣ… «Бги дега!» Кадом сайёҳ ба кишваре меояд, ки дар он СПИД рушду равнақ дорад?...
Ҳар нафаре, ки дастандаркори ин ташхис дар миёни кӯдакони Тоҷик аст, душмани №1 барои ин кишвар аст. Мо миллати мазҳабӣ ва мусалмонем ва бо ҳама ҳисоботи омории баду дурӯғин, ки мегӯяд сафи фоҳишаҳо зиёд шудаасту мешаваду хоҳад шуд, миллати зинокору фаҳшо нестем. Савганд ба номи Худо, фоҳишатарин фоҳиша агар шавҳар ёбад, аз ин роҳи бад дар 6 сония бармегардад!!! Ва аммо ташхиси сартосарии СПИД барои атфол ба ҷаҳониён дигар оморро муаррифӣ хоҳад кард: ТОҶИК-зинокор ва СПИД…
Ин ҷо мехоҳам баҳси Сафват Бурҳонов, дӯсти азизи донишманди бисёрдон ва журналисту табибамро дар мавриди СПИД оварам. Дигар ҳаволаи ин миллат ба Худо:
-Имрӯз хондам, ки дар дабистонҳо ҳамаи кӯдаконро санҷиши СПИД мекардаанд. Худо занад инҳоро! Тоҷикро ҳамранги каннибали амазон мекунанд? Бовар кунед, ин кори бисёр нангину миллатшикан, ки дар рӯзгори мо мекунанд, бе асар намемонад. Магар намедонед, ки ин бизнеси чанд нафарест? Барои чаридани чанд шикамдаму дуздидану берун кашидани пулакҳои чиркин отифати миллатро помол кардан кори бад аст. Хоҳиш мекунам пеши ин миллаттозиро гиред.
Ва баъдаҳу дар бораи СПИД: Ман-ку медонам ин гуна беморӣ нест, ин бизнеси сиёсии маргзост. Вале агар бемории хатарнок бошад, пас шаҳрвандони тандуруст, ки СПИД нестанд, ҳақ доранд, ки худро аз СПИДҳо эмин нигаҳ доранд? Барои чӣ агар касе грипп шавад, одамони тандуруст инро мефаҳманд, медонанд ва худро аз гриппҳо дур мегиранд. Ё аз гепатит. Пурсиши ман ин аст, ки чаро номи ин беморони пароканандаи "вируси маргзо" сирри давлатист? Чаро мардум бояд аз онҳо худро эҳтиёт накунанд??? Барои чӣ онҳо бояд озод ҷомеаро олуда гардонанд? Агар бемори хатарнок бошанд, бечунучаро бояд дур аз ҷомеа, дар карантин нигаҳдорӣ шаванд, то ки ҷомеаро наолоянд. Чаро марказҳои СПИД дар миёнаҷои шаҳрҳо бошанд??? Ё чунин сиёсат аст, ки ҳамаро олоему пас дармон кунем??? Агар беморӣ бошад, чаро дар раддаи бемориҳои дигар зери бори вазорати тандурустӣ нест? Ё академику профессорҳои мо баробари 1 СПИД-Глобалфонд дониш надоранд???
PS: 100 соли туризму фарҳанг номед ҳам, кадом хар кишваре, ки кӯдаконаш СПИД бошанд, тамошо меояд?

Душанбе, 04 Феврал 2019 17:31


   Аз 3.03.2019 ширкати ҳавопаймоии «Сомон эйр» парвозҳои худро дар самти Душанбе-Истанбул-Душанбе тавассути фурудгоҳи нави ш.Истанбул ба роҳ хоҳад монд. Фурудгоҳи нави Истанбул яке аз бузургтарин фурудгоҳҳои ҷаҳон эътироф гашта, тақрибан 40 км дуртар аз маркази шаҳр, дар наздикии баҳри Сиёҳ ҷойгир аст.
    Чуноне ки ба мухбири мо Тимур Бандишоев, сухангӯи ширкати номбурда изҳор намуд, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” феълан парвозҳоро дар самти Душанбе-Истанбул ҳафтае 3 маротиба –рӯзҳои сешанбе, ҷумъа ва якшанбе иҷро мекунад. Вақти парвоз аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе соати 18:00, аз фурудгоҳи Истанбул – 22:40 ба вақти маҳаллӣ. Парвозҳо дар ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва -900 иҷромегарданд.

 
 

саҳ 12 аз 14

Китобҳо

Flag Counter