Муаллим Ҷамолиддин Ҷалолов, аз ноҳияи Айнӣ дар меҳмонии СССР гуфт, ки 9 март ҳини аз нақби “Истиқлол” сӯи Хуҷанд гузаштан ба ҳодисае дучор шудам, ки нобахшиданист. Ин мавзеъ ба ҳудуди н.Айнӣ дохил шуда, роҳро бояд кормандони корҳои дохилӣ, хоса, БДАи н.Айнӣ назорат кунанд. Аз беназоратии масъулон чунон қаторҳои бетартибии нақлиёт ба амал омадааст, ки дар 2 самт ҳатто қариб роҳи пиёдагузар нест. Бегоҳии 8 дар ин мавзеъ, аниқаш назди нақби ангиштканӣ мошинҳои калонҳаҷм аз беэҳтиётии ронандагон бо ҳам бархӯрда, роҳро банд кардаанд. Кормандони БДАи н.Айнӣ баҳри кушодани роҳ чорае надида, парвое надоштанд. Агар бегоҳии 8 март ҳодисаро пайгирӣ мекарданд, муаммо ба тезӣ ҳалли худро меёфт. Шаби ин ҳодиса ва пагоҳии он пурра, ин рӯз дар 2 самти монеа қатори мошинҳо бештар аз 500 ададро ташкил медод, мусофирони зиёд дар азобу вақти қимати худро аз даст доданд. Ҳамаи ин бо айби кормандони БДА н.Айнӣ, набуди назорати дуруст ба амал омад. Роҳбари ноҳия аз чунин бенизомиҳо огоҳ аст? Чанде қабл дар гардишгоҳи назди комбинати Анзоб низ чунин бенизомии нақлиёт рух дода буд. Албатта чунин аҳвол сабабгори садамаҳо, фоҷиаҳо, пушаймониҳо мегардад. Аз раиси н.Айнӣ эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дида бароянд.
Ҳайати намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) оид ба Тоҷикистон таҳти сарварии хонум Падамжа Ханделвал ҷиҳати идомаи гуфтушунид оид ба тарҳрезии барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар доираи сафари корӣ Ҳайати ХБА бо роҳбарии хонум Падамжа Ханделвал, 4 марти соли 2019, бо Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода мулоқоти корӣ доир намуд. Дар мулоқоти мазкур Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва роҳбарони воҳидҳои калидии БМТ ширкат варзиданд. Зимни мулоқот, ки дар фазои мусоид ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ҷонибҳо дар атрофи масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2018, нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ бо назардошти хавфҳои эҳтимолӣ, беҳтар гардидани вазъи молиявии низоми бонкӣ, зарурати таҳким бахшидани асосҳои сиёсати пулию қарзӣ ва ҳамоҳангии он бо сиёсати фискалӣ мубодилаи афкор намуданд. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни мулоқот бо меҳмонон оид ба фароҳам омадани заминаи мусоид барои рушди ҳамкориҳо дар минтақа, самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар, рушди бахши воқеӣ, муътадилии сатҳи таваррум ва татбиқи босамари фишангҳои нави сиёсати пулию қарзӣ-ҳадафгирии таваррум, устувории бахши молиявӣ, нақшаҳои бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта, солимгардонӣ ва таҷдид дар низоми бонкӣ сухан ронд. Ҷамшед Нурмаҳмадзода барои ноил гаштан ба мувофиқаи ниҳоӣ дар таҳияи лоиҳаи барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ бо дастгирии ХБА изҳори умед карда, ҷиҳати мусоидат дар раванди таҳлилҳо аз рӯи самтҳои дахлдори низоми бонкӣ барои ҳамкорӣ ва пешниҳод намудани маълумоти зарурӣ аз ҷониби воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷонибаро баён намуд.
Роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал дар навбати худ дар хусуси ноил гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳбудиҳо дар самтҳои ҳадафнок, аз ҷумла коҳиш ёфтани ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзӣ изҳори назар карда, дар баробари ин зикр намуд , ки ҳанӯз дар ин самт фаъолияти дахлдорро ба анҷом расонидан лозим аст. Хонум Падамжа Ханделвал инчунин фаъолиятро дар самти коҳиш додани қарзҳои беруна, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, истифодаи фишангҳои муосири монетарӣ ва рушди бозори коғазҳои қиматнок ибрози назар кард. Дар идома Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев оид ба татбиқи ислоҳот дар бахши бонкдорӣ ва дастрасӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар кард. Зикр карда шуд, ки дар ин самт бо ҳамкории Вазорати молия лоиҳаи як қатор тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ҷорӣ омода гардида, ҷиҳати беҳтар намудани идоракунии молияи давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Хонум Падамжа Ханделвал изҳор намуд, ки ҷиҳати ҳамкорӣ дар татбиқи ислоҳоти сиёсати монетарӣ ва бахши низоми бонкӣ, ки барои суботи молиявии кишвар ва рушди иқтисодиёт нақши калидӣ дорад, ҳамчунин барои мусоидат намудан дар роҳандозии барномаи нави ислоҳоти иқтисодии Хазинаи байналмилалии асъор барои Ҷумҳурии Тоҷикистон талош хоҳад варзид. Дар интиҳои мулоқоти корӣ, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба Ҳайати намояндагии ХБА барои дастгирии доимии Тоҷикистон аз ҷониби ин ташкилоти молиявии байналмилалӣ изҳори сипос намуда, дар иҷрои вазифаҳои дарпешгузошта фаъолияти пурсамар ва бобарору комёбӣ таманно намуд. Мавриди зикр аст, ки Ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор таҳти роҳбарии хонум Падамжа Ханделвал, ки роҳбарии ҳайати ХБА оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дӯш дорад, аз санаи 4 то 14 марти соли 2019, бо мақсади омӯзиши вазъи кунунии иқтисодиёт, аз ҷумла низоми молиявӣ- бонкӣ, ҷиҳати тарҳрезии барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошта, бо як қатор вазорату идораҳои калидии кишвар мулоқот анҷом хоҳанд дод.
Густариши ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо БАТР
5 марти соли 2019 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР)-ро таҳти роҳбарии Директори минтақавии БАТР дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Нил Маккейн, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Мавзӯи асосии музокирот аз баррасии дурнамои ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаи Стратегияи нави БАТР барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷ соли оянда иборат буд. Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев меҳмононро бо натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, бахусус татбиқи ислоҳоти низоми бонкӣ дар соли 2018,, таъмини шаффофият ва беҳтар гардидани вазъ дар соҳаи бонкӣ, коҳиш ёфтани қарзҳои ғайрифаъол ва татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ бо истифода аз фишангҳои муосир шинос намуда, аз имкониятҳои мавҷуда баҳри васеъ кардани доираи фаъолияти БАТР дар Тоҷикистон ибрози назар кард. Ҳадафи асосии ташрифи ҳайати БАТР баҳогузорӣ ва таҳлили вазъи кунунии рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқтисоди бозаргонӣ ва муайян кардани иқтидори бахши хусусӣ маҳсуб меёбад. Бо дарназардошти ин, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев таваҷҷуҳи намояндагони БАТР-ро барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар сатҳи сифатан нав, муайян намудани афзалият барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон дар такя ба бахши хусусӣ ҷалб намуд. Дар ин радиф зарурати ба инобат гирифтани самтҳои афзалиятноки кишвар дар таҳияи лоиҳаи Стратегияи нави БАТР барои солҳои минбаъд бо таваҷҷуҳи бештар ба дастгирии лоиҳаҳои бахши идоракунии давлатӣ ва маблағгузории самти обтаъминкунӣ аз ҷониби БАТР, инчунин маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои бахши хусусӣ муҳим арзёбӣ карда мешаванд. Директори минтақавии БАТР дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Нил Маккейн дар мавриди тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба изҳори ҳавасмандӣ карда, аз татбиқи лоиҳаҳои БАТР дар Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкорӣ дар оянда сухан кард. Зикр гардид, ки омӯзиш ва таҳлили бахши хусусӣ натиҷаи фаъолияти ҳайати БАТР дар Тоҷикистон хоҳад буд ва асоси Стратегияи ҳамкории БАТР-ро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкид медиҳад. Бинобар ин, омӯзиши мазкур барои фаъолияти сармоягузории ҷорӣ ва минбаъда, ки бевосита барои ҷалби ислоҳоти сохторӣ ва соҳавии кишвар нигаронида шудааст, афзалият хоҳад дод. Ҷаноби Нил Маккейн изҳор дошт, ки дар доираи Стратегияи мазкур вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар рушди бахши молия, тиҷорат ва бахши хусусӣ дар назар аст. Фаъолияти БАТР ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии бахши хусусӣ равона шуда, бо ин роҳ метавонад ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат намояд, зикр гардид зимни мулоқот. Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин, муовини директори БАТР дар Осиёи Марказӣ, иқтисодчии пешбари минтақавӣ Ханс Холтсхакер, роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон хонум Айтен Рустамова, машваратчии калон оид ба идорасозӣ ва масоили сиёсӣ Анастасия Родина, сариқтисодчии идорасозии иқтисод ва сиёсат Азиза Зоҳидова, иқтисодчии пешбари БАТР Идил Алпаслан Билджик ва роҳбарони сохторҳои калидии Бонки миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Модар офаридагор ва тарбиятгари насли башар!
7 марти соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Роҳбарият, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони бонк бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев зимни суханронии худ модарони азиз ва бонувони гиромиро ба муносибати Рӯзи Модар табрику муборакбод гуфта, дар ин айёми баҳору сарсабзии табиат барояшон сиҳатию саломатӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва ҳамаи хушиҳои зиндагиро орзу намуд. “Истиқлолияти давлатӣ дар кишвари мо шароит ва имконияти мусоид фароҳам овард, ки занон дар баробари мардон барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва гул-гул шукуфтани Ватани азизамон фаъолона саҳм гузоранд. Дар баробари ин, Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳким ва боло бурдани мақоми зан-модар дар ҷомеа пайваста тадбирҳои амалӣ меандешанд. Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи Модар яке аз ҳамин гуна тадбирҳост, ки дар навбати худ барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан – модар дар ҷомеаи мо мусоидат мекунад. Бояд таъкид кард, ки дар паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз тарафи Пешвои миллат ба масъалаи нақши занон ва ташаббусҳои созандаи онҳо дар бунёди давлатдории нави миллӣ баҳои баланд дода мешавад.
Дар ҳамовозӣ бо дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат дар масъалаи дастгирии занону духтарон бо боварӣ метавон гуфт, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон занон аз корманди оддӣ то ба вазифаҳои пурмасъули Муовини Раис, котиби Раёсат ва сардорони идораву шуъбаҳои мустақил мақому мартаба доранд, ки аз фаъолияти самараноки онҳо дар низоми бонкии мамлакат гувоҳӣ медиҳад. Агар амиқтар ба таркиби ҳайати кормандон назар андозем мебинем, ки ба санаи 01.03.2019 занон аз ҳисоби умумии кормандон дар низоми Бонки миллии Тоҷикистон 245 нафар, ё 30,4%-ро ташкил медиҳанд. Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки нақши занону духтарон дар фаъолияти бонкдории мамлакат имрӯз шоиста арзёбӣ мешавад. Меҳнати софдилонаи занону духтарони мо дар Бонки миллии Тоҷикистон ҳамеша дар мадди назари роҳбарият қарор дорад ва дастовардҳои назарраси онҳо қадршиносӣ карда мешавад. Умедворем, ки занони мо минбаъд низ дар баробари тарбияи фарзанд, тарғиби одобу ахлоқ, арзишҳо ва дигар муқаддасоти миллӣ, ҳамчунин дар пешбурди низоми бонкдории мамлакат, боло рафтани эътимоду боварии мардуми кишвар ба низоми бонкӣ бештар саҳм хоҳанд гузошт”, - қайд кард Ҷ.Нуралиев.
Сардори шуъбаи тарҷума Мирзоҳасан Султонов, раиси Кумитаи иттифоқи касаба Рустам Маҳмудов, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ Моҳбону Накатова ва мутахассиси пешбари Департаменти технологияҳои иттилоотӣ Содиқ Расулов низ, дар навбати худ занону модаронро бо Рӯзи Модар таҳният гуфта, иброз доштанд, ки эҳтироми бонувон ва модарони арҷманд кори як рӯз дар тӯли сол нест, балки онҳо сазоворанд ҳамеша барояшон эҳтиром қоил бошем. Дар анҷоми ҷамъомад Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бори дигар бонувони Бонки миллии Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик гуфта, изҳори умед кард, ки минбаъд низ занону модарони арҷманди мо баҳри рушди низоми бонкӣ саҳми босазои худро мегузоранд.
Шуъбаи матбуоти БМТ
Номзади ягона
15.03.1990 Анҷумани III-и ғайринавбатии вакилони мардумии СССР бо дохил кардани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни СССР мансаби президентиро дар СССР роҳандозӣ кард. 14.03.1990 Пленуми КМ ҲКИШ доир шуд. Пленум Михаил Сергеевич Горбачевро ба ҳайси номзад ба мансаби президенти СССР пешбарӣ кард. 1 қатор вакилони Анҷуман номзадии сарвазир Николай Рижков ва вазири корҳои дохила Вадим Бакатинро барои президентӣ пешниҳод намуданд, аммо ин 2 аз президентӣ даст кашида, Горбачев номзади ягона боқӣ монд. Овоздиҳӣ соати 17:45 оғоз шуд ва пинҳонӣ мегузашт. Натоиҷи овоздиҳиро субҳи 15 март эълон карданд. Аз 2245 вакил дар Анҷуман 2000 кас иштирок доштанд. Барои ӯ 1329 вакил овоз дод, ки 59,2% теъдоди умумии вакилонро ташкил медод. 495 вакил зидди ӯ овоз доданд, 54 варақаи интихоботӣ корношоям баромад ва 122 вакили дигар аз овоздиҳӣ худдорӣ карданд. Бо пешниҳоди раиси Шӯрои Олии СССР Анатолий Лукянов президенти тозаинтихоб ба минбар баромада, дасташро рӯи Сарқонун гузошта, қасам ёд кард: "Бо тантана савганд мехӯрам, ки ба халқҳои кишварамон содиқона хизмат мекунам, ба Сарқонуни СССР амал намуда, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро кафолат медиҳам ва ӯҳдадориҳои Президенти СССРро, ки ба дӯши ман гузошта шудаанд, софдилона иҷро намоям". Интихоби президент дар СССР бардоштҳои гуногун дар саросари дунё ба бор овард. Барои мисол ТВи Япония гузоришеро пахш кард, ки дар он гуфта мешуд: "Анҷумани ғайринавбатии вакилони мардумии СССР бузургтарин дигаргунии куллиро дар ҳаёти ҷомеаи шӯравӣ роҳандозӣ кард, ки дунё мислашро аз инқилоби с.1917 надида буд”.
13.03.1917. Дар Петроград аввалин шумораи "Ахбороти Шӯрои Петроград” (“Известия Петроградского совета”) аз чоп баромад. Баъдан нашрия ба рӯзномаи "Известия" тағйири ном кард ва яке аз пурнуфузтарин рӯзномаҳо дар собиқ СССР шуд, ки ҳоло низ дар Русия бо ҳамин ном интишор меёбад.
13.03.1938. Дар макотиби Иттиҳоди Шӯравӣ таълими ҳатмии забони русӣ ба ҳайси як фанни алоҳида ҷорӣ карда шуд.
13.03.1964. Дар СССР бо Қарори Шӯрои Олӣ Вазорати Бехатарии Давлатӣ ба Кумитаи Бехатарии Давлатӣ тағйири ном кард. Ин Кумита зери тобеъияти Шӯрои Вазирон қарор гирифта буд.
14.03.1917.Шӯрои вакилони Петроград (Петросовет) бо фармони №1-и худ тартиботи демократиро дар Артиши рус ҷорӣ намуд.
14.05.1990.Аввалин интихоботи президентӣ дар СССР. Дар интихобот М.Горбачёв котиби аввали ҲК пирӯз шуда, барои 5 сол президенти СССР интихоб карда шуд.
14.05.1991.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин ҳизбҳои ғайрикоммунистӣ расман ба қайд гирифта шуданд.
15.03.1933. Адолф Гитлер Олмонро Рейхи 3-ум эълон карда, дар империяи нав тамоми матбуоти чапгаро ва хӯроки кошерӣ (хӯроке, ки аз маҳсулоти хӯрокии яҳудиҳо ва тибқи аҳкоми Таврот омода мешуд) манъ карда шуданд.
15.03.1946. Дар СССР Шӯрои Комиссарони Халқӣ ба Шӯрои Вазирон тағйири ном карда, тамоми комиссариатҳои халқӣ ба вазорат табдил дода шуданд.
Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1» дар робита ба мақолаи «Автобуси №6 сангпушвор меравад» чунин иттилоъ медиҳад. Ба ронандаи автобуси 3577тт05, Шоев Аҳмад Маҳкамович, нисбати қоидавайронкунии дар рӯзномаи СССР дарҷшуда, аз тарафи корманди Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати корҳои дохилӣ дар ш.Душанбе протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Ҳамзамон, аз тарафи корхона ронанда барои роҳ додан ба кашолкорӣ ҳангоми фаъолият дар хатсайр, аз ҳуқуқи идораи нақлиёт ба муҳлати 3 моҳ озод карда шуда ба вазифаи челонгарӣ гузаронида шуд. Бо мақсади пешгирии қоидавайронкуниҳо аз сӯи ронандагон ба кормандони масъулини корхона супоришҳои қатъӣ дода шудааст.
Бо эҳтиром, Ф.Шоев, директор
Журналист Нурулло Ҳасанов аз ноҳияи Муъминобод дар суҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, чанд рӯз боз моро гаранг кардан доранд, ки гӯё “ҳисобкунакҳои барқиатон аз давраи шӯравӣ асту куҳна шудагӣ!”. “Устоклет”-ҳо омада, онро ба наваш иваз карданд. 2 сол нагузашта боз аз шабакаҳои барқ омада, ҳисобкунакро иваз карданд. Худи дирӯз боз омада, “ҳисобкунакҳоро иваз мекунем” гуфтанд. Ростӣ, ҳама гаранг шудем. “Бо кадом намудаш иваз мекунед?” пурсидем. “Бо хитоияш!” гуфт масъули “райсет”. Лек намедонем, ки ин амру дастури кист? Ин супоришу қарори Агентии Тоҷикстандарт, ё Ширкати Барқи Тоҷик??? Нафаҳмидем, ки 1 ҳисобкунаки барқиро чанд бор бизнес мекарда бошанд? Ё кори дигар надоранд? Ё ин ки ҳар раиси нав вақте сари курсӣ нишаст, аввал ба ҳисобкунакҳои барқӣ мечаспад? Ба ин суолҳо кӣ ҷавоб мегӯяд? Ҳоло боз овоза ҳаст, баъди 4-ум бор иваз кардани ҳисобкунакҳо, навбат ба иваз кардани ҳисобкунакҳои кортӣ мерасад. Яъне ин аллакай бори 5-ум мешавад!!!
Нафақагир, Абдулҳафиз Насруллоев, сокини маҳаллаи Ховарони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар суҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ки агар ба синни 80 ҳам даромада бошам, аммо то ҳол ба сиёсати Сталин қоилам. Бовар кунед, он замон мардум аз тарс буд, ё аз садоқат, барои Сталин худро фидо мекарданд. Ҳатто дар дохили гулхан ҳам бошад, худро мепартофтанд. Ин бузургии ИДЕОЛОГИЯи советӣ буд. Ҳоло ҳарчӣ-ҳарчӣ нисбати болшевикону сарварони СССР мегӯянд, аммо бе андеша гап мезананд. Таърихи башарият беҳтар ва накӯтар аз ин сохти давлатдориро надидаву наофаридааст. Дар ин боб, ҳатман ба СССР менависам, зеро ман кадри СССРаму нону намакашро бояд пос дорам!
Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР! Дирӯз барои дарёфти матлабе вориди интернет гаштам. Эй кош, намедаромадам. Бовар кунед, ба ҳодисоте чашмам афтод, ки аз дидану хонданаш ҳуш аз сарам парид! Наход одам то ин ҳадд беақлу бефаросат бошад, ки бешармона нуқсонҳои ҳамдеҳаву ҳамқабила ва дар маҷмуъ-ҳамватани худро барои бегонагон ба намоиш гузорад? Пеш аз он, ки ин бефаросату аблаҳ чунин рафтор мекунад, фикр накард, ки ҳамаи наворҳояшро бегонагон дида чӣ баҳогузорӣ мекунанд ва чӣ хулоса мебардоранд? Охир, бо ин амалат ту ҳам миллатрову ҳам Ватанро ба арзиши ночизе фурӯхта истодаӣ! Магар чунин нест?
Ҳамватани азиз! Ба ҷои он, ки камбудиву нуқсон ва шикасту рехти ин Ватани маҳбубро ифшо кунӣ (агар мард бошӣ!!!), дастоварду пешравӣ, комёбиву навигариҳои миллатро ошкоро ба маърази тамошо гузор ва бар падарат раҳмат овар! Душанбе ба таври нашнохтанӣ обод гаштааст. Пас барои чӣ шаҳрро неву, ким-кадом падарлаънатро "реклама" мекунӣ? Пас ту низ лаънатзадаи маҳшарӣ!
Ҳаким Исмоил,
адиб, ш.Исфара
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар