ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 20 Март 2019 09:39


Салом, СССР! Мо-чӯпонҳои хоҷагии Тебалайи н.Муъминобод 1 мушкили иҷтимоӣ дорем. То ин дам ба тамоми масъулини ноҳиявӣ муроҷиат карда, ягон натиҷа надидем. Мехоҳем аз раҳбарияти хоҷагии Тебалай пурсида шавад, ки дар с.2014 аз чанд сар барра даромад шудааст? Зеро солҳои 2015, 2016, 2017, 2018 аз мо сари ҳар баррае 350 сомонӣ талаб мекарданд… Мо дар мавзеи Олимтой 9 сарчӯпон будем. Агар ҳар сарчӯпон 150 барра даромад мекард, ҳисоб кунед, ки аз 350 сомонӣ чӣ қадар пул ҷамъ мешавад. Ин ҳама барраҳо дар 3 ферма ҷойгир буд. Агар 3 ферма 4-5 ҳазор сар барра дошта бошад, ҳамаро мефурӯхтанд ва дигар касе намедонист, маблағҳо куҷо мерафту чӣ мешуд. Болои ин, ба мо маош намедоданд ва ба ҳар баҳона аз гӯшту пӯст мегардонданд. Хӯроки гарму сару пӯшок, коҳу донагӣ намедоданд. Ин дар ҳолест, ки хоҷагии Олимтой 575 га замини кишт дорад. Ҳамаи маблағро ба суди худ истифода мебаранд. Аз с.2012 Мирзошо Пӯлодов сарзоотехник шуд. Ӯ ҳамроҳи хусураш Зубайд Неъматов ҳар сол пас аз бозгашти мол аз айлоқ мошини худро бо иномаркаҳо иваз мекарданд. Аламовараш дар ин аст, ки ба 1 сарчӯпон ҳар баҳор 300-400 мол дода, моҳи ноябр пурра нобуд мекарданд. Боз аз соли нав 300-400 мол медоданд. Хулоса, дар 3-4 сол 4-5 ҳазор сар мол нобуд мешуд. Ин қадар пулу чорво куҷо шуд? 34-35 кашарро бо заминҳояш ба мансабдорон додаанд. Дар хоҷагии мо беш аз 200-300 нафар коргар буду 200-300 оила бо ризқу рӯзӣ таъмин. Раҳбарони нав ҳамаро нобуд карданд. Натанҳо мо-коргарҳоро фиреб доданд, балки дар буҷаи давлат зиёни калони молӣ расониданд. Дар кашари фермаи №3 чанд сол боз Халифаев Мирзо сарчӯпонӣ мекард. Бегматов Сафар-сарбухгалтери хоҷагӣ ӯро аз кор пеш карда, ба кашар ва заминҳои мавзеъ соҳиб шуд.

Шарифхон Почоев, Муъминов Саидабдулло, Давлатов Шомурод,
тел: 900-88-14-47, 918-30-90-59, 985-48-14-04, н.Муъминобод

Чоршанбе, 20 Март 2019 09:30


Ҳукумати Тоҷикистон риск дорад, ки аслан бе органи чопӣ монад. Сухан сари на танҳо матбуоти ба масал ҳукумативу давлатист: Воқеан ҳам, аҷиб нест, ки чиновникҳои тамомии корхонаҳои бузург, заводу фабрика, колхозу совхозҳоро шахсикарда ба матбуоти шахсӣ бо шубҳа нигаранд? Марҳамат, мо-муассисону муҳаррирони матбуоти шахсӣ, ки газетаву маҷаллаҳоро бо пули худ ва дар ҷои холӣ сохтаем (ягон рӯзномаву журнали ҳукуматиро касе шахсӣ накардааст, мисли корхонаҳои саноатӣ ва колхозу совхозҳои давлатӣ) омодаем, дар сурати баргардонидани фабрикаву заводу заминҳои кишоварзӣ ба Давлати Тоҷикон, расонаҳои худро низ ройгон ба Давлат тақдим кунем!
Вале оё элитаи иқтисодӣ ва мардони сарватманд омодаанд, ки ақаллан заводу фабрикаҳои муфлискардаашонро ба Давлат баргардонанд? Суоли матраҳ аст, албатта. Зимнан, то сари тавофуқ омадани элитаи сарват, ки автоматӣ элитаи сиёсӣ низ ҳаст, пешниҳод мекардам, ки ба матбуоти шахсӣ бо шубҳа нанигаранд. Дуруст аст, ки мо камбуд дорем. Вале чӣ камбудӣ? Фошсозии «казнокрад»-ҳо ва чинҳои тасодуфӣ. Чизе, ки ҳамакнун дар сатҳи давлат пайваста садо медиҳад.
Давлат имрӯз пеши дилемма қарор дорад, ё тоқати матбуоти шахсӣ ва ё соле чанд ба баъд ва мутаассуф ин рӯз қарибтар мегардад, тоқат кардани матбуоти хориҷӣ, ки ҳатман бо Тоҷикӣ низ нашр хоҳад шуд. Фикр накунед, ки Сайёф фантазия мекунад. Матбуоти ғайриватанӣ ба забони Тоҷикӣ аллакай дар равуост. Имрӯз дар шакли электронӣ, фардо ҳатман чун «листовка» ва сипас газетаву журнал дастраси мардум мегардад. Ещё как мегардад. Мисле, ки дар қораи араб пайдо шудааст…
Зимнан, Давлат барои ҳифзи машинаи таблиғотии миллӣ, яъне матбуоти шахсиву ҳукуматӣ ҳатман бояд субсидия-кӯмакпӯлиҳо ҷудо кунад. Манзури ман пул кандан аз Давлат нест! Ин андеша баъди умқан омӯхтани матбуоти Аврупо ва Амрико таваллуд шудааст. Ба гунаи мисол, сарватмандтарин давлати Аврупо-Шведсия барои ҳифзи матбуот (он ҷо нашрияи давлатӣ аслан нест!) 70% субсидия ҷудо мекунад. Яъне 70% хароҷоти газетаҳои шведиро Давлати Шведсия бар дӯш дорад. Ва медонед чаро? Мақомоти расмии Стокголм бар назар аст, ки мардуми Шведсия зери таъсири амиқи матбуоти англисӣ ва немисӣ мондаанд.
Англия ва Олмон душмани Шведсия нест. Мисле, ки Русия ва Қирғизистон душмани мо нест. Аммо, мегӯянд, шведҳо ва аз Уинстон Черчилл масал меоранд, «Англия дӯсту душмани абадӣ надорад-Англия манфиатҳои абадӣ дорад!». Ва ин ки масалан Русия дӯстии абадӣ надорад, дар набарди иттилоотии Маскаву Киев кайҳо исботи худро ёфтаасту мо «Дарахти дӯстӣ» шинонда гаштаем…
Вале агар бо ҳамин раванде, ки журналистикаи Тоҷик меравад, рӯзе Давлат миллиардҳо сомонӣ низ ҷудо кунад, дер мешавад; агар нашудааст. Зеро журналистикаи мо…пир шудааст! Чанде қабл сардабири нашрияи расмие муроҷеъ шуд, ки «Ба ман журналисти пухтакоре ёбед!». Гуфтам, мутаассуф, ҷавонҳо каманд, ки табассуми ҳазине карду гуфт: «Барои мо 50 солааш ҳам мешавад!». Ва ман ҳамакнун дарёфтам, ки мо ҳатто журналисти хуби 50 сола низ кам дорем!
Журналистикаи мо, мутаассуф, солхӯрда шудааст, эй мардум. Тиражи нашрияҳои хусусӣ чаро меафтад? Ба мардум чизи нав, каси нав, газетаи нав, матлаби нав, имзои нав лозим аст; зимнан мардум моро намехонад.
Газетаҳои, ба масал, давлатӣ бо тиражи 15-30 ҳазор мебароянду касе намепурсад, ки онҳоро касе мехонад, ё на? Обунаи иҷборӣ, ки кадом идеологи дақюнусӣ фикр карда баровардааст, аслан Тоҷикистонро аз матбуот дилсард кард! Ана ҳамин горе-идеологро бояд ёфту 2 млн сол суд кард! Зеро мардум аз газета дур, ки шуд, аз идеология дур мегардад. Дигар автоматика аст: аз идеология, ки дур шуд аз давлату миллату ҳукумат дур мешавад! Акнун дарк кардед, ки сабаби асливу усулии ба идеологияҳои бегонаи ҷангҷӯёнаи таассубгароён печидани ҷавонон ин обунаи маҷбурист?!
…Дигаронро намедонам, аммо ман ба худам ҳам дилбазан шудаам! Ин нуктаро боре Сафват Бурҳонов бо эҳсос гуфта буду ман розиям зери он имзо гузорам. Чанд мешавад, СМ, СБ, ХА, РМ ва дигаронро хонду хонду хонд? Чаро нест ҷавоне, ки моро таҳрик диҳад, ба мо фаҳмонад, ки ҷои шумо танг шудааст?
Солҳои шӯравӣ дар РСС Тоҷикистон ҳамагӣ 1 шӯъбачаи журналистика дар назди кафедраи фолклор буд. Вале ҳар сол 20-25 журналист мебаровард! Имрӯз даҳҳо факулта, садҳо дипломи журналистика медиҳанд. Вале ку журналисте???
Иди касбӣ муборак… Мо Метавонем!!!

Сешанбе, 19 Март 2019 10:11


Бар асоси мувофиқаи дуҷониба, қарор карда шуд, ки ҷониби Қирғизистон ба бунёди қитъаи роҳи ҷанҷолбарангези Ботканд-Оқсой-Тамдиқ "ба хотири убури чорво" идома дода, ба сокинони Тоҷикистон иҷоза мешавад, ки дар 2-километрии ҷанубтари ин қаламрав дар қитъаи роҳи Ворух-Сомониён-Исфара роҳи худро бунёд намоянд. Ин мувофиқа пас аз 5 рӯзи музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара ба даст омада, дар пайи музокирот раҳбарони ҳайатҳо-Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизи ӯ Ҷениш Раззоқов рӯзи 18.03.2019 дар хатти марзи байни деҳаҳои Хоҷаи Аълои Тоҷикистон ва Оқсои Қирғизистон 1 нишасти матбуотӣ баргузор карданд.
Муовини сарвазири мамлакат ва  раиси Комиссиюни аломатгузории марз Азим Иброҳим баъди анҷоми музокирот ва имзои протокол дар сӯҳбати кӯтоҳаш бо намояндагони матбуот гуфтааст, ки мавзӯи марз 1 масъалаи ҳассос аст.  Вай гуфтааст, ки 1 мувофиқаи муҳим, ки дар протокол ҳам инъикос шудааст, ин аст, ки бояд омилони сар задани ин моҷаро ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Бар асоси мувофиқаи дигари ҷонибҳо, амнияти қаламрави марзиро патрулҳои полиси якҷоя назорат карда, амнияти шаҳрвандони 2 кишварро таъмин мекунанд.

Душанбе, 18 Март 2019 10:59


   Рӯзҳои 11-14 марти соли ҷорӣ Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ сафир Петер Буриан бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буд.
   Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти намояндагии ИА дар ҶТ хабар доданд, дар ш.Душанбе эшон бо вазири корҳои хориҷии ҶТ Сироҷиддин Муҳриддин, муовини якуми раиси КДАМ ҶТ-Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ генерал-полковники Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва вазири адлияи ҶТ Рустами Шоҳмурод мулоқот анҷом дода, роҳҳои тақвияти кӯмаки Иттиҳоди Аврупоро ба Тоҷикистонро баррасӣ намудаст, то ин кӯмак ба афзалиятҳои "Стратегияи нави рушди миллии Тоҷикистон" ва "Стратегияи нави ИА нисбати Осиёи Марказӣ", ки моҳи июни соли ҷорӣ қабул карда мешавад, мутобиқтар бошад
   Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ таъкид намудааст, ки Иттиҳоди Аврупо минбаъд ҳам кӯмаки худро ҷиҳати таъмини амну субот дар кишвар ва дар доираи васеъи масъалаҳо, аз таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба барои мубориза алайҳи терроризм ва қочоқи маводи нашъаовар сар карда то ҳамкории дуҷониба ҷиҳати паст намудани таъсири манфии тағйирёбии иқлим ва омодагӣ ба офатҳои табиӣ, идома хоҳад дод.
   Инчунин имконияти дастрасии Тоҷикистон ба механизми махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳавасмандсозии рушди устувор ба истилоҳ "Низоми умумишудаи имтиёзҳои тиҷоратӣ + (НУИ+)" муҳокима карда шуд. Тарафайн ба шурӯъ намудани раванди гуфтушунид барои шомил шудани Тоҷикистон ба "НУИ+" изҳори хоҳиш карданд.  Дар ҳолати шомилшавӣ ба "НУИ+" Тоҷикистон метавонад ба бозори Иттиҳоди Аврупо зиёда аз 6600 молҳои дар Тоҷикистон истеҳсолшавандаро бо боҷи гумрукӣ аз рӯи меъёри сифр содирот намояд. Cафир Буриан иброз дошт, ки шомилшавии Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои баҳрагирандагони "НУИ+" ба фоидаи иқтисодӣ ва рушди устувории мамлакат хоҳад буд.


Душанбе, 18 Март 2019 09:34


Аз нимарӯзии 16.03.2019 то инҷониб мошини Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх, ки ба деҳаи Ворух кӯмаки моддӣ мебурд, дар марз дармондааст. Сарҳадбонони қирғиз ва мақомоти қудратии Ҷумҳурии Қирғизистон ба Салиби Сурх ҷиҳати иҷрои рисолати башардӯстонааш монеъ гаштаанд.
   Чуноне ки ба мухбири мо аз Ҳукумати ш.Исфара хабар доданд, мошини пурбори Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх дар деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ дармондааст.
PS: - Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (Мухтассар: КБСС, англ. International Committee of the Red Cross; ICRC, фр. Comité international de la Croix-Rouge)-ташкилоти башардӯстонаест, ки фаъолияти худро дар саросари ҷаҳон, бо назардошти принсипи бетарафӣ ва беғаразӣ иҷро мекунад. КБСС ба зарардидагони низоъҳои мусаллаҳона ва муқовимати дохилӣ ҳимоя ва кӯмак мерасонад.




Душанбе, 18 Март 2019 09:30


 Тантанаҳои асосии наврӯзии вилояти Суғд иборат аз намоиши дастовардҳо ва барномаи калони театрии фарҳангӣ бо иштироки меҳмонони олимақом аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ имсол дар н.Бобоҷон Ғафуров баргузор хоҳад гашт.
 Дар баробари ин аз 12 то 26 март дар шаҳру навоҳии вилоят баргузории  конфронсҳои илмӣ, озмуну фестивалҳо, маҳфилҳои адабӣ, аз ҷумла, озмуни “Дастархонороӣ”, барномаҳои наврӯзӣ иборат аз шеъру дубайтихонӣ дар васфи баҳору Наврӯз, мадҳияи “бойчечакхонӣ”, бозию ҳунарҳои миллӣ,  аз қабили “Кокулбофӣ”, “Ҳаппакбозӣ”, “Ошиқбозӣ”, “Лаппар”, “Нақшхонӣ”,  оростани дастархони наврӯзӣ бо ҳафтсину ҳафтшин ва  тайёр намудани таоми анъанавии суманак дар назар аст.
 Инчунин дар ин муддат мусобиқаҳои варзишии суннатӣ, чун пойга ва бузкашӣ, барномаҳои рангини консертӣ ва ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ  низ  баргузор карда мешаванд.

Ҷумъа, 15 Март 2019 11:53

Панҷшанбе, 14 Март 2019 15:28

саҳ 6 аз 12

Китобҳо

Flag Counter