ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 06 Март 2019 12:15

Чоршанбе, 06 Март 2019 12:02

Чоршанбе, 06 Март 2019 11:48

Чоршанбе, 06 Март 2019 11:36


26.02.1917. Баъди намоишҳои эътирозӣ дар Петроград подшоҳ Николайи 2 фармон дод, ки эътирозро бо зӯр пахш кунанд ва Думаи давлатии Русия низ пароканда карда шуд. Лек соати 12-и рӯз гирдиҳамоиҳои нав оғоз ёфтанд, ки онро низ аскарони подшоҳӣ бо зӯр пароканда карданд. Дар ҷавоб коргарон дар шаҳр даст ба шӯриш зада, дар кӯчаҳо сангар гирифтанд. Дар Петроград корпартоии оммавӣ шурӯъ шуд ва чанде аз қисмҳои низомӣ низ ба шӯришгарон пайвастанд.
26.02.1924. Бо қарори КМИ СССР шаҳри Грозний барои муборизаи қаҳрамононаи меҳнаткашони шаҳр зидди душманони инқилоб ва барқароркунии саноати нафтӣ бо ордени Байрақи Сурх мукофотонида шуд.
26.02.1944. Зиёда аз 600 тайёраи бомбаандози шӯравӣ ба пойтахти Финляндия-шаҳри Хелсинкӣ ҳамла карданд. Он аз ҳама ҳамлаҳои бузурги ҳавоиест, ки нерӯҳои ҳавоии СССР дар рафти Ҷанги Бузурги Ватанӣ анҷом доданд.
26.02.1990. Дар пойтахти СССР-шаҳри Маскав Ватслав Гавел (президенти Чехословакия) ва Михаил Горбачёв созишнома оид ба баровардани нерӯҳои ҳарбии СССР аз Чехословакияро ба имзо расониданд. Артиши Шӯравӣ аз Чехословакия бароварда шуд.
27.02.1917. Шӯришгарон дар Петроград Аслиҳахона (Арсенал) ва Қасри Зимистонаро тасарруф карданд. Ҳукумати подшоҳӣ дар Русия сарнагун карда шуд. Зимоми қудратро дар кишвар "Кумитаи муваққатии Думаи Давлатӣ" ба ӯҳда гирифт ва дар шаҳр бошад Кумитаи иҷрояи Шӯроҳои вакилони коргарон ва аскарони Петроград таъсис ёфт.

Чоршанбе, 06 Март 2019 11:29


Сулҳ ва Замин
Шикасти садди 1000-сола феврали с.1917 иттифоқ уфтод. Инқилоби Февралӣ аввал дастгоҳи ҷазоиро, ки тавассути он синфҳои ҳукмрон синфи нодорро зери назорат нигаҳ медоштанд, аз миён бардошт. Дуввум, он садди равони  (психологи)-ро, яъне боварӣ бар устувории тартиботи вуҷуддошта, ки қарнҳо тавассути ин синфҳои ҳоким ба мардум иблоғ мешуд, бартараф намуд. Саввум, маҳз феврал ҳизби кадетҳо (ҳизби асосии буржуазияи рус)-ро сари қудрат овард ва ин ҳизб душмани асосии сохти подшоҳӣ шуд. Инқилоби Февралӣ чун ҳамоиши осоиштаи зиддиҷангии коргарон оғоз шуд, лек нақши калидиро дар он боз деҳқонон бозиданд. Аскарони гарнизони Петербург - деҳқонбачаҳои шинелпӯш аз тир кушодан ба коргарони пойтахт сар боз заданд ва ҳамоиши осоишта ба шӯриш табдил ёфт. Мавқеи ишғолкардаи роҳбарияти Думаи давлатӣ низ ғалабаро осон кард. Аскарони шӯришгар худ назди Дума омаданд ва аз вакилони мардумӣ талаб карданд, ки қудратро дар кишвар ба дасти худ гиранд. Бо ҳамин, феврали с.1917 ҳукумати мутлақи подшоҳӣ дар симои Николайи 2 бо кӯшиши якҷояи тамоми нерӯҳои сиёси иҷтимоии мухолифин барканор карда шуд ва қудрат ба дасти Ҳукумати муваққат гузашт ва асоси онро намояндагони ҳизби кадетӣ, ки дар Дума аз ҳама зиёд намоянда доштанд, ташкил доданд.

Чоршанбе, 06 Март 2019 11:28


Прокуратураи н.Ёвон «Ба ҳақиқати заминӣ бовар дорам» (СССР, №52(537), 27.12.2018) ном матлабро мавриди баррасӣ қарор дод. Қаблан муроҷиатҳои сокини ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов, деҳаи Озодӣ Шарипов Нодир вобаста ба муаммоҳои доштааш оид ба замин ва кирдорҳои ғайриқонунии собиқ муҳандис-заминсози ҷамоат Саидмуродов З.-ро мавриди санҷиш қарор дода будем. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки Шарипов дар суроғаи номбурда бо аҳли оилааш истиқомат карда, тибқи сертификати ҳуқуқи истифодаи замини дараҷаи А№0107310 аз 5.01.2018 масоҳати замини наздиҳавлигии ӯ 0,41 га аст. Қабл аз с.2014 масоҳати замини наздиҳавлигии ӯ дар китоби хоҷагидории ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳусейнов 0,29 га нишон дода шуда, маблағи андози замини он 22,46 сомониро ташкил медод. С.2013 аз тарафи Институти лоиҳакашию тадқиқотии “Фазо»-и Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии ҶТ баҳисобгирии заминҳои маҳалли аҳолинишини ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов (аз ҷумла, деҳаи Озодӣ) гузаронида шуда, тибқи натиҷаи он масоҳати замини ӯ бо сабабҳои ноаён 8272 м2 нишон дода шудааст. Аз ин рӯ, аз с.2014 оғоз карда минбаъд аз ҷониби кормандони ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов аз Шарипов маблағи андози замин тибқи натиҷаи баҳисобгирии заминҳо талаб карда шудааст. Аммо бинобар норозигии ӯ оид ба натиҷаи баҳисобгирии замини наздиҳавлигиаш декабри с.2017 аз сӯи кормандони КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и н.Ёвон масоҳати замини наздиҳавлигии ӯ такроран санҷида, муайян карда шудааст, ки воқеан масоҳати замини наздиҳавлигии Шарипов 0,41 га аст. Аз ин рӯ, минбаъд аз ӯ маблағи андозаи замин аз рӯи натиҷаи ченаки такрорӣ талаб карда шудааст... Ҳамзамон, аз натиҷаи санҷиши ариза ба муаллифи он хабар дода, фаҳмонида шуд, ки ӯ метавонад оид ба расонидани зарари маънавӣ аз ҷониби Саидмуродов ба суди н.Ёвон муроҷиат кунад.

Амирзода Д.Р.,
Прокурори н.Ёвон, мушовири адлияи дараҷаи 2

Чоршанбе, 06 Март 2019 11:24


Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, донишҷӯ Гулистон Насимзода, сокини ноҳияи Синои пойтахт дар суҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ки 2-3 сол пештар, ёдам ҳаст, 1 ташкилоти муътабартарини дунё Эмомалӣ Раҳмон-президенти Тоҷикистонро дар қатори 500 мусалмони бонуфузи ҷаҳон қарор дода буд. Воқеан, озодиҳои диние, ки ҳоло дар Тоҷикистон ҳаст, маҳз ба шарофати Ҷаноби Олист. Танзими ҷашну маросимҳо, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар ташкил шуд, ин сад дар сад дар пайравӣ аз Қуръон асту ба манфиати зиндагии мо! Чунки дар Қуръон барпо кардани маъракаи 7-у 20-у 40 аслан нест. Дар Қуръон иҷрои садақа ҳаст, аммо ҳисоб карда, хароҷот кардан, нест. Чанд рӯз пештар хондам, ки дар Қирғизистон низ дар пайравӣ ба Тоҷикистон ҷашну маросимро танзим карданиянд! Сатрпӯшии мо ҳам дурӯғ аст, зеро бояд ботинро ҳифз кард, на зоҳирро. Ботин пок бошад, сатр чӣ лозим?

Чоршанбе, 06 Март 2019 11:20


Узви Ихвон-ал-СССР, Сабур Бобоев, муаллими фанни тарбияи ҷисмонии мактаби миёнаи №42-и шаҳри Кӯлоб бо телефони 918 15 06 15 ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, ки барои чӣ сабқатҳои варзишӣ дар мо аз рӯи оини ҷавонмардӣ намегузаранд? Гап сари номардиву «через» меравад!!! Барои мисол, писари ман Фаррух Бобоев-хонандаи синфи 9 дар 1 мусобиқаи гуштин бояд иштирок мекард, аммо роҳаш надоданд! Ман фикр мекунам, варзишу варзишгарӣ дар шаҳри Кӯлоб ба 1 мафия табдил ёфтааст. Писари ман дар толори варзиши Қасри фарҳанги ш.Кӯлоб, зери тарбияи мураббиён-Зариф Назриев ва Дилшод Бобоев машқи бадан мекард. Хуллас, маҳз ин ҳар 2 муаллим касеро хоҳанд аз пеши худ тариқи «алик-малик» чемпион мебароранд ва наврасонро аз варзиш дилхунук мекунанд.

саҳ 10 аз 12

Китобҳо

Flag Counter