ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 24 Апрел 2019 11:14


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Дар ҳошияи «Мо ва экономикаи мо» андешаи худро гуфтаниям: 6 сол пеш 1 ҳамсинфам сехи дӯзандагӣ кушоду баъд пушаймон шуда, тамоми техникаю технологияи дарздӯзиро ба қирғизҳо фурӯхт! Сабаб: арендаю андози баланд, санҷишҳои СЭС, ПЭС (Предприятие Электрических Сетей), пожару пора…!!! Имрӯз ӯ дар Русия асту тақдири 20 бонуи чевари сехаш номаълум!!!

Зоирҷон Олимов,
мухлиси СССР, ш.Истаравшан

Чоршанбе, 24 Апрел 2019 11:04


Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР! 1 май-Рӯзи якдилии меҳнаткашон дар тамоми давлатҳои аъзои Шӯравӣ дар сатҳи баланд ва бо тантана истиқбол карда мешуд, хоса, дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон! Ин рӯз чӣ бадӣ дошт, ки ҳоло онро аз тақвими иду маросим «удалит» кардаанд?! Бояд ин ид мисли солҳои Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Албатта, бе исрофкорӣ ва бо шеваи ба худ хос ва дар сабки нав! Зеро ҳисси меҳнатдӯстии шаҳрвандон бо ин роҳ баланд бардошта мешуд ва даст ба кору дил ба ёр баста, тамоми мушкилоти худро бо меҳнати ҳалол ҳал мекарданд.

Табаралӣ Авсақолов,
н.Фархор

Чоршанбе, 24 Апрел 2019 10:59


Оё ҷои «сагро ба зӯрӣ шикор бурдан», яъне қапоқапи Облава (100% расман набудаву 200% обрӯрези миллатгардида) ва шикори ҷавонони гурезпо, намешавад, Армияро профессионалӣ кунем? Дар базаи Фронти Халқӣ ва собиқ муҷоҳидине, ки 100% пушаймон шудаву бо ҳукумат гаравидаанд? Охир онҳо потенсиали ҷангӣ доранд! Медонед, шӯравӣ чаро иштирокдорони ҶБВ ва «интернатсионалистон»-и ҷанги Афғонистонро то охир имтиёз додаву дастгирии моддиву маънавӣ мекард? Барои рӯзи мабодо, то аз таҷрубаи ҷангияшон истифода барад! Пас, чаро мо аз таҷрубаи ҷангии Тоҷикони худамон истифода набарем?! Ва умуман, Армияи «облавашудаҳо» оё иқтидори бо дилхоҳ Артиши профессионалӣ сарбасар шуданро дорад?
Путин В.В. рӯзи 12.04.2019, дар рӯзи Космонавтика, дар ин бора изҳори назар карда гуфт, вақте фаро расидааст, ки усулан бояд аз даъвати умумӣ даст кашем. «Зеро-гуфт ВВП-замона дигар шудааст, дар Армияҳои олами мутамаддин усулан хизмати профессионалӣ, касби ҳарбӣ, рушд кардан дораду дар мо то ҳанӯз методи советӣ корбаст аст. Армияи муқтадирро метавон аз ҳисоби профессионалҳо пурқувват кард!». Таваҷҷӯҳ кун, хонанда, ин ҳарфҳоро нафаре мегӯяд, ки аз Армияаш нисфи ҷаҳон метарсад!!!
Дар Тоҷикистон заминаи Армияи профессионал хеле қавист. Ҳоло ки дер нашудааст, бояд собиқ ҷангиёни Фронти халқӣ ва собиқ ҷангиёни ОТО-ро, ки пурра Сулҳро пазируфтаанд, ба ҳам овард ва ақаллан 2-3 полк аз онҳо мураттаб сохт. Бовар кун, хонанда, агар 1 ротаи иборат аз собиқ ҷангиёни мо дар марзи Исфара пайдо шавад, қирғизҳои «беспредел»-ро дар ҳамон территория агар бинед, биёед, 100 силлӣ ба ман занед. Вале чун Армия мураттаб аз облава-ҷанговарон аст, ҳамарӯза қирғизҳои сакалту онҳоро доштаву мезананд, таҳқир мекунанд, мазаммат месозанд ва дар интернет ин наворҳоро пахш карда, аз мо 1 миллати «чмо» офаридан доранд! Намегӯям, ин ротаҳои профӣ ҳатман бояд ҷанг кунанд. Сиёсаташон басанда аст!!! Дӯстӣ дӯстиву аммо шарафи миллатро бояд ҳифз кард. Мо Метавонем!
Дар ҳамин маврид, ба пиндори сирф фардии ман, ки метавонад, 100% ғалат бошад (барои низомиёне, ки 27 сол шуд облаваро бардошта наметавонанд), 3 роҳе ҳаст, ки ҳадди ақалл «облава»-и обрӯрезамонро пурра маҳв созад, капут гардонад, «делит» кунад:
1.    Армия бояд профессионалӣ шавад ва сарбозону афсарон бар ивази музди маош ба кор гирифта шаванд. Бигзор сафи сарбозонамон 20.000 неву 2000 бошанд, аммо САРБОЗи ҳақиқӣ, ки гуфтаанд:
-Сиёҳии Лашкар наояд ба кор:
200 марди ҷангӣ беҳ аз 100 ҳазор!
2.    Мисли ҳамсоякишвар ҳама хатмуттаҳсилини донишгоҳу донишкадаҳо танҳо баъди хидмати сарбозӣ бо ҷои кор таъмин шаванд. Бовар кун, хонанда, дар ин сурат, беҳтарин Армия месозем. 1 тасаввур кун, беҳтарин ҷавонони донишманд, варзишгар, обутобёфта, писарони вазирону кабирону раисону ходимони давлатӣ марзу буми моро ҳифз хоҳанд кард!!!
3.    Ҳадди ниҳоӣ, агар падар-давлат-мардон метарсанд, фарзандашон Армия равад, пас танҳо баъди хизмати сарбозӣ ба ҷавонон иҷозати убури марз ва мардикорӣ дар Русия дода шавад! Барои ин танҳо бо Русия шартнома бастан лозим, ки тоҷикони хидматкардаро ба кор гирад, «и всё»! Чанд проблема ҳал мешавад. Армия пури сарбоз мегардаду ҷавонону наврасони бедонишу бефарҳангу содаву гӯлу гаранг Русия намераванд ва обрӯрези миллати Шарифи Тоҷик дар ин кишвар намегарданд!
Бовар кун, хонанда, бо бастани интернету гаронгардонии нархи он, кам кардани истифода аз сайтҳои иҷтимоӣ наметавон аз облаваи обрӯрез ҷилавгир шуд. Ҳоло яке аз сабабҳои қиматшавии интернетро горе-масъулин маҳз дар ҳамин дидаанд, ки журнализми мардумӣ (гражданская журналистика) аз ҳадд зиёд бар имиҷи кишварамон зиён меоварад. Маҳз наворҳои баста ба бархе раисони камсавод ва лаҳзаҳои облаваро низ онҳо дар назар доранд. О, қонуншиканӣ накунед, мардони донишмандро сари кор оред, проблема худ ҳал мешавад! Ва аммо агар мо чашмонамонро пӯшему гӯем, ки Офтоб нест, Моҳ наменамояд, дарро қулф задаву фикр кунем, ки берун Боронӣ нест, мушкил фасл мешавад-мӣ? Ҳаргиз! Офтоб ҳаст, Моҳ мебарояд ва борону сел мешоранд.
Эффекти Шутурмурғ (эффект страуса) гуфтанӣ иборае дар сиёсат ҳаст:
-Шутурмурғ таври маълум, аз чизе тарсид, сарашро таки қум мекунад ва чун душманро надид, фикр дорад, ӯ, яъне душман нест дигар! Вале душман, масалан, дар симои гург ё рӯбоҳ, роҳат омадаву шутурмурғро дошта мехӯрад!
Чашмпӯшӣ аз проблема илоҷи кор нест. Облаваро низ надидани масъулин яке аз хиёнатҳои ишон аст. Облава ҳаст ва то дар фикри тағйири даъват ва ё Армия (ба профессионалӣ) нашавем, ин раванди обрӯрези артиш аз байн нахоҳад рафт.
Сахт гуфтам? Облаваро бас кунед! Мо Метавонем!!!

Ҷумъа, 19 Апрел 2019 17:14


Имрӯз 19.04.2019, дар толори маҷлисгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ҷаласа вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 3 моҳи аввали с.2019 бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва ҷузъу томҳои маҳомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид. Сипас ба таври мухтасар муовини аввали сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Мирзомуродзода Рустам, сардори РВКД дар ш.Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, сардори РВКД дар вил.Хатлон генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар, сардори РВКД дар минтақа ва н.Рашт Азизуллозода Сафиало Азизуло баромад намуда, доир ба натиҷаҳои хизматӣ ҳисобот доданд.

Дар хотимаи ҷаласа Вазир фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии ҶТро қаноатбахш арзёбӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ  ва вазифаҳои дар наздашон гузошташуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 СССР, вилояти Хатлон

Ҷумъа, 19 Апрел 2019 17:12


Ба ШВКД-и ш.Бохтар аризаи марди 31-солаи сокини ҳамин шаҳр ворид шудааст, ки рӯзи 1.05.2013, марди 64-солаи сокини н.Вахш, пештар бо моддаҳои 247 ва 340 Кодекси ҷиноятии ҶТ суд шудааст ва ӯ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, $4000 гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз маҳаллаи Зархези ш.Бохтар қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст. Дар ин бора ба СССР аз ШВКДи ш.Бохтар хабар доданд.
Ҳоло нисбати марди 64-солаи мазкур бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад

Баҳодур Уроқов СССР, ш. Бохтар

Ҷумъа, 19 Апрел 2019 16:49

Ҷумъа, 19 Апрел 2019 16:44


Бо дастгирии сафорати ИМА дар ҶТ, кӯмаки бевоситаи вазорати фарҳанги кишвар ва МИҲД дар ш.Конибодом «Мадрасаи Ойим»-и ин шаҳр барқарор карда шуда истодааст.
Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти раиси ш.Конибодом хабар доданд, 18.04.2019 намояндагони сафорати ИМА дар ҶТ Ерик Пагнер ва Дилбар Рузадорова оиди аз назар гузаронидани рафти корҳои сохтмонӣ дар «Мадрасаи Ойим» тибқи лоиҳаи барқарорсозии «Мадрасаи Ойим» ба Конибодом ташриф оварда, бо корҳои азнавсозӣ ошно шуданд.

Ҷумъа, 19 Апрел 2019 10:33


Тибқи маълумоти оморӣ дар 3 моҳи аввали соли 2019, дар ВМКБ 196 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, ошкоркунии он 90 фоизро ташкил додааст. Дар ин бора сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад.
 Бино ба иттилои маркази матбуоти ин ниҳод, ҳафтаи сипаригардида дар толори маҷлисгоҳи РВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти оперативӣ-хизматии Раёсат ва ҷузъу томҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 3 моҳи аввали соли 2019 баргузор гардид. Ҷаласаро муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ, сардори РВКД дар ВМКБ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода А.А. оғоз намуда, оид ба натиҷаи фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар ВМКБ, дар 3 моҳи сипаригардидаи соли равон ҷиҳати ошкор ва пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкунӣ, риоя намудани талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди вилоят, махсусан ш.Хоруғ, инчунин вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, мусодираи силоҳу лавозимоти ҷангӣ аз ҷинояткорон ва шахсони алоҳида, пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳар гуна ташкилоту гурӯҳҳои ҷиноятӣ, посдории волоияти қонун, боз ҳам қавӣ гардонидани ҳамкориҳои судманд бо аҳолӣ суханронӣ намуд.
   Инчунин таъкид карда шуд, ки то ба имрӯз Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хоруғ дар баргузории ҳашарҳои дастаҷамъона, шинонидани дарахту ниҳолҳо, гулу бутаҳои ороишӣ ва ободу зебо гардонидани Ватани азизамон нақши назаррас гузошта истодаанд.

саҳ 3 аз 12

Китобҳо

Flag Counter