ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 17 Апрел 2019 11:57


    Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе ба маълумоти соҳибони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, сокинон ва меҳмон мерасонад, ки бо мақсади татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва сохтмону азнавсозии роҳи автомобилгарди хиёбони Саъдии Шерозӣ (аз ҳалқаи кӯчаи Неъмат Қарабоев то гардиш ба кӯчаи Раҳмон Набиев) ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз 15.04.2019 маҳдуд карда мешавад.
    Аз ин лиҳоз, аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузошташударо риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати он аз ҷумла, хиёбонҳои  А. Сино, Ҷ. Расулов, кӯчаҳои Н. Қарабоев, Мушфиқӣ, Р. Набиев, Маяковский, Соҳилӣ, Н. Ганҷавӣ, Раҳимӣ истифода намоянд.
    Ҳамзамон, дар ин раванд ба 1 қатор хатсайрҳои микроавтобус ва автобусҳо тағйирот ворид карда шуданд:
— микроавтобусҳои №№2, 52, ва 54 тариқи кӯчаҳои Мушфиқӣ-Соҳилӣ, №13 тариқи кӯчаи Р. Набиев, Мушфиқӣ, Н. Қарабоев ва №№ 15, 25 тариқи кӯчаҳои Соҳилӣ, Н. Ганҷавӣ, М. Шерализода;
— автобусҳои №№ 7, 11, 18, 29 тариқи кӯчаҳои Р. Набиев, Мушфиқӣ, Н. Қарабоев ҳаракат менамоянд.

Чоршанбе, 17 Апрел 2019 11:53


Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сар аз 1.04.2019 арзу доди шаҳрвандони кишварашро мустақиман ва билофосила шунидан дорад. Барои ин махсус дар шаҳри Тошканд-пойтахти Ӯзбекистон қабулгоҳ боз шудааст. Бахтиёр Ҷамолов, масъули Қабулгоҳи мардумии дастгоҳи президенти Узбекистон гуфтааст, бо касоне, ки дар рӯйхат номнавис шудаанд, Мирзиёев шахсан мулоқот мекунад.

Чоршанбе, 17 Апрел 2019 11:49

Парламенти Қирғизистон зери лоиҳаи қонуне имзо гузошт, ки механизми ба ҷавобгарӣ кашидани президентҳои пешинро пешбинӣ мекунад. Хулоса, дар сурати имзо шудани қонун аз сӯи президент, президенти пешин дар асоси айбномаи парламент метавонад ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Прокурори генералӣ низ бояд нишонаҳои ҷиноятро дар кирдори президент тасдиқ кунад. Дар Қирғизистон унвони президенти пешинро танҳо Роза Отунбоева ва Алмосбек Отамбоев доранд. Аскар Акаев ва Қурмонбек Боқиев пас аз инқилобҳо аз ин мақом маҳрум шуданд.

Чоршанбе, 17 Апрел 2019 11:45

Хонанда, дӯст ва мухлиси ҳамешагии газетаи мардумии СССР, Саврия Қурбонзода, аз ноҳияи Рӯдакӣ дар меҳмонии СССР гуфт, аз рӯи мушоҳидаву таҳлили ман, зимни сӯҳбат бо калонсолон атрофи даврони СССР эшон ҳама вақт бо афсӯсу хумор (носталгия) суҳбат мекунанд ва мегӯянд, фарҳангдӯсту бохабар намудани муҳассилин дар даврони Шӯравӣ дар он таҷассум меёфт, ки “ҳар замон моро бо аҳли ҳамсинфон ба экскурсияҳои дохилишаҳрӣ, ба китобхонаҳо, хонаҳои маданият, осорхонаҳои ашхоси барҷаста ва оромгоҳҳои адибону абармардони Ватан мебурданд. Аз ин ҷост, ки насли мо ҳама асарҳои классикону адибони муосири давронро медонистанду мехонданд”. Воқеан, устодони адабиёти кӯдаки он замон-Мирсаид Миршакару Наримон Бақозода, Бобо Ҳоҷӣ, Аминҷон Шукуҳӣ... барои таблиғи идеологияи советӣ аз сидқи мактаб ба мактаб гашта, таблиғу ташвиқ мекарданд. Ва таблиғи эҷоди онҳо мисли “обуна”-и имрӯз маҷбурӣ набуд! Кӯдаки советӣ аз овони мактабӣ “Ватанам СССР, Гулшанам СССР!!!” мегуфт! Аммо чаро имрӯз чунин таблиғу ин гуна экскурсияҳо дар байни мактаббачагону донишҷӯён нест? Фикр мекунам, идеологияи мо заиф аст!

Чоршанбе, 17 Апрел 2019 11:38

 

Аз 15 то 17 апрели соли 2019 дар ш.Москваи Федератсияи Россия дар доираи баргузории 7-мин конференсияи ҳамкории минтақавии Россияву Тоҷикистон Форуми ҷавонони Россияву Тоҷикистон таҳти унвони “Роҳҳои умумӣ барои иқтисодити оянда” бо доираи васеи ҷавонони Россияву Тоҷикистон баргузор шуда истодааст.
    Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар доираи Форум масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон, фаъолияти соҳибкории ҳарду кишвар ва рушди соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
   Ҳамзамон, дар доираи Форум ба имзораисии созишномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Федералии кор бо ҷавонони Федератсияи Россия ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Россия дар назар дошта шудааст.

Чоршанбе, 17 Апрел 2019 11:35

 

 Дар гимназияи № 1 шаҳри Хуҷанд Олимпиадаи шоҳмот байни дастаҳои муассисаҳои таълимӣ давраи якум барои дарёфти роҳхат ба давраи вилоятӣ ва ҷумҳурӣ баргузор гардид.Мусобиқа аз рӯи тарзи рапид, яъне бозии тез сурат гирифт. Дар мусобиқа бо намояндагии аз 22 мактаб бо теъдоди зиёда аз 130 нафар иштирокчӣ бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.
    Тавре ба мухбири СССР дар дафтари матбуоти раиси ш.Хуҷанд хабар доданд, дар Олимпиадаи шоҳмот ҷойи якумро мактаби хусусии Рустамов, мақоми дуюмро литсейи политехникӣ ва зинаи сеюмро мактаби хусусии Гёте ба даст оварданд.

Чоршанбе, 17 Апрел 2019 11:28


Мудофиакории инқилобӣ
Ҳангоми инқилоби февралии Русия пешвои ҳизби болшевикӣ Владимир Ленин дар шаҳри Сюрихи Шветсария қарор дошт. Баъд аз шунидани хабари инқилоб дарҳол кӯшид то ба Русия бозгардад, лек чандон осон набуд, чун Олмон, ки бо Русия дар ҳолати ҷанг қарор дошт, сари роҳи доҳӣ меистод. Кӯшид, то тавассути Англия вориди Русия шавад, аммо ҳукумати англис ба ӯ иҷозаи гузаштан аз қаламрави худро надод. Аз рӯи баъзе маълумотҳо вай ҳатто мехост бо шиносномаи қалбакӣ тариқи Стокголм (Шведсия) вориди Русия гардад. Бо ин мақсад ба Ганетский-намояндаи худ дар Стокголм дастур медиҳад, касеро биёбад, ки дар зоҳир ба ӯ монанд бошад. Ахир, доҳии болшевикон барои ворид шудан ба Русия ба ҳукумати Олмон муроҷиат мекунад ва немисҳо ӯро дар вагони хоси пломбадор ба Русия интиқол доданд. Ба ақидаи Ричард Пайпс-муҳаққиқи англис ҳукумати олмонӣ ҳатто кӯшиши шинос шудан бо нақшаи сиёсии ӯро накарданд, ба онҳо ақидаи зидди ҷангии ӯ кифоят мекард. Олмон ба ҳар роҳ мекӯшид Русияро аз ҷанг берун кунад. Бояд гуфт, ҳамроҳи Ленин дар ин вагони махфӣ сиёсатмадорони дигаре низ қарор доштанд ва инчунин немисҳо дар чунин вагонҳои махфӣ, дар қатори болшевикон, 159 тан намояндаи ҳизби эссерон, меншевикон ва миллигароёнро низ тавассути Олмон вориди Русия карданд. 3.04.1917 доҳии болшевикон ба Петроград даромад. Ленинро дар наздикиҳои Петроград гурӯҳи роҳбарони ҳизби болшевикӣ аз қабили И.Сталин, Мария Улянова, А.Колонтай... пешвоз гирифтанд.То омадани Ленин ба Петроград қариб аксарияти роҳбарияти болшевикон аз ақидаи меншевикон ҷонибдорӣ мекарданд. Меншевикон мардумро ба созиш кардан бо Ҳукумати муваққат даъват карда, ақида доштанд, инқилоби сотсиалистӣ ҳоло дар Русия номумкин аст.

Чоршанбе, 17 Апрел 2019 11:23


11.04.1921.Таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Туркистон. Маркази ҷумҳурии мухтори Туркистон шаҳри Тошканд шуд ва мухторияти навтаъсис ба ҳайъати РСФСР шомил мегардид. Аҳолии ҶМТ 5 млн нафар буд ва ин мухторият то 27.10.1924 арзи вуҷуд кард.
11.04.1945. Дар Маскав миёни СССР ва Югославия созишномаи 20-солаи дӯстӣ, кумак ва ҳамкории баъдиҷангӣ ба имзо расид. Созишномаро Броз Тито ва Сталин имзо карданд. Бо вуҷуди ин, тарафи СССР сентябри с.1949 созишномаро ба хотири итоат накардани Тито аз эътибор соқит кард.
11.04.1981.Мусиқинавозони машҳури шӯравӣ-Максим Шестакович ва писараш Дмитрий, ки писар ва набераи оҳангсозӣ машҳур Дмитрий Шестакович буданд, ҳини сафари хидматӣ ба Олмони Ғарбӣ эълон карданд, ки дигар ба СССР барнамегарданд.
11.04.1991. КМ ҲКИШ мактуби кушодаеро нашр намуд, ки тибқи он аз коммунистон даъват карда мешуд, ислоҳотхоҳони ашаддиро аз сафҳои ҳизб берун кунанд. Ин мактуб сабаб шуд, ки яке аз коммунистони ислоҳотхоҳ Николай Травкин эълон кард, аз ҲК хориҷ шуда, ҳизби навро бо номи Ҳизби демократӣ таъсис медиҳад.
12.04.1918. Нерӯҳои Артиши Сурх ва ВЧК соати 3-и субҳ якбора ба 26 лонаи анархистон шабехун заданд. Анархистон ҳама мусаллаҳ буданд ва ҳеҷ нерӯро эътироф намекарданд. Амалиёт бобарор анҷом гирифт ва анархистон шикасти сахт диданду тамоми силоҳашон мусодира шуд ва худ ба пинҳонкорӣ гузаштанд.
12.04.1961.Аввалин парвози инсон ба фазои кайҳон. Кайҳоннаварди шӯравӣ Ю.Гагарин дар киштии кайҳонии "Восток" ба фазо баромада, Заминро давр зада, поин омад.
12.04.1984.Дар мактабҳои миёнаи СССР маълумоти миёнаи 11-сола ҷорӣ карда шуд.

саҳ 5 аз 12

Китобҳо

Flag Counter