ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 10 Апрел 2019 09:32

 

Чоршанбе, 10 Апрел 2019 09:22

Чоршанбе, 10 Апрел 2019 09:15

 

Ҳоло дар Тоҷикистони азиз мӯди нав шудааст, ки ҳар кас худро аз табори ин ё он бузургвор мегираду бо санаду васиқаву шаҷараи саҳеҳу носаҳеҳ даъвои авлоди пайғамбар мекунад. Ноаён аст, ки ин давову дағо дар асри 21, қарни нанотехноложӣ ва сармоя ба ин мардум чӣ медиҳад? Вале чун хатои ишонро исбот кардӣ, ба таъбири Бобои Ғулом, мурдӣ… Матлаби зер дар бораи ҳамин мавзуъ баҳс мекунад. Мо метавонем!

Чоршанбе, 10 Апрел 2019 09:10



Марги кайҳонӣ
27.03.1968 дар натиҷаи садамаи ҳавоӣ аввалин кайҳоннаварди дунё Юрий Гагарин ба таври мармуз фавтид. Ҳукумати Шӯравӣ фардо рӯзи дигар баёнияи расмие содир карда, дар он сабабҳои садамаро шарҳ дод. Дар баёния гуфта мешуд, ки садама ҳини парвози тамринии қиркунандаи УТИ МиГ-15 рух додааст. Барои таҳқиқи ҳодиса комиссияи давлатӣ созмон дода шуд, лек баъди 6 моҳ Кремл парвандаи садамаи ӯро қатъ карда, тамоми асноди ҳаводис зери тамғаи махфӣ қарор дода шуд. Набуди маълумоти расмӣ дар мавриди ин қазия, дар навбати худ ҳангомаҳои зиёде эҷод кард. Баъзеҳо мегуфтанд, Юра ва сарнишини тайёра Серёгин 18 рӯз пештар ҳини парвоз дар гирди Моҳ ба ҳалокат расидаанд ва дар тайёра аслан ҳузур надоштанд. С.1990 дар Венгрия китобе нашр шуд, ки муаллифаш иддаъо мекард, Гагарин кайҳоннаварди аввалин на, балки нахустин фотеҳи кайҳон шахси дигаре буд, ки ба ҳалокат расид. Юра, ба гуфти муаллиф, аз ин қазия огоҳ буд ва виҷдонаш ӯро сахт азият медод. Ахир ба азоби виҷдон тоб наоварда, даст ба худкушӣ зад.

Тасхири Моҳ
Асоситарин сабаби ин гумон он буд, ки он шабу рӯз СССР киштии навбатии бе сарнишини худро, ки бо истилоҳи "Зонд" маъруф буданд, ба фазои кайҳонӣ сар дод, ки инчунин Л1 ё 7К-Л1 низ меномиданд. Фатҳи кайҳон он шабу рӯз яке аз нишонаҳои асосии абарқудратӣ будӣ ва СССР ба ҳар васила мехост худро дар ин самт пешсаф кунад. Дар тасхири Моҳ СССР танҳо дар симои ИМА як рақиб дошту халос. Амрикоиҳо октябри с.1968 парвози "Аполлон-7"-ро бо 3 кайҳоннавард ба нақша гирифта буданд ва тибқи нақша мебоист 11 рӯз дар кайҳон мемонданд.

Чоршанбе, 10 Апрел 2019 09:04


4.04.1917.Сафири Олмон дар Шветсария нақшаи убури роҳбарони инқилобиёни русро, ки дар муҳоҷират қарор доштанд, дарёфт кард. Тибқи нақша, В.Ленин ва чанде дигар аз роҳбарони ҳизби сотсиал-демократ ба Петроград интиқол дода шуданд.
4.04.1917.Баъди бозгашт ба Петроград В.Ленин тезисҳои маъруфи апрелии худро навишт. Тибқи "Тезисҳои апрелӣ" ҳизби болшевик мебоист аз марҳалаи аввали инқилоб ба марҳалаи дуввум-инқилоби сотсиалистӣ мегузашт.
4.04.1949.ИМА ва иттифоқчиёни наздиктаринаш барои муқобила бо СССР Иттиҳоди ҳарбии атлантикаи шимоли (НАТО)-ро таъсис доданд.
4.04.1953.Ҳукумати шӯравӣ ба намояндагони Шветсия, ки мебоист ба Маскав меомаданд ва ба Александр Солженитсин ҷоизаи Нобелиро дар бахши адабиёт тақдим мекарданд, виза надод.
5.04.1937. Дар СССР Николай Ежов сарвари НКВД таъйин гардид.
5.04.1942. Фюрери олмонӣ Адолф Гитлер дастуруламали нави худро имзо кард, ки тибқи он мақсади асосии ҳуҷуми тобистонии артиши олмонӣ нафти Қафқоз муайян шуд.
5.04.1951.Суди олии ИМА ба Ҷулиус ва Этел Розенберг барои ҷосусӣ ба нафъи СССР ҳукми қатл баровард. Ин зану шавҳар ба он айбдор шуданд, ки махфитарин асноди атомии ИМАро дар ихтиёри тарафи шӯравӣ қарор доданд.
5.04.1980.СССР ва Афғонистон миёни ҳам созишномаеро оид ба будубоши нерӯҳои ҳарбии шӯравӣ дар Кобул ба имзо расониданд.

Чоршанбе, 10 Апрел 2019 09:00


Матлаби “ЗАГС”-и Қубодиён аз ман чӣ мехоҳад?” (СССР, №4(541), 4.01.2019) Қубодиёнро бори дигар сархати хабарҳо кард. Аминам, ки бархе аз заифии муаллиф Уғулой Бобоева истифода кардаанд. Ҳини баррасии ин матлаб бо иштироки фаолон-раиси маҳаллаи Чорбоғ, ҷамоати деҳоти И.Ниёзов (мавзеи зисташ), мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди МИҲДи ноҳия, муаллифи матлаб низ бевосита даъват шуда, ширкат кард. Бо пурсишҳо ӯ бо ҳасрату пушаймонӣ ва бо ашк посух дод, ки 1 мард аз н.Шаҳритус ё шояд аз н.Қубодиён арзи ӯро рӯи коғаз овардааст. Ба ин суол, ки чаро ба мақомот, ба раиси ноҳия, ё ба мудири бахши занон муроҷиат накардӣ, гуфт, ки ба ин масъала сарфаҳм нарафтааст. Аён буд, ки мудири САҲШ Бахтиёр Қурбонзода, ки забони ӯзбекиро намедонад, бо ин зани узбектабор ҳеҷ муомилаву гуфтугӯ дар мавриди маблағ назадааст. Бобоева бо дағаливу тундзабонӣ ва суханҳои қабеҳи худ, ки нисбати кормандони САҲШ раво дидааст, бо далели сабти камераҳои мушоҳидавӣ назди қонун ҷавоб мегӯяд.

С.Халифаев, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси н.Қубодиён

Чоршанбе, 10 Апрел 2019 08:58


Донишҷӯ Шерзоди Муҳаммадназар, аз ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт (93 801 17 74) ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, ки рӯзи 31.03.2019 ба микроавтобуси мусофиркаши «Мерседес-спринтер» (рақами қайди давлатиаш 3008 ТТ 05) аз назди бозори «Саховат» нишастаму 2 сомонӣ дароз кардам. То назди бинои НФС «Сим-Сим» омадам, аммо кондуктор бақияи маро надод ва бо баҳона гуфт, ки «дафъаи дигар мегирӣ!». Яъне аз бозори Саховат то «Сим-Сим» дар 2 сомонӣ омадам! Надоштани бақия-пули майда мушкили онҳост! Чаро дар вақти холигӣ пули калони худро дар бонкҳо рафта, майда-танга намекунанд??? Яъне ин ҳам 1 роҳи ғорат аз ҷониби хатсайри 54 аст! Вагарна бо чӣ маънӣ инро метавон фаҳмид? Болои ин, курсиҳои ҳамин «Мерседес-Спринтер» хело ифлосу ҷазиранд ва кондуктор бо мардум дар сатҳу сифати курсиҳояш «чақ-чақ» мекунад! Кондуктор ва ҳам ронандааш либоси тозаву озода дар бар надоранд!!!

Чоршанбе, 10 Апрел 2019 08:55


Узви Ихвон-ал-СССР, инженер-геолог Саиднуриддин Судуров, сокини шаҳри Душанбе бо телефони 98 812 83 82 ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, ки дар бораи 2 мушкили иҷтимоӣ гуфтаниям:
1.Дар бораи дандон! Наход «пломба» кардани 1 дандон 100-150 сомонӣ бошад? Ҳол он ки 7-8 сол пеш ин нарх ҳамагӣ 10-15 сомонӣ буд. Чаро Вазорати тандурустӣ дар ин боб андеша намекунад? Ё ҳама бо ин нарх розиянд?
2.Дар бораи сартарошхонаҳо. Аҳволи сартарошхона (парикмахерский)-ҳо аз ин ҳам бадтар! Пештар 1 сартарошӣ ё мӯисарпасткунӣ (оконтовка) 5 сомонӣ буд, ҳоло то 30-40 сомонӣ!!!

саҳ 8 аз 12

Китобҳо

Flag Counter