ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 24 Апрел 2019 12:27


18.04.1922.Дар ш.Маскав аввалин хатсайри автобусӣ роҳандозӣ шуд.
18.04.1923. Бо ташаббуси Ф.Э.Дзержинский-роҳбари дастгоҳи амниятии Шӯравӣ (ГПУ) дар кишвар Ҷамъияти варзишии "Динамо" ба роҳ монда шуд.
18.04.1927.Дар ш.Маскав Анҷумани IV-и Шӯроҳои СССР баргузор шуд. Дар аввалин кишвари шӯроҳо Анҷуман аз лаҳзаи таъсиси СССР дар с.1922 ва то қабули Сарқонуни сталинӣ дар с.1936, олитарин ниҳоди ҳокимияти давлатӣ маҳсуб меёфт. Анҷуман аз намояндагони Шӯроҳои ҳамаи ҷамоҳири иттиҳодӣ иборат буд ва дар он масоили бисёр муҳим, мисли ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни СССР, қабули ҷумҳуриҳои нав ба ҳайъати СССР, муайян кардани нақшаҳои рушди хоҷагии халқи СССР, буҷаи давлатии СССР ва масоили марбут ба қонунгузорӣ баррасӣ ва ҳал мешуданд.

18.04.1942. Аввалин ҳуҷуми ҳавоии амрикоиҳо ба Токио, ки бо рейди Дулиттл дар таърихнигорӣ маъруф асту ба пойтахти Япония, аз болои нови ҳавопаймобарии "Хорнет" амалӣ шуд. Худи ҳуҷум бо муваффақият анҷомид, лек амрикоиҳо дубора наметавонистанд болои нов фуруд оянд. Тибқи нақша бомбаандозон мебоист дар навоҳии шарқии Чин ба замин менишастанд. Аз 16 тайёра 15-тоаш то ҳудуди Чин расиданд. 4 тайёра ба садама дучор шуд, сарнишинони 11 тайёраи дигар худро аз парашут ба замин партофтанд. Японҳо тавонистанд 8 амрикоиро асир гиранду 3 касро баъдан ба қатл расонданд. Сарнишинони тайёраи 16-ум бошад, дар фурудгоҳҳои шӯравии "Унаши" дар Шарқи Дур ба замин фаромад. СССР аз бими японҳо тайёраро мусодира ва сарнишинонро асир кард. Аслан амрикоиҳо аз аввал мехостанд, тамоми тайёраҳояшон дар Владивосток ба зимин фуруд оянд, лек тарафи шӯравӣ инро қотеъона рад кард. Он шабу рӯз СССР қудрати ҷангидан дар 2 фронтро надошт.

Чоршанбе, 24 Апрел 2019 12:18

Чоршанбе, 24 Апрел 2019 12:13

Чоршанбе, 24 Апрел 2019 12:07

Чоршанбе, 24 Апрел 2019 11:48


Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ дар вил.Хатлон оид ба мақолаи «Дар Хатлон нархи орд хест!»  чунин иттилоъ медиҳад. Таҳлилҳо нишон дод, ки тибқи маълумотҳои омории Ташкилоти байналмилалии озуқаворӣ истеҳсоли гандум имсол на танҳо дар Ҷумҳурии Қазоқистон, балки дар кишварҳои асосии истеҳсолкунандаи гандум, хоса, Иттиҳоди Аврупо ва Амрико бино бар сабаби ноустувории вазъи ҳаво коҳиш ёфтааст. Тибқи маълумотҳои ҶДММ «Анҳор», ки истеҳсолкунанда ва фурӯшандаи орд аст, болоравии нархи орд пеш аз ҳама аз болоравии нархи гандум вобастагӣ дорад. Аз январи с.2019 нархи 1 тонна гандум дар Қазоқистон аз 200 доллари ИМА ба $215 афзудааст. Тибқи борхати хароҷоти №38-и дастрасшуда «Анҳор» 30.01.2019 орди навъи 1-ро бо нархи 170 сомонӣ ва орди навъи 2-ро 147 сомонӣ ба соҳибкори ш.Бохтар фурӯхтааст, ки сари ҳар 1 халта орд то ш.Бохтар 14 сомонӣ хароҷоти роҳ карда, то нуқтаҳои фурӯш нархи 1 халта орди навъи 1-ум 184 сомонӣ ва орди навъи 2-юм 161 сомониро ташкил медиҳад. Ҳоло дар нуқтаҳои фурӯши орди ш.Бохтар 1 халта орди навъи 1 аз 180 то 188 сомонӣ ва 1 халта орди навъи 2 аз 160 то 170 сомонӣ дар фурӯш аст. Яке аз сабабҳои асосии баланд шудани нархи орд дар бозори ҷаҳонӣ ин тағирёбии иқлим дар миқёси олам (камборишӣ ва хушксолӣ) аст. Омили афзоиши нархи орд ин гарон шудани нархи гандум дар Қазоқистон, омили дигар афзоиши андоз аз арзиши иловашуда барои таҳвили минбаъдаи гандуми воридотӣ ва фурӯши маҳсулоти коркарди он бо андозаи 8% ва таъсиррасонӣ ба арзиши маҳсулотҳои воридотӣ ва тағирёбии қурби асъор нисбат ба пули миллист…

Ю.Юсуфзода,
сардори раёсат

Чоршанбе, 24 Апрел 2019 11:44


Муаллими ҷавон Зиёвиддин Ҷамолов аз деҳаи Муҷихарфи ноҳияи Нуробод (тел: 918 18 36 74) ба СССР занг задаву гуфт, ки шунидам, дирӯз Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ворид кардани ислоҳот ба қонуни буҷҷаи кишвар, истеҳсолкунандаҳо ва фурӯшандаҳои ордро муваззаф кард, ки аз арзиши изофашуда танҳо то 10% андоз супоранд. Шояд ин амр ба ҷилавгирӣ аз афзоиши сунъии нархи орд, ғизои асосии сокинони Тоҷикистон мусоидат кунад ва ман фикр мекунам, чунин имтиёзҳо имкон медиҳанд аз ҷаҳишҳои нархи орд дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ шавад. Тавре маълум, соли гузашта Тоҷикистон, асосан аз Қазоқистон 1.019 тонна гандум ворид кардааст. Нархи миёнаи гандуми воридотӣ ба Тоҷикистон 272 доллари амрикоӣ барои 1 тонна аст. Дар худи Тоҷикистон соли гузашта 760.000 тонна гандум тавлид шудааст.

Чоршанбе, 24 Апрел 2019 11:33


Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, муаллима Сарвия Қурбонова аз ноҳияи Ҳисор ба СССР занг задаву гуфт, ки ростӣ, ҳамин ҳозир байни ҳамкоронам гапи асосӣ болоравии нархи тарифҳои интернетист. Ва аз ахбори интернетӣ ҳоло дарак ёфтам, ки Хадамоти антимонополӣ ва Кумитаи андози ҶТ аз пешниҳодкунандагони аслии боло бурдани қиматҳо ҳеҷ шарҳе дар бораи боло рафтани қиматҳо надодаанд, ғайр аз шарҳҳои қаблӣ, ки гуфтаанд, барои боло бурдани даромад ба буҷа бояд, қимати Интернету гуфтугуҳои телефонӣ ҳам боло бурда шавад. Болоравии нархи суҳбатҳои телефонӣ ва интернет дар ҳолест, ки чунин вазъият дар кишварҳои ҳамсоя баракс аст, яъне хело арзон!!! Яъне ин тасмими дастандаркорон бар зарари буҷаи давлати мо нест???

Чоршанбе, 24 Апрел 2019 11:17

 

  - Дар бинои МИҲД дар ш.Бохтар рӯзи шанбеи гузашта бо ширкати бевоситаи раиси шаҳр Абдуалим Исмоилзода қабули шаҳрвандон баргузор гардид. Бояд қайд намуд, ки новобаста аз кору ҷаласаҳои зиёди ҳукуматӣ Абдуалим Исмоилзода ҳамеша саъй мекунад шахсан дар қабули шаҳрвандон шитирок намуда, арзи мардумро бишнавад. Инчунин дар қабул муовинони раис, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо иштирок намуда, Абдуалим Исмоилзода ҳар 1 сокини шаҳрро, ки бо мушкил ба наздаш бо арз омада буданд, шунида, барои ҳалли онҳо ба масъулин дастурҳои мушаххас дод.
   Тибқи мушоҳида сокинони шаҳр бештар бо масоили хонаводагӣ меоянд ва проблемаҳоеро дар назди раиси шаҳр мебардоранд, ки салоҳияташ бо суд вобаста аст. Одатан, занон аз шавҳарону модарон аз фарзандони  хеш арзу шикоят намуда, ҳатто пирамарди 74 солае ба қабул омада гуфт, ки аз дасти бемеҳрии фарзандон бо кампираш қасд бар ҷони худ карданист…
   Абдуалим Исмоилзода, изҳор дошт, ки роҳбарон вазифадоранд дар ҳамаи самтҳо бо сокинон ҳамкорӣ намуда, баҳри ҳалли мушкилашон мувофиқи қонун мусоидат намоянд.

Юсуфӣ Баҳодур, СССР, вилояти Хатлон

саҳ 2 аз 12

Китобҳо

Flag Counter