ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 03 Апрел 2019 10:44


Бекболот Талгарбеков, сиёсатмадори қирғиз барои ба суд кашидани президенти пешин Алмосбек Отамбоев ҳуҷҷат омода кардан дорад. "Моро боздошт ва дар омодагӣ ба табаддулоти давлатӣ айбдор карданд. Ин айбномаи ҷиддист. Бо ҳамин айб ман 3 сол дар зиндон будам. Акнун бигзор дар суд исбот кунанд, ки ман дар куҷо ин гапҳоро гуфтаам. Мехостанд, маро 17 сол зиндонӣ кунанд, аз ин хотир 17 млн сом ҷуброни зарарӣ маънавӣ талаб мекунам" гуфтааст ӯ. Ин сиёсатмадор 7.03.2019 шартан озод шуд.

Чоршанбе, 03 Апрел 2019 10:39

Чоршанбе, 03 Апрел 2019 10:36


Муаллими собиқадори фанни физика ва математика, Тӯхтамурод Миразиззода, аз ноҳияи Қубодиён дар меҳмонии СССР гуфт, мо, ки кадри шӯравием, ба тамоми камбуди ҷомеа аз дил менигарем. Фарзи мисол, сифати дониши аксари домуллоҳо он қадар баланд нест, аммо ҳамеша бозорашон гарм, зеро санъати гӯл задани сомеъонро бисьёр хуб омӯхтаанд. Мардум намедонанд, ки чунин ба ном муллоҳо дуо надоранд! Муллое ҳини имомхатиб буданаш дар яке аз хутбаҳои намози ҷумъа ибораи «саррофони рӯзи ҷазо»-ро хонд. Камина, ки доиман бодиққат хутбаҳоро шунида, таҳлил мекунам, дар ташвиш афтодам, ки чӣ хел дар рӯзи қиёмат саррофон мешудаанд? Чун сарроф дар рӯзи қиёмат фақат Аллоҳ асту бас. Дафъатан баъди адои намоз аз ӯ пурсидам. Дар посух пурсид: «Худат чӣ фикр дорӣ?» Гуфтам: «Инсоф бидеҳ! Посухашро аз ман интизорӣ?» Аз яке рӯҳониёни саршинос ва воқеан ҳам олими ислом посухи онро пурсидам, гуфт: «Малоики рӯзи ҷазо». Мо барин сомеъон барои воизон мисли қайроқсангем, ки дар он суханашон тез мешаванду каломашон бурро. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки ҳоло ҳам чунин муллоҳо ғайр аз манфиати шахсӣ кори дигар надоранд.

Чоршанбе, 03 Апрел 2019 09:18

Чоршанбе, 03 Апрел 2019 09:08

Чоршанбе, 03 Апрел 2019 08:57

Чоршанбе, 03 Апрел 2019 08:54


27.03.1918. Дар Русияи Шӯравӣ хадамоти ҳифзи сарҳадӣ созмон дода шуд. Ин рӯз дар собиқ СССР чун Рӯзи сарҳадчиён васеъ ҷашн гирифта мешуд.
27.03.1968. Дар натиҷаи садамаи ҳавоӣ, ки ҳангоми парвози машқӣ-омӯзишӣ ба вуқӯъ пайваст, аввалин кайҳоннаварди дунё Юрий Гагарин ба ҳалокат расид.
28.03.1940. Олимони амрикоӣ изотопи нави ураниюм - плутоний 239-ро кашф карданд. Маҳз ин изотопи ҷадид дар оянда асоси бомбаи атомӣ гардид.
28.03.1956.Дар рӯзномаи "Правда" мақолаи "Чаро шахспарастӣ ба рӯҳияи марксистӣ-ленинӣ бегона аст?" ба чоп расид. Ин мақола аввалин танқиди Иосиф Сталин дар нашрияҳои шӯравӣ баъди марги ӯ ба шумор меравад.
28.03.1971. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ истеҳсоли мошини нави сабукрави ВАЗ-2101 "Жигули" ба роҳ монда шуд.
30.03.1935. Дар СССР барои ғайриқонунӣ гирифта гаштани корд ҷазои ҷиноӣ ба мӯҳлати 5 сол зиндон пешбинӣ гардид.
30.03.1971. Роҳбари СССР Леонид Илич Брежнев барои аввалин бор истилоҳи "Шаҳри намунавии коммунистӣ"-ро ба кор бурд ва эълон намуд, ки дар кишвар ҷомеъаи нави одамон - халқи советӣ ба вуҷуд омадааст.
30.03.1981. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ барои аввалин бор вақти тобистонӣ ҷорӣ карда шуд.
31.03.1940. Дар СССР истеҳсоли оммавии тонки нави Т-34 ба роҳ монда шуд. Ин тонк яке аз беҳтарин тонкҳои ҷанги ҷаҳонии дуввум гардид.
31.03.1954. Иттиҳоди Шӯравӣ ба НАТО муроҷиат намуд ва аз ин ташкилот хост, ки СССРро ба узвияти худ бипазирад. Мутаассифона, аъзои НАТО-ташкилоти шимолии атлантик баъди баррасии пешниҳод иқдоми СССРро рад карданд.
31.03.1955.Ҳукумати шӯравӣ қарор дод, боигариҳои осорхонаи рассомии Дрезденро ба Олмони демократик баргардонад.

Чоршанбе, 03 Апрел 2019 08:50


28.03.1940 олимони амрикоӣ Мак-Милан, Кеннедӣ ва Вал изотопи нави ураниюм – плутоний-239-ро кашф карданд, ки поягузории асосии бомбаи атомӣ гардид. Ин изотоп бисёр қавӣ буда, давраи пароканишии он 24.000 солро ташкил медиҳад. С.1942 олимони амрикоӣ тавонистанд плутонийи тозаро ба даст оранд ва баъдан аён шуд, ки ин изотоп дар шакли табиӣ низ вуҷуд дорад. Ин лоиҳа аз мактуби маъруфи Алберт Эйнштейн ба президенти ИМА Франклин Рузвелт оғоз меёбад. Эйнштейн дар ин нома ҳушдор медиҳад, ки Олмони фашистӣ метавонад дар солҳои наздик соҳиби бомбаи атомӣ гардад. Рузвелт баъди баррасии нома дастур медиҳад, ки дар ИМА таҳқиқотҳо дар ин самт ба роҳ монда шаванд ва ин таҳқиқотҳо “лоиҳаи Манхэттен” ном гирифтанд. Мақсади асосии лоиҳа сохтани бомбаи атомӣ шуд. Лоиҳа аз 12.08.1942 ба фаъолияти худ сар кард. Декабри с.1942 амрикоиҳо дар Чикаго аввалин реактори атомиро ба кор дароварданд. Он имкон медод теъдоди зиёди плутонийро ба даст орад. Барои истеҳсоли плутоний аз ураниюми 238 ва ураниюми 235 истифода мекарданд. Тобистони с.1943 амрикоиҳо ба сохтмони реактори атомии нав, ки реактори "В" ном гирифт, оғоз карданд ва он имкон медод плутонийро аллакай дар сатҳи саноатӣ истеҳсол кунанд. Иқтидори реактори нав 250 МВт-ро ташкил медод.

Тринитӣ ва Фарбеҳак
Ахир, баҳори с.1945 амрикоиҳо аз реакторҳои худ плутонийи зиёде истеҳсол намуданд ва ин ба онҳо имкон дод 2 бомби атомӣ бисозанд, ки Тринити ва Фарбеҳак ном гирифтанд. Аввалин озмоиши атомӣ 16.07.1945 дар назди шаҳраки Аламогордо дар иёлоти Ню-Мексика амалӣ шуд. Бомби Тринити 6 тонн вазн дошт ва вазни умумии плутоний дар он ҳамагӣ 6,2 кг-ро ташкил медод.

саҳ 11 аз 12

Китобҳо

Flag Counter